Муҳиддин Кабирӣ: Шахси қавӣ аз муколама ва ислоҳот наметарсад

Мусоҳиба 07.03.2012 10:39

Kabiridzee_01-Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, шумо дар чанд моҳи пеш  ба манзури  ҷилавгирӣ аз такрори иттифоқот дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо пешниҳод кардед, ки дар Тоҷикистон ислоҳот шавад. Ҳатто таъкид кардед, ки ин ислоҳот ҳар чи зудтар шурӯъ шавад ва қаблан низ гуфта будед, ки Башор Асад дер кард. Ҳоло метавонед тарҳи мушаххасе пешниҳод кунед, ки ба кадом шакл бояд ин ислоҳот анҷом шавад?

-Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Вазифаи як ҳизби сиёсӣ, ки намояндагии қишре аз ҷомеъаро дорад, пешниҳод кардани фикру андешаҳо ва роҳҳалҳо аст. Шарт нест, ки ҳизби сиёсӣ вориди тафсилот ва ҷузъиёт шавад. Агар пешниҳоди мо дар бораи шуруъи ислоҳот дар маҷмӯъ аз тарафи ҳукумат қабул шавад ва онҳо дарк кунанд, ки ниёз ба як ислоҳот аст, пас бояд супориш аз тарафи мақомот ба  академияи улум, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба институтҳои бешуморе, ки дар ихтиёри давлатанд, инчунин Маркази тадқиқотӣ- стратегӣ дода шавад, то бо ширкати ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва касоне, ки дар ин мавзӯъ ҳарфи гуфтание доранд, нишастҳо баргузор намоянд. На танҳо як нишаст, балки силсиланишастҳо, то ин ки механизм ва модели ислоҳот пайдо шавад. Вале агар ҷомеъа интизори онро дошта бошад, ки соҳиби пешниҳод он моделро пешниҳод кунад, мо омода ҳастем. Вале, он метавонад мавқеъи як тараф шинохта шавад, на аксари ҳизбҳо ва доираҳои марбут. Аммо назари мо ин аст, ки раванди ислоҳот аз омода кардани тарҳ то натиҷагирии он бояд бо ширкат ва зери назари ҳукумат анҷом шавад. Муҳимтар аз ҳама, ҳокимият бояд дарк намояд ва ба қаноат бирасад, ки ин ислоҳот ба манфиати худаш ҳаст. Вагарна, на танҳо ҳамкорӣ нахоҳад кард, балки бо худи андеша ва соҳибони он метавонанд мушкилӣ дошта бошанд. Дуруст расонидани пешниҳод барои ислоҳот худаш нисфи кор аст. Зеро, дар аввал чунин менамояд, ки дар натиҷаи ислоҳот қисме аз салоҳиятҳо ва имтиёзҳо ба дигар шохаҳои ҳокимият ва доираҳо мегузарад ва ин метавонад рағбатро ба сӯйи ислоҳот кам намояд. Вале, агар дуруст дарк шавад, ки дар дарозмуддат ба нафъи худи ҳокимият ва ҷомеъа мебошад, аз он нахоҳанд тарсид.

Шумо дуруст гуфтед, ки дар суҳбатҳои қаблӣ мо чанде аз кишварҳои комёбшуда ва нокомшударо мисол овардем ва дар ҳамин рӯзе, ки мо сӯҳбат дорем, дар Сурия референдум барои қабули Қонуни асосии нав ва шуруъи ислоҳот баргузор мешавад. Ин референдум дар ҳолатест, ки дар дохили ин кишвар рӯзона ҳадди ақал сад нафар ва баъзе рӯзҳо, то сесад нафар кушта мешаванд. Дар як гӯшаи Сурия ҷанг аст бо танку тӯп, дар гӯшаи дигараш референдум гузаронида истодаанд. Башор Асад имкон дошт, ки ин референдумро як, яку ним сол пештар баргузор кунад. Ҳоло омода аст, ки муҳлати президентиро ба ду давра маҳдуд кунад, интихоботҳои озод бигузаронад, як қисме аз салоҳиятҳои худро ба Парлумон бидиҳад, расонаҳои хабарӣ ва ҳизбҳоро сабти ном кунад. Аммо агар инро як сол пеш шурӯъ мекард, ҳам худаш дар ҳокимият буд ва ҳам ҷони ҳазоронро ҳифз мекард. Ҳар кӣ зудтар шуруъ кард, бурд. Метавон Мағриб, Кувайт ва Урдунро мисол овард, ки баробари пайдоиши замзамаи ислоҳот билофосила онро оғоз намуданд ва нагуфтанд, ки ин ба мо дахл надорад ва мо дигарему онҳо дигар. Агар ин мавқеъ дуруст мебуд, ин ҳама нооромиҳо сар намезаданд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ шадидан ба ислоҳот ниёз доранд ва мутмаинам,ки инро ҳама медонанд. Вале, дар гуфтан мулоҳаза доранд ва метарсанд, ки нодуруст фаҳмида мешаванд. Масъулияти мо пешниҳод кардан аст, агар дуруст фаҳмиданд ва иродаи анҷоми онро доранд, хеле хуб. Агар не, мо масъулияти худро анҷом додаем.

