Абдулғафури Орзу: Пас аз ҷанги 6 солу 65 рӯза ҷаҳон ба хатар бовар кард

Мусоҳиба 20.01.2012 09:22

Қонуни асосӣ аз замони Зоҳиршоҳ то Бонн

Safiri_Afghoniston- Ҷаноби сафир, суҳбати мо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Афғонистон рӯзи Қонуни асосӣ таҷлил мешавад. Қонуни асосие, ки соли 2004 қабул шуд аз пешин чӣ тафовуте дорад ва сабаби тағйири он дар чӣ буд?

- Қонуни асосӣ дар кишвари мо нахустин бор дар замони Амонуллоҳхони ғозӣ қабул шуд ва чандин бор тағйир хурд. Бояд бигӯям, беҳтарин қонунҳои мо дар замони Зоҳиршоҳ соли 1343 (1964) хуршедӣ ба тасвиб расида буд. Баъд аз он ин Қонуни асосие, ки баъд аз мулоқоти Бонни аввал дар соли 2004, ки инак мо 8 солагии онро таҷлил мекунем, қабул шуд, аз назари такомул яке аз беҳтарин қонунҳои минтақа аст. Пас мо як Қонуни асосии оғозин дорем дар замони Амонуллоҳхон, ки оғозист ва беҳтарин қонун аз назари ман ба унвони як муҳаққиқ қонуни замони Зоҳиршҳ аст. Ҷолиб ин аст, ки мо 8 низом доштем ва ҳашт қонун. Пас бояд бигӯям, ки Қонуни асосии феълӣ, ки бо райъи умумии мардум такмилу ислоҳ шуда, ба тасвиб расид, яке аз беҳтаринҳост.

Қонуни асосӣ ва фиқҳи пӯё

- Оё аҳкоми шариат дар Афғонистон аз қабили сангсор, доркашӣ ва дастбурӣ амалӣ мегардад ё қонун манъаш мекунад?

- Мардуми Афғонистон қариб сад дар сад мусалмонанд ва танҳо андак қавми ҳинду дорем. Аксари мутлақ ҳанафӣ ҳастанд ва баъд шиъаи исноъашария ва исмоилия дорем. Бинобар дар ҳавзаҳои динӣ ҳама озодиҳо ба расмият шинохта шуда, озодии даён аз ихтилофи қароатҳои динист. Пас мо яке фиқҳи сангшуда ва дигаре фиқҳи пӯё дорем. Бо фиқҳи пӯё ва қароате аз дин, ки метавонад ба мудернита ҷамъ шавад, Қонуни асосиро сохтем, бинобар ин аз назари фиқҳи пӯё баъзе аз қавонини фиқҳӣ дар ҳама ҷо яксон татбиқ намешаванд. Дар замони Толибон сангсор ва ба дор кашидану дастбуриҳо буд. Фуқаҳои Афғонистон ба ин назар расиданд, ки бинобар тасвиби Қонуни асосӣ битавонанд бо фиқҳи пӯё, ки мӯътадил аст, на ифротгароёна, як низоми ҷумҳурии исломӣ пай афкананд, ки дар он ҳуқуқҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои башар шинохта бишавад ва ин Афғонистон танҳо нест. Дар ҷаҳони Ислом бас кишварҳо ин гуна аст. Яке аз кишварҳои пешрафтаи олам Индонезия аст, ки дар он ҷо ҳам фазои динӣ ҳоким аст ва ҳам фазои бози демократӣ.

Ду бону вазир, яке сафир ва яке ҳам дар гуфтугӯ бо Толибон

- Ҳуқуқи занон то кадом сатҳ ҳимоя шудааст ва занон дар умури сиёсати хориҷӣ ва дохилии Афғонистон чӣ гуна аст?

