Амирқул Азимов: "Аз нақшаи ҳамла то Кофарниҳон, дар Ғарм огаҳ шудам"

Мусоҳиба 29.06.2012 15:59

azimov_1Азимов Амирқул Насимович 30 марти соли 1948 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Вай  соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1986 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Амирқул Азимов фаъолияти кории худро дар мақомоти тафтишотӣ ба сифати муфаттиш оғоз намуда аз соли 1992 то соли 1994 дар мақоми  муовини вазири умури дохилӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1994 то соли 1995 мушовири давлатии раисҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва солҳои 1995-1996 ба ҳайси Додситони кулли Тоҷикистон хидмат кардааст. Вай аз моҳи августи соли 1996 то соли 2011 дар симмати дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Амирқул Азимов дар моҳи майи 2011 вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуд ва феълан раиси  Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дорад.

Бедодгариҳо ва хунрезиҳо моро маҷбур ба сулҳ кард

- Имрӯз мо дар остонаи 15 солагии сулҳ қарор дорем.  Чун шумо  яке аз шахсиятҳои муҳим дар татбиқи қарордодҳои ду ҷониб будед, бигӯед, ки чӣ гуна барои иҷрои ин масъулият интихоб шудед? Аз кай ба ин натиҷа расида будед, ки танҳо роҳи ҳали қазия сулҳ аст?

- Ташаккур, ин рӯзро барои Шумо ва барои тамоми мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям, ин иди басо бузург аст. Ин идест, ки моро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. ҳама мардум ва аз ҷумла мо ҳам аз рӯзи нахустини саршавиҳои ин ҳодисаҳо то замони хунрезиву расидан ба сулҳ дар ҷараёни воқеъа будем. Чӣ хел мо якдигарро нафаҳмидем ва чӣ хел ба ин низоъи миллӣ даст задем, ҳама медонанд. Аммо чун мардум ғоратгарӣ, бедодгарӣ, қатлу ғоратро дид, ба хулоса омад, ки мо бояд пеши онро гирем ва аввалин иқдоми Раҳбари давлат ин сулҳ буд. Аз рӯзи нахустини таъсиси ҳукумат дар сесияи 16-уми Хуҷанд аввалин ваъдаи раҳбари давлат ин буд, ки мо бояд ба тинҷӣ бирасем. Аз ҳамон рӯз сар карда, ин дар нақшаи роҳбарияти давлат буд ва пайиҳам роҳҳо меҷустанд, ки ин амалӣ шавад. Лекин пас аз сессия (Иҷлосияи 16 -ум дар назар аст-"Миллат") ин иқдомҳое, ки буд, яку якбора амалӣ нашуд ва ин даргириҳо давом карданд ва мардум дар он вақт эҳсос намекарданд, ки оқибатҳои ҷанг чи гуна хоҳад буд.

Баъд аз задухӯрдҳо мардуми мо чун диданд, ки оқибати он чи бадбахтиҳое дорад, ҳама дар пайи сулҳ шуданд. Ду тарафи даргир ба хулосае омаданд, ки бояд пеши роҳи ин бедодгариҳоро бигирем. Аз як тараф ин хоҳиши сарвари давлат ва аз тарафи дигар  хоҳиши раҳбарияти оппозитсиюн буд. Яъне ҳодисаҳои шудаистода ва он бедодгариҳо ва хунрезиҳо ҳар ду тарафро маҷбур кард, ки пеши роҳи онро бигирем ва ба назари ман ин як такони асосӣ буд, барои пешгирии ҷанг.

