Абдипур: Наврӯз танҳо дастафшониву пойкубӣ нест

Мусоҳиба 25.03.2012 13:27

Abdipur_02Дар рӯзҳое, ки мардуми Тоҷикистон саргарми пойкубӣ ва дастафшонии Наврӯзӣ буданд, Амир Абдипур, бунёдгузор ва раиси муассисаи ҷаҳонии Иди Наврӯз суроғи “Миллат” омад, то бигӯяд, ки Наврӯз танҳо бо сурудану пойкубиву дастафшонӣ ва камарҷунбонӣ хотима намешавад. Ҷойгоҳ ва манзалати Наврӯз болотар аз ҳамаи инҳост, ки мо манзур дорем. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди ин ки иқдомҳои ҷиддие дар ин роҳ гузошта шудааст, аммо ҳанӯз ҳам Наврӯз бар аслу маснади худ нанишастааст.

Ҷаноби Абдипур мегӯяд, баъд аз ин ки Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ба унвони ҷашни байналмилалӣ шинохт, ӯ дар пайи таъсиси ин муассиса уфтодааст ва аз 2 сол инҷониб дар роҳи бар ҷойгоҳи худ баргардонидани Наврӯз талош дорад.

Ин талошҳояш будааст, ки Абдипур ба унвони меҳмони ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз Эрон ба Тоҷикистон даъват шуд ва имсол Наврӯзро дар Тоҷикистон таҷлил кард.

Дар суҳбате, ки бо ҷаноби Абдипур доштем, қаблан хоҳиш кардем, ки дар мавриди ин муассисаву талошҳои он маълмуот бидиҳад.

- Ба номи Худо! Муассисаи мо як созмони ҷамъиятӣ аст. Ин нахустин созмонест, ки дар воқеъ ҳам миллӣ ва ҳам ҷаҳонист. То он рӯз ки мо ин созмонро таъсис додем, ҳич муассисае ҳамранг дар дунё вуҷуд надошт ва то ба имрӯз ҳам дар байни мардум чунин набудааст. Хушҳолем, ки ҳоло то ин лаҳза ин иттифоқ уфтодааст. Ин созмон комилан мардумист ва давлат, дар воқеъ, заҳматҳои худашро мекашад, мардум ҳам заҳматҳои худашонро мекашанд. Аммо як созмони расмӣ, ки ба сурати қонунманд битавонад кореро анҷом бидиҳад, ҳамин созмони мост.

- Шумо аз кай дар фикри ин корҳо уфтодед?

- Дар воқеъ, пас аз он ки СММ ин ҷашнро ба расмият шинохт, мо ҳам корҳои расмии худамонро дар ҳол шурӯъ кардем.

- Метавонед каме иттилоъ бидиҳед, ки то кунун чи корҳоеро анҷом додаед?

- Дар асл ба расмият шинохтани Наврӯз ба ду бахш тақсим мешавад; як бахшаш марбут мешавад ба даҳае, ки гузашт. Касоне, ки дар гӯшаву канори дунё ва ин бару он бар ҳаракатҳои фарҳангиеро шурӯъ карда буданд, ки ин СММ барояшон Иди Наврӯзи байналмилалиро тақдим кард. Дар он даҳа мо хуб талошҳое доштем. Яъне, теъдоди касире аз мардум, афроди фарҳехта чӣ дар Эрон ва чӣ берун аз Эрон воқеан заҳмат мекашанд то Иди Наврӯзро дар ҳолати расмӣ СММ ба истилоҳ ба тасвиб бирасонад. Ин даҳае буд, ки байни соли 1999 ва соли 2000 шурӯъ кардем. Баъдан дигар мо ҳам, билофосила пас аз тасвиби он бахши дуввумро шурӯъ кардем. Бахше, ки марбут мешавад ба корамон, ки онро ба сурати қонунманд овардем дар кишвар ва ҳамин тавр хориҷ аз Эрон ба сабт расондем.

- Ҳарчанд, ки дар мавриди ин талошҳо суҳбат мекунем, аммо бархе аз расонаҳои дунё хабар додаанд, ки бо пешниҳод ва ё дархости давлати Туркия ва Озарбойҷон Иди Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ шинохта шуд. Дуруст аст?

