Дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҷавоб ба саволи «Оё қумандонҳои маъруф афв мешаванд?», мавзӯи рӯз ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки замоне аз пушти Ёқуб Салимов ё баръакс Ёқуб хотири аз Вахш буданаш, дар кишвар ва берун аз он шинохта шудааст, имрӯз шояд шаҳрвандони ангуштшуморе ба озодӣ баромадани собиқ пуштибони худро мунтазир бошанд.
«Уқоб роҳи бачаашро интизор аст»
Аммо дар кӯчаи саввуми даромадгоҳи хоҷагии «Ленинград»- и ин ноҳия модари Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохила холаи Ашӯрбӣ Салимова шояд баробари як шаҳр одам иродаи интизорӣ кашиданро дорад. Инро ҳамсояҳои як ду манзил дуртар аз зодгоҳи Ёқуб Салимов дар сӯҳбати сари роҳӣ ба мо иброз доштанд.
- Холаи Ашӯрбӣ солҳои пеш як зани тануманде буд, ки пушти дарвозаи хонааш баромада, чашм ба роҳ менишаст, ҳамсояҳо мегуфтанд, ки Уқоб роҳи бачаашро нигоҳ дорад, - ба ёд меоваранд, сокинони маҳалла. -Бечора умраш ба интизори гузашт, имрӯз дигар қаду қомати баландаш хам шудаву чашмони оташинаш бенур шудааст.
Манзили модари Ёқуб аз хонаҳои ҳамсояҳояш ба куллӣ фарқ мекунад. Девори атрофи хонаҳои ҳамсояҳо хокиву атрофи хонаи холаи Ашӯрбӣ бо хишти сементӣ бардошта шудааст. Аммо манзили зисти волидайни Ёқуб мисли хонаҳои бобоӣ болохонадор нест. Дар ҳавлӣ ба ҷузъ ду зарфи обгирӣ дигар чизе ба чашм намерасад. Бинои нимасохтаи анҷомхонаю каҳдон, ки аз асари борону гармии офтоб ранги худро гум кардаанд, ҳавлиро мисли харобазор дилгиркунанда кардааст.
Модари Ёқуб гӯё роҳи касеро интизор буд, осемасар аз хона баромада, асозанон ба пешвозамон баромад. Мо пешопеши холаи Ашӯрбӣ вориди манзил шуда, боварамон намеомад, ки дар ин хона волидайни вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуби овозадор зиндагӣ мекунад. Дар хонае, ки модари Ёқуб сукунат дорад, ба ҷузъ оташдон (печка), ду ҷевони холӣ ва сандуқу курпаҳои замони арӯсии модари Ёқуб дигар чизе ба чашм намерасад. Вақте пиразан даст бардошта дуои хушомадед мекард, ман аз чеҳраи заъфарониаш пай бурдам, ки ин пиразан ба ҷузъ ғами фарзанди зиндонӣ, азоби танҳоӣ низ дорад.
Модари танҳову интизор
- Дар бачам бимирам, Худованд туро аз куҷо овард, ба суроғи мани танҳо омадӣ, Худованд шуморо ба назар бигирад.
- Холаҷон, дар хона танҳо ку зиндагӣ надорӣ?
- Не. Як набераи донишҷӯй дорам, шабҳо ҳамроҳам аст. Рӯзона бошад, рӯй ба раҳми Худо. Бештар вақт ман мемонаму ҳамин дару деворҳои безабон. Як замоне аз бисёрии одамон дар ҳавлӣ ҷойи қадаммонӣ намеёфтӣ. Акнун ба маънои ин гуфтаҳо, ки; «муҳаббати мардум беғараз нест» сарфаҳм рафтам.
- Чанд вақт аст, ки яккаву танҳо мондаӣ?
- Вақте хабар омад, ки Ёқубҷонамро зиндон кардаанд, як бачаи нозанин доштам Шерафган ном дошт, аз ғаму андӯҳи бародараш вафот кард. Ду се сол пеш шавҳарам аз дунё гузашт. Фарзанди дигарам Бегиҷон, ки дар ҳамин ҳавлӣ зиндагӣ мекард, бо аҳли байташ кӯчида рафту имрӯз духтараш барои соҳиби хона шудан меояду меравад, ки феълаш маъқулам нест, дар хона роҳаш намедиҳам. Бигзор бо падару модараш бошад.
