Идомаи қиссаҳои офарандагони сулҳ
Зафар Икромов 5 июни соли 1946 ноҳия Шуроободи вилояти имрӯза Хатлон дар хонаводаи муаллим зода шудааст. Солҳои 1964-1969 факултаи физикаи Университети давлатии ба номи В.И. Ленинро (ДМТ) хатм карда, чанд муддат ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Баъдан Мактаби олии милисаи Тошкандро дар соли 1986 ба поён бурдааст. Солҳои 1980 то 1983 дар Афғонистон ба ҳайси мушовири вазорати корҳои дохилии он кишвар кор кардааст.
Сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ленин, Файзобод, муовини сардори раёсати дохилаи вилояти Ленинобод ва соли 1992 сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе будааст. Соли 1995 то соли 1997 мушовири президенти Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ будааст.
Дорандаи байрақи сурхи ҷангӣ, Ситораи сурх, барои хидмат дар Афғонистон, Ордени дӯстӣ-1998 барои талош дар роҳи сулҳу ваҳдати тоҷикон. Аз соли 1995 ҳамраиси Комиссиюни назорат бар оташбас аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон.
- Ҷаноби Зафар Икромов, фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки шумо дар даст ёфтан ба он саҳм доштед, муборак бошад. Лутфан бигӯед, ки мақсад аз таъсиси Комиссиюни назорат бар оташбас чӣ буд ва оё ҳукумати вақти Тоҷикистон онро мехост ё не?
- Бояд гуфт, ки ҳукумати кишвар чанде пештар ба ин иқдом даст зада буд ва ин варақе, ки дар даст дорам, нусхаи нахустини (онро нишон медиҳад) изҳороти Президенти Тоҷикистон ва раҳбари Ҳаракати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурист, ки 20 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул имзо карда буданд. Дар омода кардани аввалин мулоқоти ин ду раҳбар банда низ ширкат доштам ва як ҳафта пеш ҳамроҳи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии имрӯзи Тоҷикистон, Сайдамир Зуҳуров, собиқ вазири амният, Шукурҷон Зуҳуров, раиси кунунии МО МН Тоҷикистон ва чанде дигар ба он ҷо сафар карда, онро дар сатҳи баланд омода сохтем. Чун мулоқоти нахустин хело ҳам хуб гузашт ва ба Ватан барагаштем, бо тавсияи президент Эмомалӣ Раҳмон як вазифа неву уҳдадории мушкилеро ба сарам гузоштанд, ки ман хабар надоштам. Ҳамин тавр ҳамраиси ҷониби ҳукумат дар ин Комиссиюни назорат бар оташбас шудам. Аммо бояд зикр кард, ки Азиз Рӯзиев аввал ин ҳайатро аз ҷониби ҳукмат раҳбарӣ мекард. …Инчунин Музаффар Раҳмонов аз ҷониби мухолифин ҳамраиси Комиссиюн буд, ки имрӯз нест. Ёди ҳар дуяшон ба хайр бод. Дигар тамоми аъзои он то ба ҳол дар қайди ҳаётанд.
Азиз Рӯзиев, ки дар Вазорати дохила кори зиёде дошт ва аз дигар тараф, ин комиссиюн, ки аҳамияти калон пайдо карда буд, Ҳукумати кишварро шахсе зарур буд, ки ҳам бояд салоҳияти давлатӣ дошта бошаду дар байни ҷомеъа муаррифӣ шуда бошад ва ниҳоят касе бошад, ки тарафи мухолифинро низ омӯхта ва эътиборе дошта бошад. Шояд ҳамин паҳлуҳоро ба ҳисоб гирифта, маро Президенти кишвар ба ин вазифаи масъул таъин карданд. Ҳамзамон сармушовири Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ будам.
- Муносибати шумо бо намояндагони мухолифин чӣ гуна буд?