- Бубинед, СММ тайи як қатъномае, ки расман эълон кардааст, дар он бандҳои қатънома сареъан ишора мекунад, ки Ҷашни Наврӯз бо решаи эронист. Яъне, ин ки онҳо дар канори садои Эрон ва касоне, ки доштанд ин корро анҷом медоданд, эшон ҳам ҳамсадо шуданд. Вале натиҷаи ин қазия ин шуд, ки СММ гуфт, ки ин ҷашн ба унвони мероси пойдори ҷаҳонӣ бо решаи эронист. Яъне, ин ки инҳо ҳам буданд, аммо баъд аз Эрон. Далели мустанадаш ҳамон қатъномаест, ки ба истилоҳ СММ содир кард.

- Ҳарчанд ин ҷашн байланмилалӣ шуд, аммо бисёре аз суннатҳои Наврӯз таҷлил намешавад. Ба назари шумо зарурати эҳё кардани суннатҳои дар ҳошия қарордоштаи Наврӯз вуҷуд дорад?

- Боз баргардем ба мавзӯе, ки ҳоло дар ибтидо ба қатъномае, ки СММ содир кард. СММ мегӯяд, ки Наврӯз мероси маънавӣ ва бо решаи эронист, ки фарҳанги сулҳ дорад. Вақте ки шумо меравед даруни батни Наврӯз, як баҳсе ба номи чаҳор кило ширинӣ ва ё як ҷашну пойкӯбии содда нест. Наврӯз дар воқеъ як таҳаввули фарҳангӣ аст. Шумо вақте ба худи решаи Наврӯз нигоҳ мекунед, метавонед ҳаводиси маънавии қашангро эҳсос бикунед. Яъне, ин ки талхиҳоро баргардонем ба он шириниҳо, гузаштҳоро ҷойгузин кунем ба ҷойи тамоми гилаҳо. Рафторҳои созандаро дошта бошем ба табиати парвардигор. Ин неъмати бузурги Илоҳӣ аст, ки имрӯз бисёр аз баҳсҳои муҳими дунё ҳамин баҳси муҳити зист аст. Ҳазорон сол қабл падарони мо ба ин баҳсҳо амиқан расида буданд. Бо ин ки ин дарди сари дудҳову газӣ шудани ҷомеаи олуда ҳарфҳои ин қарн ҳастанд, аммо онҳо дар ҳазорон соли пеш ба ин фикр мекарданд, ки зиндагии фарзандонашон покиза бошад, ҳоло он рӯз автомобил набуд, аммо тахрибе, ки имрӯз анҷом мешавад, он рӯз ҳам буд. Вале инҳо ҷилавашро мегирифтанд.

Худи Наврӯз бисёр аз ҳарфҳое, ки худаш задааст ва дар воқеъ мо метавонем аз дохили батнаш дарбиёрем мавзуъотеро, ки фарзандон, падарон ва модарон, ки бузургон ҳастанд, ахлоқро риоят кунанд. Рафтан ва диду боздид кардан ба силаи аҳром ин ҳурмати нону намакро хурданҳо, ин гилаҳоро дар воқеъ бармегардонад ба самти шодӣ. Як бахши аҷибул ғарибе, ки мо дар Эрон дорем, баҳсест, ки мисли ҳафтсин. Метавон бо қолаби дигар инро таърифаш дод. Аммо бо фарҳанги динӣ омехта шуд. Яъне, шумо Қуръон, ки мехонед, навишта шудааст, ки «Саломун олӣ Ёсин» ва амсоли ин сура дар оёти сураи Ёсин ва Соффот аст, ишора мекунад, ҳафт салом мо дорем. Дар Қуръон мо ҳафт салом дорем. Ин ҳафт саломро мардуми мо бардошта дар болои ҳафт син қарор доданд. Ин чи қадар ҷолиб аст?! Як фарҳанги омехтаи суннатҳо бо дин. Инро оварданд ба дин махлут карданд. Аз он як падидае хориҷ карданд, ки метавонед як маърифат дошта бошед.

Abdipur_01- Дар ҳамин маврид мехостем бипурсем, ки иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷик ин шабу рӯзҳо дар ин масъала баҳс мекунанд, ки Наврӯз ҷудо аз дину оин аст ва як гурӯҳи дигар мухолифи ин гуфтаҳост. Шумо метавонед ба ин мавзӯъ рушанӣ андозед?