Бояд бигӯям, ки роҳбари давлат аз рӯзи аввали барои пешгирӣ кардани ҷангу ҷидол чораҳо меандешид. Саҳифаҳои пӯшидаи ин давра мавҷуданд, ки дар ҳеч ҷой нашр нашуданд ва ҳанӯз шоҳидони зиёде, ки аз он огаҳанд ва яке аз онҳо ман мебошам. Ҳангоме, ки соли 1993 Бадахшон дар иҳотаи гуруҳҳои яроқбадаст буд ва роҳ ба ВМКБ баста буд, роҳбари давлат супориш доданд, ки бояд роҳро аз ҷангандагон озод кард, то озуқаву дигар маводро ба он ҷо бибаранд. Барои иҷрои ин масъала дар он давра мушовирони давлатии роҳбари мамлакат генерал -лейтенант Катанаев, генерал- майор Попов, полковник Чубарев, ҷонишини вазири мудофиъа ва дар қатори инҳо ман ҳам бо супориши  раҳбари мамлакат ба Тавилдара сафар кардам. Дар ҳамон рӯзҳое, ки мо ба он ҷо сафар кардем, дар маркази Тавилдара ва деҳаи Лангар қувваҳои ҳукуматӣ меистоданд. Дашти Шер, Қалъаи Ҳусайн, Сағирдашт ва он минтақаҳо дар дасти гурӯҳҳои силоҳбадасти зиддидавлатие, ки аз шаҳр фирор карда буданд, қарор доштанд. Супориш ҳамин буд, ки мо бояд бо онҳо гуфтугӯ кунем. Ин дар авохири моҳи майи соли 1993 ё аввали июн буд. Мо ба ҳамон минтақа рафтем ва бо бародарони бадахшонӣ гуфтугӯ кардем, ки он замон Мирзо Зиё дар минтақа набуд ва он ҷо гуруҳҳои парокандае, ки аз Душанбе ва дигар ҷойҳо гурехта буданд, қарор доштанд. Мо дар байни Лангар ва деҳи болоии он дар рӯйи сангҳо гуфтушунид кардем.

Аввалин гуфтушунид дар рӯйи санг

- Бо кӣ музокира кардед ва оё ягон чеҳраи маъруф дар байни онҳо буд?

- Не, дар он ҷо танҳо ба назарам, Маҷнун буд, боз як қумондони дигар аз ноҳияи Ленин, Олими Зард мегуфтанд ва боз чанд нафари дигар омаданд, ки мо бо онҳо ҳамсуҳбат шудем. Яку ним, ду соат болои сангҳо истода суҳбат кардем. Мо гуфтем, ки масъала ҳамин аст, ки монед то қатори мошинҳо ба Бадахшон раванд ва мо намегӯем, ки минтақаро тарк кунед ва онҳо розӣ шуданд. Мо баргашта, гузориш додем, ки онҳо иҷозат медиҳанд ва 17 мошини пурборро ба Бадахшон равона кардем. Аммо ин мошинҳо бо ҳамроҳонашон барнагаштанд ва тавре баъдтар хабар ёфтем, онҳо кушта шуданд.

Се аҳдшиканӣ, гуфтугӯ бо яроқу ҳамла ба хоки Бадахшон

IMG_6772-  Онҳо аз тарафи кӣ кушта шуданд?

- Маълум набуд, ки аз тарафи кӣ кушта шудаанд, фақат ҳамин қадар маълум шуд, ки онҳо ба маркази Бадахшон нарасиданд ва дар минтақаи Тавилдара то ағбаи Хобу Рубот ин мошинҳо дастгир шудаанд. Ин як фоҷиа буд ва мо рафта ба роҳбари давлат аз он хабар додем. Дар он шабу рӯз ман ҷонишини вазири корҳои дохила будам. Роҳбари давлат боз ин гуруҳеро, ки ман шомили он будам, даъват карда, барои гуфтугӯ равона карданд. Ҳамин тариқ мо се маротиба сафар кардем ва бо размандагони ин минтақа гуфтугӯ кардем. Дафъаи саввум он гуруҳ ба қароргоҳи Лангар омаданд, ҳамроҳи ҷонишини сардори хадамоти бехатарии вилояти Бадахшон Имомназаров. Ин дафъа ҳам розигӣ доданд, вале боз қатори мошинҳо аз байн рафт. Ҳамин тариқ се маротиба қатори мошинҳо натавонист то ба Бадахшон бирасад. Дафъаи чорум, ман мехоҳам дар бораи роҳбари давлат бигӯям, ки барои амалӣ кардани сулҳ чи чораҳо медид, вақте ин дафъа гуфт, ки боз ба он ҷо сафар карда, барои равона кардани қатори нави мошинҳо гуфтугӯ кунем, то барои мардум маводи озуқа бибаранд, ман рад кардам. Ман гуфтам, ки дигар ба он минтақа намеравам, зеро се маротиба гуфтугӯ кардем ва ваъда доданду иҷро нашуд ва дар қатли онҳо ман ҳам гунаҳкорам. Аз ин рӯ ман таёрам бо яроқ бо онҳо гуфтугӯ кунам, аммо дигар гуфтугӯи ором бо онҳо намешавад. Ҳамин буд, ки он кас гуфтанд, ки агар ин тавр бошад, меравӣ. Аз ҳисоби ВКД, Вазорати дифоъ ва КАМ, ки он вақт қувваҳои сарҳадӣ дар ихтиёри он буданд, қувваҳои муштараке ташкил карда, ман роҳбарии ин амалиётро ба дӯш доштам. Ҳамин тариқ мо дар муддати 19 рӯз тамоми минтақаи Тавилдараро то ба ағбаи Хобу Рубот аз силоҳбадастон тоза кардем. Дар хотири баъзеҳо шояд бошад, ман аз сари ин ағба ба мухбири телевизиони "Вести"-и Русия, ки як бону буд, мусоҳиба дода гуфтам, ки мо Тавилдараро озод кардем ва баъди панҷ рӯз ба Хоруғ мерасем. Чун ин хабар паҳн гашт, роҳбари давлат як гуруҳро фиристоданд, ки гуфтанд, шуморо кӣ иҷозат дод, то ба хоки Бадахшон зада дароед?! Ростӣ, ман он вақт ба пуррагӣ намедонистам, ки Сағирдашт хоки Бадахшон аст. Он вақт Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҷонишини сарвазир, Шешляников, вазири мудофиа ва чанд нафари дигар бо чархбол ба Сағирдашт омаданд ва гуфтанд, ки "кӣ ба шумо ин иҷозатро дод". Ва ман гуфтам, ки намедонистам ва дигар ин ки гуфтам, мо наметавонистем Миёнаду равему онҳо аз пушт ҳамаро несту нобуд кунанд. Ҳамин тариқ фармон шуд, ки ба Бадахшон ҳеч кас кордор нашавад.

