Абдулқодири Алавӣ: «Язгуломро наҷот диҳед»

Мусоҳиба 27.09.2011 09:33

Абдулқодири Алавӣ кист?

Alavi_AАбдулқодири Алавӣ (Алиев), зодаи водии Язгулом, ноҳияи Ванҷи Бадахшон аст. Таҳсилоти ҳаштсоларо дар деҳаи Жамак ва миёнаро дар мактаби деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон гирифтааст. Солҳои 1974 - 1979 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин таҳсил намудааст. Муддате дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор карда, солҳои 1983 - 1986 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон адои вазифа намудааст. Солҳои 1987 - 1988 дар Доиратулмаъорифи тоҷик (Энсиклопедияи советии тоҷик, ва баъдан дар шӯъбаи таҳия, тарҷума ва нашри қонунҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба унвони сармутахассис то соли 1992 кор кардааст. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо ҳазорон фирориён Абдулқодири Алавӣ ба кишвари Русия, ба шаҳри Маскав кӯч баст ва вориди аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми ин кишвар шуд ва дар соли 2000 рисолаи номзади илмро зери роҳбарии донишманди маъруфи соҳаи ироншиносӣ , доктори илми забоншиносӣ, профессор Ҷой Ийосифовна Эделман дифоъ кард. Баъдан муддате дар Ҷумҳурии Исломии Ирон кор кардааст. Феълан дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад ва ба кори илмӣ машғул аст. Абдулқодири Алавӣ муаллифи чандин мақолаҳо ва китобҳои пурарзиш ба унвони "Ибораҳои пуристиори забони язгуломӣ" (Маскав, соли 1997) ва "Ибораҳои рехтаи забони язгуломӣ" (Маскав, соли 2001) мебошад. Инчунин маҷмӯаҳои ашъор бо номи "Насими Язгулом" (Маскав, 2002), "Ойини меҳр" (2009) ва ғайраро низ ба табъ расонидааст. Нахустин дарси адабиётро дар назди падараш Алиев Мурод, ки муаллими забон ва адабиёт дар мактаби зодгоҳаш Жамак буданд, гирифтааст ва мегӯяд: "Намедонам аз чӣ бошад, ки падарам маро бештар талқин ба омӯзиши ашъори Носири Хусрав мекард". Дар донишгоҳ дар назди устодон Шарифҷони Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Мукаррама Қосимова, Ҳомидҷон Маҷидов, Урватулло Тоҳиров ва ғайра таълими забон ва адабиётро фаро гирифтааст.

Алавӣ дӯстдори шеъри классикист ва дар пайравии Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав шеърҳо эҷод кардааст.

Ҳамзамон бо пешаи пажуҳишгарӣ, Алавӣ дар арсаи танзими умури ҷамоатӣ солҳои зиёде фаъолият намудааст. То дар ин ҷода, шаммае аз мушкилоти ҳамватанони ғарибу дурафтодаашро осон намояд. Солҳои мадиде чун раиси созмони иҷтимоии "Ватан" ва узви "Шӯрои ҳамоҳангии созмони иҷтимоии тоҷикони Маскав" ӯ тавонистааст аз ҳуқуқ ва аз шарафи инсонии садҳо ҷабрдидагони тоҷикистонӣ дифоъ намояд.

- Ҷаноби Алавӣ, мо бо Шумо аз тариқи телефон ва Интернет қаблан сӯҳбатҳо доштем ва акнун шодам, ки Шуморо ин ҷо дар Тоҷикистон мебинам. Чаро Шумо 20 сол боз сар ба ғурбат задаед ва мӯҷиби тарки Ватан кардани Шумо чӣ буд?

