Юсуф Ҳаким:Оппозитсия дар талоши мансаб аз ҳам пошид

Мусоҳиба 28.05.2012 10:11

Ysuf_21 марти соли 1955 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи рақами 63-и шаҳри Душанбе таҳсил карда, соли 1972 онро ба итмо расонидааст. Аз соли 1972 то соли 1976 донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Интитути давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе. Соли 1977-78 ба ҳайси тарҷумон дар олмони Демократӣ кор кардааст. Аз соли 1978 то 1982 устоди забони немисӣ дар Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко. Соли 1983-89 муовини директории генералии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон. Аз соли 1989 то 1992 корманди вазорати ҳифзи муҳити зист. Соли 1992 сармуҳаррири барномаҳои иҷтмоӣ ва сиёсии ТВТ.

Юсуфи Ҳаким дар соли 1993 ба Маскав ҳиҷрат намуд ва дар моҳи апрели соли 1995 ба унвони узви Комиссюни муштараки назорат бар оташбаси миёни давлат ва мухолифони пешин ба Тоҷикистон бар гашт. Ин камисюн, ки таҳти сарпарастии СММ амал мекард, масъулияти назорат бар иҷрои қарордод ва созишномаҳои миёни ду ҷониб ба исзорасидаро бар ӯҳда дошт. Аъзои ин камисюн дар талоши иҷрои масъулияти худ ҳамеша дучори мушкил буданд, гоҳе ба дасти гуруҳҳои мусаллаҳ гаравгон ва ё аз сӯи неруҳои дигар боздошт мешуданд ва ҳам борҳо бо марг низ рӯ ба рӯ гаштаанд. Сулҳ ба ивази ҷонбозиҳои афроди сарсупурдае, аз ҷумла аъзои Камисюни оташбас аз ду ҷониби даргир амри мумкин шуд. Юсуф Ҳаким мегӯяд, ин гурӯҳ ҳар лаҳза интизори бохтанро дошт, аммо дар роҳе, ки ҷон додан арзиш дошт, дар роҳи сулҳ ва саодати тоҷик.

Баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ ва анҷоми кори Камиссюни назорат бар оташбас Юсуфи Ҳаким аз соли 1997 то соли 1999 ба унвони сухангӯи Камисяи оштии миллии Тоҷикистон фаъолият кард. Ӯ хотироти худро аз ҷустӯҷӯи сулҳ дар миёни ҷанг бо гузашти 15 аз расмдан ба Сулҳ қисса мекунад.

Саҳми оппозитсиюни муқими Маскав дар Сулҳи тоҷикон

-Ҷаноби Муҳаммадюсуф, лутфан бигуед, ки Шумо кай ба ҳаракатҳои озодихоҳии демократӣ  ва миллӣ шомил шудед ва чи гуна узви Комиссюни  назорати оташбас гаштед? Чаро?

