Алии Лориҷонӣ: «Шумо рӯи дӯстии Ирон ҳисоб кунед»

Мусоҳиба 20.10.2011 09:48

Bo_LorijoniҚарор аст, ки рӯзҳои 20- 21 октябр раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ирон Алии Лориҷонӣ бо сафари корӣ вориди Душанбе гардад. Гуфта мешавад, ки зимни ин сафари хеш меҳмони баландпояи иронӣ бо раҳбарияти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Рӯзҳои 1 ва 2 октябри соли равон, ки хабарнигори "Миллат" дар Теҳрон буд, бо оқои Алии Лориҷонӣ барояш ду бор дидор ва мулоқот иттифоқ уфтод. Бори аввал ба ҳангоми зиёрати оромгоҳи бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ ва бори дуввум дар Қасри сарон мулоқоти вижаи ӯ бо намояндагони Тоҷикистон баргузор шудааст. Инак дар остонаи сафари ин мақоми баландпояи сиёсати Эрон сӯҳбатеро, ки бо эшон хабарнигори мо дошт, ба хонандаи азизи "Миллат" пешниҳод менамоем.

- Ҷаноби оқои Лориҷонӣ, аз номи Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон "Афрӯз" ва рӯзномаи "Миллат" салом арз мекунам ба Шумо ва ба миллати бузурги Эрон.

- Шумо ҳам саломи моро бипазиред, хуш омадед.

- Аз он ки Шумо моро ҷиҳати ширкат дар ин иҷлоси муҳимми ҷаҳонӣ даъват намудед, зиёд сипосгузорам. Ва хушҳолам, ки Шуморо мебинам ва дар кишвари бародари ҳамдину ҳамзабони хеш қарор дорам.

- Ман ҳам аз дидори ҳамаи шумо бисёр хушҳолам. Аз он ки шумо даъвати моро пазируфта, дар кори Конфронс ширкат кардед, изҳори ташаккур мекунем. Хуш омадед. Иншааллоҳ дар хидмати шумо ҳастем.

- Мардуми Тоҷикистон Эронро зиёд дӯст медоранд. Мо тоҷикон ба ин сарзамин муҳаббати беандоза дорем, зеро таърихи Эрон ин таърих ва гузаштаи мо тоҷикон ҳам ҳаст ва мо фарҳангу тамаддуни муштарак дорем.

- Дуруст қайд кардед. Мо ҳам Тоҷикистонро кишвари бисёр дӯсти самимиву ҳамсояву ҳамфарҳанг медонем. Мо алоқа дорем то равобити байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф рушд бикунанд. Мо хушҳол мешавем, вақте шумо аз ҳамкориҳои судманди Эрону Тоҷикистон мегӯед ва моро дӯсту бародар мехонед. Бархе аз пружаҳои муҳим ҳаст байни Ирону Тоҷикистон, ки агар анҷом бишаванд, фикр мекунам, ба нафъи ду кишвари дӯсту бародар хоҳад буд. Табодули энержӣ, табодули об, инҳо чизҳои муҳимме ҳастанд, ки метавонанд миёни Эрону Тоҷикистон як ҳамкории иқтисодии буланд ва барои дарозмуддат бошанд. Ба ҳар ҳол мо ду кишвари ҳамзабон ҳастем, аз ин ҷиҳат вазъи Ирону Тоҷикистон бо ҳам зиёд бастагӣ дорад ва мехоҳам ин ҳамкориҳо бойиси рифоҳу роҳати мову шумо бошанд.

- Ва мо ҳамфарҳангу ҳамдин ҳам ҳастем.

- Бале, мо воқеъан яке ҳастем, гузаштаи мо якест ва ҳаводиси шуми торихӣ моро муддате аз ҳам ҷудо кард, вале ҳамкориҳои мо нишон дод, ки вақте забон ва фарҳангҳо як аст, ин ҷудоиҳо таъсире надорад. Шумо рӯи дӯстии Ирон ҳисоб кунед.

Ҳам дар заминаи кӯмакҳои иқтисодӣ, кӯмакҳои сиёсӣ ва ба ҳамкориҳои илмӣ бо Тоҷикистон алоқа дорем ва мехоҳем ҳамкориҳо ва равобити боз ҳам наздиктаре дошта бошем. Иншааллоҳ, дар зарфи камтар аз як моҳ ният дорем сафаре дошта бошем ба Тоҷикистон ва умед мебандам, ки он ҷо дидори ҳам мебинем.

