Абдулатифи Пидром: "Амрико қасд дорад Афғонистон ва Осиёи Миёнаро пора кунад!"

Мусоҳиба 22.02.2012 08:47

Pidrom_UkoooРаҳматкарими Давлат: Меҳмони ҳафтаномаи "Миллат" устод Абдулатифи Пидром, шоир, донишманд ва сиёсатмадори Афғонистон ҳастанд. Устод Пидром феълан вакили маҷлиси намояндагони Афғонистон ва раиси ҳизби Кунгураи миллӣ мебошанд. Ва ҳар навбате, ки ба Тоҷикистон меоянд, бо мо дидор мебинанд ва ҳар навбат дидори онҳо бо мо, бо рӯшанфикрони Тоҷикистон, ҷомеаи маданӣ, расонаҳои Тоҷикистон як такону як ҷони тоза барои рӯҳи бедор ва бедории миллӣ дар Тоҷикистон мебахшад ва ин навбат бо хушбахтии бузург, устод меҳмони мову шумо ҳастанд ва имкон дорем, чанд суолеро аз онҳо бикунем.

Абдулатифи Пидром: Ташаккури зиёд ва арзи салому адаб барои Шумо ва хонандагони нашрияи "Миллат" ва ба ҳамин тартиб салому адаб барои ҳамаи ҷомеаи рӯшанфикр ва мадании Тоҷикистон, занон, ҷавонон ва ҳама мардуми бародари Тоҷикистон, хоҳарону бародарон. Хушҳолам, ки дар хидмати Шумо ҳастам.

Муҳаммадвафо Ризозода: Устод, имрӯз дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ ин мавзӯи гуфтугӯ бо Толибон дар Қатар ва кушоиши дафтари онҳо қарор дорад. Далели мухолифатҳои Покистон ба ин гуфтугӯҳо дар Қатар чист ва чаро Амрикое, ки даҳ сол дар рӯёрӯӣ бо Толибон қарор дошт, имрӯз "дӯст"-и Толибон шудааст?

Абдулатифи Пидром: Бале, суоли бисёр бисёр муҳиме аст, ҳам ба лиҳози худи ин ҷараёни Толибону музокирот ва ҳам мавқеъе, ки музокирот шурӯъ шуд, ҳам ба лиҳози замонӣ муҳим аст ва ҳам ба лиҳози худи масъала, ки масъалаи муҳиме аст. Мухтасар арз бикунам, ки баҳси музокира усулан дар сиёсат як кори дурусте ҳаст, шаке нест, баъзе мавқеъ лозим ҳаст дар айни ҷанг музокира вуҷуд дошта бошад. Ва ба лиҳози ахлоқӣ агар бишавад, барои як мунозиъаи миллӣ ва чӣ як мунозиъаи калони минтақавӣ ва байнулмилалӣ роҳи ҳалле ба тариқи гуфтугӯ пайдо кард хуб, беҳтар аст аз роҳи ҳалли низомӣ. Чун зоеъоташ камтар аст ба лиҳози инсонӣ ва талафоташ камтар аст. Аз лиҳози усули сиёсат ҳам кори дурусте ҳаст. Аммо ба таври хос масъалаи музокирот бо Толибон дар Қатар, чаро ин музокирот дар ин замон шурӯъ шуд ва чаро бархе мухолиф ҳастанд? Аввал ҳукумати Афғонистон ҳам бо боз шудани дафтари Толибон дар Қатар мухолифат кард ва баъд дубора мувофиқат намуд. Покистон мавзешон чӣ ҳаст ва мавзеи ҷомеаи байнулмилалӣ чи ҳаст? Ба ҳар ҳол ибтикори музокирот дар ихтиёри амрикоиҳо ҳаст ва тарҳи музокироти Қатар тарҳи амрикоиҳо ҳаст. Онҳо пешниҳод карданд, ки бо Толибон гуфтугӯ мекунанд ва агар ёди шумо бошад, қабл аз ин, ки дафтари Толибон дар Қатар боз бишавад, Ҷое Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико сафаре ба Ховари Миёна, ба Афғонистон ва Покистон дошт ва онҷо эълон кард, ки мо бо Толибон ҷанг надорем ва Толибон душмани мо нестанд, дӯсти мо ҳастанд. Мешавад мо бо Толибон гуфтугӯ бикунем, мо мушкил бо Ал-Қоида дорем. Яъне як тафовуте байни Толибон ва Ал-Қоида қоил шуданд, барои он ки роҳро барои музокироти Қатар боз бикунанд. Баъд дар фосилаи на чандон дур, баҳси музокироти Қатар матраҳ шуд, ки дар Қатар дафтаре боз бишавад ва амрикоиҳо бо Толибон музокира бикунанд.