- Бо амри тақдир, дар бист соли пеш баробари оғози ҷанги дохилӣ ва пошхӯрии давлати Шӯравӣ ман бо хонаводаам озими кишвари Русия шудем. Ва дар Маскав зиндагии дубораро шурӯъ кардем. Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки баробари сар шудани гирдиҳамоиҳо дар Душанбе ман бо хонаводаам, тавассути телефон таҳдид мешудем. Он замон дар Шӯрои олӣ кор мекардам ва намедонистам, ки чӣ гуноҳ дорам ва барои кадом корам мавриди таҳдиду фишор қарор мегирам. Шояд гуноҳам ҳамин зодаи Бадахшон буданам буд. Ба ҳар ҳол вақте ин фишорҳо афзоиш ёфт, хонаводаамро ба Маскав фиристодам. Аммо дар ҳамон рӯзе, ки ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе сурат гирифт, ҳамсарам дубора аз Маскав ба Душанбе баргашт. Ва ҷомадонаш ҳанӯз дар остонаи дар буд, ки як хешовандам омад ва гуфт, ки Кенҷаев бо лашкараш ба шаҳр ворид шуда ва ин ҷо истодани шумо хатар дорад. Ҳамон ҷо мо ҷомадонҳоро дохили хона накардем, газу барқро хомӯш намудем ва ҳамаи хонавода ба Бадахшон рафтем, ба Язгулом. Баъди 10 -15 рӯз дар он ҷо ҳудуди 45 нафар гуреза ба хонаи модарам аз Душанбеву ноҳияи Куйбишев (имрӯза ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) омаданд. Ман гуфтам, агар бо фарзандонам ин ҷо бимонам, барои ин гурезаҳо ҷо намемонад, ва агар бо аҳли оилаам дар назди модарам меистодем, дигар хешу табори гурезаи мо мегуфтанд, ки модарам фарзанди худашро ҷо доду моро беруни дар кард. Барои ҳамин Язгуломро ба қасди Хоруғ тарк кардам ва аз он ҷо ба Маскав рафтам. Тавассути Қирғизистон ва Қазоқистон дар тӯли 25 рӯзи зимистон ба Маскав расидем.

Дурӯза Маскав омадем, бист сол мондагор шудем

- Шумо вақте рафтед, ҳадафатон рафтани муваққатӣ буд ва мехостед, ки баргардед ва ё медонистед, ки дар Маскав мондагор мешавед?

- Ман дар Русия дӯстони зиёде доштам аз ҳамсабақон ва устодони замони аспирантиям ва вақте он ҷо рафтам, онҳо хоҳиш карданд, ки ҳамроҳашон кор кунам, вале ман қабул накардам. Гумон доштам, ки баъди ду се моҳ бозпас мегардем ва ин ду се моҳ бист сол тӯл кашид.

- Корро аз чӣ шурӯъ кардед, чӣ мушкилоте пеш омад?

- Аввалҳо бароямон хеле мушкил буд, зеро тамоми ҳуҷҷатҳоям дар хона монда буданд. Фақат як шиноснома доштаму халос. Имкони гирифтани дипломамро надоштам ва касе ҳам наметавонист, ки ҳуҷҷатҳоямро бифиристад. Зеро касе ба Душанбе намерафт ва наметавонист, ки онҳоро биёварад. Як дӯсти тоҷики афғонистонӣ доштам, ки ба хонаи ман озод рафту омад мекард ва калиде низ аз хонаам дошт. Ман ӯро ёфта занг задам ва ӯ тавассути афғонҳое, ки ба Маскав меомаданд, ҳуҷҷатҳоямро ба Маскав фиристонд. Ман аз сари нав дар институти забоншиносии Маскав ба аспирантура дохил шуда, рисолаи номзадӣ дифоъ кардам.

- Ин кадом сол буд?

- Ин соли 1999 буд, то он дам ман аввал се сол коромӯзӣ (стажировка) кардам. Зеро дар Русия дер мондан мушкил буд. Чун ин ҷо нооромӣ буд ва чун дидем, ки илоҷи бозгашт дигар нест, мо як роҳе меҷӯстем, ки дар он ҷо бимонем. Ман ҳуҷҷатҳоямро барои коромӯзӣ ба муддати се сол супурдам. Ҳамин тавр, аз соли 1993 се сол коромӯз будаму се соли дигар аспирантура ва баъд аз як сол рисолаи номзадӣ дифоъ кардам. Баъд рисолаи докториамро омода намудам.

