Бурҳониддин Раббонӣ: УСТОД, АМИР, МУБОРИЗ

Мусоҳиба 06.10.2011 10:28

Rabboni_bo_khomanaiКишвари Эрон бо мӯҳташамии фарҳангу ҳунар, илм ва адабиёт мудом мавриди орзуҳои насли ҷавони тоҷик буд ва имрӯз низ ҳамчунин боқӣ мемонад. Маҳз аз баракати Эрон ман бори нахуст ба сӯҳбати амир, олим ва устод Бурҳониддин Раббонӣ ҳанӯз МОҲИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 1992 шарафёб гаштам.

Ҳамон сол ман ба ҳайси сардабири рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" дар ҳайати расми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси ҷумҳур Раҳмон Набиев ба Теҳрон сафар доштам. Сафари ҳайати расми давлатии Тоҷикистон ба даҳаи Фаҷр (Инқилоби исломии Эрон) рост омада буд. Ҳайати моро тибқи таомули меҳмондории шарқиён дар яке аз меҳмонсароҳои бузурги шаҳри Теҳрон "Лола" ҷой доданд. Аз лаҳзаи аввалини сафар ман худро гӯё дар ватани худ эҳсос менамудам. Забон як, фарҳанг як, лаҳҷаи гуфтугӯ як. Дар кӯча, бозор, дафтари кории шахсиятҳои мансабдори Эрон ҳама ба ҳамон лаҳҷае гуфтугӯ менамуданд, ки ман дар Тоҷикистон бо он якумр такаллум доштам. Базмҳои шеъру суруд бо ширкати бузургтарин ҳунармандону адибони Эрон ҳаргиз аз лавҳи хотир фаромӯш намешаванд.

Рӯзи чоруми сафари мо нафаре ба ҳуҷраамон омада хоҳиш кард, ки ба толори маҷлисгоҳи меҳмонсаро ба меҳмонии доктор Раббонӣ фуроем.

- Доктор Бурҳониддин Раббонӣ ба пазироии журналистони тоҷик омада ва мақсад дорад бо шумо сӯҳбате дошта бошад, - гуфт нафари пайғомрасон.

Ростӣ, аз хабари мазкур дар дили ман эҳсоси номафҳуму гуворое ҳувайдо гашт. Барои ман мулоқот бо нафаре, ки тӯли беш аз 10 сол бо пурқудраттарин давлати дунё - СССР даст ба гиребон шуда, дар ниҳоят аз ин ҳарби нобаробар ғолиб баромадааст, ҷолиб буд. Бе ягон шакку шубҳа ба долони толор баромадам ва мунтазири ҳамкасбони дигарам шудам.

Ниҳоят рафиқони ҳамкасбам низ ҳозир шуданд ва моро нафаре ба толор роҳнамо шуд.

Толори васеъи меҳмонсарои "Лола" дар он шоми гуворо гуворотар менамуд. Вале дар толор касе наменамуд.

- Доктор магар дер карданд, - пурсид нафаре аз байни мо.

- Не, устод Раббонӣ алъон намози шом мегузоранд ва барои дер кардан аз оқоён узр мепурсанд, - посух дод роҳнамои мо.

Устод Раббониро дер мунтазир нашудем. Тахмин баъд аз чанд дақиқа марди нуронии пакулпӯш, либоси анъанавии мардони афғон ба бар, бо риши мошу биринҷ ба ҳузури мо ҳозир шуда, барои дер мондан узр пурсиданд ва бо ҳар се нафари мо оғӯш кушода, бародарвор салом карданд.

Бори аввал дидам, ки "душмани" шӯравӣ бо нафароне мулоқот кардан мехоҳад, ки қаблан на танҳо аз ҳузураш, балки аз номаш меҳаросиданд.

- Гузаред, шинед, - ба паси мизҳо ишора карда гуфтанд устод Раббонӣ. Худашон ва ду ё се нафари дигари ҳамроҳашон ба тарафи дигари миз гузашта, рӯ ба рӯи мо нишастанд...

