Академик Мӯсо Диноршоев: «Барои Диноршоев дар Академия кор нест»

Мусоҳиба 07.10.2011 09:41

Диноршоев теғу табар намегирад

Muso_Dinorshooev_01- Устод, суъоли нахустин ин аст, ки академик Мӯсо Диноршоев феълан дар куҷост, ба чӣ кор машғул аст?

- Ин хеле саволи мушкил аст. Ман ҳоло бознишаста ҳастам. Аз моҳи октябри соли 2010 нафақахӯр мебошам. Дар ҳеч куҷо кор намекунам, хонашинам. Ҳамчун академик илтимос кардем ва ҳамин ҳуҷраро ин ҷо дар Академия бароям доданд. Узви Академия агар ҷои кор надошта бошад, ҳаққи ин ҷо як ҳуҷра доштанро дорад. Ва гоҳ- гоҳ ин ҷо меоям, дӯстону ҳамкорони собиқро мебинам, сӯҳбатҳо мекунам, чизе менависам ва боз меравам ба хона.

- Шумо бо хоҳиши худ бознишаста шудед ё Шуморо ба нафақа гусел карданд?

- Ин на аз хоҳиш вобаста аст, балки марбут ба синну сол аст. Ман ба 77 даромадам.

- Дуруст аст, вале мо касонеро медонем, ки солашон аз 80 гузаштаву дар муассисаҳои илмӣ кор мекунанд. Шумо раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ будед, дар вазифаи ноиби раиси Академияи улум кор мекардед, оё бо хоҳиши худ ин ҳама вазифаҳоро канор гузоштед?

- Дар ҳоли ҳозир барои мо дар Академия ҷои кор ёфт нашуд, барои ҳамин дар хона нишастаем. Ман аз соли 1959 дар ҳамин ҷо кор кардам, дар рушду такомули Академия ва Институти фалсафа саҳм гузоштаам ва поягузори ҳамин институт ҳастам. Мувофиқи қоидае, ки қаблан роиҷ буд, раҳбарони институтҳои зертобеъи Академия, ки аз асосгузорони институтҳо маҳсуб мешаванд ва ё солҳои тӯлонӣ он ҷо роҳбар будаанд, баъди ба нафақа баромадан, ҳамчун раиси ифтихорӣ фаъолияти хешро идома медиҳанд. Ин қоида дар Низомномаи Академия ҳам дарҷ ёфта буд. Ҳозир ин нуктаро аз Низомномаи мазкур хориҷ кардаанд, вале дар Низомномаи Академияи илмҳои дигар ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ то ҳол ин қоида ҷорист.

Сарфи назар аз ин ҳама мумкин аст, ки дар ҳамон институт директори собиқ ба ҳайси сарходими илмӣ фаъолият дошта бошад. Вале директори нави институт гуфтанд, ки бо Диноршоев кор кардан намехоҳам. Ман ҳам гуфтам, ки агар бо Диноршоев кор кардан нахоҳад, ҳеч гоҳ теғу табар намегирам. Ман аз зумраи он вазифаталабҳо нестам. Ва шукр бе ҳамин ҳам зиндагиам бад нест.

Бо Шамолов хусумат надорам, ӯ шогирди ман аст

- Хусумати миёни Шумо ва директори имрӯзии Институти фалсафа ва ҳуқуқ Абдувоҳид Шамоловро сабаб чист?

- Намедонам, ман ба Шамолов ҳеч хусумат надорам, дар навиштани рисолаи номзадиаш ба ӯ кӯмак карда будам, роҳбари рисолаи докториаш будам.

- Яъне ӯ шогирди Шумост?

- Бале, ӯ яке аз шогирдони ман аст.

- Чанд сомонӣ нафақа мегиред?

- Барои сариштаи зиндагиам мерасад.

- Чанд рӯз қабл Шумо ҳам дар қатори дигар ходимони илму фарҳанг бо нишони 20 солагии Истиқлол қадрдонӣ шудед. Ба ҳангоми супурдани он мукофот Президент ба Шумо чӣ гуфт?

- Президент дастамро фишурд, маро табрик кард ва муваффақият хост, дигар чизе нагуфт. Умуман муносибати роҳбари давлат бо ман хуб аст.

Он чӣ ман мехостам, нашуд

Muso_Dinorshooev_02- Шумо чанд пешниҳоде дар мавриди таҷдиди сохтори Академияи улум доштед ва ёд дорам, зимни як ҷаласа бо ширкати Президент онҳоро ба Эмомалӣ Раҳмон ҳам гуфта будед. Оё кадоме аз он пешниҳодоти Шумо қабул шуд?

- Бале, ман чанд пешниҳоде ироъа карда будам, вале мутаассифона банда дар ҳайати он комиссияе, ки он ҳама дархосту пешниҳодотро баррасӣ мекард ва мавриди омӯзиш қарор дода буд, шомил набудам. Аз Академияи улум дар он комиссия танҳо Мамадшо Илолов ва Сайфиддин Назарзода буданд. Ман аз таҷдиди сохтори Академия истиқбол карда будам, вале ин масъала дар маҷлиси Академия ва ҷаласаи раёсати Академия муҳокима нашуд. Агар ин кор сурат мегирифт, мо ҳатман таклифу пешниҳодҳои худро мегуфтем.

- Чаро ин масъалаи муҳим дар раёсати Академия муҳокима нашуд?

- Намедонам.

- Он чӣ ки ба ҳайси як академик мехостед оё ҳангоми таҷдиди сохтори Академияи улум амалӣ шуд?