- Шумо ҳоло дар институти забоншиносӣ кор мекунед?

- Не, ҳоло мӯҳлати докториям тамом шуд, феълан ба таври озод кор мекунам. Ба ин ё он муассиса шартнома мебандам ва кор мекунам. Бештар бо Вазорати умури дохила ва Агентии назоратии маводи мухаддир ҳамкорӣ дорам.

Ватан вайрона аз ёр аст

- Шумо баъди чанд сол ба Ватан баргаштеду чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт?

Daryoi_Yazgulom- Соли 2001 бори аввал ман ба Тоҷикистон омадам. Модарам бемор буд, ман ба аёдати ӯ омадам, вале баъди маргаш ба Язгулом расидам. Имсол дафъаи дуввум аст, ки ба Ватан бозгаштам.

- Дар ин 20 соли Истиқлол ягон пешравие дар Язгулом ҳаст?

- Ҳангоме ки мо тарки ватан кардем, писарам 2 сола буд. Дар ин сафарам ману ҳамсарам ӯро бо худ гирифтем. Ӯ ҳамагӣ 7 рӯз дар ин ҷо тоқат кард. Ӯ бисёр бо ҳавас ба Тоҷикистон омада буд, аммо ноумед аз ин ҷо рафт. Дӯстонаш, ки бештар аз ҷавонони Кӯлобанд, ӯро хеле меҳмоннавозӣ карданд. Намедонам чаро, аммо ӯ исрор дошт, ки гӯё дар мусофират зиндагӣ дорад. Дашному фаҳшу ҳақорату урфу одати ҷавонони ин ҷо барояш хеле тааҷҷубовар буд. Ӯ аз ин гуфтаҳо хеле ҳам ноҳинҷор мешуд. Яъне баъди бист сол ҳам омада дид, ки ҳанӯз нооромиву бемаданиятист, дар кӯча дашном, дар мошин дашном, ҳар ҷо биравӣ дашном. Забони ширини тоҷикиро забони дурушти фаҳшу дашном карданд. Ман ночор онҳоро боз ба Маскав гусел намуда, худ озими Бадахшон шудам. Як шаб дар Дарвоз мондам ва рӯзи дигар ба Язгулом расидем. Ман бо як ҳавас ба зодгоҳам рафта будам. Зеро барои ҳар кас зодгоҳ азизу мукаррам аст ва боз оромгоҳи волидайнам он ҷост. Чун вориди хона шудам, бародаронам дар хона набуданд ва дигар касе маро намешинохт. Ман вориди ҳавлӣ шудам, зани бародарам дар танӯр нон мепӯхт. Ман рафтаму дар манҷаи рӯи ҳавлӣ нишастам. Аҳли хона гумон карданд, ки кӯҳнавард ё сайёҳе ҳастам. Яке аз ҳамсояҳо омаду маро шинохт ва аҳли хонавода хабар шуданд, ки он сайёҳ манам.

- Ягон тағйире буд?

- Тағйирот зиёд аст, замона дигар шудааст, бемеҳрӣ низ дар миёни мардум хеле зиёд шудааст, ҳамсоя дигар ба хонаи ҳамсоя бидуни даъват намеравад, ки ин аз хислати хоси мардуми кӯҳистон нест. Хонаи волидайнро зору валангор дидам, чун чанд сол қабл дар натиҷаи заминларза ҳамаи хонаҳо афтида буданд. Маркази ин заминларза дар миёни қатторкӯҳҳои Ванҷу Язгулом будааст ва деҳаи Жамак айнан дар пушти кӯҳе қарор гирифтааст, ки дар он тарафи кӯҳ маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаи Гушхун воқеъ шудаанд. Бинобар ин нисбат ба дигар деҳаҳои Язгулом деҳи ман бештар зарар дидааст. Ба назарам арвоҳи падару модарам дар ҳамон лаҳза ба ман назора мекарданд, ки «эй фарзанди ноқобил, хонаи падариро ба чӣ ҳоле расонидаед».