Бехабарӣ ё манёвр?!

- Бубахшед, оё Шумо воқеан намедонистед, ки ин хоки Бадахшон аст, ё ин як манёври ҳарбӣ буд ва дониста ин корро кардед?

- Ростӣ, ин ҳам буд, вале дар он замон ягона мақсад дар пеши ман ин тоза кардани минтақа буд ва кушодани роҳ ба Бадахшон. Ҳамчунин ағбаи Хобу Рубот, ки мавқеи стротегӣ буд ва ба даст овардани он дар замони ҷанг басо муҳим буд. Ҳамин тариқ дар тӯли беш аз ду ҳафта тамоми минтақаро таҳти назорати худ гирифтем, чун ин супориши раҳбари давлат буд. Аммо боз мегӯям, ки пеш аз ин амалиёт се дафъа моро вай маҷбур кард, ки бо размандагони мухолифи давлат музокира кунем, ки ин дар ҳеч ҷой қайд нашудааст. Ин як ёддоште буд, ки қабл аз ҷавоб ба суоли шумо гуфтам, то мардуми мо бидонанд, ки аз лаҳзаҳои аввали нооромиҳо мардум дар талоши музокира ва гуфтугӯ буданд.

Ман аз рӯзҳои нахустини музокирот дар он иштирок доштам. Дар нахустин вохӯрии мо бо бародарони мухолифин дар Хусдеҳ, дувумбора дар Теҳрон ҳамчун эксперт ва дар Исломобод ширкат кардам. Баъди Исломобод ман дигар ширкат карда натавонистам, зеро дар дигар вазифа будам. Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар ҳама гуфтугӯҳо масъалаи асосӣ ҳамеша оташбас буд. Чандин протоколҳо дар ҳамин давраи вохӯриҳо оиди оташбас ба имзо расида буд, аммо дар Тоҷикистон оташбас набуд ва аз ҷониби баъзе гуруҳҳо он вайрон мешуд. Дар он вақт ман котиби Шӯрои амният, Саидамир Зуҳуров, вазири корҳои дохила, Саиданвар Камолов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон буданд ва мо ба хулосае расидем, ки бояд бо тамоми силоҳбадастони ду ҷониб гуфтугӯ кунем. Ба хусус бо размандагони мухолифин, ки дар дохили кишвар ҳузур доштанд ва роҳбарияти оппозитсия дар берун аз Тоҷикистон буд. Ин пешниҳоди моро роҳбари давлат дастгирӣ кард ва пас аз чанде бо роҳбарии ӯ як гуруҳе таъсис ёфт, ки  ман роҳбари он будам ва мо омодагӣ барои вохӯрӣ бо қумондонҳои саҳроӣ гирифтем. Ва нахуст аз Ғарм (Рашт) шуруъ кардем. Рӯзи 13-уми сентябри соли 1996 бо миёнаравии намояндагони СММ ба  Рашт рафтем.