- Он чӣ ман мехостам, нашуд.

- Шумо чӣ мехостед?

- Ман мехостам, ки маблағгузорӣ ба илм дар сатҳи болотар бошад. Имрӯз маблағгузорӣ ба соҳаи илми академикӣ 0, 23 фоиз аст. Ман мехостам, ки маблағгузорӣ камаш як дар сад аз маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ бошад. Ин маблағгузориест, ки бо он метавон илмро дар кишвар нигоҳ дошт ва рушд бахшид. Агар масъалаи таҷдиди сохтори Академия бо мо муҳокима мешуд, ҳатман ин пешниҳодро мекардам. Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки агар бихоҳем илм дар Тоҷикистон пешрафт кунад, бояд маблағгузориро тавсеъа дод. Агар маблағгузорӣ ба соҳаи илм ду ё се фоиз аз маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медод, боз беҳтар буд, илм хубтар рушду нумӯъ мекард. Кишварҳое, ки пешрафт доранд, масалан дар Амрико маблағгузорӣ ба соҳаи илм 4 дар садро ташкил мекунад. Дар Русия ин нишондиҳанда се дар сад аст. Илмро бояд рушду тавсеъа бахшид, то кашфиётҳои илмӣ дар ҳаёт татбиқ шаванд. Илм барои зиндагӣ, барои пешрафти ҷомеъа, барои осудаҳолии мардум бояд хидмат кунад. Агар таҳқиқоту кашфиётҳои илмӣ дар ҳаёт амалӣ шаванд, фоида меоранд, харҷҳои соҳаи илмро мепӯшонанд, вале агар он ҳама дар ҳаёт амалӣ нашавад, ҳамон маблағгузории мавҷуда ба илм як кори бефоида аст. Давлат бояд ба илм маблағгузории хуб кунад ва дар навбати худ аз аҳли илм талаб намояд, ки кашфиёту назарияҳои пешқадам, асарҳо ва дастовардҳои шоиста пешниҳод намоянд, ки онҳо барои истеҳсолот ва пешрафти кишвар аҳамият дошта бошанд.

Кашфиётҳо дар сандуқҳо хоб, дунё ба умед

- Шумо ҳоло ҳам коммунистед?

- Ман дар ҳоли ҳозир узви ягон ҳизби сиёсӣ нестам.

- Ҳизби коммунистро тарк кардед?

- Бале, ҳамин хел ҳам гӯем мешавад.

- Чаро?

- Гап ҳамин, ки ман дар мавриди Ҳизби коммунист вақте котиби кумитаи ин ҳизб будам, андешаву назариёти дигар доштам. Он назариёти ман мавриди қабул қарор нагирифт, бинобар ин аз ҳизб рафтам.

- Чӣ буд он назариёти Шумо, ки мавриди таваҷҷӯҳи Шодӣ Шабдолов қарор нагирифт?

- Ин дигар муҳим нест. Он ҳама акнун гузашт.

- Устод, Шумо гуфтед, ки дар баробари сармоягузорӣ илм бояд боздеҳ дошта бошад, вагарна ҳеч даркор нест ин қадар пажӯҳишгоҳҳо, яъне агар кашфиёту назарияҳои илмӣ дар ҳаёт, дар истеҳсолот татбиқ нашаванд, зарурияти будани Академия ҳам нест. Маҳсули кори ин ҳама ниҳодҳои илмӣ бояд мавриди истифода қарор дошта бошад. То куҷо дар Тоҷикистон илм бо амалия робитаву ҳамкорӣ дорад?

- Гап дар сари ин аст, ки барои он ки кашфиёту ихтирооти илмӣ дар амал татбиқ шаванд, бояд корхонаҳои саноатие бошанд, ки он кашфиёту ихтироотро талабгор бошанд, соҳаи кишоварзӣ бояд харидору талабгори навгониҳову ихтирооти олимон бошад. Агар ин гуна коргоҳҳои саноатӣ набошад, пас он ихтироотро дар куҷо бояд татбиқ кард? Ин ҷо бояд робитаи дутарафа бошад. Кашфиётҳо мешаванд, вале дар сандуқҳои оҳанӣ хобанд. Дунё ба умед аст, шояд ягон вақте татбиқ шаванд. Баъзе кашфиёту дастовардҳо масалан, дар соҳаи энергетика, зилзиласанҷӣ ва дастовардҳои илмӣ дар соҳаи улуми ҷамъиятшиносӣ татбиқ мешаванд. Вале ин ҷо гап дар сари дастовардҳои улуми техникӣ ва табиатшиносӣ меравад. Бубинед, мо ҳамин гармкунакҳоро аз Эрон меорем, дигар воситаҳои гармкунии барқиро аз Чину Туркия дастраси мардум мекунем. Оё Тоҷикистон наметавонад ҳамин гуна асбобро бисозад? Сохтани ин таҷҳизот имрӯз бозича аст. Агар Тоҷикистон бихоҳад, месозад. Мо Институти физикаву техника дорем, Донишгоҳи техникӣ амал мекунад. Агар бихоҳем, ин ниҳодҳои илмӣ метавонанд ин гуна таҷҳизотро дар дохили кишвар истеҳсол намоянд. Ҳамон маблағҳое, ки бебозгашт барои харидории ин таҷҳизот ба хориҷ меравад, дар сурати ин ҷо истеҳсол шудан, ҳамин ҷо мемонад ва ҳам арзон ин асбоб ба мардум пешкаш мегардад.

(Давом дорад)

Сӯҳбати Раҳматкарими Давлат ва Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97