- Бояд бигӯям, ки фасли дувуми моддаи 23 -и Сарқонуни мо чунин аст: «Ҳар гуна табъиз байни атбоъ мамнуъ аст. Атбоъи Афғонистон чӣ зану чӣ мард дорои ҳуқуқи мусовӣ мебошанд». Ба ҳамин далел модаи 24 озодии ҳаққи табийи инсон аст ва давлат барои озодии ҳуқуқи инсон мукаллаф мебошад. Аз ин рӯ баъди шикасти Толибон қарор шуд, ки занон дар тамоми ҷабҳаҳоти иҷтимоиву сиёсии ҷомеъа фаъолият кунанд ва Қонуни асосии мо ягон монеъияте барои онҳо эҷод накардааст. Мо як вазоратхонае дорем бо номи "вазорати занон", ки бону Ғазанфар вазираш ҳаст. Румина Афзалӣ вазири кори умури иҷтимоии кишвар аст. Яке аз сафирони мо Манижа Бохтарист. Аз ин ҷиҳат Дар Афғонистон занҳои мо дар ҳама ҷабҳаҳот ҳузур доранд ва ҳатто дар Шӯрои сулҳ, ки феълан бо Толибон гуфтугӯ доранд, намояндаи зан дорем. 

Тасвиби Қонуни асосӣ тасмими Луи Ҷирга буд

- Луи Ҷирга ба чӣ маъност?

- Ин ки аслу насаби ин вожа аз куҷо омадааст, ихтилоф мавҷуд аст, аммо он чӣ ки дар муҳтаво аст, он ба истилоҳи як маҳфил, ҳамоиши бузурге аст, ки дар он ҳама ақшори иҷтимоӣ аз равшанфикрон, рустоиён ва олиму оммӣ дар он ширкат мекунанд то бо ин Луи Ҷирга тасмимҳои калонро бигиранд. Масалан баъди шикасти толибон нахустин Луи Ҷиргаи изтирорӣ даъват шуд, ки дар он ба ҳайси як намоянда ширкат кардам. Дар ин Луи Ҷирга тамоми қумондонҳои ҷиҳодӣ ва ашхосе, ки тафаккури чап доштанд, буданд. Билохира дар ин Луи Ҷирга тасмим гирифтанд, ки Қонуни асосӣ тасвиб шавад ва даврони сулҳ ва қонунгузорӣ шурӯъ шавад. Ин як суннати миллии мо аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих, ки бӯҳрон амиқ мешавад, ҳамин ҷомеъаи бузургон, рӯҳониён, фарҳехтагон ҳама даври ҳам меоянд ва як тасмим мегиранд. Ба ҳамин хотир мо парлумонамонро Машрома ҷирга Луи Ҷирга (Палатаи поёнӣ ва болоӣ)  баҳодорӣ кардем. Яъне ин ҷиҳат як иродаи ҷамъии   мардуми Афғонистон аст, ки сарнавишти ҷомеаро месозад, мисли Луи Ҷиргаи қабули Қонуни асосӣ.   

     Пас аз ҷанги 6 солу 65 рӯза ҷаҳон ба хатар бовар кард

- Агар нирӯҳои НАТО аз Афғонистон хориҷ шаванд, вазъи минтақа ва кишварҳои ОМ чи хоҳад шуд?

- Шумо бубинед, ки чаро нируҳои байналмиллалӣ ба кишвари мо омаданд? Барои он ки терроризм ва мафияи байналмиллалиро, ки дар он ҷо хона карда буд, аз байн бибаранд. Мо шаш солу шасту панҷ рӯз ҷангидем, то ҷаҳон моро бовар кард. Аз соли 2014 оғози вогузории амният оҳиста- оҳиста ба урдуву пулиси Афғонистон бояд бигзарад. То соли 2025 ин нирӯҳо ҳаматарафа ба пулису низомиёни Афғонистонро омӯзиш хоҳанд дод. Ин ба ин маъно нест, ки соли 2014 нируҳо бо тамом Афғонистонро тарк мекунанд. Ҳудуди 15 сол қудрати иҷроии шаҳрҳо оҳиста - оҳиста ба дасти кормандони афғон вогузор мешавад, аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсии худро бо ин кишвар хоҳад дошт. Мо чандин санаду ҳамкориҳои дарозмуддат ба аксар кишварҳои олам имзо кардаем.