"Аз ҷон гузаштем то ба шуъла бирасем"

- Дар нахустин мулоқотҳо бо силоҳбадастони оппозитсия чиро эҳсос кардед, оё нигарони ҷони худ будед?

- Рости гап, дар он шабу рӯз барои ман ягон эҳсосе ба ҷуз ором кардани кишвар набуд. Бо вуҷуди оне ки касе намедонист оқибати сафари мо чӣ мешавад. Аммо вақте ҳолати мардумро ба чашми хеш мебинед, дигар марг ҳам фаромӯш мешавад. Хатар дигар эҳсос намекунед. Одам дар баъзе ҳолатҳо шояд мегӯяд, ки бигзор ҳадафи тир шаваму онро набинам. Ҳолатҳое буданд, ки кормандони милитсия ва дигар сохторҳо бе навбат дар як ҷой таги борону барфу лой се шабонарӯз дар як блокпост меистоданд, ки ягон шароит надоштанд. Таъминоти озуқа ҳам тамоман суст буд. Ба он ҳолате расида будем, ки гӯё куштани одам як кори муқаррарӣ шуда буду зиндагӣ ҳамин буд. Дар чунин шароит вақте ки як шуълае, ки мардумро ба оромиву субот мебарад, пайдо мешавад, ҳар касе бошад, дигар ягон хатарро ҳис намекунад ва медавад то ба он шӯъла бирасад. Дар он ҳолат ҳар кас агар мебуд, барои ҷамъ кардани мардум ва овардани сулҳу субот ин корро мекард. Пас аз гуфтугӯи чандрӯза дар Рашт тавонистем, ки бо қумондонҳои саҳроӣ як протоколи оташбасро имзо кунем. Ин рӯзи 16 сентябри соли 1996 буд.  Аз як тараф намояндагони ҳукумат ва аз тарафи дигар қумондонҳои ин минтақа бо роҳбарии Низомов ҷамъ омаданд. Мулло Абдулло наомад, вале намояндааш Эшони Азиз омад, иштирок кард ва гуфт, ки мо тарафдори сулҳу салоҳ ҳастем. Танҳо Мирзо Зиёев бо қумондонҳояш ширкат надошт. Аммо ин дар он шабу рӯз  як дастоварди бузург буд. 

Чаро ба Бадахшон ҳамлаи низомӣ нашуд?

- Боз сари ин масъала бархоҳем гашт. Аммо Шумо зикр кардед, ки ҳатто тавассути барномаи "Вести" иброз доштед, ки дар муддати 5 рӯз то ба Хоруғ мерасед. Чи омилҳое буданд, ки ин амалиёти низомиро ба ин минтақа қатъ кардед? Дар сурате медонистед, ки қисмати аъзами размандагони мухолифин дар ин минтақа қарор доранд? ҳарос аз чӣ буд?

- Бале, ин дуруст аст ва ҳамон гуруҳҳоеро, ки низ мо таъқиб кардем, ҳама ба ҳамон ҷо панаҳ бурданд. Дар ҳамин давра ин фикри ман набуд, ба назари ман нахостанд, ки минтақаи зиддиятҳо васеъ шавад ва ба мардуми Бадахшон имкон доданд, то худашон ин масъаларо бори дигар фикр кунанду хулоса бароранд. Ин супориши роҳбари давлат буд, ки ба Бадахшон  бояд қувваҳои давлатӣ ворид нашаванд.

Пул, мансаб ё ҳама ба хотири сулҳ?!

- Хуб, баргардем сари сулҳи Ғарм. Овозаҳое ҳаст, ки гӯё баъзе аз қумондонҳои мухолифин аз тарафи ҳукумат имтиёзе гирифтанду бо ин шарт ба сулҳ розӣ шуданд, ин рост аст? Зеро баъдан бисёре аз онҳо вазифа гирифт ва агар дуруст бошад, чӣ ваъдае буд; Пул, мансаб, ё чизе дигар?

