Вероника Коробкина: Маро бовар «Муаллими сол» кард

Мусоҳиба 20.12.2011 09:46

Veronika_KarobkinaАхиран озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» ба анҷом расид. Зимни ин озмун Вероника Коробкина, муаллимаи забони англисии мактаби таҳсилоти умумии №1-и шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуд. Барандаи озмун бо шаҳодатномаи ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон», диплом, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 3 ҳазор сомонӣ ва мукофотҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар сарфароз гардидааст.

Хабарнигори ҳафтаномаи «Миллат» ба табрики барандаи ин озмун рафт ва бо ӯ мусоҳибае орост.

- Нахуст, устоди гиромӣ ҷоиза муборак шавад! Баъдан, барои ба ин ҳадаф расидан чӣ миқдор ниру ва тавон сарф кардед, яъне баранда шудан дар ин озмун душвор набуд?

- Бисёр ташаккур! Умуман фикр мекунам, ки ҳар ҳадафе бо худ душворӣ дорад. Барои ин ки ба ин ҳадафи бузург ноил шавам, шояд ҳамаи 14 соли фаъолияти омузгории худро тай карда бошам. Дар маҷмӯъ ҳадафи аслии ман ин набуд, ки дар ҷумҳурӣ соҳиби мақоми аввал гардам, эҳтимолан ин кори бахту иқбол буд. Вале вақте дар зинаи ноҳиявӣ вориди сабқат шудам, танҳо мехостам нируи худамро бисанҷам. Маъмулан, дар ин гуна озмунҳо вақте кас ширкат меварзад, маҳорати ширкатдорони дигарро мебинад ва метавонад ба худ баҳо бидиҳад.

Иқбол баландӣ кард, ҷои аввалро дар ноҳия ишғол кардам, баъдан дар шаҳр соҳиби мақоми аввал шудам ва билохира дар сатҳи ҷумҳурӣ пирӯзӣ ба даст овардам.

Албатта, ба ин ҳайати доварон баҳо мегузошт, аммо соҳиби мақоми аввал шудан барои ман ногаҳонӣ ва муъҷиза буд, чун ҳадафи аслиам соҳиби мақоми аввали ҷумҳурӣ шудан набуд.

- Ба ҳар сурат андешаи ширкат дар озмун аз куҷо пайдо шуд?

- Бубинед, дар соли 2005 ман, ҳангоме ки 25 сол доштам, дар як озмун ширкат кардам. Дар озмуне, ки Анҷумани амрикоӣ оид ба таҳсил дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд, ширкат кардам. Озмун унвони “Беҳтарин омузгори забони инглисии пойтахт”-ро дошт. Он вақт ман мақоми дуввумро ишғол кардам, барои мақоми аввалро соҳиб шудан, гуфтанд, ки таҷрибаи кориам кам аст. Нафаре, ки ҷои аввалро ишғол кард, шояд таҷриба ва маҳорати бештар дошт. Ҳамакнун бо гузашти 6 сол ба хулосае расидам, ки як бори дигар нируи худамро бисанҷам.

Маҳз ишғол кардани мақоми аввал дар шаҳр ҳадафи ман буд, ки бо ин ҳадаф вориди сабқат шудам. ҳадафе, ки боре ба он ноил нагардида будам. Аммо пирӯзӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ худ ба истиқболам омад.

- Ин озмун аз кай оғоз шуд?

- Аз моҳи декабри соли гузашта. Ин аллакай зинаи дуввуми озмун буд, зинаи аввал дар моҳи ноябр дар сатҳи мактаб доир гардид. Моҳи декабр-январ сатҳи ноҳиявӣ буд. Моҳи май шаҳрӣ ва ахиран дар аввалҳои декабр сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

- Аз рақибон киро ҳарифи асосии худ медонистед?

- Дар озмун умуман фазое ҳукмфармо буд, ки ҳар иштирокчӣ дар симои иштирокчии дигар рақиби худро медид, як фазои ғайридӯстона ҳукмфармо буд. Ман фикр мекунам, ки дар навбати аввал набояд рақибҷӯйӣ мебуд, балки аз ҳамдигар омӯхтан бояд ҳадафи аслӣ мебуд. Ба ҳар сурат рақиби пурқувват барои ман Муяссара Исмоилова, омузгор аз гимназияи шаҳри Хуҷанд буд.

- Ӯ мақоми дуввумро соҳиб шуд?

- Не, зеро дар ҷумҳурӣ мақоми дуввуму севвум вуҷуд надорад, фақат баранда аст. Дигарон иштирокчии озмун ҳисобида мешаванд. Аммо аз рӯйи холгузорӣ, бале, ҷойи дуввумро ишғол кард. Намояндагони Хатлон мақоми севвум, Бадахшон ба фикрам, мақоми чаҳорум ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияи Файзобод) мақоми 5-умро соҳиб шуд. Аммо дар асл ҷойи дуввуму севвум нест, танҳо ғолиб асту дигарон ширкаткунанда.

