Агар Шумо Раиси ҷумҳур мебудед…

Мусоҳиба 13.12.2011 10:18

kreslOOOO_02Баъд аз он ки қазияи халабонҳои хориҷӣ ба авҷи аъло расид, ҷомеаи Тоҷикистон ҷиддан сари ин андеша шуд, ки Раисиҷумҳур тимашро иваз кунад. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки маҳз корношоямии вазирону раисони тоҷик боиси ин харҷу марҷ гардид. Дар Тоҷикистон оддитарин вазифаҳои раҳбарӣ - раиси ҷамоату директори мактаб низ таъинотӣ аст, бино бар ин далел, ба назари коршиносон, раисону вазирон дар назди мардум камтар масъулият эҳсос мекунанд. Як назарпурсии сарироҳии «Миллат» бори дигар ин иддаъоро собит кард, ки мардум вазирони худро намешиносанд. То ин ҳад ки як нафар донишҷӯ мегӯяд, сарвазири Тоҷикистон Убайдуллои Каромат аст.

Аммо онҳое, ки огаҳӣ доштанд, дар робита ба ин пурсиш, ки;

Агар ҷойи Раисҷумҳур мебудед, дар вазъияти кунунии кишвар кадоме аз вазиронро сабукдуш мекардед ва кадомеро мегузоштед? - чунин ибрози назар карданд:

Shodi_ShabdolovШодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Комунистии Тоҷикистон:

Дар сину соли ман Конститутсия дигар иҷозат намедиҳад, ки Президент бошам. Тибқи Конститутсия сину соли президентӣ муҳлати поёнӣ ва муҳлатӣ болоӣ дорад. Муҳлати поёнӣ аз 35 кам набошад, муҳлати болоӣ аз 65 сол бояд болотар набошад. Ман аз ин сину сол гузаштаам, бино бар ин дигар наметавонам Президент бошам.

ZoIrOVVVAVAVAVVРаҳматило Зоиров, раиси ҲСДТ:

Росташро гӯям, ман 90% кормандони вазорату кумитаҳои назди ҳукуматро иваз мекардам. Киҳоро пешниҳод ва муаррифӣ кардан барои онҳо имрӯзҳо бехатар нест. Барои раҳбарӣ кардан мутахассиси он соҳа будан ҳатмӣ нест. Барои вазирӣ кардан бояд ҷаҳонбинии стратегӣ дошта бошанд. Кори вай бо кормандони вазорат не, балки бо ҳукумат ва сардори давлат, бо ҷамъият ва дигарҳо бошад, то манфиати вазорати худро дар назди сардори давлат муҳофизат кардан тавонад. Агар вай танҳо лаббайкгӯйи сардори давлат бошаду фақат барои кормандони вазорат таъсир расон бошад, ӯ вазир нест. Вазир бояд созанда бошад. Вақте ки ӯ фикру андешаҳои худро метавонад дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳимоя кунад, дар ҳақиқат вазир аст. Агар мо чунин кадрҳоро ҷо ба ҷо кунем, дар ҳақиқат ҳамин вақт кори сардори давлат ҳам осон шуда, мушкилоти ӯ ҳам камтар мешавад. Аз ин рӯ вазир бояд тамоми идеяҳоро дар вазорат ҷамъ карда, аз поён ба боло пешниҳод кунад. Ин идеяҳоро сарвазир ё президенти кишвар гирифта дар асоси мақомоти таҳлилии худ дар миқёси давлат ҷой ба ҷой мекунад. Аммо дар мо ҳама чиз аз боло ба поён меояд, на аз поён ба боло. Агар ин гардишро дигар карда натавонем, идораи давлатиро ислоҳ кардан хело мушкил аст.

Асадулло, муҳоҷир  

Ман вазирони тоҷикро намешиносам, ки бигӯям кадомашро сабукдуш мекардам. Бо 17 сол собиқаи омӯзгорӣ имрӯз муҳоҷирам. Албатта ноуҳдабароии вазирон аст, ки ман муҳоҷир шудаам. Бояд одамони кордон сари вазифа бошанд.