- Ман аз рӯзи аввали кор дар ин Комиссиюн ба тамоми ҳайати мухолифин аз наздик шахсан шинос шудам. Ҳамчунин дар бораи ҳамаи онҳо маълумоти муфассалро низ аз мақомоти амниятӣ ва истихборотӣ гирифта будам. Аз ин рӯ, хело огаҳ будам, ки бо кӣ сару кор дорам ва онҳо дар куҷо таҳсил кардаанду чӣ ҷаҳонбиние доранд. Маълум, ки давлат дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумотҳое дошт. Бояд бигӯям, ки онҳо низ агар чи баъзе фикру андешаҳои худро дошта буданд, ҳам дар маҷмӯъ хоҳони сулҳ буданд. Як чизро бояд зикр кунам, ки ҳангоми сафарамон ба Кобул, чун ба чашми хеш дидем, ки он ба хок яксон гаштаву аз он Кобуле қаблан дида будам, асаре намонда буд ва ҳатто дар қасри Гулхона, ки музокироти тарафайн мегузашт, аз асари тир ҳама ҷояш сурох шуда буд, ҳама ба ин фикр омадем, ки бояд нагузорем, ки Душанбеи мо ҳам мисли он гардад. Аз ҳамин сабаб, ҳар ду ҷониб сулҳро мехост. Яъне ин масъалаи асосие буд, ки ҳар ду ҷонибро муттаҳид месохт ва ҳар дуи тарафро дар паллаҳои баробари як тарозуи муносибатҳо нигаҳ медошт.
Чун мо бо ҳам меомадем, бештари масъалаҳо чун одати тоҷикона дар гирди дастархон ҳал мешуданд. Аз рӯзи аввали муносибатҳоямон мо ба хонаи ҳамдигар рафтуо доштем. Навобаста аз он ки ман таҳти назорати сохторҳои муайян будам ва ҷониби мухолифин низ инчунин. Пӯшида нест амнияти мухолифинро Вазорати амнияти Тоҷикистон ба дӯш дошт. Яъне тамоми гирду атрофи мо коргарони амният буданд. Ҳамин рафтуои мо буд, ки на танҳо моро, балки хонадонҳои моро ба якдигар наздик кард. Агарчи ҳар кадом аз ҷониби роҳбарият дастуроте доштанд, боз кӯшиш мекардем, пардаҳоеро, ки пеши роҳи сулҳро мегиранд, бардорем. Бо вуҷуди он ки мухолифин мегуфтему он замон душмани ҷони якдигар низ будем. Аммо чун ҳадаф яке буд, мо аз якдигар кам сирро пинҳон мекардем. Барои ҳамин дастуроти ҳукуматро бо ҳар шакл ба онҳо мерасонидам, агарчи мустақиман намегуфтам, ки роҳ чунин аст. Он ҷониб низ ҳамчунин бо мо муносибат дошт.
- Ҷаноби Икромов, акнун ҷанг ҳам гузашту сулҳ ҳам ва ҳарду моли таърих шуданд, аммо бигӯед, ки Ҳукумати Тоҷикистон сидқан хоҳони сулҳ буд ё бештар ҳавои ғалаба дошт ва пирӯзӣ мехост?