- Оқои Лориҷонӣ, чун Шумо гуфтед, ки мо бо ҳам бародар ҳастем, моро ин хеле хуш омад ва мо ҳам ба ҳамин андешаем ва мехоҳам сӯҳбати мо мисли гуфтугӯи ду бародар бошад. Аз ин рӯ чун Шумо масъулияти баргузории ин ҳамойиши бузурги ҷаҳониро бар дӯш доред, як гилаи бародарона дорам.

- Бифармоед!

- Дар ин Конфронс, ки рӯзи аввали кори он анҷом шуд, нафарони зиёде аз минбари он сухан гуфтанд, ҳатто аз баъзе кишварҳо ду- се нафар суханронӣ намуданд, вале аз ҷониби Тоҷикистон касе иҷозаи сӯҳбатро то ҳол дарёфт накардааст. Мо ҳам дар масъалаи Фаластин ва ҳалли он қазия назари хешро дорем ва мехоҳем онро ба гӯши намояндагони кишварҳои мухталифи дунё, ки ин ҷо ҳузур доранд, бирасонем.

- Хуб, номнавис кунед ва сухан бигӯед.

- Мо номнависӣ кардем ва ҳам дархосте ба раёсати Конфронс ирсол доштем, вале натиҷа надодааст.

- Чаро чунин шуда, мушкил нест, мо коре мекунем, ки бародарони мо ин ҷо ҳарфашонро бигӯянд. Фардо ҳам вақт ҳаст ва метавонед сӯҳбат бикунед. Ман ба масъулин мегӯям, то ин масъаларо пайгирӣ бикунанд.

- Ва як хоҳиш дорам, агар иҷоза бидиҳед?

- Бифармоед!

- Хоҳиши мо ҳамин аст, ки мо ба Шероз ва ба шеъри Ҳазрати Ҳофиз ва Шайх Саъдӣ муҳаббати хосса дорем. Ва худро аз аҳли Шероз медонем, чун падарам мегуфт, ки бобоҳои мо аз Шероз ҳастанд.

- Аҷаб. Аҷаб!!!

- Мехостем биравем ба Шероз ва мазори ин бузургонро зиёрат кунем.

- Хуб, биравед, бубинед. (Ин ҷо оқои Лориҷонӣ хандаи зебое кард.) Шумо мехоҳед, ки дар ин кор бароятон кӯмак бикунам?

- Бале, чун роҳ то Шероз дароз (аз Теҳрон то Шероз 1100 км аст. Шарҳи Т. С.) ва фурсати мо хеле танг аст.

- Хуб, ҳоло пайгирӣ мекунам, то Шероз ҳам биравед ва бубинед он ҷоро.

- Дасти Шумо дард накунад.

- Ташаккур, мероси фарҳангии Ирону Тоҷикистон ин мероси ғанист ва мутааллиқ ба ҳарду кишвар аст. Ин фарҳанг решаҳои қавии исломӣ дорад. Ва шумо ҳам ва аъзои порлумонатон талош кунед, ки ин мероси исломиву ирониро тақвият бубахшед, ҳарчӣ тақвият бикунед, ҳамбастагии мардумони ду кишвар бештару қавитар мешавад. Морксистҳо омаданд ва барои шумо дар шинохту тақвияти фарҳанги пурғановати гузаштаатон, ки бо ислом иртибот дорад, мушкил эҷод карданд. Шумо ҳам ҳаққи меросбари фарҳанги ирониро доред. Иншааллоҳ аз ин ба баъд бо ҳузури ҷониби Тоҷикистон ва ҳамфикрии бародарони тоҷик ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвари дӯст амиқтар мешаванд.

- Оқои Лориҷонӣ зинда бошед ва ҳамеша сарбаланд бимонед!

- Ба ҳама дӯстони мо салом бирасонед, Бори дигар аз ширкататон дар ин Конфронс ташаккур мекунам. Муваффақ бошед ва Худованд Шуморо ва кишваратонро ҳифз кунад.

- Ба амони Худо бошед!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97