- Бубинед, ки вақте Расулуллоҳ (с) аз дунё реҳлат мекарданд, барои мо як матолиберо гуфтанду рафтанд. Супориш карданд, ки ман байни шумо Қуръон ва фитратамро мегузорам. Вале як баҳсеро пайғомбари Худо гуфтанд, ки ман беш аз ҳар чиз ба каҷфаҳмии уматам нигаронам. Мо каҷфаҳмиро бо ҳич фалсафае наметавонем тағйир бидиҳем. Касе, ки баҳсеро унвон мекунад, бояд далоили он баҳсро унвон бикунад. Яъне ё таъйид мекунӣ, ё маҳкум. Ҳар инсоне дар ҳар замоне бояд бо шароити воқеъбинона ба мавзӯъ ҷавоб бидиҳад. Бо зурмандӣ намешавад ҳарферо таҳриф кард. Намешавад ба ин иддаоҳои кизбӣ, ки дар дунё аз ҳар садои нисбат ба касоне ва афроде, умуре дода мешавад, мо биёем якбора як ҳарферо бизанем, ки бидуни далел бошад. Қуръон хеле зебо роҷеъ ба ин мавзӯъ мегӯяд. Бубинед, ки мефармояд: «афало яъқилун», «афало яътабарун». Баъд хеле муҳимтар аз инҳо Худованд як ишорае дорад. Худованд дар Қуръон ин ояи шарифаро, ки дар воқеъ як парчами саодат аст, мегӯяд: «Башар ибод, аллазина ястамъунал ғавм ва яътабъуна аҳсана улоикал лазина ҳадоул уло ва улоикал ҳум ҳудал албоб». Бубинед, ки ба пайғомбар сареъ мегӯяд: «Эй пайомбари Худо, башорат бидеҳ ба касоне, ки аввал мешунаванд, баъд суханони неку беҳтаринро интихоб мекунанд ва ба он амал мекунанд. Ба онҳо башорат бидеҳ, ки шумо растагорон ҳастед». Шумо дар Наврӯз чӣ мебинед?! Шумо дар Наврӯз ҷуз адаб, ҷуз муҳаббат, ҷуз силлаи аҳром, ки ин қадар дини мо онро таъриф кардааст. Ин ҳарфҳоро ман бароятон ин тавр мегӯям: Агар аз назари иддае мухолифатҳое ҳам ҳаст, шояд ин ҷурӣ бубинем, ки онҳо як нуктаҳоеро, ҷузъиётеро болош мушкил доранд, на куллиётро. Бояд иттифоқан аз онҳо кумак бигирем. Бубинем, ки куҷои кор ишкол дорад, ба мо бигӯед ва бо дин мутобиқат бидиҳед, ки ишкол дорад. Онро дар воқеъ онҳое, ки дар васати майдон ҳастанд ва мардум садои онҳоро қабул мекунанд, инро ба гӯши мардум бирасонанд. На ин ки як бора, масалан як масале ҳаст, ки "Ҷавоби як мавзуеро балад нестем, биёед суратмасъаларо пок кунем», ин дақиқан ҳамин ҳарфест, ки мо алъон думболаш мебошем. Пайғомбари Худо ҳаргиз бо мардум ин рафторро надоштанд. Вақте ки Қуръонро мехонед, ҳаминро мегӯяд, «Ту бо дигарон бо мантиқ бархӯрд бикун, бо меҳру муҳаббат бархӯрд бикун». Ин фалсафаи динамон аст, ки мо пойдори онем. Наврӯз ҳам ҳамин гуна аст.

- Як масъалаи дигар аст, ки вақте Ислом омад, вориди сарзамини мо шуд, вориди қалбҳои мо шуд, ҳамон ҳафт сину ҳафт шине, ки дар ойини мо буд, масалан шароб, ки дигар дар ислом ҷойз нест, инро аз байн бурд ва ҳамроҳи ин чизҳои дигаре ҳам буданд, ки имрӯз нестанд… 