- Ман бояд аввал як чизро бигӯям, ки то ба ҳол мо сабаби ҳамин ҷангро пурра наомӯхта ва рӯшан накардаем, ки аз куҷо сар зад. Оқибаташ, ки маълум, ба қавли раҳбари кишвар беш аз 150 ҳазор нафар дар ин ҷанг аз байн рафтааст. Беш аз 7 миллиард зарари иқтисодӣ ба кишвар расид. Ин танҳо зарари мустақим аст. Хонаву дари мардум, ки валангор шуданду мардуми зиёде муҳоҷир шуданд ва боз чандин зарарҳоест, ки ҳисобаш гум аст. Инак бист сол аст, ки мо ҳеч ба худ намеоем ва вазъи иқтисодии мо низ то ҳол паст аст. Аз ин рӯ, фикр мекунам, имрӯз фурсати он расидааст, ки ҳукумати кишвар як комиссияи омӯзишӣ тадқиқотии бо шумули намояндагони мардум, ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва масъулини давлатӣ ташкил кунад то решаҳои пайдоиши ин нофаҳмӣ байни тоҷиконро омӯхта ба мардум расонем, ки маҳз ҳамин омилҳо буданд. Пас дар оянда барои бартараф кардани ин гуна равандҳо чора андешем, ки дигарбора такрор нашавад. Зеро ин гуна нофаҳмиҳо ҳамеша боиси аз байн рафтани давлатҳои тоҷикон ва дар маҷмӯъ форсҳо шуда буданд. Давлати Сомониёнро ҳам ҳамин нофаҳмиҳои ду ҷониба аз байн бурд. Ба назар нагирифтани қувваҳои мухолифин дар ҳама вақт ба ин оварда мерасонд. Фикр мекунам, агар дар солҳои навад ва пештар аз он мо аз оқибатҳои ҷанг меандешидем, ба ин рӯз намерасидем.
Ба фикри ман, дар оғози сангарнишиниҳо ду тараф ҳадафҳои бузурги миллӣ надоштанд ва ҳар гурӯҳ чизе мехостанд, ки то имрӯз аниқ маълум нестанд. Лекин асос якдигарро таҳаммул накарда, гӯш надодаву баҳо надодем. Ҳама инҳо ҷамъ гашта, ба як зиддияти бузурги тарафайн табдил ёфт, гарчанде дар аввал танҳо ашхоси алоҳида буданд, ки мухолифат байни ҳам доштанд. Ин ашхос оҳиста - оҳиста ба гурӯҳҳо табдил шуданд, баъд қавмҳои алоҳида ва ахиран ба маҳалҳо ҷудо шуданд.
- Шумо чи мегӯед, ки мақсад ҳамин гирифтани мансаб буд ё дигар мақсадҳое низ аз хориҷ бор мешуданд?
- Мансаб ин танҳо як ҳадаф буд, вале на ҳама талошҳо танҳо барои мансаб буданд. Ман як мисол меоварам, 5 ноябри соли 1987 мо як гуруҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо ҳамонвақта котиби аввали ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов вохурӣ доштем.
Ман дар Аф?онистон солҳои дароз хидмат кардаву он ҷомеаро хуб медонистам, ки ҷанг чисту чӣ оқибат дорад. Дар ҳамон замон мо маълумотҳое доштем, ки беш аз 5000 корти Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон тақсим шуда буд ва бештари он дар вилояти он вақтаи Қурғонтеппа буданд.
- Ин факт аст?
- Бале, ин факту далелҳои аниқ дорад. Ман ин суханро дар шоҳидии Маҳкамов гуфтам, ки он вақт вазири корҳои дохила Пулодов Комил ва Раиси кумитаи амният Петкел буданд. Ҳатто таъкид кардам, ки ин нооромиҳои Афғонистон ба амнияти мо хоҳ нохоҳ таъсир мегузорад, зеро беш аз 1000 километр мо бо он ҳамсарҳадӣ дорем. Далелҳое доштем, ки дар Покистону Афғонистон чандин ҷавонони тоҷик таҳсил мекарданд ва ҳатто мусоҳибаҳои онҳо дар нашрияҳои Покистон ва Афғонистон баромада буд, ки дар оянда чӣ хоҳем кард? Раиси амният гуфтанд, ки сари мавзӯъ кор мекунем. Лекин, мутаассифона, сари ин мавзӯъ диққат надоданд. Решаи