Инак мухтасари сӯҳбате, ки дар моҳи феврали соли 1992 бо аввалин журналистони мустақили тоҷик дар шаҳри Теҳрон бо устод Бурҳониддин Раббонӣ ба вуқӯъ пайваста, ки рӯзи 15 марти соли 1992 дар саҳифаи дуюми рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" ба табъ расидааст, аз нав пешкаши хонандагон мегардад.

Умед дорам мавзӯи сӯҳбат то ҳол кӯҳна нашудааст.

Абдулфаттоҳ, 09. 2011

Ду сол қабл, вақте нирӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ "қарзи интернатсионалии" худро дар хоки кишвари ҳамсояю ҳамзабони мо - Афғонистон иҷро мекард, перомуни "душманон", онҳоеро, ки имрӯз муҷоҳид мегӯем, расонаҳои ахбор чӣ афсонаҳое эҷод наменамуданд. Тахмин мекардем; кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ аст. Аммо ҳақиқатро охири охирон вақт муайян намуд ва донистем, ки дар хоки кишвари ҳамсоя барабас хуни фарзандон ва фарзандони ҳамсоягон рехта шуд. Бадтар аз ҳама барои нумуи душманӣ дар байни халқи кишвари афғон, ки ҷанги бародаркушӣ дар он то имрӯз идома дорад, Иттиҳоди Шӯравӣ шароит фароҳам овард.

Ба хотири кӣ ва ба хотири чӣ? Ба хотири вусъати ҳудудҳои ғояи коммунизм ва таъмини бехатарии ин ғоя дар кишварҳои ҳамсоя? Идеологҳои ғояи коммунистӣ боре андеша накарданд, ки ҳаёти инсонҳо аз кулли ғояҳои онҳо пурқиматтар аст ва ба як қатраи хуни инсон намеарзанд? Барои таъсири амиқи ташвиқи зидди нирӯҳое, ки ба ҳимояи миллат, дину мазҳаб ва хонаю дари хеш бархостанд, номи "душман" насб гардид. Душман, босмачӣ, душман - дастнишондаи Покистон ва Амрико гуфтем, ҳарчи забон мегуфт. Вале нагуфтем, ки онҳо аз марзу буми худ дифоъ доранд. Душмани халқи афғон онҳо не, дигаронанд, ки хуни халқ мерезанд, деҳу шаҳрҳо вайрон мекунанд.

Бурҳониддини Раббонӣ низ қатори он "душманон" аст, ки мо тасаввур мекардем. Бале, ӯро боре надидаву суханаш нашунида, душманаш хондем. Раббонӣ, ки дар 49-солагӣ дар сар як тор мӯи сиёҳаш намонда, вале дар дил ғаму андӯҳи шаҳидони бешуморро ғунҷондааст, бо умеди рӯзи саодат ва салоҳи мардуми кишвараш роҳи мубориза пеша кардааст.

Доктори илм, муаллифи рисолаҳои илмӣ роҷеъ ба Ҷомӣ, амири ҷамъияти исломии Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ имрӯзҳо марди майдони набард ва сиёсат аст. Ин сӯҳбат дар шаҳри Теҳрон ба вуқӯъ пайваст.

- Бовар намекардам, ки тоҷикон ба Ирон оянду ин ҷо бо ҳам сӯҳбат кунем. Зеро моро намегузоштанд, ки бо ҳам мулоқот намоем ва мулоқот карда ҳам наметавонистем, - ба сӯҳбат оғоз намуд Раббонӣ. - Вале имрӯз тоҷикон дубора давлати мустақили худро таъсис додаанд ва ин амри воҷиби таърих аст ва шуморо ба ин муносибат табрик мегӯям.

- Устод Раббонӣ, муборизаи шумо тӯлонист. Бигӯед, ки чи суде аз он бардоштед?