- Дар мавриди суннатҳо ёдамон бошад, ки қабл аз омадани динҳо хеле аз умур ҷолиб буд. Яъне чӣ? Яъне, дар замони худи ҳазрати Мӯсо мебинед, ки Қуръон сареъан мегӯяд: «Дар рӯзи шанбе чунин бояд рафтор бикунед ва чунин набояд рафтор бикунед». Ҳамин басо то қонуне бишавад, ки имрӯз мебинед яҳудиҳо ин рӯзро таътил доранд. Баъд дар мавриди дини мо, касоне, ки қабл аз ин ки Ислом биояд, дучори хурофот буданд, дучори гумроҳӣ буданд, ҳатто касоне, ки соҳибони китоб буданд ва соҳибони адён ҳастанд, Қуръон онҳоро сареъан даъват мекунад, ки баргарданд ҳама бо ҳам, ки дар масири илоҳӣ бошанд. Вақте ки дин омад барои мардум роҳи саодатро бо оромиш таъриф кард. Вақте ки дар дини Ислом меояд, ки шумо бояд ин усулу қавонине, ки бароятон дорем, медиҳем барои ин аст, ки ин ҷурӣ муваффақ мешавед. Ҳоло иштибоҳоте, ки дар қабл будааст, имрӯз агар бошад, худ як иштибоҳест. Яъне, агар қарор бар ин бошад, ки ҳароме бошад, қатъан ҳаром, аммо қарор бошад, ки на чизе, ки ҳалоле мубоҳ аст, қатъан он мавриди таъйиди дини мост. Ғайр аз ин метавонад, ки бошад?!

- Не, албатта. Инро ҳам мехостем аз шумо бипурсем, ки дар Тоҷикистон рамзҳо ва намодҳои Наврӯз хеле зиёданд. Мисли ин ки мо мегӯем, Бобои деҳқон, Маликаи наврӯзӣ, суманак, оташафрузи ва амсоли ин. Дар кишварҳое ки аз Наврӯз таҷлил мекунанд, ҳамин рамзҳоро доранд? Оё мешавад, ки аз ҳамаи инҳо як рамзи воҳид таҳия кард? Мисли ин ки мардуми Ғарб дар мавриди таҷлил аз Соли нави масеҳӣ Бобои барфиву набера ва арчаро доранд.

- Арз кунам, ки воқеъан мешавад он суратҳои қашангеро, ки дар суннатҳо вуҷуд дорад бо таваҷҷуҳ ба қавмиятҳо бо вуҷудаш инро дар воқеъ баҳо дод ва баъдан тарвиҷ кард. Як далели муҳкаме дар олами хилъат вуҷуд дорад, ин ки холиқамон Худованди олам ҳамаи қавмҳо ва миллатҳоро бо рангҳову забонҳои мухталиф, бо суннатҳои мухталиф офариданаш ҳикмате дорад. Ҳоло инҳоро ҳам мешавад бо таваҷҷуҳ ба он чизе, ки бо ду мавзӯе воқеӣ, ҳақиқӣ саодатманд бошад, чун Наврӯз як калима бештар нест. Аммо маънош хеле густарда аст. Ҳоло агар аз ин маъноҳое, ки таъриф мешавад, мумкин аст, ки суннате дар як ҷое хуб бошад, аммо дар як ҷойи дигар хуб набошад. Вале хилофе нест. Инҳо ду то мувофиқат аст. Яке аз он чизҳое ки мо алъон дорем, ғарбиҳо омаданд аз он истифода карданд, ман як мисолро биорам ки хеле ҷолиб аст. Мисли сарват. Алъон агар ман бипурсам, ки сарватмандарин кишвар дар ҷаҳон кадом кишвар аст, Шумо чи фикр мекунед?

