Даъвати Пидром аз Тоҷикистон: Тоҷикони Афғонистонро танҳо нагузоред!

Мусоҳиба 14.10.2011 09:24

Эътилофи ҷадид бояд таъсис ёбад

LATIFI_PIDROM0101- То ҷое ман медонам, Шумо чанде қабл бо Устод Раббонӣ мулоқот доштед. Мехоҳам бидонам, ки дар он сӯҳбат киҳо ширкат доштанд ва Шумо сари кадом масъала бо Устоди шаҳид гуфтугӯ доштед?

- Мо бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон ва хатароте, ки мавҷуд аст, се моҳ қабл тасмим гирифтем ва ҳоло ҳам бар ҳамин назарем, ки як Эътилофи ҷадиде ба вуҷуд биёяд. Ҳанӯз номи Эътилофро нагузоштаем, ки чӣ хоҳад буд, вале яке аз пешниҳодоте, ки шуд, ин Ҷабҳаи миллӣ ном гирифтани эътилоф аст. Ин Эътилоф қарор буд бо ширкати Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки онро дар он ҷаласот аз номи Устоди бузургвор ҷаноби оқои Аҳмадзиё Масъуд намояндагӣ мекард, Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон таҳти роҳбарии ҷенерол Абдурашиди Дустум, Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон зери сарварии оқои Муҳаммади Муҳаққиқ ва Кунгураи миллии Афғонистон таҳти раҳбарии инҷониб барои бурунрафт аз вазъи мавҷуда эҷод бишавад. Дар нахустин ҷаласае, ки шабона дар манзили оқои Аҳмадзиё доштем, ҷаноби Устод низ ҳузур оварданд ва он ҷо дар бораи зарурияти эҷоди як чунин эътилофе сӯҳбат кардем. Устод дар он ҷаласа таъкидашон ин буд, ки бояд эътилоф васеътар шавад, аҳзоби мухталиф бояд ба он ҷалб шаванд ва намояндагони бародарони паштуни мо ҳам бошанд. Бо моршол - соҳиб Муҳаммадқосими Фаҳим, бо Амир Исмоилхон, бо устод Ато ва дигар бародарон сӯҳбат шавад, баъд аз он ҷамъ бишавем то як тасмиме бигирем. Ва ҷаноби Устод фармуданд, ки ҳоло худашон банди расидагӣ ба масоили Шӯрои Олии Сулҳ ҳастанд, дигар бародарон аз Ҷамъияти исломӣ метавонанд дар ҷаласот ширкат дошта бошанд. Мо дар идомаи он мулоқоте, ки дар манзили ҷаноби оқои Аҳмадзиё доштем, баъдан мулоқоту ҷаласоти дигаре ҳам баргузор карда будем, аз ҷумла як ҷаласа дар манзили худи ман, мулоқоти дигаре дар хонаи ҷенерол Дустум ва ҷаласаи дигаре дар манзили ҷаноби оқои Муҳаққиқ доштем.

Шаҳодати Устод кори моро дар нимароҳ гузошт

Ва платформаи ҷабҳаро тарҳрезӣ кардем, барномаро ҳам навиштем ва қарор буд, ки дар охири моҳи август ин ҷабҳа эълон мешуд, аммо бинобар он ки як силсила ниёзҳои дигаре вуҷуд дошт, қарор додем, ки корро пухтатар бикунем ва пас он таъсиси эътилофро эълон бикунем. Ва он корҳоро анҷом додему барои гирифтани маслиҳати Устоди бузургвор ва дарёфти ҳидояти эшон ҳамроҳ бо бародарони аъзои эътилоф ба манзили Устод рафтем. Мо масоилро пеши Устод ба миён гузоштем. Устод ҳам назарашон ин буд, ки вазъият хеле печида шудааст ва эҷоди як эътилофи бузург ба миён омадааст ва бо он дурандешии ҳамешагӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва кору пайкору фаҳме, ки доштанд, дубора таъкид карданд, ки ба ҳар ҳол тамоми кӯшишро бояд ба харҷ дод, ки як кори дуруст сурат бигирад, то мисли эътилофоту ҷабҳаҳои қаблӣ ин эътилоф ҳам ба зудӣ нашиканад. Бинобар ин барои мо боз вақт доданд то ба эътилоф нирӯҳои бештареро ҷалб бисозем ва дар ҳамбастагӣ барои таъмини сулҳ ва суботи Афғонистон талош бикунем. Ӯ хирадмандона барои мо панд доданд, ки ҳоло эътилофро эълон накардаед, хуб кор кунед, то он комилтар шавад, ки баъдан ба мушкил мувоҷеҳ нашавем. Мо ҳам ин ҳидоятро чун як раҳнамоии дуруст пазируфтем. Ва қарор ин шуд, ки боз як моҳ тибқи ҳидоёти Устод кор бикунем ва баъдан таъсиси Эътилофро барои мардуми Афғонистон эълом бидорем. Ин охирин мулоқоти мо бо Устоди азиз ва вопасин дидорбинии мо бо эшон буд. Дигар тақдир нахост, ки мо бо Раҳбари хеш дидорбинӣ дошта бошем. Ва акнун шаҳодати Устоди гиромӣ кори моро нотамом ва дар нимароҳ гузошт, вале иншааллоҳ онро анҷом хоҳем дод.