- Меъёр ва талаботи аслии муаяйн кардани “Муаллими беҳтарин” кадомҳо буданд?

- Худи озмун, ҳам дар сатҳи ноҳия, ҳам дар шаҳру ҷумҳурӣ аз 5 меъёр ва шарти аслӣ иборат буд. Аввал гузориши эҷодӣ. Яъне зимни ин шарт омузгор дастовардҳои даврони фаъолияти худро арза медорад. Мутаносибан ин натанҳо гузориши хушку холӣ бояд бошад, мавзӯъҳое, ки омузгор тибқи онҳо фаъолият мебарад, ироа мешаванд, китобҳо ва васоили таълимие, ки таҳия кардааст, арза мегарданд. Шарти дуввум, дарси намунавӣ буд. Маҳз дарси намунавӣ, зеро аз рӯйи ин меъёр холи баландтарин, то 10 хол дода мешуд. Эҳтимолан, холи баландтарин на барои он ки омузгор бо компютер то чи ҳад ошноӣ дорад, балки маҳз ба хотири он ки вай бо кӯдакон чӣ гуна муносибат мекунад, дода мешуд. Зеро зимни озмун вақте ба дарсдиҳӣ машғул мешавӣ, на кӯдакон ва на сатҳи донишу мактаби онҳоро намедонӣ. Маҳз ҳаминҷо маҳорат буруз мекунад. Баъдан яке аз талаботҳои дигар навиштани тарҳи соати тарбиявӣ буд. Яъне инҷо маҳз иқдоми тарбиявӣ ҷо дошт. Мавзӯъҳо комилан мутафовит буданд, кадоме мебоист дар мавзӯи “20 солагии истиқлол” тарҳ менавишт. Нафари дигар, фарз кардем, “Муносибат бо меҳнат”-ро. Мавзӯи ман “Муносибати некбинона бо миллатҳои дигар” буд.

- Яъне бо русҳо?

- Умуман бо ҳамаи миллатҳо. Зеро дӯстӣ, муҳаббат ва ҳамрайъӣ миллатҳоро ба дастовардҳои бузург ноил мегардонад. ҷангу ҷидол, албатта, ба ҳеч чиз намерасонад.

Як меъёр ё шарти дигар - кор бо компютер буд, зеро медонед, ки имрӯз бидуни донистани компютер бисёр корҳоро намешавад анҷом дод. Ва талаботи охир 10 суол буд, 6 савол аз рӯйи ихтисос, ки бевосита аъзои ҳакамон суол медоданд. Фаразан, ман омузгори забони англисӣ, ба ман дар доираи ин фан суол медоданд. Ва 4 суоли дигар ба Конститутсия ва Қонун дар бораи маориф мутаалиқ буд. Аз рӯйи ҳамин талабот ва шартҳо “Омузгори беҳтарин”-ро муайян карданд.

- Имрӯз кам касоне дар ин маврид, ки озмунҳо воқеъбинона баргузор мешаванд, бовар доранд. Шумо ҳам вақте вориди ин озмун шудед, ҳамчунин шакке надоштед?

- Инсон бояд ҳамеша ба садоқат ва адолат бовар дошта бошад. Баъдан, ман мехоҳам бигӯям, ки низоми маориф ин пойдевори давлати мо аст. Ва низоми маориф тибқи ҳеч қонун; на маориф ва на зиндагӣ бояд дар худ фиребу найрангу фасодро роҳ надиҳад. Зеро, дар навбати аввал мо кӯдаконро омӯзиш медиҳем. Агар ин низом фасод дошта бошад, пас чи ҳоҷати гап дар мавриди дигар сохторҳо аст. Албатта ман бовар кардам, умед бастам. Ҳайати доварон хеле бо салоҳият буд. Намояндагони Академияи илмҳои омузгорӣ ҳузур доштанд, афроди хеле огоҳ шомил буданд. Албатта аз он ки ман мақоми аввалро мунсифона ишғол кардам, нишондоди орӣ будани он аз коррупсия аст.

- Яъне Шумо бар ин бовар ҳастед, ки озмун мунсифона буд?

- Бале, ҳамин тавр аст. ҳама чиз тақрибан то 10 дақиқа қабл аз анҷоми озмун ҳал мешуд. Зеро холҳои ҳамаи мо тақрибан баробар буд. Маҳз дар давраи охир, давраи суолҳо ҳама чиз рушан шуд.

- Ҳайати доваронро кӣ намояндагӣ мекард?