Язгулом - водии хомӯшон

- Дар тафаккури мардум чӣ тағйиреро эҳсос кардед?

- Мардуми Язгулом аз қадим мардуми бофарҳанг ва меҳмоннавоз, бебок, мағруру сарбаланд буданд. Тобеъиятро қабул надоранд, агар ки дар доираи қонун набошад. Охирин дороии доштаи хешро пеши меҳмон мегузоранд. Мева имсол хеле фаровон буд. Обҳояш шаффофу мусаффо аст. Аммо имрӯзҳо аз дидгоҳи фарҳангӣ ин мардум хеле мутаассиб шудаанд. Хеле дар таҳти фишори мазҳабӣ мондаанд. Баланд хандидан, шодӣ кардан, мусиқӣ навохтанро гӯё касе ҳақ надорад. Ҳамаи маросимҳо ба мисли мотам мегузарад. Фақат аз гӯру қиёмат бояд ҳарф зад. Ман ин водиро водии хомӯшон ном ниҳодам. Ҳеч кас аз кормандони давлат ба онҳо коре надорад, назорат ҳам намебарад. Мардум аз ҷомеъа хеле ақиб мондаанд. Дар маъракаву тӯйю дигар чорабиниҳо танҳо сухан аз гӯру қиёмату саволу ҷавоби Накиру Мункар аст. Ман дар як маросиме иштирок доштам. Паҳлавоне аз яке аз деҳаҳои Язгулом баъди аз зиндони Русия раҳо шуданаш зиёфате ороста буд ва маро низ даъват карда буданд. Вақте он ҷо расидем дидам, ки эстафета дар дасти боз ҳамон домуллоҳост. Ростӣ гап, хеле ғамгин шудам. Зеро фикр мекардам, ки бояд он ҷо хурсандиву шодӣ бошад, аммо мутаассифона он ҷо ҳам мавъиза буд, бар ивази хушию хушҳолӣ. Мардум ташнаи хурсандӣ ҳастанд, вале аз чизе метарсанд. Ҳукумати маҳаллӣ бояд дар ин бахш хеле хуб кор кунад. Ин ҷо ҳадафам аз ҳукумати ноҳиявию вилоятӣ аст, на аз ҳукумати ҷамоати Язгулом, чун дар ин арса кореро анҷом дода наметавонад.

Ислом ба муаллимони муллотарош ниёз надорад

- Мактаб умуман нест?

- Ҳасту вале, гӯё ки нест, он чиз маро ба ҳайрат андохт, он ки муаллимоне қаблан маро дарс дода буданд, дар пеши онҳо таълим гирифта будам, имрӯз бештарини онҳо муллотарошӣ мекунанд. Онҳо ҳама ташвиқи масҷиду мадраса мекунанд. Ман рӯзе бо рӯҳониёну рӯшанфикрони деҳа сӯҳбате доштам, афкори ҳамаи онҳоро бардоштам. Дар охири сӯҳбат аз муаллимоне, ки имрӯз ихтисосашонро дигар карданд, хоҳиш намудам, ки кош ман шуморо дар ҳамон симои пешинаатон бинам. Чун ислом ба ин муаллимони муллотарош ниёз надорад, онҳо дирӯз дигар буданду имрӯз дигар. Шукри худо, ки Язгулом домуллоҳои аз онҳо беҳтареро дорад. Аз домуллоҳо хоҳиш кардам, роҳи кӯдаконро ба мактаб набанданд ва аз он муаллимоне, ки дар замони Шӯравӣ таҳсилоти олӣ карданд, истифода намоянд, ки инҳо ғаниматанд. Ҳадафам ин ҷо бад кардани тамоми домуллоҳо нест, домуллоҳои таҳсилкарда ва босавод медонанд корашонро, медонанд, ки бояд чи кор кунанд. Ҳадафам аз он муллоҳои нохонда ва камсавод аст, ки мардумро гумроҳ карданд, ҳадафам аз он устодони дирӯза аст, ки имрӯз пӯсташонро дигар карданд ва ба ҳарфи домуллоҳои таҳсилкарда, ки то ҷое аз дини ислом бохабаранд, гӯш надода, бо онҳо бархӯрди бемаънӣ мекунанд ва дар миёни мардум тухми низоъ мепошанд, мардумро гурӯҳбандӣ мекунанд.