-Аммо шумо иродаро тавре гуфтед, ки масалан, қабл аз ҳама бояд нухбагони сиёсӣ ба ин расида бошанд, барои анҷоми ин кор чӣ иродаеро мебинед ва оё хушбин ҳастед?

-Ман то ҳадде ҳанӯз хушбин ҳастам, гарчанде ин хушбинии банда рӯз то рӯз коста мегардад. Дар ҳар кишвари мутамаддин пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ, ба хусус, ҳизби парлумонӣ ҷиддӣ гирифта мешавад ва ақалан нафаре мепурсад, ки моҳияти пешниҳод чист? Дар ҷавоб мо нашри мақолаҳоро бо имзои мустаор дар расонаҳои давлатӣ мебинем, ки бештар характери сиёҳкунӣ ва барангехтани бадбиниро доранд. Ин ҳам як шакли гуфтугӯ мебошад, вале солим нест. Натиҷагирии мо ин аст, ки як идда афрод маълумотҳоро тарзе ироа мекунанд, ки дар зеҳни Роҳбарияти кишвар тасаввури ғалат аз воқеъиятҳо сурат бигирад. Яъне, ҳама аз вазъи кишвар розиянд ва ҳеч мушкилие вуҷуд надорад. Танҳо як гурӯҳе ҳаст, ки ин дастовардҳои роҳбарияту ҳукуматро нодида мегиранд ва доим танқид мекунанд. Вагарна, ҳама хуб, мардум розӣ ва кишвар рушд карда истодааст.

Билохира, раҳбарияти кишвар ҳам инсон ҳастанд ва ҳама гуна инсон зери таъсири андешаҳои атрофиёнаш қарор мегирад. Метарсам аз он, ки зеҳни Роҳбариятро аллакай ба самте бурдаанд, ки ҳама фикру андешаи алтернативӣ ва ғайримаъмулӣ дар долонҳои ҳукумат нодуруст фаҳмида мешавад ва болотар аз он, боиси нигаронӣ мегардад. Агар ин тавр шуда бошад, воқеан ҷои таассуф аст, вале умедворем, ки чунин нест. Роҳбарияти кишвар бояд ба атрофиёнаш бовар дошта бошад, гузоришҳоро ҷиддӣ бигирад, вале бад нест, ки гоҳе худ низ бо қишрҳои гуногуни ҷомеъа гуфтугӯи мустақим ва ошкор дошта бошад, то аз забони худи онҳо бишнавад, ки вазъ чи гуна аст ва чи бояд кард. Вақте, ки як андешаро дар шакли "тафсир" ва "тарҷума"  мерасонанд, моҳияташ дигар аст. Чун ҳар кас ангезаи худро дорад.

Шунидам, ки дар ҷашни 100 солагии матбуоти тоҷик вохурии ошкори Президент бо рӯзноманигорон баргузор хоҳад шуд, ки метавонад шурӯъи кор бошад. Бигзор, суҳбатҳои самимӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеъа, амсоли рӯзноманигорон, андешамандон, аҳзоби сиёсӣ ва дигар ақшори ҷомеъа сурат бигирад. Ин Ватани ҳамаи мо аст ва сари масъалаҳои калидӣ бояд бо ҳам андеша кунем, ки чи гуна ҳамаи ин дидгоҳҳо дар ҷомеъа ҳамзистии мусолиҳатомез дошта бошанд.

Ҳадафи аслӣ низ ҳамин аст, агар мо ҳамзистии мусолиҳатомез дошта бошем, тамоми мушкилоти сиёсиву иқтисодиямон ҳал хоҳад шуд. Чи қадар душмани беруна нируи низомӣ - иқтисодӣ надошта бошад, ҷасорати алайҳи Тоҷикистон ҳарф заданро нахоҳад кард. Вале онҳо мебинанд, ки дар дохили мо гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ нест ва бо камтарин баҳона якдигарро душман метарошем, сиёҳ мекунем ва қалбҳои ҳамдигарро маҷруҳ месозем. Барои ҳамин банда пешниҳод кардам, ки соли 2012, ки 15 солагии имзои Созишнома ҳаст, соли Муколамаи Миллӣ эълон карда шавад. Ҳама бо ҳам сӯҳбат кунему якдигарро бишнавем. Аслан инсони қавӣ аз муколама намегурезад, танҳо заъиф аст, ки мегурезад ва боз вонамуд мекунад, ки ӯ ниёзе ба муколама надорад. Ҳол он ки ӯ дар айни ниёз ҳаст.

