Кадом вазир?
Дар шабу рӯзе, ки баҳсу мунозираҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Узбакистон шиддат мегиранд, дар аз ҳар ҷиҳат гармтарин минтақаи Тоҷикистон ҷануби Хатлон атрофи вазъи сиёсии ду кишвари ҳамсоя афкори гуногун эҷод мешавад. Чаро Узбакистон барои зарбаи иқтисодӣ задан ҷануби Тоҷикистонро нишон мегирад? Оё Ислом Каримов медонад, ки дар ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтани ин вилоят ба чӣ теъдод ҳамзабонони ӯ зарбаи иқтисодӣ мезанад? Мавқеи узбакзабонони сокини Хатлон ё хабарҳои зидду нақизро кӣ ба Тошканд мерасонад? Решаи ихтилоф байни ду кишваре, ки фарҳангу маданият ва якчанд арзишҳои таърихии ҳамҷоя доранд,дар куҷост? Ё худ дар ҳалли мунозираи байни Тоҷикистону Узбакистон шарт аст, ки қозии сулҳ аз Кремл ё ягон фиристодаи биникаҷалаи Кохи Сафед бошад? Барои ба ин ва дигар суолҳо посух пайдо кардан, мӯҳтавои сӯҳбати Ҷамолиддини Усмониён, хабарнигори «Миллат»-ро бо Салим Шамсиддинов - раиси Ҷамъияти узбакзабонони вилояти Хатлон, пешкаши Шумо мегардонем. Салим Шамсиддинов аз соли 2004 инҷониб раиси ҷамъияти узбакзабонони вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, ҳамзамон аз 25 -уми июли 2011 вазифаи муовини раиси Ҷамъияти узбакзабонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштааст. Ӯ мегӯяд:
- Ташкилоти мо сиёсӣ набошад ҳам, аммо берун аз ҷараёни сиёсӣ қарор дошта наметавонад. Ҳадафҳои сиёсии Оинномавии мо ҷорӣ намудани демократия, башардӯстӣ, ошкорбаёнӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳанги ӯзбекзабонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ташкилот вориси ҷамъиятии ӯзбекзабонони ҷумҳурӣ мебошад.
- Ба фикри Шумо нофаҳмию ихтилофи назарҳо байни Тоҷикистону Узбакистон аз куҷо оғоз ёфт?
- Вазъияти имрӯзаи байни ду кишвар соли аввал нест. Аз соли 2002-юм инҷониб вақте вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон вазнин шуд, ин мушкилиҳо пайдо шуданд. Ӯзбекистон - ин кишваре, ки ҳатто аз 13 вилояташ як вилояти он аз ҷиҳати ҷуғрофӣ аз Тоҷикистон калон мебошад, солҳои пеш барои мо ғаразҳои зиёде кардааст. Нахуст ҳангоми убури қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбекистон милисаҳои ин кишвар муҳоҷирони кории моро азият медоданд. Албатта ин дастури ҳукуматдорони онҳо набуд. Ба хусус баъди як вохӯрии сарони кишварҳои минтақа дар Минск оҳиста-оҳиста муносибатҳои байни ду кишвар сард шуда рафтан гирифт. Баъдан дар як вохурии узви аҳдномаи Шонхой, ки дар қароргоҳи Пуғуси Душанбе доир гардида буд, Ислом Каримов гуфтааст, ки мо омодаем, ки дар бунёди НБО "Роғун", ки лоиҳаи он замони шӯравӣ дар Тошканд таҳия шудааст, кумак расонем, агар он дар асоси лоиҳаи ҳамон давра, ки баландии дарғот 280 муайян шуда буд, сохта шавад. Аммо роҳбари давлати Тоҷикистон як кам миллатчиҳо, ба хусус Раҳим Масов (муаллифи "История топорного разделения СССР") -ро гӯш мекунад. Албатта ҳама давлату миллати худро дӯст медорад. Ҳар роҳбари давлат барои пойдории давлати худ миллатчиҳои худро гӯш мекунад. Ҳамин скинхедҳоро ҳам Путин худаш сохтааст
- Бо кадом далелҳо Шумо дар сардии муносибатҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон Раҳим Масовро айбдор менамоед?