Mahmadali_HaitМаҳмадалии Ҳайит, ҷонишини аввали раиси ҲНИТ:

Ман аввалан Раисҷумҳур нестам, вале агар мебудам, дар чунин шароите, ки ба сари миллату давлати Тоҷикистон омадааст ва буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ҷараён дорад, бояд Раисҷумҳур тамоми командаашро иваз кунад, на танҳо вазирони алоҳидаро. Чунки тамоми вазирон шурӯъ карда аз вазири дифоъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигарҳо ҳама камбудии зиёде доранд. Умуман адолати иҷтимоӣ барқарор нест. Се шохаи ҳокимият ба таври мустақил фаъолият надоранд ва барои мустақил фаъолият кардан бояд вазироне бошанд, ки аз уҳдаи масъулияти худашон бароянд ва гапи як нафарро гӯш накунанд. Пеш аз ҳама бояд қонунро итоат кунанд. Ман фикр мекунам, замоне расидааст, ки бояд тамоми команда иваз шавад. Онҳое, ки дилсӯзи миллат бошанд кам мондааст.

Як ронанда:

Агар Раисҷумҳур мебудам, ҳамаи вазиронро сабукдуш мекардам. Сарвазирро ҳам. Вай дар ягон ҷо баромад намекунад, кораш ҳам маълум нест. Дигар вазирҳо, ки хешу таборӣ доранд, барои ҳамин аз вазифа сабукдуш намешаванд, ҳарчанд камбудии зиёд доранд. Фарзандони ҳамааш соҳиби мошини хориҷиянд. Вале гапи моро кӣ гуш мекунад? Аз мо ҳеч кас намепурсад, ки кӣ бимонад ва кӣ биравад.

MirzoshoevСултон Мирзошоев, собиқ арбоби давлатӣ

Акнун панҷ сол шуд, ки аз сиёсат берун мондаам. Ростӣ гап, на қуввати як касро озод кардан дорам, на як касро таъин кардан. Вале ба шумо ҳамин масъала наздиктар аст, барои он ки бо таҳлилҳои рӯзафзун дар соҳаи иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳангу тафаккури ҷамъиятӣ бисёр сару кор доред, аз ин рӯ ба шумо маълумтар будагист. Ман ҳақу ҳуқуқи фаъолияти вазиронро баҳо додан надорам, ин баҳоро президент медиҳад, ҳукумат медиҳад ва мардуми Тоҷикистон, ки аз ҳисоби онҳо буҷаи давлат, вазорату кумитаю дигар чиновникҳои мо адои вазифа доранд.

Фариддун, сокини пойтахт

Дар маъни ба ин суоли матраҳ чунин андеша дорам. Аввал ин ки ман президент нестам ва президент шуданам ҳам муҳол аст, аммо он ки бо кадоме аз вузаро кор мекардаму кадомеашро аз кор азл мекардам, посухи ман ин аст,ки; оё бо аз кор гирифтану иваз кардани ин вузаро ягон мушкилии ҷомеа сабук ё ҳал хоҳад шуд? Оё касеро,ки ба ҷой инҳо таъйин мекунем, шумо мутмаин ҳастед, ки беҳбудие хоҳад шуд? Ман фикр мекунам, ки на, ягон мушкилие ҳал нахоҳад шуд, зеро ҳастанд дар байни ин вузаро афроде, ки таҷрубаи кории хубе доранд. Масалан метавон ҳамин вазири молияро мисол овард, ки чандин солҳо дар ин соҳа кор мекунанд ва таҷрибаи хубе ҳам доранд. Ва дигар вазире, ки бисёр ҳам саводи хуби корӣ дорад, ин вазири Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Ва боз метавон чанди дигареро мисол овард. Аммо ман як чизро гуфтаниам, ки аз дигар кардани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тагиир намеёбад. Ин ҷо дард на танҳо дар болои вазирон ва раисон аст, инҷо иллатҳои бисёр ва гуногуне мавҷуданд ва асосан худи мардум ва хусусан ҷавонон омӯзиши бештар бояд дошта бошанд, то тавонанд ин давлату кишварро обод созанд. Зеро танҳо аз иваз кардани команда ва вазирон чизе тағйир нахоҳад ёфт. Ҳар касе, ки таъин шавад, ба ҷойи ин вазирону ин команда ман фикр мекунам, ки ҳеҷ дигаргуние карда наметавонанд, зеро барои пешрафт кардан заминаҳо бояд пайдо бошанд ва хело вақт даркор, ки ин заминаҳоро ба ҷой гузошт, зеро метарсам, ки аз борон гурехта дар зери барф намонем.