- Намояндагони Донишгоҳи омузгорӣ, Вазорати маориф буданд. Умуман, мутахассисони баландихтисос ҳузур доштанд. Ҳангоме ки баҳо медоданд, дар ҳамаи шартҳои озмун, ман ҳам тавонистам, ки норасоии худ, камбудии худро бубинам. Дар куҷо чӣ тавр ғалат доштаам. Яъне ҳамаи шартҳои озмун таҳлил мешуд. Ҳарчанд ман мақоми “Муаллими соли Тоҷикистонро” соҳиб шудам, вале бовар дорам, ки омузгороне аз ман беҳтар ҳастанд. Бо чи сабабҳое шояд нахостаанд, то дар ин озмун ширкат биварзанд. Ё ноумед буданд, ки шояд ҳама чиз олуда ба фасод аст ва талошашон бар ҳадар хоҳад рафт. Ба ҳар ҳол фикр мекунам, арзиш дорад, ки худро биозмоӣ. Агар инсон огаҳ аст, дониш дорад, пас ҳеч гуна сад ва ҳатто фасод наметавонад монеъи ӯ шавад.

- Барои он ки имрӯз муаллим ба ҷойгоҳи воқеии худ дар ҷомеа бирасад, яъне мӯътабар шинохта шавад, чӣ иқдомеро бояд роҳандозӣ кард?

- Дар навбати аввал ман фикр мекунам, ки ин аз сатҳи дониш ва маълумоти худи инсонҳо вобаста аст. Умуман, вақте Тоҷикистонро бо кишварҳои, фаразан тобеи Русия, қиёс кунем, албатта дар Тоҷикистон эҳтиром нисбати омузгор каме боқӣ мондааст. Дар навбати аввал агар омузгор бихоҳад ӯро эҳтиром кунанд, вай бояд намуна бошад, дар намунаи худ эҳтиромро нишон бидиҳад. Медонед?! Фаразан, агар омузгор интизом надошта бошад, дар муқобил ба ӯ ҳам беинтизомӣ нишон медиҳанд. Мо - омузгорон бояд аз худ ноадолативу зулму фасод нишон надиҳем, балки одобу ахлоқ ва тозагиву озодагиро зоҳир созем.

- Шумо ба он ки ҳамасола Раёсати мубориза бо коррупсия сохтори Вазорати маорифро яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистон эълон мекунад, чи гуна муносибат доред?

- Медонед, ман аслан намехоҳам ба ин суол изҳори назар кунам. Изҳороти онҳо шояд ягон асос дорад. Аслан ба ҳайси омузгор фаъолият кардан хеле душвор аст. Ба фикрам, ҳоло дар назди ҳар мактаб шуъбаи муҳосибот фаъолият мекунад, ки волидайн метавонанд кумаки худро барои мактаб онҷо бирезанд. Тибқи моддаи 51 Қонун дар бораи маориф кумаки ихтиёрии волидон барои таъмир ва ё ягон асбоби зарурии мактабро харидан иҷозат дода шудааст. Бояд иҷборӣ аз волидон ҳатто барои таъмир ва ягон ҷиҳози дигари мактаб маблағ напурсанд.

- Паёми Шумо ба кулли муаллимони Тоҷикистон чист?

- Ба ҳамкасбонам гуфтаниам, ки онҳо ҳам дар чунин озмунҳо ширкат биварзанд. Дар навбати аввал рӯйи худ кор кунанд. Ва аз ҳама чизи асосӣ барои омузгорон ба мисоли фарзанди худ дӯст доштани кӯдакон аст. Ва дарки он нукта, ки омузгорӣ касбу ихтисос нест, ин истеъдоди Худодод аст. Тай кардани ҳамаи зинаҳои омузгорӣ танҳо ҳамроҳ бо муҳаббат кардан бо кӯдакон муяссар мешавад.

Беҳуда нест, ки роҳбари синфро модари дуввум ё падари дуввум меноманд. Бино бар ҳамин як омузгор сарфи назар аз фане, ки таълим медиҳад, дар донишомӯз бояд ҳиси меҳандӯстӣ ва одамгариро бедор кунад. Чизе ки дар омузгорони ҷавон намерасад.

Муаррифӣ: Ман, Веронико Коробкина 16 майи соли 1979 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтам. Мактаби таҳсилоти № 10 ин ноҳияро хатм кардаам. Соли 1996 ба Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шудам. Вале баъди 1 соли таҳсил ба хотири он ки муаллимони баландихтисоси забони англисӣ дар ин факулта намерасиданд, ба Донишгоҳи омузгорӣ рафтам. Соли 2001 онҷоро хатм кардам. Аз соли 1997 дар мактаби № 1 фаъолият дорам ва аз фани забони англисӣ ба гуруҳҳои русӣ дарс мегӯям.

Мусоҳиб Ёқуби Саид

P.S. Муайян кардани «Муаллими сол» ва баргузории ҳамчунин озмунҳое ба танҳоӣ шояд натавонад эътибороти муаллимро дар ҷомеа барқарор созад ва муаллимро муътабартар гардонад. Аммо истифодаи дуруст аз ин гуна озмунҳо ва тарғиби таҷрибаи беҳтаринҳо тавассути телевизион ва дарсҳои айёнӣ метавонад дар рушди маориф ва ҷалби ҷавонон ба пешаи омузгорӣ кумак расонад.  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97