- Инро тамоми кишварҳои минтақа медонанд, пас чаро мо ҳуқуқи донистани онро надошта бошем. Раҳим Масов барин инсонҳо барои такмили идеяҳои миллӣ нақши бузурге бозида метавонанд. Аммо ин одам эҳсоси аз ҳад баланди миллатчигӣ дорад, ки андешаву мавқеъгириҳои ӯ мушкили имрӯзаи ду кишвари ҳамсояро печидатар менамояд.
- Дар хусуси бунёди НБО "Роғун" Шумо чӣ андеша доред?
-Санги аввали НБО "Роғун" феврали 1987 партофта шуда, шӯравӣ то 1992 сол 40 метри дарғоти нерӯгоҳро бунёд карда буд. Дар ҳамон сол ҳам 32-33 мошини "БЕЛАЗ" 140 адад кразҳо, садҳо булдозерҳо кор мекарданд. Бубинед, агар давлати мо ҳам ҳар панҷсола онро 40 метрӣ баланд бардоранд, дар зарфи 24 сол дарғоти "Роғун" 300 метр бардошта мешавад. Танҳо баъди 90-метр бардоштани баландии дарғот, ки он 13 сол идома меёбад, агрегати якуми "Роғун" ба кор медарояд. Пас коре, ки дар 20-25 соли баъд иҷро мешавад, чӣ лозим аст, аз ҳоли ҳозир ҳангома бардошта, муносибатҳоро бо ҳамсоягон сард намудан, ки мо "Роғун"-ро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин месозем, гуфта. Албатта агар ин нерӯгоҳ оҷилӣ сохта шавад ҳам, дар кишварҳои поёноб мушкили норасооии об пайдо мешавад ва ҳам чунин як иншоот ноустувор бунёд мегардад. Мушовирони Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ маслиҳати нодуруст додаанд, ки гӯиё бо бунёди НБО "Роғун" Ӯзбекистон вобастаи мо мешавад. Аммо агар даҳ давлати дунё ба бунёди ин нерӯгоҳ шарик шаванд ҳам, ин лоиҳа дар муддати 10 соли оянда пурра бунёд намешавад.
- Оё муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон ба сокинони тоҷикзабони Узбакистон ва узбакзабонони Тоҷикистон ягон таъсире мерасонад?
- Шумораи аҳолии ӯзбекзабонон дар вилояти Хатлон кам нестанд. Аммо ба ҳаёти ин мардум таваҷҷуҳи кам зоҳир мешавад. Дар мисоли мактаби №87 ноҳияи Ваҳдат, мактаби таҳсилоти умумии №37 ноҳияи Қубодиён, ки 80-90% хонандагони онҳо кӯдакони ӯзбекзабонанд, масъулини маҳаллӣ кӯшиши тоҷикӣ кардани ин мактабҳоро кардаанд. Дар мактаби №5 "Боҳтуробод", ки дар сероҳаи Сарбанд Бохтару Вахш воқеъ аст, ду сол қабл синфи 9-уми ӯзбекии мактабро барҳам дода, хонандагонро ба Сарбанд сафарбар мекунанд, аммо як қисми ин хонандагонро дар мактабҳои тоҷикӣ қабул накарданд. Имрӯз 42 нафар аз духтарони он минтақа аз мактаб дар канор мондаанд. Онҳоро мегӯянд, тоҷикӣ хонед, аммо дар мактаб ягон омӯзгори тоҷикзабон нест. Тоҷикистон "ставка"-ро дар он мемонад, ки дар Ӯзбекистон нисбати тоҷикон чунин мекунанд. Ин амалҳое, ки дар ҳарду кишвар нисбати аққалиятҳои миллӣ рух медиҳанд, як формаи генотсиди миллатҳо маҳсуб меёбад. Имрӯз як сабаби вайрон шудани муносибатҳои байни давлатӣ ҳамин муносибати ноодилона нисбат ба аққалиятҳои миллии якдигар мебошад. Он иштибоҳу хатогиҳои замони ташкили СССР ба мо дахл надорад. Зеро он наслҳо қариб пурра аз олам гузаштаанд ва набояд ба хатову иштибоҳи гузаштагон имрӯз мо ҷавоб бигӯем. Вазъият чунин аст, ки моро "топизм"-и нажодӣ мегардонанд. "Топизм"-и нажодӣ чаҳор форма дорад; зулми иқтисодӣ, зулмҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ва шиканҷа. Забонро дигаргун кардан ҳам як формаи генотсид ба ҳисоб меравад.