Инчунин мактаби миёнаи деҳаи мо баъди заминларзаи ду сол пеш то ҳанӯз хароб аст ва ба талабагон дар мавсими тирамоҳу зимистон таътил медиҳанд. Ҳавлии мактаб пур аз хаймаҳост. Пурсидам, ки инҳо чӣ хаймаҳоянд, гуфтанд, ки дар дохили он дарс мегузарем. Дохили мактаб низ пури хайма аст. Дар тӯли ду сол ягон коре накардаанд. Деворҳои мактаб аз зарби заминларза кафидаанд, ки дар дохили он дарс хондан хатарнок мебошад. Ин вазъият ду сол боз идома дорад. Худо накунад, ки ин мактабҳоро якбора бубанданд. То ба дараҷае расидааст, ки мардум наметавонад дигар фарзандонашонро ба донишгоҳҳои олӣ барои хондан бифиристанд, зеро аксарияти ҷавонон бесаводанд. Дар тӯли 20 соли истиқлол шояд ду се нафар аз тамоми Язгулом дар мактабҳои олӣ таҳсил доранд. Бештар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву дарраҳо ба Афғонистону дигар кишварҳо ба таври ғайриқонунӣ рафта, ба таҳсили улуми динӣ машғул мешаванд. Теъдоди ҷавонони зиёде, ки қабл аз 10-15 сол ба Афғонистону Покистон рафтаанд, аз баргаштан ба Ватан метарсанд. Агар ҳукумат боз як чораи иловагии дигареро нисбати баргардонидани ин ҷавонони гумроҳ меандешид, хеле хуб мебуд, зеро бисёре аз модарони онҳоро дидам, ки ташнаи дидор бо ҷигарбандони хеш ҳастанд. Мо ҳам алҳамдулиллоҳ мусалмон ҳастем ва мухолифате бо ислом надорем, вале шояд дар як хонавода як ду нафар домулло кифоят бошад. Ҷавонон бояд дар баробари омӯзиши динӣ дигар касбҳоро низ омӯзанд. Замоне, ки ҳукумат ба ин ҷиҳати масъала диққат намедиҳад ва ё назорат намебарад ва чун мутахассис ва муаллимони босавод он ҷо набошад, мардум маҷбуранд барои худашон як роҳи дигари зиндагиву халосиро ёбанд. Он вақт баъд мегӯянд, ки язгуломиҳо мутаассиб ва сахт исломгароянд.  

- Тавре гуфтед, мактаб ду сол аст дар чунин вазъ қарор дорад, оё ин мардумро нигарон намекунад, ки бояд фарзандонашон бихонанд?

- Ҳоло рӯҳияи мардум дигар шудааст ва мехоҳанд фарзандонашон дорои таҳсилот, касб ва мутахассис бошанд. Бояд бигӯям, ки бештари муаллимон баъди нооромиҳо барои дарёфти нон ба Русия ва дигар минтақаҳо рафта, дигар дарс намедиҳанд. Имрӯз устодони ин мактабҳо нафароне мебошанд, ки баъди хатми мактаб дар маркази ноҳия як курсро гузаштаанд ва ё нагузаштаанд, омада ба таълиму тарбия машғуланд. Аз онҳо чӣ гирифта мешавад? Номи худашонро бархе дуруст навиштан наметавонанд. Имрӯзҳо қариб шаст дар сади муаллимонро ана ҳаминҳо ташкил мекунанд, ки таҳсилоти синфи 11 доранд. Ҳафт - ҳашт муаллими дигар боқӣ мондааст, ки дар замони Шӯравӣ мактаби олиро хатм кардаанд, ки имрӯзу фардо ба нафақа мераванд.