Давлати Афғонистон ба ин далел мухолифат кард, ки музокира бо Толибон як масъалаи дохилии Афғонистон аст ва бояд ҳукумат ва давлати Афғонистон бар ин музокирот сарпарастӣ дошта бошад, ё ҳадди ақал як ниҳоди дигаре бо номи СММ. Ҳамин тавр назари бархе аз аҳзоби сиёсӣ ҳам ҳамин буд, ки бояд ниҳодҳои байнулмилалӣ назорат бикунанд. Аз ин бобат ин назар, ки бояд ба музокирот мардум ва ҳукумати Афғонистон ишроф (сарпарастӣ) дошта бошанд, ҳарфи дурусте ҳаст. Он мавқеъ назари мо Кунгураи миллӣ дар парлумон ин буд, ки усулан бояд бар музокирот парлумон назорат дошта бошад ва масоили калони ҷангу сулҳ ва созмонҳои мувозие, ки баъдан эҷод шуданд, бо номи шӯроҳои сулҳ ва ҳар навъ дафтари дигаре, салоҳият надорад, ки барои музокироти сулҳи Афғонистон расидагӣ бикунад. Вале хуб медонед, ки ҳеҷ кадомаш дар ихтиёри мардуми Афғонистон нест ва қудратҳое, ки ҳоло ҳузур доранд, тасмим мегиранд ва музокира мекунанд, ҷанг мекунанд ва сулҳ мекунанд. Покистониҳо хаёл мекарданд, ки бо интиқоли дафтари Толибон ба Қатар, бахше аз ҷараёни Толибон аз раҳбарии покистониҳо берун мешавад. Вале инро ҳам бояд бисёр диққат кард, ки ин ба ҳамин соддагӣ нест, ки покистониҳо мухолифат мекунанд. Аз як тараф мумкин аст покистониҳо аз ин ҷиҳат нигарон бошанд, ки музокираи мустақим бо Толибон, контроли ин кишварро бар Толибон кам мекунад. Аммо Толибон ҳамчунон, ки шумо гуфтед, ҷараёни якдаст(ягона) нестанд, баъзеашон зиёд тобеи Покистониҳо ҳам нестанд ва тобеи амрикоиҳо ҳам нестанд. Ва онҳо мавзеи дигаре ҳам ҳоҳанд гирифт. Ва ҳатто ин имкон ҳаст, ки бар сари ҳамин музокирот ҷараёнҳои гуногуне дар байни Толибон эҷод бишавад. Аз сӯи дигар бояд дар ёд дошта бошем, ки Покистон зери фишори ҷомеаи байнулмилалӣ буд, ки паноҳгоҳи Толибон, нируҳои низомии Толибон ҳаст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавқеияте фишорҳоро ворид мекарданд, ки Толибонро ба унвони душман талаққӣ мекарданд- ин нируе, ки бо онҳо мебоист ҷанг сурат мегирифт. Ҳоло ки худи амрикоиҳо ва дар воқеъ ҷомеаи байнулмилалӣ омада дафтар боз карда ва бо Толибон музокира мекунад, аз тарафи дигар як имтиёз барои Покистон ҳаст. Ба чӣ маънӣ як имтиёз ҳаст? Ба ин маънӣ имтиёз ҳаст, ки покистониҳо дигар дар зери фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ нестанд. Хуб, онҳо мегӯянд, ки мо онҳоро ҷой дода будем ва инҳо одамони хуб ҳастанд, агар хуб нестанд, пас чаро шумо музокира мекунед, маркази музокирот ҳоло шумо ҳастед. Масъулият ҳоло аз гардани покистониҳо рафъ шудааст. Як нуқтаи дигарро бояд мадди назар гирифт. Дар айни ҳол мо дар остони интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико қарор дорем. Инҳо дар айни ҳол як миқдор талошҳои таблиғотӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳам ҳаст. Инро ҳам набояд нодида гирифт. Дар маҷмӯъ он чӣ дар Қатар иттифоқ меафтад, феълан як баҳси бисёр калон ҳаст. Ва тарафи дигар ҳам ин ҳаст, ки мумкин аст, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ таҳаррукоти бештаре дар сатҳи минтақа анҷом бидиҳанд, ба хусус вазъи эъмоли фишор ба Покистон, ба Эрон ва бахше кишварҳои минтақа то як чароғи сабзе бошад дубора барои мардуми Амрико, ки гӯё мо дорем таҳаввулоти калонтареро дар ин минтақа ба поён мерасонем. Мисли контроли хати Эрон, ки хуб, ғарбиҳо ва хусусан амрикоиҳо зиёд таблиғ карданд ва афкори оммаро зиёд тағйир доданд. Бинобар ин як маҷмӯае ҳаст, ки бояд дид, вале ин ки музокирот чи натиҷа хоҳад дод, ҳанӯз бисёр зуд аст ва бояд мунтазири фурсатҳои бештаре буд, то музокирот рӯшан бишавад.

Раҳматкарими Давлат: Ин ки амрикоиҳо чаро ба якборагӣ, албатта на ба якборагӣ дӯсти Толибон шуданд? Инҳо мехоҳанд аз Толибон барои расидан ба умқи стратегӣ дар Осиёи Марказӣ истифода кунанд ва қасд доранд баъд аз рафтани худашон дубора қудрати сиёсиро дар Афғонистон дар ихтиёри Толибон қарор бидиҳанд?