- Шояд кишварҳои ғарбӣ

Abdipur_asosi- Ман мегӯям фақат Тоҷикистон. Далелаш ин аст, ки Худованд дар сураи Моида, дар ояи 114 дуое аз ҳазрати Исои масеҳро меорад, мегӯяд, ки “Барои худаш аз осмон неъмат мехост”. Худованд дар мавриди Тоҷикистон ҳам он неъматро дар болои сараш мерезад. Аммо дар байни милал нафту газу тиллову дигар сарватҳое, ки ҳаст бояд ҷон бикананд, чи қадр маблағ сарф кунанд ва баъдан ҳам бо чи бадбахтие биёранд боло. Ва баъд дар зимн гирифториҳое, ки доранд, олудагиҳое ки дорад. Дар ҳоле ки “Зинда кардем оламро бо об”, - мегӯяд Худованд. Ҳоло неъмат ҳамин ҷурӣ аст. Пас ман мегӯям, сарватмандтарин кишвари кураи замин Тоҷикстон аст, мунтаҳо наҳваи бархурд ба истифода аз ин сарват муҳим аст. Агар мудирияти хубе бишавад неъмати бузургест, аммо агар як мудирияти дурусте нашавад, неъмат ба бало табдил мешавад. Ҳоло мо дар мавриди ин мувофиқатҳо ҳастем, ғарбиҳо омаданд аз ин корҳо сӯистифода карданд. Масалҳое ки задам, сарват дасти мост, онҳо омаданд, Наврӯзро бо он Бобои барфӣ, масалан, ранги қирмизии моро бардоштан дар либоси худашон гузоштанд. Баъд Велентин мегӯянд, ҳамон рӯзи ишқварзӣ. Дар сурате ки ин дар Испанлон дар сарзамини Порс будааст. Яъне рӯзи ишқ варзидан моли мост. Дар ҳоле ки онҳо омаданд таърихи моро хонданд, диданд, аҷаб таърихи гаронқадрест. Онҳо омаданд нусхабардорӣ карданду рафтанд, гуфтанд ин рӯзи ишқ, рӯзи муҳити зист, рӯзи кумак, рӯзи муҳаббат, рӯзи дидор... Рӯзҳои пуршумори қашанге ки аз торихи зиндагии пур аз неъмату баракат бударо бардоштанд барои худашон дуруст карданд ва аз он истифода карданд. Ҳоло, дар воқеъ яке аз решаҳои аслие ки метавонад милали Наврӯзро ва ин мардумро ба хусус, ки бо ин ҳама устухонбандии муҳкаме ки Наврӯз дорад, инҳоро бо ҳам пайванд бидиҳад, як равобити амиқи фарҳангӣ ва табодули ин иттилоот ба изофаи сохтани як сохтори солим аст. Яке аз баҳсҳое ки дар ин созмони ҷаҳониамон дорем ин аст, ки баъзе аз ҳарфҳо ва равишҳои ғалатро мо бояд канор бигзорем. Ман ҳамин ҷо ҳам арз кардам, бубинед ҳазрати Алӣ чи қадр зебо мефармоянд, ки “Болотарин хидмат ба башар хидмат ба ақли мардум аст”. Агар инро бигирему корномаи фарҳанги худамонро бисозем, биёем ба мардум бигӯем, ки кишвари Шумо чи неъмате дорад, ин имконоташонро биорем бо баҳсе бо номи Наврӯз. Мо яке аз баҳсҳое ки дар ҷашнвораи Наврӯз, ки дар кунгураи бузурге, ки мо иншооллоҳ дар Созмони ҷаҳонии худамон хоҳем дошт ва ҳазорон нафар аз мардону заноне, ки дар ин робита доранд, бо ҷону зиндагиву имконоташон ин Созмони моро ёрӣ медиҳанд, дар Эрон ва саросари ҷаҳон, тамоман инсонҳои бисёр муъмини бисёр мутааҳиди шарифу олиме ҳастанд, ки ватанашонро ва фарҳанги Наврӯзро қабул доранд. Ба дунболи ин ҳастанд, ки мегӯянд, оқо мо бояд биёем аввал ин суннатҳои қашангро ҳифз кунем. Дуввуман, ишколоте мумкин аст дар тӯли замон ба вуҷуд биёяд инҳоро мо ислоҳ кунем. Яке аз аҳдофи бузурги созмони ҷаҳонии мост. Қатъан бо вуҷуди омадани он мувофиқатҳо, яъне бо ин сунатҳои қашанге, ки вуҷуд дорад шумо мегӯед, Малика, дар ҳоле ки масалан ин калима дар забони замони падарони мо, ки мо ҳамаамон дар сарзамини Порс будем, мегуфтанд “Эрондухт”, духтари Эрон, шоҳзодахонуме, ки дар тафаккурашон сохта буданд, инҳоро бигӯем, ки хуб исмгузорӣ кардем барои ин духтар, ки имрӯз дар маърази гирифториҳои иҷтимоӣ қарор мегирад, мо чи чизе бояд барояш бидиҳем - хуроки фарҳангӣ, ки ӯро воқеан як духт, як шоҳзода бикунад. Бояд ба он шахсияти гумшудаи фарҳангии худаш баргардонем ва роҳҳои дурусту ғалатро комилан барояш муаяйн бикунем. Вақте ки инҳо ба вуҷуд омад, ин роҳ роҳе мешавад ки натиҷаи бузургашро дар тӯли чанд даҳҳа шумо ба вузуҳ мебинед. Шумо ҳоло ба мардуми азизи Тоҷикистон нигоҳ бикунед, чи қадр рӯҳияи латифе доранд. Ғарбиҳо орзуи доштани чунин рӯҳияеро ҳади ақал барои як шабонарӯз барои миллаташон мекунанд. Ин неъмати бузург аст. Ин сарват сарвати шухибардоре нест. Яъне, болотар аз ҳамаи неъматҳост, аз маъдани тиллову нафту обу газу ҳамаи ин. Ин мувофиқатҳо коре бисёр бузургеро анҷом медиҳанд ва дар воқеъ ман инро мехоҳам бигӯям, ҳар касе ки дар ҷаҳон дар ҷиҳати рушди солим ва саҳеҳи Илоҳии инсон дар масири қалбаш, ақлаш заҳмат кашид - кори пайғомбариро дорад анҷом медиҳад. Охир Паёмбари Худо инро чи қадр ба мо таъкид кард? Ҳоло ҳам шумо мебинед макотиби кучаку бузург ба вуҷуд меояд, дер ё зуд аз байн меравад, аммо чаро Наврӯз пойдор шуд? Ба хотири ин ки ҳама чизаш солим аст.