Карзай ба давлат аст, аммо бӯстонсарову қаср надорад

- Мегӯянд Карзай камтарин моҳона мегирад ва бӯстонсарову қаср надорад, воқеият дорад?

Ду нуктаро бояд бигӯям, аввалан Раиси ҷумҳури Афғонистон мутаалиқ ба як хонаводаи бузург аст, ки аз назари имконоти молӣ тавоноӣ доранд. Бародаронаш мисли Маҳмудҷони Карзай ва марҳум Аҳмадвалии Карзай яке аз тоҷирони бузурги Афғонистон буданд. Аммо дар қисмати ин ки Карзай солҳое дар кишвари мо ифои вазифа карданд, ҳамон гунае, ки дар расонаҳо омада, воқеият ҳамин аст, ки чизи хосе барои худ надоранд. Он чи ки доранд, мутаалиқ ба мардуми Афғонистон аст. 

 
Ҳар қавму мазҳаб телевизиони худро доранд

Safiri_Afghoniston_02- Қавмҳо ва ақаллиятҳо дар Сарқонун чӣ ҳуқуқҳое доранд, амсоли балуҷу узбаку мардуми Бадахшон. Мазоҳиби гуногун чӣ, ва ё танҳо мазҳаби ҳанафӣ?

- Ба расмият шинохта шуда ва дар ниҳоят ду забон дар Афғонистон забонӣ расмист дарӣ ва паштун, аммо соири забонҳо ҳам ба назар гирифта шудааст. Дар фасли аввали моддаи 16 Сарқонуни мо омадааст, ки дар манотиқе, ки аксари мардум ба яке аз забонҳои туркманӣ, балуҷӣ, нуристонӣ ва ё померӣ такаллум менамоянд, он забонҳо илова бар паштуну дарӣ ба ҳайси забони саввум расмӣ мебошанд. Давлат барои тақвият ва инкишофи ҳамаи забонҳост. Барои ҳамин ин забонҳо озоданд ва метавонанд нашриёту телевизонҳо дошта бошанд ва фишоре бар онҳо нест. Инчунин тамоми ақаллиятҳои мазҳабӣ озоданд ва аксари онҳо телевизиюнҳо ва нашрияҳои худро доранд. Масалан телевизиони "Тамаддун" аз оятуллоҳ Муҳсинӣ аст, ки яке аз донишмандони бузурги ташайюъ аст. Телевизиони оқои Муҳаққиқ аз бародарони ҳазораи мо мебошад ва дигарҳо низ. Ҳатто дар ҳар вилоят телевизион ва расонаҳои худро доранд, ки дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

Иродаи мардум низоми як кишварро татбиқ мекунад

- Бархе аз нирӯҳо дар Афғонистон талош доранд, ки сохти идораи ин кишвар порлумонӣ шавад. Аз ҷумла ҷабхаи муттаҳиди собиқ. Оё ин имкон дорад?

- Тавре зикр кардам, Қонуни асосии кишвар аз соли 1919 то ба ҳол оҳиста- оҳиста ислоҳ шуд, то ба ин Сарқонун расидем. Солҳои пасин ва наслҳои баъд боз тасмим мегиранд. Мо дар давоми солҳо чандин низом доштем, аз шоҳӣ сар карда то ба ҷумҳуриву коммунистиву дигару дигар. Баҳс сари ин аст, ки иродаи мардуми як кишвар низоми онро татбиқ мекунад. Ҳоло мардуми афғон ҳамин тасмимро гирифтаанд, ки як низоми раёсатӣ бошад ба унвони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. Ин ки дар кишвар оромиву осудагӣ барқарор гардаду мардум боз тасмимеро бигиранд, ин барои оянда аст ва мутааллиқ ба сокинони ин кишвар аст. Ҳоло он чӣ дар ҳамин қонун асту ҳамин низом ва онро қабул дорем.