Абдулатифи Пидром: Як нуқтаро бояд бисёр рӯшан бидонем, ки сарфи назар аз ин ки ки худи Толибон чӣ қадар бо амрикоиҳо мувофиқ ҳастанд ё нестанд, ё чӣ қадар бо амрикоиҳо робита доранд ва ё надоранд, вале амрикоиҳо ва англисҳо ҳеч гоҳ пружа надоштанд, ки Толибонро дар манотиқи Афғонистон ба таври қатъӣ поксозӣ бикунанд. Як навъ эъмоли ҳам фишор ва ҳам гуфтугӯ буд ва ҳамеша ин будааст. Ин нест, ки тоза шурӯъ шуда бошад. Дар гузашта як каме ҷиддитар буд ин бархӯрдҳо, чун баҳси Бин Лодину Толибону инҳо буд. Вале ёдатон бошад, соли гузашта ва соли қаблаш ҳам баҳс буд, ки чархболҳое дар парвозҳои шабона дар ҷойҳое нируҳои Толибонро дар шимоли Афғонистон икмол мекарданд. Худи оқои Карзай ба ин масъала ишора карданд ва ба ҳамин тартиб дар ҷануб. Яъне ин робита ҳамеша вуҷуд доштааст. Мунтаҳо баъзе мавоқеъ бино ба зарурат ташдид ва ошкор мешуд ва баъзе мавоқеъ пинҳон будааст. Ва ҳоло чун сиёсатҳои калони минтақаӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст, инҳо ин қазияро рӯшан карданд. Бинобар ҳамин рӯи ҳам рафта Толибон дар мувофиқат чи бо Аврупо ва чи Амрико, як нируи бисёр калони рамзӣ дар ин ҳавзаи Осиё ҳастанд, тақрибан нируе бо 30-35 ҳазор ҷангҷӯи вориди майдон ба қавли Аҳмад Рашид ва агар дар маҷмуъ пуштибонҳояшонро бигирем, нируи қобили мулоҳиза ҳастанд. Тарҳи амрикоиҳо тарҳи эҷоди як силсила тағйирот дар дохили минтақа ҳаст ва фикр мекунам, ки Толибон нируе ҳастанд, ки метавонанд дар эҷоди ин тағйирот дар ҷиҳати стартегияҳои калони Амрико ва стратегияи калони англисҳо дар худи минтақа нақши қобили мулоҳиза дошта бошанд. Бинобар ин, ба назари ман ин пружа, ки Толибон бояд дар ин минтақа тақвият шаванд, ба унвони як ҷараёни қудратманди ҳам ба лиҳози эътиқодӣ ва ҳам ба лиҳози низомӣ ва таҷоруби ҷангии тақрибан 10 солае, ки инҳо доранд бо нируҳои хориҷӣ, инҳо метавонанд мушкилоти зиёдеро барои кишварҳое эҷод бикунанд, ки агар Амрико рӯзе мехоҳад бо онҳо даргир бошад, минҷумла бо Эрон. Бо он ки Эрон саъй доштааст, ки бо Толибон зиёд даргир набошад. Бо ин вазъ Толибон метавонанд барои таҳаввулоти ин минтақа як омили муҳим бошанд. Ба ин ҷиҳат, амрикоиҳо фикр мекунам, пружаашон рӯи ҳамин аст.

Раҳматкарими Давлат: Оё кишварҳои ин тарафи Ому;Тоҷикистону Узбакистон бояд дар ин марҳила чӣ кор бикунанд?

Абдулатифи Пидром: Феълан нигоҳ кунед, амрикоиҳо дафъатан нуки ҳамларо болои Тоҷикистон Узбакистон намегузоранд. Вале феълан бештар нуқтаи ҳамла рӯи Покистон ва ба хусус рӯи Эрон ҳаст. Агар амрикоиҳо муваффақ бишаванд дар ин ҳавзаи Балуҷистон байни Эрону Афғонистону Покистон, ки як ҳавзаи бузурги иқтисодӣ ҳаст, хусусан аз бандари Гуодар ки наздик ба Карочӣ ҳаст, тағйирот эҷод бикунанд, шумо бихоҳед нахоҳед, ин кишварҳо мутаассир хоҳанд шуд. Яъне инҳо ҳам вориди як ҷанги калони минтақаӣ мешаванд. Барои ин ки агар баъзе бихоҳанд таҷзия бикунанд, масалан қисматҳое аз Балуҷистонро аз Эрону Покистону Афғонистон, дар он ҳолат як минтақаи калон дар ихтиёри Толибон дар ҷануби Афғонистон қарор бигирад, дар он сурат кишварҳои Осиёи Миёна ҳам дар амон нахоҳанд буд, барои ин, ки ин ҷанг як даргирии калони минтақаӣ хоҳад шуд.

Муҳаммадвафо Ризозода: Пас ин ҳушдорҳое, ки гаҳ-гоҳе мешунавем, ки Толибон дар пушти дарвозаҳои Осиёи Миёна қарор доранд, ҷиддӣ мебошанд?

Абдулатифи Пидром: Мусалламан. Ин ҷиддӣ аст. Мунтаҳо кишварҳои Осиёи Миёнаро ин масъалаи бисёр ҷиддӣ аз ёдашон меравад. Мо борҳо гуфтаем, ки бояд як ҳамгироии минтақавӣ байни кишварҳои минтақа дар Осиё ба вуҷуд биояд, ки ҷилави мудохилаи амрикоиҳо гирифта мешуд. Вале мутаассифона бозиҳои инфиродие, ки кишварҳои инҷо як-як бо амрикоиҳо мекунанд ва сиёсати амрикоиҳоро хуб намешиносанд, тавоноии ин кишварҳоро барои дифоъ аз ҳавзаи тамаддуни осиёӣ ва худи ин минтақа нотавон мекунад. Дар воқеъ ин тавоноиро тазъиф мекунад. Барои ин, ки аврупоиҳо так-так бозӣ намекунанд. Аврупоиҳо чизе бо номи Иттиҳодияи Аврупо доранд, дар сиёсатҳои калон онҷо тасмим мегиранд. Онҳо тафовутҳои тактикӣ бо ҳам доранд, аммо дар стратегияи калон сиёсати онҳо воҳид аст. Кишварҳои минтақа ба танҳоӣ бо Амрико муомила мекунанд. Ва дар муомилаи танҳо -танҳои онҳо бо Амрико, онҳо на тавони фаҳми сиёсати Амрикоро доранд ва на донишашон дар ҳадест, ки донанд амрикоиҳо чи кор мекунанд. Ба ҳамин далел, дар бозиҳои калон касе баранда аст, ки қудрати бештар, дониши бештар, иттилооти бештар, технологияи бештар, пули бештар дар ихтиёр дорад. Мо замоне метавонем ин заъфро ҷуброн бикунем, ки як иттиҳоди калони минтақаӣ дошта бошем. Ва ин иттиҳоди калони минтақаӣ метавонад ҷилави мудохилаи амрикоиҳоро дар ин ҳавза бигирад. Ва мутаассифона ин иттиҳодия ҳанӯз эҷод нашудааст.