- Дар идомаи ин суҳбат мехостем як суол дигар бигзорем, ки аз вижагиҳои дигари Наврӯз сар омадани солшумории хуршедӣ аст. Аммо таври маълум, танҳо дар Эрон ва Афғонистон аз ин тақвим кор мегиранд. Бо вуҷуди ин ҳама дағ - дағаҳо Тоҷикистон ҳоло омода нест ба солшумории хуршедӣ бипайвандад. Ба фикри шумо, оё имкон дорад ки бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз дар пайи эҳёи суннатҳои он бошем ва аз ҷумла аз милалҳои ҷаҳон даъват кунем, ки аз ин солшуморӣ кор бигиранд?

- Арз кунам, ки дар заминаи тақвим мавзуе вуҷуд дорад, ки инро дар асл бо як соат ё ду соат намешавад ҷамъ кард. Имрӯз як иттифоқе дар дунё афтодааст, ки касоне омаданд, бо дониши худашон киштиҳое сохтанд ва ба коинот фиристодан, паёме доранд: “Эй касоне ки дар каҳкашонҳо шояд рӯзе садои моро бишнавед, мо мавҷудоте бо номи Инсон дар кураи бо номи Замин ҳастем!” Барои онҳо як паём бидиҳанд, бигӯянд, бо мо дар иртибот бошед то мо аз дунёи шумо бохабар бошем ва шумо аз дунёи мо, ин дорад иттифоқ меуфтад. Бубинед, яке аз ишколоте, ки дар ҷомеаи мо ҳаст ин аст, ки гоҳе мо фаромӯш мекунем ки гумшудаи мо дар наздиктарин нуқта бо мо истодааст, мунтаҳо аз бас ба ин мавзӯъ ба дур нигоҳ мекунем таваҷҷуҳи мо аз дидани  ҳақиқатҳои зебое, ки моро метавонад ба мушкилоте, ки дар ихтиёрамон гирифтораш шудем, роҳҳалҳое ба вуҷуд биорад, роҳамонро боз бикунад, фаромӯшаш мекунем. Ҳоло дар мавриди Наврӯз ҳам ҳамин иттифоқ афтодааст, яъне Наврӯз ба хотири доштани он гузаштаи пурқудрате, ки дар ихтиёраш ҳаст, ин Наврӯз метавонад бо донише, ки дар ихтиёраш ҳаст ба ҷаҳон биёяд бигӯяд, ки шумо бо мо биёед, бо ҳам мубоҳиса кунем. Зеботаринро интихоб кунем. Дар мавриди фарҳаги хуршедӣ бо санад дорад ҳарф мезанад. Шумо бубинед таҳаввули баҳор ва рӯзи баҳорро дар тамоми тақвимҳо дар тамоми милал бо як рӯзи шурӯъи бо номи баҳор доранд ҳарф мезананд. Аммо тақвими хуршедӣ ин тақвими пурқудрате, ки сония ва камтарин лаҳзаи хуруҷи аз як сармо бо номи зимистон ва вуруди як гармии ҳаётӣ бо номи Наврӯзро ин қадр дақиқ дорад бо тамоми мушикофиҳояш нишон медиҳад. Ин қудрати худашро дорад ва ҳич исроре ҳам надорад, ки дигаронро ҳам бигӯяд, ҳатман дар ҳамин масир бошед. Чун ин роҳи худашро дорад меравад.

- Баргардем сари фаъолияти созмони шумо. Дар саросари ҷаҳон дар кадом кишварҳо намояндагӣ доред?  Имрӯз ки ба Тоҷикистон ворид шудед, чи барномаҳоеро рӯйи даст доред?