-Соли 1992 бо ҳаракати нируҳои миллӣ ва демократӣ пайвастам ва дар моҳи августи соли 1993 ба Маскав ҳиҷрат кардам. Дар Маскав ҳам ба корҳои сиёсӣ машғул будам ва дигар кореро надоштем. Яке аз кӯшишҳои нахустини мо кушодани Бунёди кӯмак ба гурезагони тоҷик ва ташкили асотсиятсия соҳибкорони тоҷик буд. Мақсади асосии мо аз кӯмак ба мардуми тоҷик ва ба хусус онҳо буд, ки гуреза буданд. Ҳамзамон дар Маскав "Иттиҳоди нируҳои демократии Тоҷикистон" ташкил шуд, ки яке аз фаъолони он будам. Соли 1994 аз ҷониби роҳбарияти Иттиҳоди нируҳои опозитсионии Тоҷикистон маро пешниҳод карданд, ки узви Комиссияи назорати оташбас (КНО) бошам.  КНО  бояд моҳи сентаябри ҳамон сол ба Душанбе меомад,  вале бо чанд сабабе фақат тавонист моҳи ноябри соли 1994  ба фаъолият пардозад. Ман низ бо сабабе натавонистам биёям ва ахиран моҳи апрели соли 1995 ба Душанбе омадам. Бояд зикр кард, ки комиссия дар тӯли фаъолияти панҷ моҳаи худ (ноябр- апрел) тавонист асирони ҳарбиро бо маҳбусони сиёсӣ дар шаҳри Хоруғ иваз намояд, ки Хайриддини Қосим, Аҳмадшоҳи Комил, Хуршеди Назар аз ҷумлаи инҳоянд.  Аммо чун аввали кор буд бархе аз нобарориҳо ба чашм мерасид.  Ин буд, ки чанд нафар намояндагон онро иваз карданд. Ҳамин тавр ман, Саид Шарифов, Улфатмоҳ,  Ҷалолидини Маҳмуд ва  Абдуллоҳ Қодирӣ, Иззтулоҳи Ибодзода, Шамсиддини Саид ба ин комиссия шомил шудем. Чун теъдоди аъзои он бештар гашт, кору фаъолияташ низ хубтар шуд. Музаффар Раҳмонов аз ҷониби мухолифин ва Зафар Икромов аз тарафи ҳукумати вақт ҳамраисони ин Комиссия буданд. Мо ҳамроҳ бо нируҳои ҳукуматӣ ва опозитсиюн чандин маротиба дар Ғарм, Тавилдараву Комсомолобод (Дарбанд) ширкат кардем. Моҳи феврали соли 1996 Ҳоҷӣ Музаффар рабуда шуд ва баъди панҷ - шаш  рӯзи рабудани Ӯ бо исрори раҳбарияти мухолифин мо аз Душанбе баромадем. ….

Зӯрозмоии 5 нафар бо Музаффари танҳо

Ysuf__- Ба назари шумо Музаффарро чаро рабуданд; бо сабаби фаъолияти сиёсии ӯ ё кадом сабаби дигар?

- Ман фикр мекунам, ки танҳо фаъолити сиёсии ӯ боиси рабудани ӯ шуд. Зеро то он ҷое ман иттилоъ дорам, ягон хусумати шахсие надошт, ки ба ҷони ӯ таҳдид кунад. Ӯ фақат як чиз дошт. Ҳангоме дар бораи оппозитсиюн суҳбат мекард, фикр мекарданд, ки ӯ ҳама асрори мухолифинро медонад. Шояд сабаби рабуданаш маҳз ҳамин буд. Ва боз гап дар сари ин аст, ки ӯро панҷ нафар ба зӯр аз по афканда мебаранд. Чун зӯри чаҳор нафарашон ба ӯ намерасад.

Музаффар қурбонии сулҳ

- Чаро ин тавр шуд, магар амнияти Шуморо касе бар дӯш надошт ва оё муҳофизе надоштед?

- Агар мо ба ҷузъиёт бипардозем, амнияти мо ба зимаи Кумитаи амнияти Тоҷикистон буд. Аммо рӯзҳое мешуд, ки мо панҷ шаш рӯз бе муҳофиз будем. Вале ҳар хел нағмаҳо мекарданд. Замоне Музаффарро рабуданд, яке аз чунин давраҳое буд, ки мо даҳ понзадаҳ рӯз бе ҳозирбош будем. Намедонам, шояд инро худи ҳукумат ташкил карда буд ё каси дигар. То ҷое мо хабар доштем, ӯ аз ҷониби қувваҳои ҳукуматӣ рабуда шуда буд ва дигар мурдаву зиндаи ӯро дигар касе надид. Баъзан овозаҳое  буданд, ки гӯё ӯро дар тарафи Варзоб бурда бурдаанд ва як моҳ тақрибан нигаҳ доштанду куштанд. Баъд аз ин роҳбарияти оппозитсиюн моро талаб кард, ки аз кишвар берун шавем ва мо баргаштему тақрибан чаҳор моҳ дар Афғонистон будем.

Баъди гуфтушунидҳои дуҷониба, тақрибан баъд аз чаҳор моҳ ин комиссиюн кори худро аз нав фаъол кард ва мо боз баргаштем ба Ватан.