дигари ин нооромиҳо дар дохил буд. Бубинед, ки он замон аксари роҳбарон аз як вилоят буданд ва кадрҳои ҳирфаии дигар маҳаллаҳоро намегузоштанд аз дигар манотиқ бошанд. Мисол дар ҳамин ноҳияи Ванҷи шумо ҳатто раиси Хоҷагии коммуналии манзилӣ (КЖКП) зодаи вилояти Ленинобод (Суғд) буд. Дар замони шуравӣ дарҳои масоҷидро дар тамоми қаламрави он баста буданд ва ҳама арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мардумро поймол мекарданд, мисли иди миллии тоҷикон Наврӯз низ, ки ягон пояи динӣ надошт. Онҳо на таҳти назорати сахт буданду на озод. Чун замоне расид, ки мардум медонистанд, ки Шуравӣ аз байн меравад, бояд як давлати наве дар ин ҷо бо сохтори наве пайдо шавад. Ана ҳамин буд, ки таваҷҷуҳи кишварҳои исломӣ аз як ҷониб ва Аврупову Русия аз тарафи дигар мехостанд, ки дар сохтори ин кишвар ба манфиати худ таъсиргузор бошанд. Ҳамчунин Узбакистон низ ҳадафҳои зиёде дошт. Бинобар ин дар ҷанги Тоҷикистон чандин қувваҳое буданд, ки таъсири бевосита доштанд. Ман дар яке аз суҳбатҳои ғайрирасмиям бо Г. Мерем, намояндаи СММ, ба пурсиши ӯ ки ҳамин решаҳои асосии ҷанги кишвар дар чӣ аст ва бо кадом роҳ метавон таъсири мусбат ба он расонд, то ба сулҳ биёянд (?), гуфтам, ки агар хоҳед, ки сулҳ тезтар шавад, бояд думболи Эрон ва Русияро гирифт. Ӯ худ дипломати зирак буд ва фаҳмид, ки асли мақсади ман чист. Агарчи дигар кишварҳо ҳам таъсири сиёсӣ доштанд, вале ин ду давлат аз нигоҳи қудрат ва сиёсат дар сари тарафҳои мухолиф таъсири калон доштанд. Ин гуфтаҳо дар минбаъд тасдиқи худро ёфтанд.
- Дуруст аст, ки ҳама ҷангу сулҳ хоҳ нохоҳ дар хориҷ ҳам ҷонибдорону пуштибонҳое дорад. Аммо худи Комиссияи назорати оташбас чӣ нақшеро дар ин росто тавонист иҷро кунад?
- Мо дар ҳама ҷо аз рӯзи аввали кор дар талоши сулҳу оромӣ будем. Ҳафтае ду бор дар дафтари СММ ҷамъ меомадем ва ё сари дастархон фақат як фикр буд, ки чи гуна тавонем ба ин кишвар оромӣ биёварем. Инро бояд ёдовар шавам, агарчӣ Юсуф Ҳаким ҳам дар шумораи пешини рӯзномаи шумо гуфта буд, бузургтарин кори ин Комиссиюн созишномаи сулҳи Ғарм байни қумондонҳои саҳроии мухолифин ва ҷониби ҳукумат буд. Барои амалӣ кардани он яку ним сол меҳнату заҳматҳо кашидем. Даҳҳо бор бо қумондонҳои ду ҷониб вохӯриҳо гузаронидем ва рӯзҳое мешуд, ки даҳҳо километр роҳҳои кӯҳиро зери барфу борон тай мекардем. Ғайрирасмӣ ва пинҳонӣ бо қумондонҳо вохӯриҳо ташкил кардаем, агар тарафи ҳукумат бохабар буд, вале роҳбарияти оппозитсия на аз ҳамааш бохабар буд. Хушбахтона, сулҳ дар Ғарм барқарор шуд ва таърихи 14 -16 ноябри соли 1996 Созишномаи сулҳ имзо гашт, ки бештар характери ба ҳам омадани низомиёни ду ҷонибро дошт. Ахиран тавонистем муътақоид кунем, ки ҳар кадоме тир мезанад, дар синаи бародари тоҷики худ мезанад, на дар синаи ягон бегона. Ин протокол аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва дастгирӣ ёфт, аммо тарафи роҳбарияти оппозитсия ба он изҳороти норозигӣ кард. Аммо мо тавонистем, ки намояндагони тарафи мухолифинро ба Афғонистон бифиристем ва онҳо тавонистанд роҳбарияти худро аз моҳияти сулҳи Ғарм огаҳ сохта, онро қабул бикунонанд.