- Мо дар ҷанги нобаробар беш аз 1,5 миллиён нафар шаҳид додем. Дар ибтидо зидди танкҳои пуриқтидори шӯравӣ намедонистем чи тавр биҷангем. Бо санг мезадем, вале суде надошт. Одамон худро зери тасмаи танк мепартофтанд, то онро боздоранд. Вале боз суде набуд. Воқеае дар хотирам сахт нақш бастааст. Дар Бодғис ду бародар, яке мӯйсафеду ҷаҳондида ва дигаре ҷавони камтаҷриба, аммо ҳарду оилаву фарзанддор, пеш аз набард баҳси тӯлонӣ доштанд. Бародари бузург талаб мекард; ӯ дар ҷанги зидди душман шаҳид шудан мехоҳад ва аз бародари худ хоҳиш мекард, ки ӯ зинда монад, то пуштибони оила ва фарзандонаш шавад. Бародари хурдӣ дар навбати худ талаб мекард, ки "на, бигзор бародари бузург зинда монад, зеро ӯ ҳаҷ рафтааст ва дар дил армон надорад". Ниҳоят ҳарду дар ҷанги фатҳи қалъа иштирок доштанд. Бародари бузург шаҳид шуду хурдӣ захмӣ гашт.

- Мақсади шумо муҷоҳидон...

- Дар Афғонистон барпо кардани ҳукумати исломӣ.

- Назаратон ба афғонҳое, ки алҳол дар Тоҷикистон зиндагӣ, кор ва таҳсил доранд?

Rabboni_va_nigohi_u- Ба ҳар халқ аз рӯи намояндагони он баҳо медиҳанд. Вале иддае аз афғонҳое, ки алҳол дар Тоҷикистон иқомат доранд, душманони халқи Афғонистон мебошанд. Зеро онҳо бо корҳои ношоистаи худ, бо машғулиятҳои ғайришаръии хеш халқи афғонро дар назари халқи тоҷик бо бадӣ муаррифӣ мекунанд.

- Муносибати шумо бо асирони шӯравӣ чӣ гуна аст?

- Ҷавонони собиқ шӯравӣ, ки алҳол бо моянд, асир нестанд, озоданд ва ҳар гоҳ хоҳанд, метавонанд ба ватанашон баргарданд. Аммо онҳо баргаштанӣ нестанд. Пеши ман ду нафар ҷавонони узбак то ҳол хидмат мекунанд. Мо розӣ будем, ки ба хонаашон, пеши падару модар баргарданд. Ҳатто бо волидонашон вохӯрданд. Вохӯрданду ба хона барнагаштанд ва қавл доданд, ки то замони пурра озод шудани Афғонистон бо мо мемонанд.

- Марзҳои ҷануби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон на як бору ду бор бомбаборон шуд. Одамон қурбон гаштанд. Ба ин далел чӣ посухе доред?

- Мо намегузорем, ки зидди марзҳои Тоҷикистон бомбаборон истифода шавад. Онҳое, ки марзҳои Тоҷикистонро бомбаборон карданд ё халабонҳои (лётчикҳои) шӯравӣ ё дастнишондаҳои онҳо буданд ва ҳастанд. Халабонҳои муҷоҳиддин ба ин кор роҳ нахоҳанд дод. Муҷоҳидон ба Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ таҳдид нахоҳанд кард. Баръакс, мо аз марзҳои ҷануби Тоҷикистон пуштибонӣ мекунем.

- Овозае паҳн шудааст, ки гӯё аз хоки Тоҷикистон ба ҳукумати имрӯзаи Афғонистон аслиҳа мефиристанд?

- Ба фикрам, ҳоло аз роҳи Тоҷикистон силоҳ намеояд. Вале аз роҳҳои дигар таъмини ҳукумати Наҷибулло бо аслиҳаи Шӯравӣ давом дорад.

- Ба ояндаи Афғонистон рӯшанӣ меандохтед ва мегуфтед, ки интиҳои ҷанги бародаркушӣ то куҷост?

- Имрӯз ихтилофоти байни муҷоҳидон ва ҳукумати Наҷиб маҳдуд аст. Зеро ӯ дигар қудрати бузург надорад. Умедворам соли оянда масъала ҳал мешавад.