Муҳаммадвафо Ризозода: Созмонҳое чун Созмони Ҳамкориҳои Шанхай чи нақшеро дар ин росто метавонад иҷро намояд?

Абдулатифи Пидром: Cозмони Ҳамкориҳои Шанхай муҳим аст, агар битавонад тавоноиҳои Эронро бештар дар ин замина ҷалб бикунад, ҳатто агар битавонад Покистонро қонеъ бисозад, ин муҳим аст. Ва фаротар аз ин, фаҳми ин масоил , ки худи кишварҳо бидонанд. Мушкили кишварҳои минтақа ин аст, ки робитаи хусусӣ-хусусӣ бо амрикоиҳо доранд. Дар айни ҳол як иттиҳодия ҳам доранд. Дар натиҷа дар сиёсатҳои калон наметавонанд мавзеъгирӣ бикунанд. Ин мушкили бисёр ҷиддӣ аст. Яъне дар мубориза бо таҳоҷуми амрикоиҳо дар минтақа як усул надоранд. Чизе ки мо дунболаш ҳастем ва он усул бояд корҳоеро, ки рӯ ба рӯ ҳаст, танзим бикунад.

Муҳаммадвафо Ризозода: Муҳтарам оқои Пидром, шумо яке аз мубтакирони идеяи низоми федеролӣ дар Афғонистон ҳастед. Чаро Афғонистон федерол бошад?! Ва федеролизми матраҳкардаи шумо аз федеролизми пешниҳодии сенаторҳои амрикоӣ чӣ тафовут дорад?