- Аксари қумондонҳои вақт тақрибан ғайри низомӣ буданду ҳеч қонунеро итоъат намекарданд. Оё оқои Зафар, вақте дар байни ин гуна низомиён кору фаъолият мекардед, наметарсидед?
- Бале, дар ҳақиқат аз ҳар ду ҷониб аксари размандагону қумондонҳо ғайри низомӣ буданд. Аз тарафи ҳукумат Ғаффор Мирзоев масалан, ё Сӯҳроб Қосимов, Ёқуб Салим вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва чанде дигарон, ки ростӣ, дар ягон мактаби низомӣ дарс нагирифта буданд. Аммо чун мақоми давлатӣ доштам, барои ҳамин қувваҳои ҳукуматӣ ҳамроҳам хуб муомила мекарданд. Аз ҷониби оппозитсия низ қумандонҳо чунин нафарон буданд ва танҳо касе, ки мактаби низомиро гузашта буд, Мирзохуҷа Низомов буд, ки ҳамроҳ дар академияи ВКД-и Тошканд таҳсил карда будем ва аз собиқ рафтуомади наздик доштем. Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро низ аз собиқ мешинохтам ва инсони фаҳмидаву огаҳ буд. Ва яке аз муваффақиятҳои ман ҳам дар ин минтақа шояд ҳамин ошноиям бо ин ду нафар буд. Бо Мирзо Зиёв ҳам медонистам, ки забон меёбам, зеро аз гузаштааш хуб огаҳ будам ва медонистам, ки чӣ гуна шахс аст. Барои ҳамин, ростӣ, ягон хатареро эҳсос намекардам. Бояд бигӯям, ки ягона нафаре, ки ҳама намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро чашми дидан надошт, Абулло Раҳимов (Мулло Абдулло), қумандони Комсомолобод (Дарбанд) буд. Ҳарчанд дар рӯ ба рӯям чизе нагуфта буд, аммо дар маҷмӯъ бадбин буд. Маҳз Мулло Абдулло ба ягон шарти сулҳ розӣ набуд ва дидед, ки оқибаташ чӣ шуд?
- Дар бораи Музаффар Раҳмонов, ҳамраиси ин Комиссиюн аз ҷониби мухолифин чӣ андеша доред? Дар бораи рабуданаш овозаҳои гуногун зиёданд, аммо то ба ҳол касе дақиқ намедонад, ки аз ҷониби кӣ рабуда шуда буд. Шумо ки он замон дар ҷараёни воқеъа будед ва аз бисёр сиррҳо низ огаҳ чӣ мегӯед?