Омода будем, ҷонро фидои Ватан кунем

- Тавре иттилоъ дорем, шумо дар солҳои навад зери таъқибу фишор қарор доштед ва ҳатто ба ҷони шумо хатар таҳдид мекард. Барои ширкат дар ин  комиссиюн ва баргаштан ба Душанбе дар чунин вазъи хатарнок чӣ шуморо водор кард?

- Воқеъан хатар таҳдид мекард. Мошини моро ҳанӯз соли 1992 сӯзониданд. Хонаву дарамонро соли 1993 оташ заданд, ки тамоми чизе доштем, ҳама сӯхта нобуд шуд. Маро ҳам ҷустуҷӯ доштанду пайдо кардан натавонистанд. Аммо чӣ чиз моро маҷбур кард, ки биёем Тоҷикистон? Гап дар сар ин аст, ки мо он замон ҳамин ақидаро доштем, ки барои Ватану миллат тайёр будем ҳама чизро аз даст бидиҳем. Хонаву дар, ки аз даст рафта буд ва беҳтарин чиз;- ҷони худро омода будем, ки фидо кунем. Вақте хабар расид, ки музокирот байни тарафҳои даргир шурӯъ шудааст ва минбаъд сухан аз сулҳ мерафт мо розӣ шудем, ки биёем. Ин дар ҳоле буд, ки мо итминон доштем, ки амнияти мо сад дар сад таъмин намешавад ва зери хатар аст. Аммо бо умеди ҳар чи зудтар расидан ба сулҳу оромии кишвар ва барҳам задани тоҷиккушӣ моро водор сохт, ки биёем. Аммо мо медонистем, ки ҳамеша ба ҷони мо хатар таҳдид мекунад, ҳар лаҳза.

Мудҳиштарин ҳодиса ғайб задани Музаффар буд

- Оё таҳдидҳои мустақим ва ё ҳамлае нисбати шумо дар он замон сурат мегирифт ё хайр?

- Таҳдидҳо зиёд буданд. Қариб ки ҳама рӯзи мо таҳти таҳдиду хатар сипарӣ мешуд. Зеро вазифаи ҷонии Комиссиюни оташбас дар миёни ду гурӯҳи даргир гаштану кор кардану онҳоро ба сулҳу оштӣ моил сохтан буд. Масалан, моҳи июли соли 1996 баъди бозгашт аз Афғонистон моро дар теппаи Самарқандӣ нируҳои давлатӣ гаравгон гирифтанд. Худованд моро нигаҳ дошт ва зинда мондем. Онҳо намедонистанд, ки мо намояндаи оппозитсиюн ҳастем, зеро мо асноди кормандони  СММ доштем ва замоне мо ба он ҷо расидем, ин нируҳо амалиёти ҳарбӣ мегузарониданд. Тасодуфан мо дар даст афтодем ва моро гирифта ба раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе оварданд. Ронандаи моро бо мошинаш ҷавоб доданд ва ӯ намояндагони СММ-ро хабар дод. Баъди фишори СММ моро ҷавоб доданд. Тақрибан мо беш аз ҳашт соат дар дасти ин нируҳо қарор доштем. Бояд бигӯям, ки ин гуна таҳдидҳову фишорҳо борҳо буд, вале зарари ҷисмонӣ нарасониданд. Ва ягона ҳодисаи мудҳише, ки дар замони фаъолияти ин комиссиюн сар зад, ғайб задани Музафар Раҳмонов, ҳамрайиси ин комиссиюн аз ҷониби оппозитсиюн буд.

Гаравгони Ризвон

- Он замон аз чунин иттифоқот зиёд рух медод ва оё худи шумо аз тарафи кадом қуввае рабуда шуда, мавриди шиканҷа қарор нагирифтед?