Тоҷикистон кӯҳна аст

- Дар ин ҷо вазъиятро чӣ хел ёфтӣ, яъне дар Душанбе?

- Боз ба ҳамон гуфтаҳои писарам бармегардам. Ман вақте дар хиёбонҳо мегардам, ду Душанберо мебинам, яке ҳамин кӯчаи собиқ Ленин (Рӯдакӣ) ва Исмоили Сомониро дигар ҳама ҷо қариб харобазор. Фикр мекунӣ, ки ҳамин девору дари хонаҳо ҳам дигар нур надоранд ва аҷибаш ин ки Офтоби ин ҷо низ нураш дигар аст. Яъне ки Душанбе кӯҳна ва фарсуда ва ё бахт баргашта шудааст.

Ба наздикӣ як дӯсти ман аз Аврупо ҳамроҳ бо фарзандонаш омадааст. Онҳо дар Аврупо калон шудаанд. Ӯ гуфт, ки медонӣ бачаи ман чӣ мегӯяд? Чун аз кӯчаҳои шаҳр гузаштем, гуфт; "дада, маро аз ин ҷо намефорад, Тоҷикистон кӯҳна аст. Ҳама чиз офтобхӯрда."

Аз Душанбе чизе боқӣ намондааст, ҳарчанде баъзе иншоотҳо сохтаанд. Аз дигар кӯчаҳо мегузарӣ, дилат мемонад. Не об асту...

Қаноату Бозору Гулрухсорро меозоранд

- Тафаккури фарҳангӣ чӣ хел аст, ҳеч умедворкунанда ҳаст?

- Ман, ростӣ гап чизе умедворкунанда намебинам. Бештари дӯстонам кормандони Академияи улум ҳастанд. Вақте он ҷо пеши дӯстонам меравам ва аз сӯҳбат бо онҳо мулоҳиза мекунам, ки ҳеҷ умеде дигар нест ба ин ҷо. Агар сухан дар бораи баргаштан ба ватан гӯям, дарҳол мегӯянд, ки аслан ин корро накунед, дар ҳамон ҷо бимонед, вале ғарибӣ ба дилам задааст. Устоди мову шумо, яке аз саромадони назми муосири тоҷик, Устод Қаноат, ки аз ин ҷо дилкандагӣ мекунад ва устод Бозор ноумед меравад, устод Гулрухсорро озор медиҳанд, дигар чӣ ҷойи баҳс аст. Ҳамин гувоҳ бас аст ва ҷои шарҳ нест.

Тоҷикистонро дигар қисмат макун

- Шумо як навиштае пештар фиристода будед бо номи "Сӯгномаи Дарвоз". Ҳадаф аз навиштани он чӣ буд?

- Аслан аз навиштаҳо ва сӯҳбатҳои устод Мӯъминшоҳи Қаноат метавон дар бораи таърихи Дарвоз маълумоти хубе гирифт. Мо вақте аз дидгоҳи маъмурӣ дар минтақаи Ванҷ ҳастем ва дар Бадахшон агар бипурсанд, ки аз куҷоем, мегӯем, ки ванҷӣ ва язгуломӣ ҳастем, вале дар маҷмӯъ дар Маскаву Тоҷикистон мегӯем, дарвозӣ ҳастем. Аслан Ванҷ яке аз ноҳияҳои Дарвоз буд. Дарвоз таърихан номаш Маҳистон будааст ва ман инро аз устод Мӯъминшоҳ шунидаам. Вақте шунидам, ки ба ноҳияи Қалъаихумб номи Дарвозро додаанд, хеле ноумед шудам, зеро Дарвози Бузургро оварда дар як ноҳияи кӯчак маҳдуд кардаанд. Ман аз ин рӯ назмпорае дар ин бора навишта будам. Назари ман ин аст, ки Дарвозро мисли Зарафшону Бадахшон бубинанд. Дарвоз он вақт маънӣ медиҳад. Охир дар он тарафи дарёи Панҷ нуфузи мардуми Дарвоз қариб ба 300 ҳазор мерасад, онҳо дар шаш ноҳияи Афғонистон зиндагӣ мекунанд ва фақат дар порлумони Ҷумҳурии Афғонистон ҳафт (7) нафар намояндаи мардумӣ доранд. Аз нигоҳи фарҳангиву умумияти қавмиву забонӣ, мо як мардум ҳастем, фақат дар Язгулом ҳамон забони бобогӣ боқӣ мондаасту дар Ванҷу Қалъаихумб он тағйир хӯрдааст. Вақте ки номи Дарвозро дар Қалъаихумб часпониданд, бойиси парокандагӣ мешавад, бе ин ҳам мардуми тоҷик парокандаанд.