- Чаро ҷониби Узбакистон ба якборагӣ нисбати Тоҷикистон якчанд таҳримҳоро рӯи даст гирифт?
- Вақтҳои охир баъзе рафторҳои сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон Ислом Каримовро "дразнить" мекунад. Аз ин рӯ ҷавобан ба ин кирдорҳо Ислом Каримов ҳам чунин рафтор мекунад. Бубинед, ки имрӯз дар баъзе масъалаҳои минтақавӣ ҳатто Русия ҳам Ӯзбекистонро гӯш мекунад. Дар ҳамин наврӯзи байнулмиллалӣ ҳам, ки дар кишвари мо баргузор гардид, ҳамаи сарони давлатҳои минтақаи Осиё-Аврупо даъват шуда буданд. Азбаски Ислом Каримов барои ширкат дар ин чорабинӣ наомад, сарвари Русия ва роҳбарони аввали дигар кишварҳои шарики онҳо низ аз иштирок дар наврӯзи байнулмиллалӣ худдорӣ карданд. Дар доираи иштирок дар чорабинии наврӯзӣ миёни кишварҳои форсизабон гуфтугузору шартномаҳо ба имзо расид, ки дар асоси он НБО "Даштиҷум" сохта шуда, аз ҳисоби бардоштани дарғоти ин нерӯгоҳ 1 миллион гектар замини Афғонистон обёрӣ карда мешавад. Вақте дарғоти НБО "Даштиҷум" сохта шавад, оби Амударё барои обёрӣ кардани Афғонистон равона шуда, Ӯзбекистону Туркманистон мушкили об пайдо хоҳанд кард. Аз ин рӯ ҷониби Ӯзбекистон дастури кандани роҳи оҳани Амузанг - Хатлонро дод. Дар баробари ин Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин дар якҷоягӣ роҳ сохтанианд. Ҳол он ки роҳи тайёр аз ҷониби Ӯзбекистон вуҷуд дорад. Ҳамаи ин Ислом Каримовро "дразнить" мекунад ва кадом рӯз роҳи онҳанро то Регар канда мепартоянд, баъд ба куҷо меравем?
- Пас, ба фикри Шумо барои он ки муносибатҳо аз нав хуб шаванд, чӣ бояд кард?
- Як рӯз дар кадом як ҷаласаи ҳукумат вазире гуфта будааст: "Ҷаноби Олӣ, ҳамин Ислом Каримов ҳам як рагаш тоҷик аст, барои ҳалли ҳамин мушкилоти байни ду давлат биёед ба хонааш меҳмонӣ равем. Мумкин бо ҳамин восита мо байни ҳам забон ёбем. Аммо роҳбари давлати мо чӣ гуфтааст,… медонед?!
-Не?!
- Боварӣ доред, ки аз ҳамон 30- 40 нафаре, ки дар ҷаласаи назди президент ширкат доштанд, ягон нафари онҳо хабарро ба Тошканд намебарад? Бубинед, Медведев барои бо Ислом Каримов забон ёфтан аз Маскав рост ба Самарқанд парвоз мекунад, то марқаби Амир Темурро зиёрат намояд. Набошад, барои як рус, ба хусус сарвари давлати Русия чӣ лозим буд зиёрат кардани гӯри Амир Темур?!
- Шояд ин ҳама далелҳое, ки Шумо меоваред, овозаҳое беасос ё бофтаи одамони ҳангомаҷӯй бошад?
- Агар гуфтаҳои ман ҳақиқат надошта бошад, маро даъват карда, пурсупос кунанд. Ин суханро ба ман як вазир гуфт, ки барои президент чӣ лозим гуфтани инчунин суханҳое, ки боиси норозигии ҳамсоя шуда метавонад.
- Ҷаноби Салим Шамсиддинов, Шумо аз дастнорасии аққалиятҳои узбакзабон ба воситаҳои гуногуни иҷтимоӣ мегӯед, аммо ин мисол офтобест, ки онро ба доман пӯшонида намешавад: "Имрӯз дар атрофи бештар аз олигархҳои минтақа, дар вазифаҳои сердаромади бозору бонку дигар соҳаҳо бародарони узбакзабон хеле зиёданд".