-Ин пешниҳоди Шумо, яъне муколамаи миллӣ дар кадом шакл метавонад амалӣ шавад?

-Ин набояд як қолаби муайян дошта бошад. Сухан сари як ташкилоти нав ё ниҳоде нест. Шакл аҳамият надорад. Муҳим моҳияти масъала  ва ҷиддияту самимият мебошад. Чаро ҳизбҳо мизи гирди доимӣ надошта бошанд? Аз чӣ метарсем? Чаро ташкилотҳои динӣ ва шахсиятҳои маъруфи рӯҳонӣ нишастҳои доимии худро надошта бошанд , то масоили ихтилофиро дар доираи маҳдуд ва илмӣ баҳс накунанд? Андешамандони мо, рӯзноманигорони мо, ҳамчунин соҳибкорону кишоварзон. Муҳим он аст, ки мо аз суҳбат бо якдигар наҳаросем ва касе худро болову дигаронро поин наҳисобад. Манзур  аз муколамаи миллӣ он аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеъа муколамаро ягона роҳи ҳалли мушкилиҳо эътироф кунанд. Агар мо ба ин натиҷа расида бошем, шакл ва қолаби он дуюмдараҷа аст.

Kabiridze_02-Бармегардем ба масъалаи ислоҳот. Агар ба ин равиш назар кунем, ба хотири албатта ислоҳот ва пешгирӣ аз буҳроне, ки ҳатман дер ё зуд фаро мерасад, ислоҳот ба шакли ҷорӣ кардани идораи парлумонӣ метавонад амалӣ шавад? Тавре дар Қирғизистон шакли идораи омехта имрӯз таъсис ёфтаву ҳар кадом бо тавони худ аз он чизе гирифтааст ва гуруҳҳо қаноъат ҳосил кардаанд ва авзоъи иҷтимоӣ то ҷое субот пайдо кард. Фикр намекунед, ки Тоҷикистон ба ҳамин шакл ниёз дорад ва ё ҳамин шакл барои Тоҷикистон мувофиқ аст?

-Ҳар кишвар барои расидан ба як модели беҳтари давлатдорӣ роҳи худро тай мекунад ва шарт нест, ки мо сад дар сад дигаронро такрор намоем. Қирғизҳо дар як муддати кӯтоҳ ду инқилобро паси сар карданд ва оромии нисбиро дар сохти омехтаи президентӣ-парлумонӣ ёфтанд. Тоҷикистон пас аз нооромиҳо ниёз ба тамаркузи қудрат дар як ниҳод дошт, ки он мақоми Президент буд. Ин талаботи вақт буд ва натиҷаи хубе ҳам дод. Вале, замона дигар шуд ва бояд ҳамқадами вақт буд. Дар як кишвари ором ва демократӣ тамаркузи қудрат дар як ниҳод ва як даст дигар омили субот набуда, балки худаш оҳиста-оҳиста табдил ба омили бесуботӣ мегардад. Барои исботи ин фикр Амрикоро аз нав кашф кардан лозим нест ва ҳар донишҷӯйи факултаи сиёсатшиносӣ низ инро медонад. Яке аз ҳадафҳои муколама ва ислоҳот низ ҳамин аст, ки модели муносибу созгор барои шароити имрӯзаи кишвар пайдо шавад.

-Идораи порлумонӣ метавонад масъаларо ҳал кунад?

-Як чиз аниқ аст, ки бояд салоҳиятҳои ҳокимияти иҷроия камтар ва мустақилияти мақомоти судӣ ва қонунгузор баландтар карда шаванд. Дар ин шак нест, аммо шарт нест, ки ҳатман ҳокимияти парлумонӣ бошад.

-Дар мавриди қазияе, ки номи шумо ба он кашида шуда буд, баҳси Ошӯро ва баҳсҳҳои мазҳабӣ. Мавқеъи Шумо дуруст буд ё не, вале боиси ташаннуҷи бештари баҳсҳо нашуд. Шумо дар баробари он биёнияи Шӯрои Уламо, ки номи шуморо ҳам гирифтаву ҳушдор дода буд, назаратон чист? Оё ширкати Шумо дар  "Созмони бедориии исломӣ" метавонад ба ақида ва диндории мардум халал ворид кунад?