- Моҳи декабри соли 1996 дар дар ноҳияи Ғарм даргирии шадиде сурат гирифт ва теъдоди зиёди аскарони  ҳукуматӣ асир афтода буданд. Тақрибан беш аз 100 нафар кормандони умури дохила ва амният буданд. Тавре зикр кардам, вазифаи асосии мо ки сулҳ овардан буд, ҳайати сеҷониба; ҳукумат, оппозитсиюн ва намояндагони СММ рӯзи 15 декабр барои озод кардани асирон ба Ғарм рафтем. Баъди музокирот бо размандагони мухолифин асиронеро, ки зодаи вилояти Ленинобод буданду хешовандонашон тариқи Қирғизистон омада буданд, таслими онҳо кардем. Асирони боқимондаро, ки аз дигар манотиқи кишвар буданд, гирифта, хостем ба Душанбе баргардем. Рӯзи 20 декабр вақти бозгашт дар роҳ ба дасти нируҳои Ризвон Садиров гаравгон афтодем.

Бозгашт аз дами марг

- Сабаб чӣ буд, ки шуморо дастаи Ризвон гаравгон гирифт?

- Ин воқеъа каме таърихи пешина дорад. Ҳангоме кӣ будани Ризвон дар байни оппозитсиюн ифшо шуд ва соли 1995 мехостанд ин гурӯҳро пароканда кунанд, аллакай Ризвон душмани мухолифин буд. Ин як тарафи масъала, тарафи дигар ин ки қувваҳои ҳукуматӣ диданд, ки дар ҷанг ва муҳорибаҳо аз болои оппозитсиюн дастболо шуда наметавонанд, дар фикри нируи наве буданд, ки дар муқуобили онҳо бигузоранд. Чун Ризвон аз нируҳои оппозитсиюн ҷудо шудаву ҳамроҳи Аҳмадшоҳ Масъуд буд, инҳо ё тавассути Аҳмадшоҳ ва ё дигарон бо ӯ ҳамсуҳбат шуданд. Ғаффор Мирзоев ҳамроҳи Сайидамир Зуҳуров ба Афғонистон рафта буданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ӯро ба Тоҷикистон биёваранд. Баъдан чанде аз нафарони ӯро дар Қалъаи Нав, дар як баландӣ, ки пойгоҳи антеннаҳои телевизионӣ аст, ҷой дода буданд. Баҳром Садиров қумандони ин даста буд ва ин давра тамоми таъминоти онҳо аз тарафи Горди президентӣ буд, шурӯъ аз хӯрока то силоҳу дигар муҳиммот. Ҳукумат мехост онҳоро дар муқобили нируҳои мухолифин истифода кунад. Қаблан тобистони соли 1995 Ризвонро ба Душанбе оварда буданд ва то Чорсадаи Комсомолобод ӯро бурданд ва дар он ҷо бо мардум вохурӣ кард. Ӯ Абулло Раҳимовро даъват кард, ки "биё ҳамроҳи ман бош, то муқобили оппозитсия биҷангем", вале Мулло Абдулло ин пешниҳодро напазируфт. Чун Ризвон дар дигар ҷой низ тарафдорони худро наёфт, бозгашт ба Афғонистон. Ин гурӯҳи дар инҷо буда, чун диданд, ки фиреб хӯрдаанд ва Ризвонро аз Афғонистон намеоранд, ба гаравгонгирӣ даст заданд. Дигар барои онҳо фарқ надошт, ки киро гаравгон мегиранд, аз ҳукуматиҳо бошад ва ё аз мухолифини он ва ё каси дигар. Онҳо танҳо бозгаштани Ризвонро мехостанд, бо кадом роҳе, ки  мебуд. Аввалин гаравгонҳо шояд мо будем ва ё нақшае буд, ки мо бо шаш- ҳафт асири озодшуда дар минтақаи Сарои Файзобод дастгир шудем. Онҳо тавассути телефони кормандони СММ ба ҳама ҷо хабар доданд, ки фалониҳоро гаравгон гирифтем. Ва шарт гузоштанд, ки агар тарафҳои даргир шартҳои моро иҷро накунанд, мо инҳоро хоҳем кушт. Рӯзи 20 декабр моро гирифтанд ва рӯзи 21 декабр тақрибан як гурӯҳи 25 нафараи Ризвонро тариқи чархбол ба он ҷо оварданд. Баъди овардани ин даста, тамоми гаравгонҳоро ба ҷуз мо ду нафар - ман ва Иззатулоҳ Ибодзода, ки намояндаи мухолифин будем, озод карданд. Сабаби боздоштани мо ин буд, ки аллакай Ризвон душмани мухолифин буд.  Хулоса, як ҳафта дар асорати ин гурӯҳ будем ва танҳо баъди як ҳафта моро озод карданд. Ин гурӯҳ аз ҷумлаи гурӯҳе набуд, ки касе аз дасти онҳо зинда бадар рафта бошад.