Абдулатифи Пидром: Мо тарҳи федеролизмро дар Афғонистон ба чанд далел матраҳ кардем. Яке ин, ки воқеан аз таҷзияи Афғонистон ба унвони кишварамон ҷилавгирӣ бикунем.Чизе ки ман шахсан борҳо ва борҳо ба ин масъала таъкид доштам, ки федерализм бо таваҷҷуҳ ба кулли вазъияте, ки мо дар ин минтақа ба он рӯ ба рӯ ҳастем, метавонад Афғонистонро аз таҷзия наҷот бидиҳад. Ин як масъулияти миллӣ ва ватанӣ барои ман ба унвони касе аз ин сарзамин аст. Дуввум, мушкилоте байни ақвоми Афғонистон вуҷуд дорад, ки мо бо эҷоди як системаи федерол ва дар воқеъ тавзеъи одилонаи қудрат дар чаҳорчӯби Қонуни асосии федерол метавонем ихтилофотро кам бикунем. Табиатан вақте адолат эҷод бишавад, ва адолат худаш монеи ҷанг мешавад. Ҳар ҷое, ки адолат вуҷуд надошта бошад, ҷанг вуҷуд дорад. Ин табиӣ аст ва хеле ҳарфи муҳим ҳам аст. Бинобар ҳамин дар адёни осмонӣ ва ҳама мактабҳои фалсафӣ ва сиёсӣ таъкид мешавад, барои ин аст ки асли адолат муҳим аст, адолат таъйинкунанда аст. Ҷое, ки адолат бошад, мардум қонеъ бошанд, онҷо ситамгарӣ вуҷуд надорад. Масъалаи дигар, масъалаи демократӣ будани ҳаёти шаҳрвандӣ аст, ки як шаҳрванд дар дохили як кишвар оё воқеан метавонад вазифаи шаҳрвандии худро анҷом бидиҳад ё на? Вазифаи шаҳрвандӣ танҳо як шиор нест. Механизм кор дорад, асбоб кор дорад, заминаи амалӣ кор дорад, то битавонад бигӯяд, ки ман шаҳрванд ҳастам. Ва шаҳрванд ҳуқуқи баробар дорад. Ҳуқуқи баробар ва мусовӣ чӣ гуна татбиқ мешавад? Намешавад шумо панҷ сол, ҳафт сол бояд як бор интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дошта бошед, ҳафт сол як одам биояд ба шумо раъй бидиҳад, бақия шумо ҳар коре мехоҳед дар ин ҳафт сол анҷом бидиҳед ва касе ҳақ надорад аз шумо суол ҳам бикунад. Ин на ҳаққи шаҳрвандист ва на ҳаққи демократӣ. Мо мегӯем, ки як шаҳрванд бояд битавонад рӯзона аз масъулини давлат суол бикунад. Рӯзона битавонад тасмим бигирад, ки агар масъулони давлат хиёнат бикунанд, барканораш кунад. Ин чиз дар сохтори як ҷомеаи федерол имконнопазир аст. Бинобар ин, ба назари мо, на танҳо ба назари мо, балки ба лиҳози илмӣ, ба лиҳози илми ҷомеашиносӣ федеролизм як низоми модерн, як низоми бисёр пешрафтае ҳаст ба лиҳози демократӣ. Дар ин ҷо мо ба ин масъала мусир(пойфишори доштем) будем. Аммо мумкин аст ман ҷойҳое гуфта бошам, вале дар ёдам нест, ки бо шумо гуфта бошам ё не, вале бо хеле аз нашрияҳо гуфтаем. Дар ин авохир амрикоиҳо ҳам омаданд ва ин баҳсро тайи як-ду моҳи пасин ҷиддӣ гирифтанд, ҳарчанд як-ду сол пеш ин баҳсро дар Сенати Амрико матраҳ карда буданд, вале набуд ба ин ҷиддият, ки ҳоло матраҳ карданд. Нигаронии мо ин буд, ки мо намедонистем, вақте амрикоиҳои мегӯянд, ки як низоми федерол дар Афғонистон ба вуҷуд биояд, чиро дар назар доранд. Чаро онҳо мехоҳанд як низоми федерол дар Афғонистон ба вуҷуд биояд? Мо вақте, ки мегӯем, мефаҳмем, ки чаро бояд низоми федерализм дар Афғонистон ба вуҷуд биояд. Асли адолат ҳаст, баробарӣ ҳаст, масоили ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳалли масоили ақвом ва ин ки кишвари мо таҷзия нашавад. Бинобар ҳамин вақте, ки журналистон дар Кобул аз мо суол мекарданд, ки оё шумо тарҳи амрикоиҳоро барои федерализм қабул доред ё на, ман мегуфтам, бояд мунтазир буд то бубинем амрикоиҳо чӣ тарҳе ироа мекунанд. Тафовути федерализми мо аз федерализми амрикоиҳо то куҷост? Барои ҳамин вақте, ки конфронси Берлин матраҳ шуд, мо бо як қатор мақомоти сиёсии Афғонистон дар сафари Дубай будем. Бо мо тамос гирифтанд, ки мо шуморо даъват мекунем, биёед, дар конфронс ширкат кунед. Онҷо ман худам даъват шуда будам. Вале мо напазируфтем, ки сафар бикунем. Ман шахсан ин сафарро рад кардам, устод Ато ин сафарро рад кард ва шумори зиёде, аз ҷумла дуктур Абдулло ва хелеҳо дар ин сафар нарафтанд. Ман намедонам далели нарафтани онҳо чӣ аст, вале далели нарафтани худи ман ин буд, ки мо дар ин солҳои тӯлонӣ мунтақиди ҷиддии амрикоиҳо будем, ба хусус аз лиҳози сиёсӣ ва намешуд, ман дар маҷлисе ширкат бикунам, ки онҳо маро даъват карданд ва намешуд ман аз онҷо биоям ва дубора баҳси федерализмро матраҳ бикунам. Хуб, мардуми Афғонистон мегуфтанд, ки ту рафтӣ аз амрикоиҳо дастур гирифтӣ, инҷо омади федеролизм мегӯӣ. Дар ҳоле ки мо даҳ соли пеш ин баҳсро матраҳ карда будем. Намехостем обрӯямонро бирезонем. Яъне биравем худамонро муштабеҳ бикунем. Як баҳсеро ки худи мо дорем, баъд бигӯянд, ки амрикоиҳо дастур доданд. Ҳоло мумкин аст, ки қонеъ бикунем, ки амрикоиҳо нагуфта буданд, ба ин ҷиҳат ман ширкат накардам ва фикр мекунам устод Ато ба ҳамин далел, ки зиёдтар пои хориҷиҳо буд дар ин баҳси федеролизм, ширкат накарданд. Ҳадси ман ҳамин аст, албатта ман бо устод дар ин робита ҳеч сӯҳбате надоштам, ки чаро шумо нарафтед, танҳо хабар шудам, ки онҳо низ нарафтаанд.