-Бояд ин ҷо ду масъаларо аз ҳам ҷудо кард; яке баҳси бедории исломӣ ва ширкати мо дар он ва дигаре он баёнияе, ки боиси гапу калочаҳои зиёд дар ҷомеъа шуд. Аввалан ин ки мутаассифона ҷомеъаи мо огаҳии зиёд аз равандҳои байналмиллалӣ надорад. Гоҳо касоне ба ин мавзӯъҳо дахолат мекунанд, ки камтарин маълумотро дар даст надоранд. Созмони бедории Исломӣ як созмони байналмиллии ғайридавлатие ҳаст, ки ба дин, мазҳаб ва кишваре рабт надорад. Аслан ин созмони диннӣ нест, агарчи номаш бедории Исломӣ аст.  Мисли Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар он Тоҷикистон ҳам узв ҳаст ва аксари аъзояш ҳам кишварҳои дунявиянд. Вале чун мусалмон ҳастанд, номашро гузоштаанд Конфронси Исломӣ. Ҳамчуноне ки Конфронси бедории Исломӣ ҳам ва агар он ҷо мазҳаби хосе мебуд, ба ҳеч ваҷҳ устоди шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ узви раҳбарияти он намешуданд. Ё Қозӣ Ҳусайн Аҳмад, раҳбари Ҷамоати исломии Покистон, аз роҳбарони аршади суннӣ узви Шӯрои роҳбарии он намешуданд. Ва даҳҳо шахсиятҳои дигари маъруфи ҷаҳони Ислом, ки узвияти ин конфронс ва роҳбарии онро доранд. Ҷояш ҷаннат бошад устод Бурҳониддин Раббониро, эшон дар таъсиси ин Созмон саҳим буданд ва мо фахр мекунем, ки дар паҳлуи эшон ҷузъи Шӯрои раҳбарии ин Конфронс интихоб шудем. Ин дар бораи конфронс ва бардоштҳои ғалате, ки дар шинохти он ҷо дошт. Он чи ки дар баёния ишора ба ин масъалаҳо буд, бовар дорем, ки як иштибоҳе беш набуд ва  аз надонистан ин корро кардаанд. Ва бо Паёме ба аъзо ва ҷонибдорон муроҷиат намудем, ки вориди баҳс дар ин замина нашаванд, то ба оташи баъзе фитнаангезон равған нарезем. Худованд доност, вале мо танҳо ба хотири роҳ надодан ба фитнаи навбатӣ сукут кардем, вагарна ҳарфи гуфтан зиёд аст. Агар Раиси муҳтарами Шӯрои исломӣ иштибоҳан ин корро карданд, пас набояд мо баҳсро доман бизанем. Зеро медонем, ки баъзе душманони оромии кишварамон дар камин нишастаанд ва мунтазири фурсатанд, то фитнаи навбатиро дар ҷомеъа роҳандозӣ намоянд. Чун як бор диданд, ки гуруҳҳои динниро шӯронидан хеле осон аст ва мехоҳанд онро бори дигар такрор намоянд. Боварам ба ин фикр бештар гашт, вақте ки Паёми моро зери танқид гирифтанд. Чун хомушии мо ҷузъи сенария набуд ва эҳтимол медоданд, ки мо ҳам ба баёнияи маъруф ҷавоб хоҳем дод ва дигар баҳсу кашмакаш оғоз мешавад. Тирашон хок хурд, асабонӣ шуданд ва хурдагириву чирккобиро шуруъ карданд.

Шумо медонед, ки ҷанги хонумонсӯз аз як мақолаи "Умеди зангулаҳо" дар "Красная звезда" оғоз шуд ва ба ҳама маълум аст, ки кадом доираҳо онро омода карда буданд ва чи қадар тоҷикро нобуд кард? Ҳамон нусхаро бигиред ва муқоиса намоед, ки услуб ва равиши фикри муаллифон чӣ фарқ дорад? Он замон бо номи Ваҳҳобият буд, ҳоло бо номи шиъа.

Агар аз боби насиҳат гуфта бошанд, Худо аҷрашон диҳад, зеро Расули Акрам (с) "Дин насиҳат аст" гуфтаанд. Вале, хуб мебуд, ки одоб ва фарҳанги исломии насиҳат риоя шавад. Худованд мефармояд: "Агар фосиқе бо хабаре наздатон омад, онро таҳқиқ  намоед". Зеро, як гумонеро дар тамоми масоҷид хонондан ва паҳн кардан, бо нияти насиҳат ҳам бошад, хуб нест, зеро қисме аз суйизанҳо гуноҳанд. Аз ин ба баъд эҳтиёт бояд кард, зеро худашон беҳтар медонанд, ки ақидаи як мусалмонро зери суол бурдан кори саҳл нест. Ҳазрати Қорӣ Амонуллоҳ, Худо ҷояшонро ҷаннат кунад, вақте рӯзҳои охири ҳаёташон бо ҷамъе аз бародарон аёдаташон рафтем, ҳарфи ҷолиберо гуфтанд, ки агар ҳама гапу кори ба ман расонидашударо анҷом медодам, қиёматамро барвақт сӯхта будам. Гапи сода, вале сермаъноест.