- Пас чӣ муъҷизае шуд, ки шумо зинда бадар шудед?

Гап сари ин аст, ки гаравгон гирифтани мо ба замоне рост омад, ки раҳбарони ду ҷониб омодаи сулҳ буданд. Роҳбарияти опозитсия Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Маскав омда буданд ва бояд созишнома имзо мешуд. Вақте моро Баҳром асир гирифт, кори ин созишнома ба таъхир афтод. Кишварҳои нозир ва кафили сулҳ дар Тоҷикистон ҳукумати кишварро маҷбур карданд, ки моро озод кунанд. Шояд агар ин гапҳо намебуд тавре қайд кардам аз дастаи Ризвон кассе ҷон ба саломат бурда бошад. Зеро он замон онҳо таҳти таъсири горди миллӣ буд. Ғаффор Мирзо ва дигар ҷониби ҳукумат кушиш карданд то моро аз дасти Баҳром наҷот диҳанд ва ахиран ба натиҷа расиданд.   

Комиссюни назорати оташбас кореро кард, ки КОМ натавонист бикунад

- Баргардем сари Комиссиюни оташбас. Ин комиссиюн хеле корҳои назаррасеро барои расидан ба сулҳ анҷом додааст. Сабаб чист, ки дар ин бора кам мегӯянду менависанд?

- Дар бораи Комиссиюни оташбас қариб ҳеч ҳарфе нест. Як чизро бояд бигӯям, ки тамоми кореро ки ин комиссиюн бо панҷ -шаш нафар кард, тамоми Комиссиюни оштии миллӣ кардан натавонист. Аввалин сулҳе, ки дар Тоҷикистон шуд, бо кӯшиши ҳамин комиссиюн анҷом ёфт, ки байни қумондонҳои саҳроӣ 15-16 ноябри 1996 дар Ғарм баста шуд; сулҳ миёни қумондонҳои оппозитсиюн ва ҳукумат. Онҳо эълон карданд, ки чун раҳбарони мо намехоҳанд, мо сулҳ мекунем. Дар он ҷо қувваҳои гуногуне аз мухолифин ва ҳукумат қарор доштанд. Аз тарафи ҳукумат бригадаи 3102-и Суҳроб Қосимов буд. Дар Чорсада ва тарафҳои Комсомолобод бошад, нируҳои Горди президентӣ буданд. Сулҳ байни қумондонҳои саҳроӣ баста шуд. Ин нахустин созишномаи сулҳе буд, ки баъди он оппозитсия ноҳияи Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Ғармро пурра ба даст гирифт. Бе ҷангу бе ҳеч гуна муқовимат ва хунрезӣ, қувваҳои ҳукумат ин ноҳияҳоро тарк карданд. 

- Хуб, ин як натиҷа кори шумо буд, боз метавон гуфт, ки дар бунёди сулҳи тоҷикон кадом корҳои мушаххасеро Комиссиюни оташбас анҷом дод?

- Кори ҳамарӯзаи ин комиссиюн аз ҳамин иборат буд. Ҳар рӯз аз субҳ, пас аз он ки дар дафтари Созмони миллал дар Душанбе ҷаласаи муштарак доштем, дигар корамон дар байни гурӯҳҳои даргир гаштану гуфтугӯ кардан буд.

Ғаффор бо Ризвон ҳамкорӣ дошт, Суҳроб гуфт бо Муҳаммадрӯзӣ ҳамкорӣ мекунам

- Магар аз ҷониби ҳукумат низ гурӯҳе ҳамроҳ бо шумо кор мекард ва оё онҳо низ хостори ин сулҳ буданд? Муносибати онҳо бо шумо чи гуна буд?