- Ин овозаҳо тамоман ғалатанд. Дар ҳақи ман ҳам ҳамин хел бофтаҳо буданд. Бофтаҳо аз тарафи сохторҳои ҳукуматӣ низ буданд. Барои чӣ мегӯям, ки сулҳ як бозёфти бузурги мо аст, гарчанде ки роҳбари мамлакат супориши қавӣ дода буданд, доир ба бастани ҳама гуна созишнома барои ором кардани кишвар, на ҳама гуруҳҳо ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ тарафдори иҷрои он буданд. Ба ягон кас ягон имтиёз набуд. Як мисол меорам, вақти гуфтугӯ барои созишнома буд, дар он ҷо аз платформаи демократҳои Алма-Ато ширкат доштанд ва Абдунабӣ Сатторзода он протоколро навиштанд. Мо ба осонӣ ба сари маслиҳат наомадем, онҳо моро айбдор мекарданду мо онҳоро. Ҳар кадоме дигареро ба куштору қатл айбдор мекард. Оҳиста -оҳиста аз ҷаҳл фуромадем ва пешниҳод кардем, ки мо омадаем, ки пеши роҳи ҳамин қатлу кушторро бигирем. Он гапҳоро як тараф монем ба он таърих баҳо хоҳад дод. Аммо барои оянда ва пешгирии хунрезӣ ба ин протокол имзо кардем. Хуб медонед ва дигарон низ гуфтанд, на ҳама роҳбарони оппозитсия онро хуш қабул карданд ва фавран намояндагони худро ба Ирон бозпас хонданд. Он ҷо чи шуд намедонам, аммо чун ман аз ин хабар дар назди раҳбари давлат телефонӣ гузориш додам, ба ман супориш шуд, ки то пурра таъмин шудани оромӣ дар ҳамон ҷо бояд биистам. Ҳамин тавр ман муддати 3 сол ҳамроҳи нируҳои оппозитсия дар он ҷо мондам ва байни мардуми ин минтақа гашту гузор мекардем. Зеро на ҳамаи қумондонҳо ин протоколро дастгирӣ мекарданд ва хостори сулҳ буданд. Ҳамин тавр аз ҷониби ҳукумат низ гуруҳҳое буданд, ки намехостанд дар Ватан оромӣ бошад ва онҳо моҳияти протоколро намедонистанд. Мо барои ҳамин деҳа ба деҳа, масҷид ба масҷид гашта, онҳоро мефаҳмонидем, ки мақсад аз он чист. Дар ҳамин ҳолат будам, ки амр шуд, бояд фавран ба Душанбе баргардам. Чун ман ба Душанбе баргашта протоколро пешниҳод кардам ва  раҳбари давлатро аз вазъи минтақа гузориш додам, маълумам гашт, ки баъзе масъулони сохторҳои давлатӣ гуфтаанд, ки Азимов манфиати давлатро ба нафъи оппозитсиюн фурухт. Аммо баъди таҳқиқи пурра раҳбари давлат фаҳмиданд, ки дар ин ҷо баъзе бозиҳои сиёсие ҳастанд, ки сулҳро намехоҳанд. Пас мегӯям, на ба тарафи ҳукумат ва на аз тарафи оппозитсия касе ягон имтиёзе надошт. Ягона масъалае, ки дар пеш буд, ин сулҳ буду тамом ва ҳар ки ин гуна гапҳоро мегӯяд, хато мегӯяд.

Азимови "ғармӣ" аз ҳамла ба Кофарниҳон хабар шуд

- Давлат Усмон дар мусоҳибаи ахираш бо "Миллат" аз амри ҳамлаи густарда то ба Кофарниҳонро зикр карданд, оё ҷониби ҳукумат аз ин амри ҳамла иттилоъ дошт ё не? Сабаби рафтанатон ба Ғарм дар он шабу рӯз ҳамин иттилоъ буд ва ё чизи дигар?

- Ин як нақшаи хато буд. Дар он замоне, ки гуфтугуҳо идома дошт, дар ҳар як тараф фикре мавҷуд буд, ки мо ба таври низомӣ дар  ин ё он минтақа амалиёте кунем, то тарафи муқобил ба шартҳои онҳо зудтар розӣ шавад. Ин аз ҳар ду ҷониб буд ва инкор намешавад. Пас аз имзои созишнома то соли 1999 ман "ғармӣ" шудам. Ман дар он минтақа бо супориши роҳбари давлат бояд доимӣ ҳамроҳи онҳо мемондам. Аз соли 1996 то 1999  шояд ҳама буду боши ман дар Душанбе камтар аз се моҳро ташкил мекард. Ҳамин тавр барои иҷрои протоколҳо ман тавре ба истилоҳ мегуфтанд, ҳамроҳи бародарони аҳли ислом будам.