- Музаффар худ бисёр инсони наҷиб ва фарҳангӣ буданд. Тамоми хонадони онҳо аҳли фарҳанганд. Агар мо як бор дастархон мекардем, эшон даҳ бор меоростанд. Тамоми аҳли оилаи ӯро мешиносам. Ростӣ гап, ин хонадон руҳияи мазҳабӣ-динӣ надоштанд, ҳатто ҳоҷӣ Музаффар ҳам. Инсоне буданд, ки дар дилаш ягон доғи сиёҳ надошт ва ҳама чизе дар дил дошт, дар забон мегуфт. Ҳатто назарҳои мухолифе, ки нисбат ба раҳбарияти оппозитсиюн низ дошт ошкоро мегуфт. Аммо бисёр мехост, ки дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ зудтар шавад. Фикр мекунам, рабудани ӯ ба масъалаҳои шахсияш вобастагӣ надошт ва сирф сиёсӣ буд. Назарам пештар ҳамин буд, имрӯз низ ҳамин аст, ки ӯ қурбонии нофаҳмиҳои ду ҷониба шуд. Сабаби асосии рабудани ӯ ба ақидаи банда, амалиёти Мулло Абдулло дар Сичароғ буд, ки дар натиҷа Ҷангихон Давлатов, яке аз паҳлавонони машҳури кишвар, ки он замон дар қувваҳои сарҳадии ноҳияи Дарвоз фармондеҳӣ мекард, бо чанде аз низомиён кушта шуданд. Дар рӯзи дигари ин амалиёт Музаффар рабуда шуд. Кадом гурӯҳҳое буданд, ки ин корро кунанд, худатон бояд андеша кунед. Яъне ҳодисаи Сичароғ ба рабудани Музаффар пайвандии бевосита дошт. Баъди ин воқеъа боқимонда намояндагони оппозитсия таҳти фишори сахт қарор гирифтанд. Ман бо вазири корҳои дохила ва амният ва дигар сохторҳое, ки амнияти ин гуруҳро ба ӯҳда доштанд, дар мавзӯи рабудани мавсуф ва таъмин накардани амнияти боқимонда узви Комиссиюни оташбас аз ҷониби мухолифин, сӯҳбати шадиде доштам. Агар талошҳои мо намешуд ва ин гурӯҳро дар қароргоҳи СММ ҷой намекардем, шояд танҳо Раҳмонов не, балки чандин каси дигар низ рабуда мешуд.
- Баъзеҳо ба ин назаранд, ки сулҳро низ мисли ҷанг дар Тоҷикистон аз хориҷ таҳмил карданд. Бештар онро дасти Русия ва Афғонистон медонанд, дуруст аст?
- Не, не. Бале, аз хориҷ ҳам кушишҳо буданд, вале расидан ба сулҳ ин аз тарафи худи тоҷикон буд. Кушиши ҳар ду ҷониб ва мардуми Тоҷикистон буд, ки мо ба он расидем. Мо гуфтан наметавонем, ки яке зиёдтару дигаре кӯшишу талоши камтар кардааст. Зеро дар ин ҷанг хонадоне набуд, ки зарар надида бошаду касеро аз даст надода бошад. Аз мардуми одӣ сар карда, то ба сатҳи роҳбарии ду ҷониб. Давлатҳои мушоҳид дар ин кор хело хидмати беғаразона мекарданд, ба хусус Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Русия ва ғайра, ки ҳаматарафа барои сулҳи мо кушиш мекарданд. Ин агар аз як тараф хидмати онҳо бошад, аз тарафи дигар вазъи дохилии кишварҳояшонро мехостанд таъмин кунанд. Чунки ин таъсир хоҳ нохоҳ ба ҳамсоякишварҳо мегузашт.
- Шумо гуфтед, ки сулҳи Ғарм аз ҷониби ҳукумат хуш пазируфта шуд, аммо тибқи овозаҳо маҳз ҳамин сулҳ ба карераи ояндаатон таъсири манфӣ гузошт. Зеро ҳатто гапҳое ҳам буданд, ки шумо бояд вазири корҳои дохилӣ мешудед. Аммо нашудед, рост аст?
- Шумо як чизро ба ҳисоб бигиред, ки Сулҳи Ғармро бо он хушнудие, ки Эмомалӣ Раҳмон қабул кард, оппозитсия даҳ яки онро хушнуд нашуда буд. Вақте мо созишномаро пурра омода сохтем, ман аз Ғарм ба дастгоҳи раиси ҷумҳур телефон карда, хабар додам, ки бояд Президент имзо гузорад, зеро Комиссияи назорати оташбас ин салоҳиятро надошт, ки дар созишнома имзо гузорад. Чун ин хабар ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон расид, барои ман чархбол фиристоданд, то наздаш равам. Ман тамоми ҷузъиёти масъаларо дар наздаш ҳисобот додам, ки мо дар кадом сатҳ қарор дорем. Баъди ин президент тамоми дастгоҳ ва вазорату мақомотҳои марбутаро даъват карда, бори дигар ахбори маро шуниданд ва бо амри худи раҳбари кишвар Шарипов Ҳумудин, ки раиси дастгоҳ буданд, варақу қаламро гирифта, пунктҳои созишномаи сулҳро навиштанд. Яъне бояд бигӯям, ки он корро бо дастуроти раҳбарияти кишвар анҷом дода будам, аммо сабаби вазир нашуданам дигар чиз буд.