Ифротиҳо даст ба дасти ҳам додаанд

- Ҷангиёни кишварҳои Осиёи марказӣ дар миёни толибони Афғонистон хастанд?

- Бояд гуфт, ки терроризм мутаалиқ ба як қавму миллат нест. Аз аморати Қафқоз шуруъ карда, то ҲИУ ва ғайраву ғайра. Ин нишондиҳандаи он аст, ки дар тамоми минтақа гуруҳҳои ифротие мавҷуданд, ки даст ба дасти якдигар дода, то фазои минтақаро ноором бисозанд ва ҳалақоти қудратманде низ мавҷуданд, ки онро ба нафъи худ истифода мекунанд. Аммо кишвари Афғонистон ҳамеша ҷонибдори оромӣ ва сулҳу осоиш дар минтақа буду мемонад ва ба ҳеч ваҷҳ аз чунин гуруҳҳо истифода накарда ва намекунад. Зеро оромии ҳамсоякишварҳо оромии мост.

Рӯдакӣ қуллаи муштараки адабиёти Афғонистону Тоҷикистон аст

- Устод, шумо худ низ аз аҳли қалам ҳастед ва чандин китобҳо низ иншо намудаед, хуб мебуд, дар ин бора низ рушание меандохтед, зеро тавре иттилоъ дорем, шумо яке аз номзадҳо барои ҷоизаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳастед. Мегуфтед, ки барои шинохти пири шоирони машриқзамин чӣ корҳоеро дар Афғонистон кардаед?

- Ташаккур мекунам. Рӯдакӣ падари тамоми шоирони ин сарзамин аст. Ман дар китоби "Шод зӣ" ин масоилро матраҳ кардаам. Ин китобест дар бораи таҳқиқи осори Рӯдакӣ. Шумо медонед, ки Рӯдакии бузург чаҳор сол дар Ҳирот буданд ва "Бӯйи ҷӯйи Муллиён"-ро дар он ҷо иншо кард, ки бино ба гуфтаи Арӯзии Самарқандӣ амири Бухоро як по дар мӯзаву дигаре луч савори асп гаштанду рӯ ба Бухоро оварданд. Аз ин рӯ, ӯ қуллаи муштараки адабиёти Афғонистону Тоҷикистон аст. Ҳамоиши адабие, ки дар Афғонистон доштем ва ман вазифаи дабирии ин ҳамоишро ба дӯш доштам, ки дар он намояндагони кишварҳои зиёде ширкат доштанд. Китобхонаи донишкадаи Ҳирот ва як хиёбони онро ба номи Рӯдакӣ гузоштем. Маҷмӯи мақолоти донишмандони Эрону Тоҷикистону Афғонистонро зери номи "Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ" ҷамъоварӣ кардам. Ман низ, ки кори кӯчаке дар шинохти Рӯдакӣ кардам ва умед аст, ки бузургони Тоҷикистон онро ба назар бигиранду мисли Сайид Нафисӣ бандаро низ лоиқи ин ҷоиза бидонанд. Инчунин беш аз 25 китоби дигар дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву сиёсӣ низ иншо кардаам.

Ба умеди рӯзе, ки "раводид" бегона шавад

-Рӯзи Қонуни асосӣ бар кулли мардуми азияткашидаи Афғонистон муборак бошад. Барои ин суҳбати бисёр ҷолиб аз шумо ташаккур мекунем.

- Зинда бошед! Ман як солу чанд моҳ аст, ки дар Тоҷикистон ҳастам, ҳамеша талоши онро дорам, ки байни ин ду кишвари бародару ба ҳам дӯст як робитаи қаввӣ ва мустаҳкам эҷод кунем, ки аз боду борон наёбад газанд. Тамоми мардуми Афғонистон бо ҷону дил Тоҷикистонро дӯст доранд ва мехоҳанд, ки тоҷикон ҷашни ҳазораи истиқлоли худро бигиранд. Умедворам, ки рӯзе бирасад, ки чизе бо номи раводид дар байни ин кишварҳо намонад. Худо ёру мададгори шумо!

Суҳбати Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97