OinihOLLL_BoBonazaROVaОйниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди "Перспектива+"

Посух гуфтан ба ин суол осон нест. Ин ҷо як таҳлили хуб доштан даркор аст, ки кӣ сазовори кадом вазифа аст. Умуман дар аксарияти маврид вақте президентҳо меоянд, командаро дигар мекунанд, ё ки аксариятро дигар мекунанд. Чун система нағз кор намекунад ё ин вазоратҳо ҳама аз якдигар вобаста аст, масалан ман имрӯз наметавонам нафареро таъриф бикунам. Бубинед, вақте бозии футбол аст, команда мағлуб мешавад, мегӯянд, ки команда мағлуб шуд, намегӯянд, масалан Иванов ё Холиқов бозиро бой дод. Агар масалан ҳимоятгар ва нимҳимоятгар як «пас» ба ҳуҷумгар надиҳад, ӯ наметавонад ба дарвозаи рақиб «гол» бизанад. Ин ҷо ҳама аз якдигар вобаста аст. Албатта дар байни вазирҳо мумкин вазоратҳое ҳастанд, ки хуб кор мекунанд, кӯшиш мекунанд, ҳаракат мекунанд, аммо азбаски ба таври умумӣ натиҷа он қадар маълум нест, заҳматашон дар соя қарор мегирад.

Аз рӯи таҳлилҳои ахири расонаҳо ва воқеиятҳои кишвар метавон хулоса кард, ки махсусан дар блоки иқтисодӣ бояд ҷавонҳое ҷалб шаванд, ки донишҳои бисёр хуби ҷаҳони муосирро дошта бошанд, ҷавонҳои боиродаву боғайрат бошанд. Хусусан ба як стратегияи бисёр хуб дар ин маврид ниёз дорем. Бубинед, ки баъзе давлатҳо командаи худро ҷавон месозанд, ки хеле муваффақ ҳам гаштаанд. Тибқи иттилои расонаҳо аз ҳама синну соли калон дар ҳамин ҳукумати мо боқӣ мондааст. Масалан Қазоқистонро бубинед, чи қадар ҷавонҳо вазоратҳои бисёр муҳимро сарварӣ мекунанд, ё ин ки дар Қирғизистон, дар Украин ва дар бисёр давлатҳо ҳукуматашонро ҷавон карданд. Мутахассисони ҷавону болаёқатро, ки донишҳои хуб доранду ояндабинии нек доранд, ба вазоратҳо ҷалб кардаанд. Албатта ин маънои онро надорад, онҳое ки синну солашон боло асту кори хуб анҷом медиҳанд, танҳо ба хотири ҷойивазкунӣ ба ҷавонҳо бояд канораш андохт. Мумкин аст, баъзеи онҳоро нигаҳ дошт, аммо асосан имрӯз дар Осиёи миёна як раванди ҷавонсозӣ дар сиёсат ҷараён дорад. Ман фикр мекунам, ки ҷавонони болаёқат навобаста аз маҳалу фирқа имрӯз бояд ба ҳукумат шомил шаванд, агар онҳо воқеан ғами ин давлатро мехӯранд. Онҳо аввалтар аз ҳама бояд дасту дили пок дошта бошанд ва олудагӣ бар фасод надошта бошанд. Масъулиятшинос бошанд. Ин сарзаминро дӯст бидоранд, ба мардумони он эҳтиром дошта бошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97