Дари мо ҳамеша боз аст ва агар насиҳате, мулоҳизае барои мо бошад, умедворам, ки бародарона моро дар ҷараён хоҳанд гузошт ва мо ҳам агар ҳарфе дорем, ҳатман ба ишон мерасонем. Алҳамдулиллоҳ,   тоҷикем, мусалмонем ва дар як кишвар зиндагӣ мекунем ва ҳеч мушкилие нест, ки бо якдигар иртиботи доимӣ ва корӣ дошта бошем, ба ӯ занг бизанем, табодули андешаҳо шавад ва масъалаҳоро байни худ ҳал кунем. Иншоаллоҳ, ҳамин тавр ҳам хоҳад буд.

-Яъне боз бармегардем ба фарҳанги гуфтугӯ…

-Бале, Шумо дуруст фармудед, боз ба ҳамон муколамае, ки дар борааш сӯҳбат кардем. Ин танҳо муколамаи динӣ нест, ин фарҳанги насиҳат кардан аст, ин одоб аст. Умедворам, ин охирин ҳолатҳое бошад, ки намояндагони динӣ тавассути расонаҳо бо ҳам баҳс мекунанд.

-Ба ҳар ҳол иттифоқе, ки бояд намеафтод, афтод, мусалламан ба нафъи мусалмонҳо нашуд. Аммо аз ин оё ҷонибе буд, ки нафъ бурд?

-Ғолибро дар ин ҷо намебинам. Ҷолиб фақат ҳамон огоҳии мардумро метавон шумурд. Ҳама бохтанд, бояд дарк карда бошанд, ки дар асри иттилоот, интернет ва телефон дигар намешавад ҳақиқатҳоро пинҳон кард. Агар сад мақола алайҳи як нафари дигар бинависед, вале мардум дар дасташон наворҳо доранд. Мардум сабтҳо доранд. Тавассути Фейсбук ва интернет дар як замон иттилоотро мегиранд ва аз он танҳо ҳамон нависанда шарманда мешавад. Бинобар он касоне, ки аз воқеъияти имрӯз огоҳ нестанд, бо истифодаи ҳамон услубҳои кӯҳна худро дар маърази масхараи мардум қарор медиҳанд. Пас танҳо огаҳии мардум баранда шуду халос.

-Дар робита ба шумо … Бархе аз аҳзоб мегӯянд, ки наҳзат барои як ҷунбиши мардумӣ ва дуруст барои рафтан тарафи интихобот омода нест. Ё давлат таҳти шароит қарор бигирад то ислоҳотро ҷорӣ кунад. Шумо низ чанд бор гуфтед, ки мо таҷрибаи эътилофҳоро доштем. Чаро наҳзат барои таъсиси як ҷунбиши эътилофӣ бо нируҳои дигари матраҳ дар саҳна омода нест?

-Наҳзат ҳеч гоҳ фикри эътилофро бо ҳеч кас рад накардааст. Мо ҳамеша дари эътилофро боз мондаем. Фақат мо нагуфтаем, ки бо кӣ эътилоф хоҳем кард ва шарт нест, ки ҷониби эътилоф бо мо ҳатман нируҳои опозитсиюн бошад. Мо метавонем бо ҳукумат ҳам бо ҲХД, бо коммунистҳо дар масоиле эътилоф кунем. Чаро дар он эътилоф барои ҳизбҳои ҳоким ҷо набошад? Назарам ин аст, ки мо бо назардошти шароити Тоҷикистон эътилофро як каме аз қолаби танг берун барорем. Набояд фақат эътилоф танҳо ташаккули оппозитсионӣ бошад. Агар ташаккули оппозитсионӣ ҳам бошад, мушкил нест, вале он бояд ҳадафи худро дошта бошад, ки сари кадом масъала эътилоф мекунем. Масалан, дар бисёре аз масъалаҳои марбут ба манфиаьти давлат ва миллат Наҳзат бо ҲХД наздиктар аст. Масалан сохтмони Роғун, баҳси якпорчагии миллат ва давлат, ҳифзи сулҳ ва ваҳдат, мубориза алайҳи фишорҳои хориҷӣ. Дар масоили марбут ба озодиву ҳуқуқи инсон, демократия ва тарзи интихоботҳо мо бо равишҳои ҲХД зид ҳастем. Дар ин масоил мо бо аҳзоби оппозитсионӣ, мисли ҲСД, ҲК ва аҳзоби дигар наздиктарем.Пас ҷойи ҲНИ дар ин манзарае, ки барои шумо тасвир кардам, куҷо ҳаст ва бо кӣ бояд эътилоф кунад? Бо аҳзоби мухолиф ё бо ҳизби ҳоким?! Ин аст, ки мо дар васат қарор гирифтаем ва ҳар кадом аз дидгоҳи худ моро танқид мекунад. Як гурӯҳ мегӯянд, ки мо фаъол нестем ва дар бисёре аз ҳолатҳо мавқеъи эҳтиёткориро мегирем ва ҷониби дигар мегӯяд, мо ҳизби оппозитсионӣ ҳастем ва ҳукуматро зиёд мавриди танқид қарор медиҳем, вале мо на дунболи ҳардуи ин ҳастем ва на он. Мавқеъи гирифтаи мо сирф ба хотири манфиатҳои давлат ва миллат аст. Инчунин ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи мардумамон. Дар оянда ҳам ин мавқеъи куллии мо хоҳад буд. Мо ҳеч гоҳ фикри эътилофро рад накардаем, вале то ба ҳол ҳеч кас ҳам ҷиддӣ бо мо дар бораи эътилоф сӯҳбат накардааст.