Ҳоло масъалаи амрикоиҳо. Ман фикр мекунам, бо он ки нусхаашонро бисёр рӯшан накарданд, вале иттилооте, ки ман дорам, ин аст инҳо аз баҳси федеролизм, аз ин шиор мехоҳанд, ки барои мақосиди дигаре истифода бикунанд. Баҳси онҳо ва таъкиди онҳо барои он ки дар Афғонистон як федеролизм шавад, дар воқеъ баҳси эҷоди як режими федеролизм дар Эрон аст. Амрикоиҳо тасмим доранд ки бо тарҳи ин масъала, Балуҷистонро аз Эрон таҷзия кунанд, Балуҷистонро аз Покистон таҷзия кунанд ва қисматҳое аз Балуҷистони Афғонистонро таҷзия кунанд. Дар воқеъ онҷо як давлати балуҷӣ эҷод бикунанд.Чаро мехоҳанд эҷод бикунанд? Шумо дар ҷараён ҳастед, ки тайи соли гузашта нируҳои амрикоиро аз пойгоҳи Шамсӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон ихроҷ карданд. Ва бандари Гуводар, ки як бандари бисёр муҳим аст, ба Карочӣ наздик буда ва дар айни ҳол ҷузъе аз манотиқи нафтхези ин минтақа аст. Ва ҷанги балуҷҳо ҳам сари ҳамин масъала ҳаст, ки ин минтақа минтақаи хеле суръатманде ҳаст ба лиҳози иқтисодӣ, аммо ҳукумати Покистон ҳаққи ин мардумро адо намекунад ва адолатро риоят намекунад ва бештар аз манофеи онҷоро синдиҳо ва панҷобиҳо мебаранд. Баъд аз ин, ки амрикоиҳо доранд аз ин минтақа хориҷ мешаванд, дар онҷо табиатан Ҷумҳурии мардумии Чин нуфузи зиёд дорад. Барои он, ки чиниҳо аз замони паймони Синто ба баъд, аз замони даргириҳо бо шӯравӣ, он замон ҳизби кумминисти шӯравӣ ва Чин бар сари масоили идеулужӣ ва ғайри идеулужӣ вуҷуд дошт, чиниҳо як робитаи бисёр наздик бо покистониҳо эҷод карданд. Дар солҳои ҷанги сард ин робита бисёр наздик шуд. Ва феълан беш аз 60 ҳазор мутахассиси варзидаи чинӣ дар Покистон кор мекунад. Ва бештари марокизи саноатӣ ва ниругоҳҳои барқӣ дар ихтиёри чиниҳост. Ва табиатан Чин ва Покистон як дӯстии бисёр тӯлонӣ ва баландмуддат доранд, ки ба нафъи ҳар ду кишвар аст. Ва Чин дар мақотеъи бисёр сахт ҳамеша аз Покистон ҳимоят кардааст, ҳамчунон ки дар бӯҳрони ахир чиниҳо дар воқеъ аз покистониҳо ҳимоят карданд. Ба назари ман, ин дӯстии байни Чин ва Покистон ба нафъи субот дар минтақа аст, ба зарари мо нест, на ба зарари Тоҷикистон аст ва на ба зарари Афғонистон аст ва на ба зарари ҳеч касе. Хуб аст, ки субот вуҷуд дошта бошад. Барои ин кишварҳои бузург ҳастанд ва дӯстӣ дар миёни онҳо метавонад суботро дар минтақа таъмин бикунад. Пружаи амрикоиҳо ин аст, ки бо эҷоди як минтақаи балуҷнишин, моҷарои Региҳо ҳам шуд (Абдулмолики Регӣ, раҳбари Ҷундуллоҳи Эрон) ва онҳо бо амрикоиҳо ва англисҳо мустақиман робита доштанд. Инҷо мехоҳанд ба унвони як давлати мустақил, як минтақаи балуҷнишин эҷод бикунанд, ки дар айни ҳол чиниҳоро аз ин минтақа берун бикунанд, аз бандари Гуводар, роҳро ҳам барои чиниҳо бибанданд ва дар айни ҳол шурӯъ бикунанд ба як таҷзияи саросарии калон дар Эрон. Барои он, ки ба муҷарради ин ки минтақа таҷзия шавад, ба минтақаи балуҷнишин ва як қисматҳое аз манотиқи паштунишини Афғонистон ба унвони минтақаҳое, ки мо онҳоро "ҷомеаҳои бидуни ҳукумат" меномем. Яъне шумо як қаламрави бисёр бузурге доред, ки садҳо ҳазор одам, ё миллионҳо нафар зиндагӣ мекунад, вале давлат надорад. Агар як чунин вазъияте эҷод бишавад, ки 20 миллион, ё 30 миллион паштун дар минтақа дар чунин вазъияте қарор бигирад, сохторҳои бидуни давлат, ин дигар ба сӯи федерализм намеравад, ин ба сӯи як бӯҳрони бузурги минтақаӣ меравад. Инҷост, ки мо нигаронӣ ин ҳастем, ки мардуми Афғонистон федерализме, ки ҳизби Кунгураи миллӣ матраҳ мекунад ва федерализме, ки амрикоиҳо матраҳ мекунанд, инштибоҳ накунанд. Ва мо ниёз ба як кори ҷиддӣ дорем, ки ду то масъаларо тавзеҳ бидиҳем, ки федеролизми мо дар чаҳорчӯби Афғонистон, бидуни таҷзияи кишвар ё таҷзияталабӣ дар ҳавзаи Эрону Покистон аст. Баҳси федеролизми амрикоиҳо баҳси таҷзияталабӣ дар ҳавзаи Эрону Покистон аст. Ва табиатан вақте инҷо чунин вазъияте эҷод мешавад, баҳси Курдистон ҳам матраҳ аст. Ва шумо ҳудуди 20 рӯз пеш мусоҳибаи Толибонӣ, раиси ҷумҳури Ироқро ҳатман дидед, ки гуфт, агар Ироқ як кишвари федерол нашавад, ҳаққи мо ба таври дуруст дар онҷо таъмин нашавад, мо эъломи истиқлол хоҳем кард. Боз онҷо мебинед, ки Эрон, Ироқ, Туркия ва Сурия зери фишори Амрико қарор мегиранд. Чун агар Курдистон бихоҳад ба унвони як кишвари мустақил эъломи истиқлол бикунад, ҳеч роҳе надорад ҷуз ин, ки бо амрикоиҳо такя бикунад. Бо он, ки ман ҳамеша ҷунбиши мардуми курдро барояш эҳтиром гузоштаам, воқеан заҳматҳои зиёде кашидаанд ва ҳаққашон ҳаст, ки истиқлол дошта бошанд, ё дар чаҳорчӯби як режими демократӣ зиндагӣ бикунанд. Бо ҳама эҳтиром ба мардуми курд ва муборизони курд, вақте Курдистон ба унвони як кишвари мустақил эҷод бишавад, Сурия , Туркия, Ироқ ва Эрон мухолифат мекунанд. Танҳо ҷое мемонад, ки бояд такя бикунад, ин Амрикост ва билиҷбор бояд инҷоро барбигузинанд. Ба хусус минтақаи Каркук, ки як минтақаи нафтхез ҳам аст. Бинобар ҳамин як ҳавзаи калони минтақа гирифтори танишҳои калон мешавад. Ба хусус бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири Ховари Миёна, ки феълан Ихвон -ул - муслимин дар Миср раҳбарии парлумонро гирифт, ин таҳаввулот метавонад, ин хатаротеро, ки феълан дар Ховари Миёна, Амрико бо он рӯбарӯ аст, дар воқеъ дар дарозмуддат фикр мекунад, шояд эҷоди як давлати курд, эҷоди як давлати балуҷ, дубора метавонад зоеотеро, ки барои Исроил дар ин минтақа эҷод шудааст, ҷуброн бикунад. Бинобар ҳамин қазия печида ва фавқи печидаст, ҳамаи таҳаввулоти минтақаро бояд мутолиа кард. Бинобар ҳамин амрикоиҳо зери унвони ин баҳс, дунболи як таҷзияталабии калон ҳастанд. Вале мо дунболи як адолат ва ҷилавгирӣ аз таҷзия дар ин минтақа ҳастем. Агар ин фикрро бихоҳам хулоса бикунам, мо мегӯем, ки Кунгураи миллӣ тарафдори федеролизм аст, барои ин ки Афғонистон ва ин минтақа таҷзия нашавад, амрикоиҳо федерализм матраҳ мекунанд, барои он ки Афғонистон ва ин минтақа таҷзия шавад. Бинобар ҳамин ду то таърифи билкул мутафовит ҳаст ва умедворам, ки мардуми Афғонистон ба дурустӣ ниятҳои моро дарк бикунанд.