- Оё барои Наҷибулло дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷой мавҷуд аст?

- На. Мо Наҷибро ба ҳукумати худ роҳ намедиҳем.

- Зоҳиршоҳ чӣ?

- Ӯ низ ҷой надорад, вале чун як нафари қаторӣ метавонад сокини Афғонистон бошад.

- Олам имрӯз пешвоёни муҷоҳидони Афғонистон - Бурҳонуддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ва Гулбуддини Ҳикматёрро мешиносад. Кадоме аз ишон сари ҳукумати ояндаи Афғонистон хоҳад буд ва шумо чӣ гуна ҳукумате хоҳед таъсис дод?

- Мо солҳои дароз ба хотири миллат ҷангидаем, на бо хотири савлат. Ва маслиҳат кардаем, ки то замони интихобот шӯрое тартиб диҳем, ки он роҳбарии давлатро ба ӯҳда мегирад. Ин ягона роҳест, ки тамоми мушкилотро аз байн мебардорад. Асри ҳозир асри бедории миллатҳои мусалмон аст. Дигар ягон бомб режимро нигоҳ намедорад. Далел; шикасти коммунизм. Дар ҳамаи давлатҳои мусалмоннишин ҳокимон агар хоҳанд, ки давлаташон бобақо бошад, бояд ҳукумати исломӣ танзим кунанд. Зеро оянда аз онҳост.

- Шумо мудом дар ҳаракат ҳастед. Имрӯз ин ҷо бошед, фардо дар гӯшаи дигари дунё барои ҳалли муаммое машғулед. Барои худ, чи гуна вақт пайдо мекунед?

- Алҳол дар як шабонарӯз 3-4 соат истироҳат мекунам. Вақти боқии шабонарӯзро ба кор мебахшам. Машғулияти асосиам қироати Қуръон аст. Ва каломи Оллоҳ ҳамсафари доимии ман мебошад.

- Бо қозии мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мулоқот доштед. Ӯро чӣ тур дарёфтед?

- Ҳоҷӣ Акбарро чун як инсони закӣ ва ҳушёру воқеъбин дарёфтам.

- Ҷанг дар Афғонистон тӯл мекашад, вале инсонҳо бояд зиндагӣ кунанд. Иқтисодиёти Афғонистон дар кадом поя аст?

- Ҷанг аз соли 1974 ибтидо гирифтааст ва то имрӯз давом дорад ва он ба пояҳои иқтисодии Афғонистон зарбаи сахте ворид кардааст. Шаҳрҳо аз байн рафтаанд, вале мардум ба хотири озодӣ ба мушкилот тоқат мекунанд.

- Ба мардуми мусалмони Тоҷикистон паёме доред?

- Истиқлоли Тоҷикистонро барояшон табрик мегӯям. Миллати тоҷик бояд ба пои худ рост истад ва касе ба ӯ ҳокимӣ накунад, исломро пиёда намояд.

Абдулфаттоҳи ВОҲИД,

"Ҷавонони Тоҷикистон", 15 марти соли 1992

P.S. Дар ҳафтаи гузашта яке дигар аз рӯзномаҳои муҳимми Тоҷикистон низ матлаберо таҳти номи "Б. Раббани: "Мы открыты миру" (Убит экс-президент Афганистана Раббани) нашр карда ва муддаъӣ шуда буд, ки аввалин мусоҳибаи журналисти тоҷик бо Устод Раббонист. Ҳоло Абдулфаттоҳи Воҳид, сардабири собиқи рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" низ мегӯяд, ки мусоҳибаи ӯ аввалин мусоҳиба бо Устод Раббонист. Чӣ даъвоҳои зебое, мисли чеҳраи нуронии Устод Раббонӣ. Муҳим ин ҷо чизи дигар аст, ин ҳама бозгӯкунандаи муҳаббат, алоқа ва ихлос ба Устод аст. Ин далели бебадал, бурҷи баландӣ, азамат ва ифтихор будани Устод Раббонист.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97