-Масалан соли гузашта Раҳматилло Зоиров пешниҳод доданд… 

-Чи пешниҳод? Мактуб омад, ки як гурӯҳи ташаббускор барои гузаронидани ҷаласаи корӣ ва ташкили як эътилоф сохта шудааст, шуморо ҳам даъват мекунем. Мо расман мактуб навиштем ва ду нафар намоянда ҳам муайян кардем, ки дар конфронси шумо ба ҳайси нозир ширкат хоҳанд кард. Ҳатто, ҷаласаи таъсисӣ ҳам баргузор нашуд, чун ҷамъ шуда натавонистанд. Чӣ гуна наҳзат вориди як эътилофе мешавад, ки худашро ташкил кардан наметавонад. Эътилоф масъалаи ҷиддӣ аст ва муносибати ҷиддиро металабад. Агар мо бинем, ки тарафи эътилофкунанда ҷиддӣ аст ва мақсади эътилоф ба ҳадафҳои мо мувофиқанд, ба фоидаи миллат ва кишвари мо ҳаст, ҳатман ворид мешавем, сарфи назар аз он, ки ҳизби ҳоким пешниҳод мекунад ё оппозитсион.

Kabiridze_033-Масъалаи дигаре, ки дар байни мардум сару садои зиёде дорад, ин аст, ки мегӯянд, Шумо кадом созиши пушти парда бо мақомот ё давлат доред, ва ба ин далел аст, ки аз гуфтани ҳарфҳои бештар ё ин ки тундтар дар мавзеъ гирифтан дар баробари масоил дар муқобили давлат худдорӣ мекунед? Хусусан дар робита ба он ки Шумо ва ё наздикони Шумо тарҳҳои тиҷориву иқтисодӣ доранд. Ба ин далел гӯё Шумо пеши давлат забонкутоҳ ҳастед, ва боз бо кадом усуле ба истилоҳ шуморо "перед фактом" гузоштаанд, то хатти қирмизе дар амалу гапатон вуҷуд дошта бошад? Оё худи Шумо инро шунидаед? Ин дуруст аст?

-Бале, мо як паймоне бо ҳукумат дорем. Он паймони созишномаи сулҳ аст. Агарчӣ ин гап забонзада шудааст ва ба касе мефорад ё не, як ҷониби сулҳ ҳастем ва ҳамеша талош кардаем, ки ба он уҳдадориҳои худ вафодор бошем, навобаста аз он ки ҷониби дигар чи гуна рафтор мекунад ва чи муносибат ба мо ва паймонҳо дорад. Мо ҳам зиёд мешунавем, ки чаро дар бораи он паймон зиёд мегӯед, тарафи дигар онро алакай фаромуш кардааст. Мо масъули амали худ ҳастем ва миллат худаш баҳо хоҳад дод.