Аввалан ин ки аз соли 1972 то омадани вазири кунунӣ Раҳимов Рамазон, яъне муддати 40 сол ягон вазири касбӣ дар ВКД наомадааст. То соли 1972 Бобо Маҳкамов аз оддитарин вазифа то ба мақоми вазирӣ расида буд, дигар ҳеч кас. Шояд ҳукумати давр намехостанд, ки шахси касбӣ дар ин мақомот бошад. Банда низ дар ин касб хидмати андакеро анҷом дода будам ва ҳатто соли 1992 аз ҷониби чанд депутат ҳам ба вазирӣ пешниҳод шуда будам, вале бо кадом сабабе нагузаштам.
Бояд бигӯям, ки расидани Ёқуб Салимов ба мақоми вазири корҳои дохилӣ ва дигар ашхосе, ки касбӣ набуда ва дар сиёсат низ пухта нашуда буданд, ба каме кашолкориҳо дар раванди сулҳ низ овард. Дигар ин ки Ёқуб солҳои навадум, ки ман сардори милисаи ноҳиявӣ будам, дар дасти ман делои судӣ дошт. Ғаффор бошад, бар маҳбасхонаи Ёвон буд. Табиист, ки ин гуна одамон намехостанд, ки шахси касбӣ дар ин вазифа бошад. Инҳо мехостанд, одаме, ки андешаҳои миллӣ дорад, ҳирфаӣ аст, дар ин ҷо набошад, балки мисли худи онҳо бошад. Пас бояд Икромов сиёҳ мешуд. Соли 1996 номзадии ман ба мақоми вазири корҳои дохила пурра аз ҷониби президенти кишвар дастгирӣ ёфта буд. Ҳатто як сол пеш ҳам сари ин масъала гапҳо шуда буд. Аммо нашуд. Пас сабаби вазир нашуданам чӣ буд? Имрӯз пушида нест, ки Икромов дар таъмини сулҳу субот ба як пешравии калон ноил шуд. Як воқеаро бояд ёдовар шавам, ки тақрибан аввалҳои декабри соли 1996 Эмомалӣ Раҳмон бояд бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрӣ мекарданд. Дар он шабу рӯз маро Президент ба назди худ даъват кард. Ва маро гуфтанд, ки дар бораи ҷой кардани намояндагии ситоди раҳбарияти оппозитсия дар Душанбе чӣ андеша дорам? Агарчанде суоли ногаҳонӣ буд, вале ман баъди каме андеша гуфтам, ки бисёр кори хуб ва хайр мешавад. Ва ман онро асоснок кардам ва Комиссияи оташбасро мисол овардам, ки дар дохил будан ба манфиат аст. Бигузор биёянд ва бо чашми худ вазъиятро бубинанд. Ӯ дигар гап назад ва ман рафтам ва боз баъди чаҳор рӯз даъват карда, ин суолро доданд ва ман боз ҳамон ҷавобро додам. Президент гуфтанд, ки чаро аз байни ин ҳама танҳо шумо ин назарро доред ва дигарон норозиянд. Ман гуфтам, ки чанд сол аст, дар дохилашон ҳастам ва бо онҳо ҳамкорӣ дорам. Ба фикри ман агар роҳбарияти ситоди оппозитсия Душанбе биояд, аз ҳамин чорчӯбаи сулҳу салоҳ берун нахоҳад рафт. Сониян ин ки, дар паҳлӯи онҳо мо ҳастем ва таҳти раҳбарии шумо қарор дорем. Ман ба ин умедам, ки онҳо раванди сулҳро дар Тоҷикистон тезтар хоҳанд кард. Баъди чанд рӯзи ин гуфтугӯ, созишномаи Хосдеҳ ба имзо расид ва