- Аз хонаи холӣ дида, набераи маъқул ҳам набошад, хубтар нест, ки ба ягон корҳоят кӯмак расонад?
- Ин дарди ҷудоӣ аз фарзанд ҷонсӯз будааст. Барои ман фарқе нест, ки чӣ мехӯраму чӣ мепӯшам. Ман дар ҷавонӣ либоси танамро фурӯхта фарзандонамро тарбия карда, ба воя расонидам. Ёқубҷон, ки то маҳбас шуданаш сухани маро дар замин намегузошт, дар ин ҳашт сол маро сӯхт, об кард. То писарам аз зиндон набарояд, на парвои хӯрдану пӯшидан дораму на парвои он ки сари танҳо зиндагӣ дорам.
Танҳо Як дӯсти намакшиноси Ёқуб
- Лоақал ягон нафар аз дӯстони Ёқуб ба аёдати Шумо меоянд?
- Ёқубе, ки садҳо нафар ёру ҷӯра дошт, имрӯз фаромӯшаш кардаанд.Танҳо як нафар дӯсташ, ки замоне раис буд, тез-тез омада, аз аҳволам хабар мегирад. Одам як дар пастӣ мезадааст, ҳама бар ӯ пуштгардон мешудаанд. Аммо ин мардум маро нороҳат намекунанд, ман саргарми ғами худу аз ҳама «канда» шудаам.
- Хола, аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?
- Ман як умр дар колхоз кор карда, дар мавсими пахтачинӣ рӯзе сад кило пахта ҷамъоварӣ мекардам. Ҳар сол пила гирифта, нақшаро пеш аз ҳама иҷро мекардам. Имрӯз 60 сомонӣ нафақа мегирам. Ҳамин 60 сомонӣ ҳам барои шикаму ҳам барои танамро пӯшондан аст. Метавонистам мисли дигарон ба дари ҳукуматҳо рафта зорӣ кунам, ки нафақаамро зиёд кунанду ягон кӯмакам расонанд, аммо хотири нангу номуси писаронам гушна мегардаму пеши ягон нафар кӯмакталабӣ намеравам.
Зиндагии хоксоронаи модари вазир
- Дар замони вазир будани Ёқуб ҳам дар чунин шароит зиндагонӣ доштед? Ё баъди шикасту рехтҳо сарвати хона аз даст рафт?
- Не. Мо аслан сарватғундор нестем. Ҳамон солҳо дар як маърака дар ноҳияи Фархор маро нашинохта, зане нақл мекард, ки дарвозаи хонаи модари Ёқуб бо «кнопка» кушода мешавад. Агар дар он давра худамро шинос намекардам, афсонаҳои шоҳони ким куҷоро дар номи бачаи ман мебофтанд. Ҳама он чӣ имрӯз дар ин хона мебинед, ҳамон молу сарвате буд, ки дар замони вазир будани Ёқубҷон дар хона доштем.
Ёқуб: «Аз Худо намонӣ, оча»…
- Бо писаратон бори охир кай вохӯрда будед?
- Як- ду моҳ шуд. Ростӣ, дар хотир надорам. Аз шодии дидори фарзандам рӯзу шаб дуо мекунам, ки Худованд нигоҳбони он нафароне шавад, ки маро ба дидори писарам расониданд. Дар вохӯрӣ ба писарам ваъда додам, ки то ҷон дорам даводав мекунам, ки аз зиндон озод шавӣ. Аммо Ёқубҷон таъкид кард, ки модарҷон, агар озод шудани маро бихоҳӣ, аз хонаат берун набаро. Озодии маро аз даргоҳи Худованд талаб кун. Иншооллоҳ дуоят мустаҷоб мегардад.
- Ёқуб дар бораи афв чӣ андеша дорад?