- Бояд бигӯям, ки онҳо низ бисёр ташнаи сулҳ буданд. Дар аввалҳое, ки ин комиссиюн ташкил шуд, байни якдигар баҳсҳову ҷадалҳои зиёд доштем, ки қариб меовард, ки бо ҳам даст ба гиребон бишавем. Аммо оҳиста- оҳиста ҳар ду ҷониб эҳсос кард, ки ҷанг дар Тоҷикистон маъние надорад ва оқибати он бояд сулҳ бошад. Чун ба чашми худ дидем, ки мардуми тоҷик дар як ҳолати сахтӣ қарор доранд ва дарк кардем, ки ҳеч қувваи хориҷие наметавонад ба ҷуз тоҷикон, ба ин ҷанг хотима бахшад. Зеро барои хеле аз онҳо фарқ надошт, як миллати кучаки тоҷикро мехостанд, ки аз байн бибаранд ва дар сари мусибати он манфиат бубаранд. Аз ин рӯ гурӯҳи ҷониби ҳукумат низ дар ҳама ҳолат бо мо буд ва кӯшиш мекарданд, ки ба кишвари азизамон оромӣ биёваранд. Зеро мо на танҳо бо қумандонҳои оппозитсиюн, балки бо қувваҳои ҳукуматӣ низ гуфтушунид мекардем. Як чизро лозим аст ёдовар шавам, вақте гурӯҳи Баҳром ва Ризвонро оварданд ва Ғаффор Мирзо онҳоро мехост муқобили оппозитсиюн ҷанг биандозад, ман дар як суҳбати сарироҳие дар назди меҳмонхонаи "Октаябрская" ("Авесто") бо Суҳроб Қосимов, қумондони бригадаи 3102 баъд аз азод шудан аз асорати Баҳром Садиров доштам,  ӯ иброз дошт, ки "ҳеч гап не, агар Ғаффор мехоҳад бо Ризвон ҳамкорӣ кунад, ман бо Муҳаммадрӯзӣ ва гурӯҳҳои дигаре, ки дар водии Қаротегин ҳастанд, ҳамкорӣ хоҳам кард". Ӯ он замон яке аз қумондонҳои қавии ҳукумат буд.

Раҳбарони оппозитсиюн ва "Кабутарони сулҳ"

- Яъне ба назари шумо нахустин иқдоми сулҳро Комиссиюни оташбас бо кумондонҳои саҳроӣ баста карданд. Ва баъдаш раҳбарони ду ҷониб онро чи гуна пазируфтанд?  

- Бале, ин ҳақиқат аст. Сулҳро нахуст маҳз қумондонҳои саҳроӣ бо талошу кушишҳои мо бастанд. Аммо аз ин иқдоми мо на ҳама раҳбарон шод буданд. Ҳатто моро бархе аз раҳбарони мухолифин масхараомез "Кабутарони сулҳ" ном карданд. Кабутари сулҳ ба маънои аслӣ ва хуб не, албатта ба маънои дигару каҷ. Аммо билохира, худи онҳо ба ҳамон сулҳе ки мо талош доштем, розӣ шуданд.

- Аммо тарафҳои раҳбар бештар чӣ мехостанд, сулҳ ё пирӯзӣ?