Муҳаммадвафо Ризозода: Пас дар ин ҳолат шумо низоми парлумониро бар низоми раёсатӣ тарҷеҳ медиҳед?

Абдулатифи Пидром: Ба лиҳози сохтшиносии ниҳодҳои давлат ва лиҳози илмӣ, низоми парлумонӣ ба лиҳози тавзеи қудрат табиатан боз демократитар аст. Дар як ҷумҳурии федерол метавонад низомӣ парлумонӣ ҳам ҳоким бошад ва низоми раёсатӣ ҳам ҳоким бошад. Бинобар ҳамин мо федералҳое дорем, ки низомаш раёсатӣ ҳаст, мисли худи Амрико ва федеролҳое ҳаст, ки низомаш парлумонӣ ҳаст, мисли Ҳинд, Покистон. Фарқе намекунад, ин зиёд муҳим нест, албатта боз бо тарҷеҳияти низоми парлумонӣ.

Раҳматкарими Давлат: Имрӯз дар Ҳинд як конфронс ҷараён дорад, ки бахше аз он баҳс рӯи федеролизм аст. Назари Шумо дар ин робита чист?

Абдулатифи Пидром: Конфронс идома дорад. Чанд лаҳза қабл аз ин ки бо шумо сӯҳбат кунам, бо баъзе аз дӯстоне, ки дар ин нишаст ширкат доранд, дар тамос будам ва яке аз баҳсҳои ҷиддии имрӯз дар робита ба федеролизм будааст. Назароти мувофиқ ва мухолиф будааст аз Афғонистон. Ҷаноби Расулӣ, мушовири ҳуқуқии Маршал Фаҳим дар ин конфронс даъват шуда будааст ва ҷенерол Холид, оқои Ҷӯянда ва шумори зиёде. Дар конфронси Деҳлӣ боз назароти мухолиф ва мувофиқ бар сари федеролизм вуҷуд доштааст. Мавзеъгирии ҷаноби Расулӣ, мушовири ҳуқуқии маршал Фаҳим мавзеъгирии мутаодил буда, яъне таъкидашон ин будааст, ки федеролизм метавонад низоми хуб бошад, мешавад дар бораи он баҳс кард, оқои Холид мухолифат доштаанд. Баъзе аз ширкаткунандагоне, ки аз ҳавзаҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ он ҷо ҳузур доштанд, он ҷо бештар ба мавозеи Кунгураи миллӣ дар ин конфронс доштанд, ки роҳи ҳалли ҳизби мо барои масоили Афғонистон як роҳи ҳалли муносиб аст. Баҳс камокон идома хоҳад дошт, фардо ҳам ва имрӯз ҳам баҳс ҳаст. Ин ки ҳоло ба чӣ натиҷа бирасанд, ки федеролизм барои Афғонистон муфид ҳаст, ё нест, ҳадди ақал барои мо ин ҳаст, ки ин баҳс дорад дар сатҳи васеи байналмилӣ матраҳ мешавад. Чанд вақт пеш конфронсе, ки барои ёфтани роҳи ҳалҳои сиёсӣ дар Афғонистон, ки дар ҳамин Тоҷикистон баргузор шуд ва худи ман бо иттифоқи ҷаноби оқои Масъуд, бародари Қаҳрамони миллии Афғонистон ва оқои Расулӣ, мушовири раёсати ҷумҳурӣ даъват шуда будам, баъд баҳси Берлин ва ҳоло конфронси Ҳинд, маънияш ин аст, ки ин баҳс дорад ҷиддӣ пеш меравад ва ба як масъалаи муҳими сиёсӣ дар Афғонистон табдил шудааст. Ба ин тартиб, мешавад гуфт, ки мо дар воқеъ панҷоҳ дарсад аҳдофи худро таҳаққуқ ёфта мепиндорем, яъне шояд як каме дигар кор бикунем, иншоаллоҳ ба як натиҷаи матлуб бирасем.  