Бояд гуфт, ки соли 1995 Комиссияи назорати оташбас ташкил шуд, ки аз тарафи ҳукумат Зафар Икромов, раҳматӣ Азиз Рӯзиевич ва чанд каси дигар шомил буданд ва аз ҷониби мухолифин раҳматӣ Музаффар Раҳмонов, Ҷалолиддин Маҳмудов, ва дигарон буданд, ки оиди татбиқи протоколҳои оташбас кор мекарданд. 30-юми ноябри соли 1996 як задухурдҳои шадиде дар ноҳияи Тавилдара шуруъ шуд ва як гуруҳи калон бо раҳбарии сарвари давлат ба Хусдеҳ рафтанд. Дар он ҷо протоколе бо номи Протоколи Хусдеҳ ба имзо расид, ки агар шумо онҳоро бинед, ба протоколи Ғарм қариб ки монанданд. Агар протоколи оташбаси ғарм дар сатҳи гуруҳҳо баста шуда буд, ин протоколи Хусдеҳ дар сатҳи Сарвари давлати мо ва роҳбари мухолифин марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расид, ки ин оташбас аз соати 24:00-и декабри соли 1996 ба иҷро мерасид ва пас аз ин як гуруҳи баландпояи оппозитсиюн бо роҳбарии Давлат Усмон, ки дар он ҷо Маҳмадалӣ Ҳайит, Неъматулло, Муҳаммадалӣ Навид, Султони Ҳамад ва чанд каси дигар шомил буданд, ба Душанбе омаданд. Ман ин дафъа аз тарафи роҳбари давлат роҳбари гуруҳе, ки бо ин гуруҳи баландпоя ҳамкорӣ кунанд, таъин шудам. Мо боз ба Рашт сафар карда, он супоришҳое, ки дар мавриди оташбас буд, иҷро кардем.

Ҳақиқатан хатарҳо тез тез сар мезаданд. Тез -тез ба ин ё он блок постҳо, ҳамлаҳо сурат мегирифтанд ва мо рафта вазъиятро ором мекардем. Дар саршавии соли 1997 баъзе гуфтугуҳое оиди масъалаҳои асосӣ бояд сурат мегирифтанд, ки ба таъхир афтид. Албатта гуфтугӯ ин фикри як шахс нест ва ҳар кас пешниҳодҳои худро дошт ва ҳамин буд, ки як пауза шуд. Ман ки дар дохили онҳо будам, хабар ёфтам, ки қувваҳои оппозитсиюн ба хотири оне, ки зудтар ба иҷрои мақсадҳои дар пеш истода расанд, ният доранд, як амалиёт гузаронанд. Албатта агар ин амалиёт сар мешуд, ин шадидтар буд ва хунрезиҳои зиёд мешуду мардуми бешуморе кушта мешуд. Ман чун хабар ёфтам, назди Давлат Усмон рафтам ва гуфтам, ки ҳамин қадар меҳнат ва заҳмати мо агар ҷанг сурат бигирад, барбод хоҳад рафт. Зеро мо дар он ҷо бо супориши раҳбарият бисёр корҳоеро анҷом медодем, мардумро ба кишту кор ва ободӣ даъват мекардем. Ёдам ҳаст, ки моҳи октябри соли 1997 мактаби маркази ноҳияро тоза карда, тифлон сумка надоштанд ва кадоме аз латта халтачаҳо дӯхта, дар даруни он дафтар гирифтаву ба мактаб мерафтанд ва дидам, ки мӯйсафедон ва аксари мардумон оби чашм мерехтанд, зеро ин як иде буд барои ҳама мардум ва як фоли нек ки ба ин рӯз расидем. Маҳз ҳамин буд, ки гуфтам: "Давлатхуҷа ин ҳама меҳнатҳои мо, ин ҷонбозиҳои мо, ки барои сулҳ кардем, чӣ мешавад(?)".