- Сиёсат макру фиребҳои зиёде дорад. Ростӣ, ман намедонам, ки аз ин фиреббозиҳо чи мехостанд ба даст биёваранд. Ҳамроҳи Ҳукумати Тоҷикистон мо дар ин бора суҳбат надоштем, вале раҳбарияти Оппозитсиюн нохушнуд буд. Аммо баъди вохурие, ки бо комиссар Низомов доштем, Зафар Икромов, ки аз тарафи ҳукумат ҳамраиси ин комиссиюн буд, ки ҳамон шабу рӯз мушовири президенти Тоҷикистон буд ва овозаҳое буд, ки бояд вазири умури дохила шавад ва Саидшарифов Аҳтамшо, корманди амниятширкат доштанд. Ҳангоме аз он ҷо баргаштем, Зафар Икромов маълумотномае дар бораи ин мулоқотҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад. Дар он маълумотнома меорад, ки ин мардум низ хоҳиши сулҳро доранд, дигар намехоҳанд хуни тоҷик рехта шавад. Онҳо чанд шартҳое пешниҳод кардаанд ва агар ин шартҳо қабул шаванд, ҳеч зарурате нест, ки нируҳои ҳукуматӣ омада дар Ғарм биҷанганд. Баъди он Зафар Икромов аз ҳама вазифа дур шуд.

Вақте вазифаҳоро дар миён андохтанд, оппозитсия аз ҳам пошид

- Акнун беш аз понздаҳ сол аст, ки Тоҷикистон нафаси оромиро мекашад ва шумо низ барои барқарории он кӯшишҳое кардаед. Оё баъди он касе аз ҳоли шумо пурсидааст ва ё ёде аз Шумо мекунанд?

- Мутаассифона, дар ин бора дар ҳеч куҷое ҳарфе намезананд. Ҳеч кас ва ҳеч мақомоте дар фикри ин комиссиюн нест ва намепурсад, ки нақши мо дар сулҳи тоҷикон чӣ буд. Комиссиюни назорати оташбас саҳми худро бо тамоми тавоноияш дар ин сулҳ гузошт, агарчӣ дар баъзе мавридҳо мухолифи раҳбарият низ амал карда буд бо вуҷуди он ки таҳти раҳбарии бевоситаи онҳо қарор дошт. Ё шояд онҳо мехостанд ҳам дар ҷанг ва ҳам дар сулҳ бештар аз онҳо ном бибаранд. Дар ҳар сурат замоне Созишномаи сулҳ баста шуду Комиссиюни оштии миллӣ ба фаъолият шуруъ кард ва чанд вазифаеро дар байнашон партофтанд, дигар ҳама оппозитсия аз ҳам пошид.

-Чаро Шумо аз ҳисоби "сӣ фоиза" вазифаеро нагирифтед? Дар сурате маълумоти олӣ дошта, қаблан дар сохторҳои давлатӣ кору фаъолият доштед? Надоданд ё нарасид?

Дар авалҳо ваъдаҳо мекарданд, ки кӯшиш мекунем, дар Вазорати корҳои хориҷа  ягон вазифаро бидиҳем. Ростӣ гап чун дидам, ки барои мансаб бисёр ҷанҷолу кашокашҳо сар зад ман аз ин ҷанҷолҳо безор шуда дигар талаби вазифа накардам. Маро мегуфтанд, ки хафа шудайи ва ман гуфтам, ки барои вазифа мубориза набурдаам, ки хафа шавам. Зеро то соли 1992 бисёр вазифаҳоро дида будам. Акнун касе бигирад то бидонад, ки вазифа хуб аст ё бад. Мо дида будем, ки масъулият чист. Чун муддате дар Комиссияи оштии миллӣ сухангуй будам ва бо қатъ шудани фаъолияти КОМ ба соҳибкорӣ даст задаму то ба ҳол ба он машғулам.

Бояд зикр кунам, ки дигар на аз тарафи ҳукумат, на аз мухолифин касе аз ин гурӯҳ дар ягон маҷлису маъракае ёдоварӣ намекунанд. Ҳатто баъди 15 соле, ки сипарӣ шудааст. Дидем, ҳатто касонеро, ки дар ин сулҳ саҳми кучаке доштанд, ёдоварӣ мекунанду медалу туҳфаҳову қадрдонӣ мекунанд. Аммо мо гӯё фаромӯш шудаем ва касе боре ҳам ёд намеорад, ки мо низ барои истиқрои сулҳ дар кишвар ҷонбозиҳо кардаем.

-Мо Шуморо  ба 15 солагии Ваҳдати миллӣ табрик мегуем.

-Сарбаланд бошед.

-Ташаккур.

Мусоҳиб Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97