- Аввал ин ки агар тоҷиконро ба чунин корҳо ҷалб кунанд, оянда масъалаҳои ҳуқуқӣ пайдо мешавад. ӯзбекзабонҳоро барои он ба ин корҳо мегиранд, ки дар сурати аз кор гирифтанашон, даъво карда наметавонанд. Бубинед, баъзе саҳмияҳои мардумро, ки деҳқонон сертификати заминро доштанд, одамоне ин сертификати заминҳоро "аннулировать" намуда, тамоми заминҳоро аз дасти мардум гирифтаанд. Ин мисолҳо ҳам арзише доранд, ки чаро номи як хоҷагие, ки ба ифтихори шахсияте буд, ки дар рушду инкишофи Тоҷикистон саҳми бузург дошт, имрӯз ин хоҷагиро ба номи дигар нафаре мекунанд, ки дар ободонии он минтақа ё Тоҷикистон саҳме надошт.
- Оё чунин хатареро эҳсос мекунед, ки шояд аз ҳамин нуқтаи заъфи мо - ихтилофҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон истифода бурда, нируи бегонае байни ду миллат низоъ барангезад?
- Не, чунин имкон вуҷуд надорад. Зеро тоҷику ӯзбек аз аввал байни ҳам масоили ҳалталаб надоштанд. Дар дунё ягон қавму миллате нест, ки мисли тоҷику ӯзбек ин қадар бо ҳам дӯсту қарин бошанд. Инро тамоми дунё медонанд. Зеро халқи оддӣ нисбати якдигар хусумат надоранд. Мо танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон 500 ҳазор оилаи бо ҳам омехтаи тоҷику ӯзбек дорем. Ҳар масъалаи баҳсталаб танҳо байни ҳукуматҳо ё ин ки байни мардум бо ҳукумат аст. Дар ду кишвар ҳам амалу рафторҳои ноодилонаи ашхоси наздик ба мансабдорони сатҳи болоӣ эътимоди мардумро нисбат ба ҳукумати вақт коста мегардонанд. Имрӯз баъзе одамони дастдароз тамоми саҳмияҳои мардумро соҳиб шуда истодаанд. Ин хомӯшиҳои мардум оқибат дорад. Шумо метавонед ҳамаи он суханҳои гуфтаи маро нашр кунед?
- Мебинем, мо дар доираи қонунҳои мавҷуда ва этикаи рӯзноманигорӣ аз ин сӯҳбат матлаберо омода мекунем. Алъон ба Шумо суоли дигар дорам. Оё баҳс миёни Узбакистону Тоҷикистон роҳи ҳал дорад? Ҳоло ки интиқоли гази табиӣ аз нав барқарор карда шудааст, монеаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ягон роҳи ҳал доранд?
- Кӣ гуфт, ки масъалаи гази табиӣ ҳалли худро ёфтааст? Ман ба наздикӣ дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон будам. Мо ӯзбекзабонон дар ин муҷодала худро ба ҳар тараф мезанем, то бифаҳмем, ки оқибати кор чӣ мешавад. Ба фикрам, агар ҳамин рафтан гирад, дар оянда трубаҳои интиқоли гази табииро ҳам канда мепартоянд. Ба наздикӣ, барои ҳалли баҳси мову ҳамсояамон Николай Бордюжа омада буд, аммо ягон масъаларо ҳал карда натавонист. Ҳаминак як сабаби омадани Лавров ба Душанбе ҳам миёнарав шудан ба муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Зеро вазъият рӯз то рӯз вазнин шуда истодааст. Аммо ин нафар ҳам масоили баҳсталаби Тоҷикистону Ӯзбекистонро ҳал карда наметавонад. Чунки роҳи асосии ҳалли баҳсҳои ҳамсоядорӣ ин вохӯрии рӯ ба рӯи президентҳои ҳарду кишвар аст. Мо намегӯем, ки як нафари онҳо худро вобастаи дуввумӣ намуда, қадами нахустинро дар муколамаи байни ду давлат гузорад. Аммо баҳсҳои ҳамсоягӣ ҳамин як роҳи ҳал дорад.
- Ин роҳи оҳани Душанбе-Узбакистон баста намешавад, охир?
- Ин масъаларо ман ҳаллу фасл мекунам, ки аз ман чунин суол мекунӣ?
Ҷамолиддин УСМОНИЁН