Барнома ҳамон аст; террори тоҷикони саршинос

- Устод, Шумо ду моҳ қабл дар Душанбе будед ва он ҷо аз тариқи расонаҳои хабарии Тоҷикистон гуфтед, ки нирӯҳое ҳастанд дар дохил ва хориҷи Афғонистон, ки барномаи террори шахсиятҳои саршиноси кишвар, ба хусус тоҷикону форсизабононро рӯи даст доранд. Ва дақиқан дар ёдам ҳаст, дар як сӯҳбататон бо мо гуфтед, ки шаҳодати ҷенерол Довуд охири кор нест ва акнун шикору террори шахсиятҳои бузургтареро амалӣ месозанд. Ва ҷаҳон шоҳид аст ҳамчуноне шуд, ки Шумо гуфта будед. Акнун пас аз шаҳодати Устод Раббонӣ паёми Шумо чист? Чӣ гуфтание доред барои хонандаи тоҷик ва барои мардуми Тоҷикистон?

- Паёми ман барои мардуми Тоҷикистон ин аст, ки даргузашти Устоди бузургворро барои онҳо ҳам таслият мегӯям, барои он ки мардуми Тоҷикистон ҳам Устодро ҳамчун бародари худашон, ҳамватану ҳамзабони худашон, ҳамчун бузурги худашон дӯст медоштанд ва эҳтиром мекунанд. Дар солҳои муқовимат Устод равобити зич ва рафтуомадҳо бо Тоҷикистон доштанд ва ҳамон тавре болотар зикр кардам, Ӯ хадамоти зиёде барои таъмини сулҳ дар Тоҷикистон анҷом доданд, аз ин назар ҷои таслият барои бародарони Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аммо нуктае, ки мехоҳам рӯшан бигӯям барои мардуми Тоҷикистон, барои мақомот ва масъулини Тоҷикистон ҳамин аст, ки ин масъала, яъне шаҳодати ҷаноби Устод поёни кор нест ва тавтеъаҳои дигаре ҳам дар роҳ аст ва барнома доранд, ки дигар шахсиятҳои муҳимми Афғонистон ва минтақаро ба ҷонашон сӯйиқасд бикунанд. Ман аз ин сӯйиқасдҳо ба ҷони хеле аз шахсиятҳо пешопеш нигарон ҳастам ва медонам, ки тавтеъаҳои дигаре алайҳи бузургони Афғонистон ҳаст, тавтеъаҳое ҳаст бар алайҳи шахсиятҳое, ки барои қудратҳои истеъморӣ монеъи ишғоли Афғонистон ҳастанд ва барояшон иҷоза сари худ будан ва тохту тозро намедиҳанд. Ва ин тавтеъаҳо хатм нашуда ва идома хоҳанд дошт ва бояд хеле сареҳ бигӯям, ки дар Афғонистон хеле кишварҳо ҳастанд, ки аз нирӯҳо ва аҳзоби сиёсӣ, аз шахсиятҳо ва ақшори алоҳидаи мардуми Афғонистон ҳимоят мекунанд, аммо мутаассифона тоҷикон камтар аз ин ҳимоятҳо бархӯрдор ҳастанд, ба лиҳозҳои мухталиф, яъне як қудрате, ки ба дурустӣ аз ҳама мардум ва шахсиятҳои кишвари мо ҳимоят бикунад, он тартибе, ки интизор меравад, он гуна нест.

Тоҷикон, ба ҳоли ҳам бетафовут набошед!

Мо аз мардуми Тоҷикистон, аз масъулини Тоҷикистон тақозои ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дорем. Тақозои онро дорем, ки нисбат ба сарнавишти бародаронашон дар ин тарафи марз дар ин лаҳзаҳои ҳассос бетаваҷҷуҳ ва бепарво набошанд. Ва он чӣ дар Афғонистон нисбат ба шахсиятҳои барҷаста, ба тоҷикон иттифоқ меуфтад, онро нодида нагиранд, он ҳамаро ба даркаш бирасанд. Мо тақозои мудохилаи сиёсӣ надорем, вале тақозои ҳамбастагиҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ, ки ҳаққи ҳамаи мо ҳаст, дорем. Орзуи ман ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон масоили Афғонистон ва он чи ки ин ҷо рух медиҳад, онро бодиққат таъқиб бикунанд ва бетафовут набошанд, чун боз мумкин аст иттифоқоти дигаре сурат бигирад, ки аз он мавқеъ дигар ибрози таассуф кардан кофӣ нахоҳад буд. Мо интизори зиёде аз мардум ва давлату порлумони Тоҷикистон ва аз рӯшанфикрони тоҷик дорем. Мо мехоҳем, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳамбастагии қавмӣ ва маънавиашонро бо мо бештар бикунанд, кам накунанд. Ин орзуи мо аст. Ва мутаассифона мо дар вазъияти хубе қарор надорем.

- Устод Пидром, нашрияи "Миллат", ки банда бо намояндагӣ аз он ин ҷо ҳузур дорам орзуҳо ва паёми Шуморо ба мардуми Тоҷикистон, рӯшанфикрон, аъзои порлумон ва масъулини давлат ҳатман мерасонад. Сарбаланду пирӯз бимонед!

- Саломи инҷонибро ҳам ба мардуми Тоҷикистон, ба ҳамаи бародарони мо ва ба масъулини "Миллат" бирасонед. Хушҳол бошед!

(Анҷом)

Сӯҳбати Толибшоҳи Сайидзода Душанбе- Кобул -Душанбе,25 сентябри соли 2011
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97