Ӯ гуфт, ки ман тасмим гирифта наметавонам ва ин тасмими роҳбарони мост. Ман пешниҳод кардам, ки як бор равем ва ин ақидаҳоятро дар пеши роҳбари давлат бигӯй то бидонанд, ки чунин ақидаҳо низ ҳастанд, на ин ки ақидаҳои ҳаргунае, ки аз ким куҷо меоянд. Вай розӣ шуд ва бо ҳамроҳии ман ба Душанбе рафтем ва ман ӯро ба назди раҳбари давлат бурдам  ва гуфтам, ки хуб мешуд, ки ақидаи он тарафро низ аз забони Давлат Усмон бишнавед. Зеро ӯ одами хурд набуд ва раҳбари ҳарбии тамоми низомиён буд.  Як чизи дигарро низ бояд бигӯям, ки дар давоми ҳамкориҳоямон бо Давлат бисёр аз ӯ миннатдорам. Ба мардигарӣ якқавлӣ ва он иродае дар вазнинтарин ҳолатҳое буд, ки ҳар дуямонро чандин бор маҳкам карданд ва боре ҳам дар куҷое нагуфтем. Давлат Усмон бо президенти кишвар  суҳбати як ба як карданд. Ақидаҳои ӯ хуб буд ва раҳбари давлат онҳоро пазируфт ва пешниҳод шуд, ки дар музокироти навбатӣ бояд Давлат низ иштирок кунад. Зеро он суханонеро, ки дар назди раҳбарамон гуфт бояд рафта дар нази раҳбарони мухолифин низ гӯяд то онҳоро конеъ карда тавонад, ки вазъият дар дохил чи гуна аст. Ҳамаи мо  шоҳиди онем, ки  вохурии  дар Машҳади Эрон сурат гирифта дар сулҳи тоҷикон нақши бузургеро бозид ва ин яке аз вохӯриҳоебуд, ки барои дар оянда ҳал кардани масъалаҳои муҳим ва имзои пртоколи 21 июн боис шуд.

Мулло Абдулло оштӣ накард

- Ба назари Шумо кадоме аз раҳабарон ва қумондонҳои мухолифин бештар ба ҷанг моил буданд? Аз тарафи ҳукумат чӣ? Масалан, Мулло Абдулло оё воқеъан сулҳро намехост ё назару шарти дигар ба сулҳ дошт?

- Мулло Абдулло одаме буд, ки кам гап мезад ва ин ки чӣ мехоҳад то охир намегуфт. Ягон мавқеъи муайян надошт. Як мисол меорам, он замон дар Нуробод сохтори милитсия кор намекард. Азбаски ӯ кумондони минтақа буд ман "гуфтам домулло ин ҷо дуздиву  ғоратгарӣ шуда истодааст, ки ҳамаро ба гардани шумо мезананд, иҷозат бидиҳед то мақомоти милиса кор кунаду пеши роҳи онҳоро бигирад". Ӯ розӣ шуду мо рафта роҳбари давлатро эълом доштам, ки зарур аст, ки шуъбаи корҳои дохилиро дар Нуробод  таъсис диҳем ва мо аз ҳисоби шуъбаҳои дигар минтақаҳо шуъбаро таъсис додему ба Нуробод раҳсипор шудем. Дар наздикиҳои Чорсада расидем, ки торикӣ фаро расида буд ва дар шуълаи чароғҳои мошин дидам, ки аз паси девору дарахтон мили силоҳҳо менамояд. Ба Ҷалолиддини Маҳмуд, як намояндаи оппозитсия гуфтам, ки яроқбадастон моро таъқиб доранд. Вай шухӣ карда гуфт, ки "дар фикратон, ки доим яроқбадастон ҳаст, дарахт ҳам ба назари шумо яроқбадаст менамояд". Мо истодем, соат аз 12-и шаб гузашту автобус нарасид. Баъд Ҷалолиддинро равон кардам, ки рафта бубин, ки чӣ гап аст ва ӯ соати 3-и шаб хабар дод, ки онҳо ҳамаро бурдаанд. Танҳо баъди 15 рӯз тавонистем милисаҳоро аз дасти онҳо раҳо кунем. Ман чун дидам, ки чунин шахс аст, кушиш кардем, ки дигар бо ӯ камтар гуфтугӯ кунем.  Аз байни онҳо шахсеро ёфтем, ки метавонад вазъро ором кунад. Буданд шахсоне, ки барои оромии ҳамон минтақа кушиш мекарданд ва ман раҳамтии Мирзораҳимро, ки баъдан фаҳмидам бародари Зайд Саидов аст, пайдо кардам ва бо ӯ суҳбат намуда, ӯро сардори шуъбаи ин ноҳия таъин кардем. Аммо Мулло Абдулло ба вай ҳам сар нафаровард, то охир ҳамин тавр монд.

(идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97