- Гуфт, афве, ки эълон мешавад, ба ҳазор хонадони тоҷик хуррамӣ меорад. Ҳар он чӣ аз сар гузаронидааст, аз ҳукми тақдир медонад. Модарҷон, дар пешонии ман ҳамин чиз навишта шуда будааст, гуфта, диламро пур кард, ки насиб бошад аз файзи ин идҳои бузург пайки хуше ба дари хонаи мо ҳам мерасад. Аз рӯзҳои ба сараш омада, аз касе домангир нест. Аз одаму олам канда шуданамро ҳис карда бошад, ки гаштаю баргашта таъкид мекард: «Очаҷон, ман сабру тоқат дар рӯзи вазнинро аз Шумо омӯхтаам, бовар дорам, ба рӯзҳои аз ин ҳам вазнин тоқат мекунӣ, аммо дар танҳои мондӣ Худоро ёд кун. Аз Худо намонӣ, оча».
«Бачаи ҷон, як тавре бинавис, ки ба Ёқуб зарар нарасад»
- Шумо аз моҷарои писаратон хабар доштед?
- Не. Намедонам. Дар зиндагӣ аз бисёр пешомадҳои ҳаёт эҳсоси хатар доштам, аммо аз чунин гардиши тақдири фарзандам, ки одами бовариноки ҳукумат буд, не. Намедонам дар байни онҳо чӣ гап гузашт, ки… -холаи Ашӯрбӣ бо гӯшаи сарбандаш ожангҳои пуроби рухсораҳояшро пок карда, ба фикр фурӯ меравад. Ӯ ба дастакҳои сақфи хона дида дӯхта буду қатраҳои ашк бо навбат аз сари мижгон ба рӯяш мерехт.
- ...Ман дар ғами Ёқуб бисёр сӯхтам. Ҳатто соле, ки дар бистари ҷарроҳӣ беҳуш мехобидам, ҷигарам аз ғами Ёқуб месӯхт, ки зимистон дар пой «кетӣ» дар кӯҳсор барои муҳофизати Ватан мубориза мебурд. (Ӯ каме таваққуф мекунад ва ба суханаш идома медиҳад.) - Бачаи ҷони оча, як тавре бинавис, ки боз ба тақдири бачаи ман таъсири бад нарасонад. Ман чӣ сухане мегӯям, танҳо ба хотири он ки писари ҷигарбандам озод шавад. Ман 80 сола шудам. Ғами Ёқубҷон миёни маро шикаст. Вагарна ман як зане будам, ки дар дари хона намеғунҷидам.
«Писараш мисли худаш «Чемпион» аст»
- Ёқуб ба ҷузъ Шумо боз кӣ дорад?
- Бародарону хоҳаронаш аз пайи дарёфти рӯзгори хешанд. Ҳамсару ду духтар ва се писар дорад. Духтаронаш Мижгона, Паймона, бачаҳояш Абубакр, Умар, Усмон. Усмони писараш мисли худаш варзишгар аст. Дар ҳамон хориҷа як намуди варзиш ҳаст – ку, ба мушт якдигарра мезананд, «Чемпион» шудааст.
То боздид модар!
Модари вазири собиқи корҳои дохила, раиси собиқи Кумитаи гумрук ва Сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркия дар дигар мавзӯъ зиёд сӯҳбат кардан намехоҳад. Аммо вақте дар бораи писари зиндониаш сухан мекунад, баъди фикрашро ҷамъбаст кардан, такрор ба такрор; боз ҳамин суханҳои ман, сари роҳи ба озодӣ баромадани бачаамро нагирад, гуфта, изҳори ташвиш мекунад.
Бо модари зору интизор хайрбод мекунаму ӯ таъкид мекунад, ки: «Бачаме, аз хона ба шаст набаро, то дубора ба ин манзил омаданат муясар гардад. Заҳри одамро одам мегирад мегӯянд, то чунин рӯзҳо ба сарамон наояд намефаҳмем». Ман ҳам ба шаст берун нашудам, то омаданам зудтар муяссар шавад, замоне ки Ёқуб ва «дӯстон»-и ӯ дубора ба ин хона биёянду дигарбора холаи Ашӯрбӣ дар он ҷойи қадамзанӣ наёбад.
Ҷамолиддин УСМОНИЁН