- Яъне агар аз нигоҳи таърихӣ бигирем, оё мардуми пештараи Ванҷу Дарвози кунунӣ бо забонҳои шабеҳ ба Бадахшон такаллум мекарданд ё кадом забони дигар?

- Забони язгуломӣ ва дигар забонҳои бадахшонӣ ба гурӯҳи забонҳои Бохтарӣ дохил мешуданд. Дар Дарвози имрӯза ва Ванҷ ҳам як забони хосе буда, ки мисли дигар забонҳои бозмондаи Бадахшон аст, намегӯям, ки он язгуломӣ будааст, балки монанди он. Зеро бештари калимоти мардуми ин водӣ дар забони язгуломӣ мавҷуд аст, ки дар дигар манотиқи Тоҷикистон истифода намешавад. Масалан ғравсундан- "маҳкам кардан", ё првоим, ки дарвозиҳо мегӯянд, яъне "гурусна мондан", дар язгуломӣ прведум, ё птхус, ки " гарду чанг"- ро гӯянд, язгуломиҳо птхӯс мегӯянд. Вақте муқоиса кардам, ба хулосае расидам ва ҳам муҳаққиқони аврупоӣ ба ин назаранд, ки 150 сол пеш дар водии Ванҷу Дарвоз низ забоне будааст. Ҳоло дар Маскав як донишманди хеле шинохта Боғшоҳи Лашкарбек роҷеъ ба ин масъала китоберо дар бораи забони ванҷии қадим навиштааст, ки рӯйи чоп аст. Вай исбот мекунад, ки дар Ванҷу Дарвоз мисли забони язгуломӣ забони мустақиле будааст.

Роҳе, ки мо меравем ба Туркистон аст

- Дигар чӣ мехостед?

- Дигар чӣ мехостам, аввалан оромию ободии Тоҷикистони азиз, баъдан бо истифода аз тариқи рӯзнома ба раҳбарони давлат бирасад, ки зодгоҳи ман водии Язгуломро имрӯз қариб фаромӯш карданд, ба мисли саробон мондаву ман ӯро водии хамӯшон ном ниҳодаам, тақозову хоҳиш мекунам, ки онро роҳбарони ҷумҳурӣ фаромӯш накунанд. Зеро ин мардум дорои анъанаву расму русуми хосе мебошанд ва ин мардуми нодир дар дигар кишварҳои дунё нестанд, забони язгуломӣ   дар Китоби сурх сабт шудааст. Намояндагон ва бародарони дигар мардуми Бадахшонро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Афғонистону Покистону Чин дидан мумкин аст, аммо забони язгуломӣ хоси мардуми Язгулом аст ва танҳо дар Тоҷикистон роиҷ аст . Барои ин мардум бояд таваҷҷӯҳ кунанд ва дар корҳои давлатӣ онҳоро ҷалб намоянд. Вақте ки ба ин мардум камаҳмиятӣ мешавад, онҳо роҳи дигареро меҷӯянд, ки роҳи дуруст нест ва ба сӯи Туркистон аст.

Сӯҳбати Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97