Он ҷое, ки ба манфиатҳои миллӣ-давлатӣ рабт дорад, мо бояд эҳтиёт кунем ва зиёдаравӣ нашавад. Вале дар масъалаи он ки мо тиҷорат дорем ва моро "перед факт" мондаанд, ба хотири моликият, асос надорад. Ҳеч гоҳ рад накардаам, ки пеш аз ворид шудан ба сиёсати калон ба тиҷорат машғул будам. Аз солҳои донишҷӯӣ Худоро шукр, ҳамеша ҳамроҳам пул буд ва ҳеч гоҳ дунболи сармоя ҳам надавидаам. Ба ибораи дигар, сармоя ҳамеша бо мо буд, на мо бо сармоя. Аввалин манзили се ҳуҷрагиямро дар солҳои донишҷӯиям дар замони шуравӣ харида будам. Ва аз солҳои донишҷӯиям  мустаъқилияти молӣ доштам ва шояд ҳамин дар шакл гирифтани ҷаҳонбинӣ ва мавқеъи сиёсӣ таъсир расонида бошад. Охирин маблағе, ки аз қиблагоҳам дарёфт кардам, замоне буд, ки дар техникум мехондам ва 16 сол доштам, ки 27 рубл барои харидани костюм буд. Аз ин ба баъд маблағе нагирифтам, чун ниёз надоштам. Шояд аз аввалинҳое будем, ки дар бозори саҳмияҳои кишвар ворид шудем ва ҳама чиз ошкору шаффоф аст. Дар бораи мол зиёд гуфтан ва намоиш додан хуб нест, вале пинҳон кардан ҳам бад аст. Чун суол кардед ва зиёд ҳам мепурсанд, барои ҳамин мегӯям. Имом Абуҳанифа ҳам сармоядор буданд ва ҳам фақеҳу олим. Манзилашонро ҳам сари роҳ сохтанд, то мардум бубинанд. Мансаби қозигиро ҳам рад карданд, зеро намехостанд, муттаҳами касе бошанд. Барои як сиёсатмадор, ба хусус, агар ӯ роҳбар бошад, мустақилияти молӣ бисёр муҳим аст. То муттаҳами касе набошад ва мустақилияти сиёсиашро ҳам ҳифз намояд. Шояд бисёриҳо порахуру хушомадгӯ мешаванд, ба хотири ҳамин сармоя аст. Агар аз худашон бошад, то ин ҳад паст нахоҳанд фуромад. Гоҳо мешавад, ки сармоя ба ҷои озодӣ ва мустақилият ғуломӣ меорад, агар ҳадафи инсон танҳо ҷамъ кардани сармоя бошад. Барои ҳифзи сармояаш ё ба даст овардани он ба ҳама чиз қодир аст, ҳатто ба ғуломиву хиёнат ҳам. Ақида, андеша ва озодӣ бояд авлавият дошта бошад ва агар инсон бинад, ки моликият боиси ғуломиаш мегардад, бояд аз баҳраш бигзарад ва озодиро интихоб кунад. Билохира, аз ин дунё дасти холӣ меравем ва дар охират боз ҳам ақида наҷотамон хоҳад дод. Пас онро бояд ҳифз кард ва муҳим донист. Боз дӯстон фикр накунанд, ки ба дарди камбизоатон намерасем ва надидаем бепулӣ чист? Бепулиро ҳам дидему пулдориро ҳам. Ва боз Худо медонад, ки оянда чӣ мешавад. Дуруст аст, ки "фақр дари куфр аст" (ҳадис), вале на барои ҳама. Абузар чизе надошт, вале содиқтарин фард дар замони худ буд. Инсон бояд ба ҳама чиз омода бошад. Вале, як нуктаро бояд бигӯям, ки агар ҳадафи касе танҳо сармоя бошад, ҳеч гоҳ узви ҳизби мухолиф намешавад, чи расад ба роҳбариаш. Ҷойи сармояҷамъкунӣ дигар ҷост ва ҳифзаш ҳам осонтар.

-Як масъалаи дигар, ки Шуморо интиқод мекунанд, сафарҳои зиёди хориҷии Шумост. Шояд инро низ шунида бошед, ки чӣ давлат интиқод мекунад ва чӣ мардум ва чӣ ҳамсафони ҳамҳизбатон. Зеро баъзе масоиле мешавад, ки шояд аҳамияти якрӯза дошта бошаду Шуморо намеёбанд ва мегӯянд, ки ана дар ин ҷо чӣ гап асту Кабирӣ дар Шветсария истироҳат дорад. Назари Шумо ба ин чист?

-Ин ҳам як амри табиӣ аст. Ман дар ин бора бисёр мешунавам аз мақомоти давлатӣ, мақомоти парлумон ҳам, аз дӯстону ҳамкорон ва ҳам аз аҳли оила. Шикояти фарзандон аз дигарон камтар нест. Чун дар бораи сафарҳо пурсидед, чанд чизро ошкор мегӯям. То ҳол ягон сафарам аз ҳисоби буҷаи давлат набудааст ва тули 7 соли вакилӣ ҳамагӣ ду маротиба ҳамчун вакил сафар кардам ва он ҳам аз ҳисоби даъваткунанда. Дуруст аст, ки дар муқоиса бо дигар вакилҳо бештар сафар мекунам, вале на аз ҳисоби мардум. Санадҳоро бардоранд то бубнем, кӣ бештар маблағҳоро аз ҳисоби буҷа барои сафарҳо харҷ кардааст? Бубинем, кӣ аз ҳама бештар дар ҷаласаҳои парлумон ширкат накардааст? Аниқ, ки мо нестем. Вале, дар чашм менамояд,  кам ки ҳастем, зуд менамояд ва сониян, ҳассосият ҳам дорад. 