Раҳматкарими Давлат: Аммо рӯи ҳам рафта, масалан амрикоиҳо аз матраҳ кардани тарҳи федеролизм дар Афғонистон ҳадафи худашонро доранд. Яъне ба қавли Шумо ҳадафи онҳо таҷзияи кишварҳо ҳаст. Ҳатто ин суханҳо ҳам шунида мешавад, ки рӯи Тоҷикистон ҳам чунин тарҳҳое доранд, рӯи Узбакистон ҳам чунин тарҳҳое доранд, мехоҳанд водиии Фарғонаро аз баданаи Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ҷудо кунанд. Амрикоиҳо рӯи Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон тарҳҳое доранд. Аммо ба ҳар сурат, вақте ки федеролизме, ки шумо матраҳ мекунед, он ҳам ки таҳаққуқ пайдо бикунад, оё як пешзамина боз ҳам барои расидани амрикоиҳо ба ҳадафашон эҷод намекунад?

Абдулатифи Пидром: Масъалаи амрикоиҳоро бояд ҷиддӣ дид. Баъзе вақт ин тур ҳаст, ки баъзе масоил ба сурати лафзӣ дар уфуқи ҳамдигар қарор мегиранд. Яъне тарҳи мо аз тарҳи амрикоиҳо ба сурати куллӣ мутафовит аст. Мо ин баҳсро дар Афғонистон матраҳ кардем ва дар сӯҳбате ҳам бо хеле аз масъулони ҳукумат ҳам гуфтам, ки агар мо мудирияти ин масъаларо дар Афғонистон худамон дошта бошем, ҷамъи нухбагони паштун, ҷамъи нухбагони тоҷику ҳазора ва худи мо мудирият бикунем ва ҳукумат ҳам дар ин масъала бо мо ҳамкорӣ бикунад ва мухолифат накунад, яъне дар якҷоягӣ битавонем ин тарҳро пеш бибарем, мо дар воқеъ метавонем ҷилави ин хатари тавтеаи аврупоиҳоро бигирем. Ва ин тарҳ дар маҳдудаи Афғонистон ба ҳайси як сохтори демократӣ боқӣ намемонад. Ва агар кишварҳои дигар ҳам аз тарҳи Афғонистон рӯбардорӣ бикунад, ҳам аз равишҳои мо метавонад рӯбардорӣ бикунад ва ҳам аз аҳдофи мо. Яъне ин ки Шумо бо равишҳои мо биёед тарҳи федеролизмро матраҳ бикунед, ин тарҳ таъсираш ба кишварҳои минтақа, ки ҳатто ба тарафи федеролизм шудан ҳаракат бикунад, мусбат аст. Барои ин, ки дар гуфтугӯи дохили миллат, миёни нухбагон, бо тавофуқи мардум, ҳукумат ва ҷомеаи маданӣ, шумо дар воқеъ низоматонро ислоҳ ва бозсозӣ мекунед. Ин як равиши мусбат ҳаст ва инро бояд кард ва ин як кори дурусте ҳам ҳаст. Вале агар ғайр аз ин бошад, намунаҳояш метавонад намунаҳои шадидтар бошад. Мо нигарониямон аз амрикоиҳо ин аст, ки онҳо феъалан дар манотиқи калон дар ҷануби Афғонистон қуввати низомӣ доранд.

Агар онҳо воқеан бихоҳанд ин тарҳи таҷзияро матраҳ бикунанд ва пеш бибаранд, як марҳала мумкин аст ниёзманд барои иғво кардани афкори омма бошад ва биоянд бигӯянд, ки мо баҳси демократик мекунем ва федеролизмро матраҳ бикунанд. Биоянд гуфтугӯро бо Толибон матраҳ кунанд ва бигӯянд, ки мо ҷангро намехоҳем ва мехоҳем гуфтугӯ бикунем. Вале тарафи дигари масъала ин аст, ки якбора ҳамаи нируҳояшонро аз ҷануби Афғонистон берун карданд ва ё ба нируҳояшон гуфтанд, ки шумо ҷанг накунед. Дар ин сурат худ ба худ он минтақа дар ихтиёри нируҳои мухолифин, яъне Толибон қарор мегирад ва ин барои амрикоиҳо кори сахте нест, ки агар нахостед нашавад, ин турӣ нест. Ин равишҳои дуруст кор дорад. Яъне баҳси федеролизм як баҳсест, ки бояд тай бишавад, инро намешавад ҷилавашро бигиранд. Мунтаҳо, агар мо мудирият бикунем, он тавре ки мо фикр мекунем, ки идора мешавад, агар мо идора накунем, худашон идора ва контрол мекунанд. Бисёр содда, агар мехоҳанд таҷзия бикунанд, имрӯз нируҳояшонро берун мекунанд, нируҳои артиши Афғонистон тавоноии ҷанг бо Толибонро надорад, амалан таҷзия мешавад. Он ҳолат амрикоиҳо мегӯянд, ки ба мо вобаста нест, мо гуфта будем, ки музокира бикунед, аммо шумо музокираро қабул накардед, мо ҳам ҳозир нестем ҷанг бикунем, хуб, худатон биравед ва дифоъ бикунед. Баҳси интиқоли қудрат ҳам имрӯзҳо ба афғонҳо матраҳ ҳаст. Ашраф Ғанӣ ҳар ҷо, ки меравад, мегӯяд, ки нируҳои афғон тавоноии дифоъро доранд. Ин бахше аз таблиғот ҳаст, дар ҳоле ки нируҳои мо тавони дифоъро надоранд. Ва билофосила ин корро мекунанд ва ин барои амрикоиҳо кори сахте нест, ки агар мо бигӯем, ки накунем, боз намекунанд. Онҳо ин корашонро анҷом медиҳанд. Мо мегӯем, ки мо бояд ин корро тавре анҷом бидиҳем, ки агар бихоҳанд тавтеаи шайтонии худашонро пиёда бикунанд, онҳоро ғофилгир бикунем.

(Идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97