- Хуб, аввалан бояд табрик бигӯем ба давлат ва миллати Тоҷикистон ва Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар соли ҷадид мизбон ва мудири Наврӯзи ҷаҳонӣ шуданд.

Дар мавриди созмони мо, ҳам дар Эрон, дар қораи Урупо ва қораи Амрико ва дар Ховари Миёна тамомии аъзои худашро ки аз мутахасисин, тоҷирон ва бисёре аз фарҳехтагони илмӣ ва фарҳангӣ ва бисёр афроди муътабару пурарзиш ва бо нуфузе ҳастанд, ки дар ҳамаи сутуҳ худашон бо ишқу алоқа доранд кумак мекунанд ба ҳаракатҳои мардумӣ, мо як пайванди инчунине дорем. Дар мавриди омаданамон ҳам, хуб Иди ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон буд. Ва ҳузури мо ҳам қатъан як бахшаш ҳузуре дар баҳси Наврӯз ва аз тарафи дигар дар таъсисе, ки дар Хонаи фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ҳаст, меҳмон ҳастем, ки дар ифтитоҳи Хонаи фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ширкат кунем. Бахши севвумаш ҳам ин аст, ки фаъолиятҳоеро, ки дӯстони тоҷикии мо дар тӯли ин муддат бо ҳам доштем, ин равобитро бештар саҳл карданд барои мо, ки ҳатман бояд меомадем ва хуб алъон дар хидматашон ҳастем.

-Аз Тоҷикистон киҳо бо шумо ҳамкорӣ доранд ва кумаке дар фаъолияти созмони шумо мерасонанд?

- Дар асл арз кунам, ки ин афрод хеле аз ашхос ҳастанд, вале ба таври куллӣ метавонам бигӯям, аз дӯстоне, ки аз бозаргонон ва баъзе аз ҷанобон, мисли собиқ сафирамон ки инҷо алъон ташриф доранд, оқои дуктур Муҷтаҳид яке аз касоне ҳастанд, ки дар ин роҳ моро ёрӣ карданд. Ва хидмататон арз кунам, ки дар робита ба мавзуъияти барномаҳои баъдӣ нишастҳое ҳаст, ки иншоаллоҳ қарор аст аъзое, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд, бахши фарҳангӣ иншооллоҳ бишинем ва онҳо ҳам изофа мешаванд ба созмонамон.

- Паёми наврузии шумо ба мардуми Точикистон чи аст?