ҲНИТ  ягона  ҳизби расмии динии минтақа аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон даҳҳо ва садҳо конфронсҳои байналмиллалӣ мегузарад, ки таҷрибаи моро мехоҳанд биомӯзанд. Дар бисёр ҳолатҳо мо ҷонишинҳоро мефиристем ё мақомоти дигари ҳизбиро. Вале, гоҳо будани мо шахсан зарур аст ва сатҳ бояд риоят шавад. Инчунин, вақте Донишгоҳи хориҷӣ касеро даъват мекунад, Шумо наметавонед нафари дигарро ба ҷойи худ бифиристед. Лексияи донишгоҳ конфронс нест, ки маърузаатонро каси дигар бихонад. Масъалаи забон ҳам ҳаст. Ин ҳам барои мо зарур аст, зеро ҳам кишвари худро муаррифӣ мекунему ҳам ҳизбро. Инчунин барои як сиёсатмадор ва сиёсатшинос муҳим аст, ки робитаи илмӣ бо донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон ва коршиносони хориҷӣ дошта бошад. Дар баробари ин, сафарҳои варзишӣ ҳастанд. Вале, саволи асосӣ он аст, ки ин ҳама ба сифати кор чӣ таъсир мерасонад?  Солҳои пеш шояд таъсир мерасонд, вале ҳоло бо ин ҳама пешрафти технология чӣ гуна таъсир мерасонад? Ҳар дақиқа метавон тавассути интернет ва телефон бо кор ва манзил дар тамос буд. Барои шумо, рӯзноманигорон як каме дастнорас мешавад кас, вале ин ҳам мушкил нест ва тамоси доимӣ барқарор аст. Аз фурудгоҳ, меҳмонхона ва ҳатто, дар ҳавопаймо ҳам имрӯзҳо интернет васл кардаанд. Тариқи видеоконфрос ҷаласаҳо ва суханрониҳоро метавон анҷом дод. Мо ҳоло аз ин василаҳо дар ҳизб истифода мебарем ва мушкиле нест. Аз тарафи дигар, агар дар солҳои охир мақолае, суханроние навишта бошам, он ҳам бо шарофати ҳамин сафарҳост. Аксарашро дар ҳавопаймо ё фурудгоҳҳо менависам, чун вақт бештар аст. Дар асри 21 дигар айб аст, як нафарро бигӯянд, ки дар кабинетат 8 соат бинишин ва ҳафтае 6 рӯз сари кор бош. Муҳим ҳаҷми кор ва сифати иҷрои он аст.

-Ахиран, дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" матлабе нашр шуд ва Ҳизби ҷавонон, ки мехоҳад, сабти ном шавад, ба унвони ячейкаи ҲНИТ муаррифӣ шуд ва гуфта шуд, ки раиси ин гуруҳи ташаббускор Иззат Амон, сояи шумо аст. Оё дар воқеъ Иззат Амон сояи Шумо аст?

-Матлабро шарҳ додан намехоҳам, чун кирои шарҳ намекунад. Вале, як чиз ҷолиб буд; яке аз камбудиҳои Иззат Амон, ки он ҷо нишон додаанд, "одами наздики" мо будан аст. Ин ишора аст ба дигарон, агар мехоҳед одами хуб бошед, бо инҳо наздик набошед, салому алейк накунед. Ин шухӣ нест, воқеият аст. Соли гузашта, ба ҷамоати Роҳатӣ ба тӯйи хоҳари ҳамсарам даъват шудем ва пас аз тӯй соҳибхонаро ба чанд идора даъват карда, талаб карданд, ки баёнот нависад,  ки чаро моро даъват кардааст. Ба мо хабар дод, ки чи кор кунам, гуфтам, ки айби худат, агар зуд-зуд даъват мекардӣ, онҳо ҳам мефаҳмиданд, ки мо хешу табор ҳастем. Баъзе талхиҳоро бояд бо шухӣ рафъ кард, вагарна зиндагӣ душвор мешавад.

Ӯро солҳо боз мешиносам ва дар аксари сафарҳои Русия моро кумак кардааст ва хеле миннатдор ҳам ҳастам. Ҳеч гоҳ узви ҳизби мо набуд, мутаассифона. Чӣ расад ба намояндагии мо. Ба худаш ҳам гуфтам, агар аз мо маслиҳат мепурсид, ҳоло фурсати муносиб барои сабти ҳизби нав набуд. ҲНИТ ба ташкили ягон ҳизби нав ниёз надорад, дигарон аз ташкили чунин аҳызоби "параллел" чӣ фоида карданд, ки мо ба он даст бизанем? 

-Ташаккур

Сӯҳбати Раҳматкарими Давлат, Муҳаммадвафо Ризозода ва Аъзамшоҳи Ширговадӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97