маро Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ки он вақт муовини аввали ҳукумати Тоҷикистон буданд, гуфт, шумо мехостед штаби оппозитсия биёяд, акнун рафта онҳоро биёред. Ман ба Хусдеҳ рафта, бо тамоми раҳбарияти оппозитсия ва Раҳбарони Афғонистон вохурӣ кардам. Устод Раббонӣ ҳам насиҳатҳои хубе кард ва моро ба сулҳ ташвиқ кард. Баъд ҳайати оппозитсияро бо сарварии Давлат Усмон гирифта, ба Душанбе баргаштем. Баъди ҳамин он гурӯҳе, ки бадбин буданд, маро сиёҳ мекарданд, ки Зафар Икромов бо оппозитсия ҳамкориҳо дорад. Ин сиёҳ карданҳо таъсири худашонро ба як фоизи муайян расониданд. Лекин ман як вақт ба ҳуҷҷате шинос шудам, ки барои пешбарӣ накардани ман ба вазорати корҳои дохилӣ нуқта гузошт. Аз ҷониби кумитаи амният мактубе бо имзои яке аз муовинонаш Шамсулло Ҷобиров , ки баъдан дар мошини раиси шаҳр кушта шуда буд. Агарчанде ки дастгоҳи президент ба ҳамаи мақомоту вазоратҳо расман дастури хаттӣ додааст, ки ягон мактуб бе имзои вазир ҳангоми буданаш ба дастгоҳи президенти кишвар бояд дохил нашавад. Ин одам бошад, ки муовини вазир буд, ба раисҷумҳури Тоҷикистон мактубе дар ҳаҷми се саҳифа навишта буд. На танҳо маро, балки тамоми аҳли оилаамро сиёҳ карда буд. Гӯё таҳти роҳбарии ман бародаронаму наздиконам ба паҳн кардани маводи мухаддир сару кор доранд. Ва мо бехабару моро нуқта гузоштанд. Аммо аҷибаш ин аст, ки ҳамон ҳуҷчате, ки расмӣ пешниҳод шуда буд ва асоси худро пайдо накард, ягон сохтор маро даъвват накарду аз ман бахшиш напурсид. Ҳатто роҳбарияти амният ҳам ягон ҳарфе назад, аммо ман аз касе хафа нестам. Он замон ин гуна чизҳо муқаррарӣ буд, чунки сохтори давлатии мо як равиши муайян нагирифта буд. Ва мақсади асосӣ сулҳ буд ва дигар масъалаҳо дар ҷойи дуввуму саввум буданд.
- Шумо аз ин кори худ дар истиқрори сулҳ пушаймонед ё не? Феълан ба кадом кор машғулед?
- Асло пушаймон нестам, балки ифтихор мекунам, вале як чизро афсус мехӯрам, ки он нируе, ки дар ниҳоди ман буду онро бояд барои миллату давлат сарф мекардам, нашуд. Агарчӣ имрӯз ҳам метавонам, ки барои миллат дар ҳама соҳа хидмат кунам. Аммо нахостанд, ки ман бошам. Ман баъди баромадан аз кори давлатӣ ба соҳибкорӣ машғулам. Рӯзамро, Худоро шукр, мегузаронем ва чанд муассиса ҳамроҳи дӯстон ташкил кардаем ва як муассисаи таъминоти газ ва васоити автомобилиро дар шаҳри Хуҷанд раҳбарӣ дорам. Дигар шодам, ки фарзандони хуб тарбия кардаам ва умед дорам, ки онҳо он орзуҳои нокушудаи маро бароварда хоҳанд кард.
-Ташаккур ҷаноби Икромов барои ин суҳбати самимӣ
- Саломат бошед.
Мусоҳиб Азамшоҳи Қуқаншоҳ