- Ман чизе ки мехоҳам бигӯям ин аст ки бо он фарҳанги Наврӯз мешавад хеле аз мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ фарҳангӣ ва иҷтимоиро ҳал кард. Бо фарҳанги Наврӯз, ки як фарҳанги латиф ва пурсамимияте ҳаст, бо ин фарҳанг мешавад барои хеле аз мушкилот роҳи ҳал пайдо кард. Бо фарҳанги Наврӯз мешавад хеле аз дуриҳоро бо ҳам наздик кард. Бо Наврӯз мешавад хеле аз гумшудаҳо ва гирифтореҳоеро, ки мо имрӯз дар дили худамон ба ёфтани он пардохтаем, дарёфт. Ба ҷойи нигоҳ ба Ғарбу Шарқи олам ба сурати зебое, ки дар фарҳанги худамон Наврӯз ҳаст, аз он баҳрабардорӣ кунем. Дар асл ман мехоҳам бигӯям, ки яке аз он дижҳои қудратманди Наврӯз ин пойгоҳи фарҳангияш аст, ки ҷавонҳои мо бо ошноие ки бо Фирдавсӣ пайдо мекунанд, бо ошноие, ки бо Рудакӣ пайдо мекунанд, бо Ҳофиз бо Мавлоно хуб ин ҳаракат медиҳад инҳоро ба ҷои самти чапу рост, ба ҷои пурхатое кашида бишаванд ба як роҳе бираванд ки дар он як латофатҳои зебое бо огоҳӣ ва шууру лаззати зиндагиро, ки  дар он вуҷуд дорад, бичашанд ва ба мақсад бирасанд. Дар мавриди мавзӯъи баҳси баъдиамон ҳам ин аст, ки агар мо дар Наврӯз нуктаи бисёр асосие, ки инҷо вуҷуд дорад ва мо дар ин созмони худамон инро ба унвони як ҳадяи маънавии худамон дар бахши дигаре аз корҳомон дорем, ин аст ки назароти гуногуне нисбат ба пешрафту тавсеаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоие, ки байни милал вуҷуд дорад, инро дар воқеъ дар як нукта мутамарказ бикунем ва аз ин марказ тамоми ин ашхосе, ки дар ин ҳавзаи Наврӯз ҳастанд вуруд пайдо мекунанд. Худи мардум ҳастанд, худи андешамардон ҳастанд, худи давлатҳо, худи мардум ва аз он чи ки ба қавли Мавлоно “Он чи ки худ дошт зи бегона таманно мекард”, - мо аз ин андухтаҳои худамон метавонем истифода кунем. Мисол, ин садсозӣ ки алъон дар Тоҷикистон аст, эрониҳо омаданд инҷо бо ифтихор бахши муҳимашон Тоҷикистон буд, доранд ин ҷо сад месозанд. Тоҷикон ҳам як имконоте доранд ба ин мавзӯе, ки ман хеле умедворам ки раҳбарони Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунанд, бубинед садҳо километр ҳазорон километр дар дунё лулакашии нафту газ мешавад. Агар обро мо аз Тоҷикистон ба самти худи Хуросонамон бибарем, яъне аз марзи Афғонистон, дигар вуруде ба Узбекистону Туркманистон надорем, ҳамин интиқоли лулаи об аст аз минтақаи Тоҷикистон ба минтақаи Хуросон  ва баъд истифода аз имкононте, ки Эрониҳо доранд. Метавонанд инро ба унвони яке аз манобеи бисёр пурқудрат ва пурдаромади худашон баҳрабардорӣ кунанд. Яъне дар воқеъ, ин об як қудрат аст, як тавон аст, як сарват аст. Ба ҷои ин ки мо имрӯз биёем фақат ба фикри лулакашии нафту газ бошем, ва тоҷикон ҳасрат бихуранд ки чаро мо нафт надорем газ надорем, ба ивазаш зеботар ва беҳтарашро доред шумо. Бидуни ин ки ҳич харҷе ҳам накунед ва аз зери замин нафту газ бикашед дар хонаҳотон нишастаед ва об дорад мерезад, интиқоли ин об, фӯрши ин об ва даромад дорад. Баъд шумо фикр кунед, ки Тоҷикистон ки алъон ин ҳама мушкилоти иқтисодие ки ҳамамон ламсаш мекунем, дорад, хуб сатҳи даромади миллӣ боло меравад. Ҳоло шумо фикр кунед, ки дар он самт бахше аз Эрон обод мешавад, иштиғол ба вуҷуд меояд, корҳои мутаадид авҷ мегирад. Сохторро тағйир медиҳад. Иштиғол фақат як бахши даромаду иқтисидӣ ки нест. Иштиғол як бахше аз амнияти равонӣ аст. Яъне, мавзӯъ комилан ҷиддӣ аст. Як нафар дар хонааш бишинад, ҳар рӯз барош як миллион доллар ҳам пул бидиҳанд, вале ҳар рӯз дар хонааш бишинад баъд аз як муддат девона мешавад билохира. Вале ҳамин инсон 1000 сомонӣ бигирад, биёяд коргоҳ заҳмат бикашад, ҳоли маънавиву рӯҳии корро дар вуҷуди худаш, ки ҷавҳари инсон аст, эҳсос кунад хуб ин лаззат мебарад аз зиндагӣ. Як бахши муҳими дигар ин аст, ки табодулоти фарҳангӣ дар заминаи иқтисод ба вуҷуд мебиёяд. Баъд аз табодули иқтисодиву фарҳангӣ иртиботоби амиқтар ба вуҷуд мебиёяд. Дар канори инҳо тавсиа нуҳуфта аст.

Мо бояд ба фикри тавлиди сарвати пойдор бошем. Нафт тамом мешавад газ тамом мешавад, аммо ин сарзамин, осмони Худо тамом намешавад.

Умедворам равобити иқтисодиву фарҳангиву иҷтимоие, ки байни миллати мо вуҷуд дорад як амнияти рӯҳиву равонӣ ва фикрӣ дар ободии кишварҳои мо ба вуҷуд меорад ва хеле аз он гумшудаҳомонро дар лояҳои ин пайдо мекунем.   

-Ташаккур аз шумо барои ин суҳбати самимӣ.       

Мусоҳибон Ёқуби Саид, Фирдавси Рустам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97