Ҷенерал Асадуллоҳи Кӯфӣ: «Хатми ҷанг сулҳ нест»

Мусоҳиба 26.08.2011 12:42

Kufi 24Рӯзҳои 4- 5 июли соли равон чуноне иттилоъ дода будем дар меҳмонсарои "Пойтахт" -и шаҳри Душанбе ҳамойиши байнулмилалие зери унвони "Низоъ ва сулҳофарӣ дар Афғонистон; вазъ ва пешомад" баргузор гардид, ки дар кори он сиёсатмадорону коршиносон аз кишварҳои Ирон, Покистон, Русия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Генерал- полковник Асадуллоҳ Ҳабиби Кӯфӣ, собиқ муовини аввали вазири умури дохилаи Афғонистон низ дар ин ҳамойиши ҷаҳонӣ суханронии ҷолибе дошт, ки онро пешниҳоди хонандаи азизи "Миллат" мекунем:

Афғонистон дар сатҳи миллӣ тавони эҷоди сулҳро надорад, бӯҳрони ҳувият, бӯҳрони машруъият, бӯҳрони амният ва бӯҳрони мудирият чаҳор ҳалқаи ба ҳам пайваста, занҷири дасту пойгири ҷомеъа ва мардуми Афғонистон шудаанд. Кишваре, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, ҳамон гуна ки аз чаҳор сӯй муҳот ва баставу пайваста ба хушкӣ аст, ба лиҳози сиёсӣ ва геополитикии минтақаи Осиёи марказӣ ҳам аз чаҳор гӯша ва чаҳор рух баста ба бӯҳрони эътимод ва муҳот ба бесуботии амиқ аст.
Мизи гирди байналмилалӣ, ҳозир таҳти номи "Вазъияти феълии чашмандози ҷанг ва эҷоди сулҳ дар Афғонистон ва минтақа" баргузор шудааст, бузургтарин талош ва муҳимтарин орзуи мо ва ҳама ҳамсоягони некхоҳи мо дар ин орзу, ки моро ҳамроҳӣ ва ёрӣ мекунанд, дастёбӣ ба сулҳ ва поён додан ба бӯҳронҳои гуногун дар Афғонистон аст.
Ростӣ, сулҳ чист ва дарки мо аз ин мафҳум чи гуна аст? Яке аз мушкилоти умда ва душворе, ки ҷомеъаи моро то реша фаро гирифтааст, иштибоҳотеанд, ки дар дарки мафоҳим сурат мегирад. Ва бар ҳамин асос кӯшишҳои мо низ ба натиҷа намерасанд. Ҳоло бубинем, ки сулҳ чист ва ҷанг аз кадом вожаҳост?!
Сулҳ ҳолате аст, ки адолат дар мудирияти ҷомеъа бар бинои манофеъ оҳоди мардумро мумкин ва муяссар мегардонад. Ба ибораи дигар, сулҳ вазъияте аст, ки ҷомеъа аз ҳолати бӯҳрон бадар ояд ва заминаи ҳамзистӣ, боҳамӣ, иттиҳод ва ҳамоҳангии умури мардум ба сурати одилона ва оқилона таъмин гардад. Сулҳ хатми ҷанг нест ва ҷомеъаи фоқиди ҷанг низ дар сулҳ қарор надорад. 
Дар сад соли пасин даҳаҳои гуногунро дар набуди ҷанг сипарӣ кардем, вале сулҳи воқеъӣ надоштем. 
Қатъи ҷанг танҳо пеши шарти оғози музокироти судманд барои таъмини сулҳи пойдор аст, ҷанг ҳолате аст, ки ҷомеъа воқеъияти хешро дар тибқи ҳақиқат мегузорад. Ва ҳақиқат низ чеҳраи ҷомеъаро барметобад. Ҷомеъаи мо саршор аз ҷанг ва тиҳӣ аз ҳамбоварӣ ва ҳамовозӣ дар сатҳи миллӣ аст.
Бо хушбоварӣ ва думболи орзу рафтан, на сулҳ мешавад, на хатми ҷанг, ҳамин ҳоло, ки мо барои сулҳ сухан мегӯем асбоби давоми ҷанг ва тадовуми бӯҳронҳои гуногун фароҳам шуда ва ниҳодҳо ва дастаҳое дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, даст андар кори баҳонасозӣ ва заминачинӣ барои он ҳастанд.
Ҷанг ва сулҳ дар меҳани мо монанди соя моро раҳо намекунад. То ба сулҳ мерасем, суботи сиёсии мо шикаста мешавад, то ба субот андеша мекунем, бӯҳрони ноошноӣ аз як сӯ вориди ҳарими мо мешавад ва дастҳои душманон дар остини дӯстӣ ба сӯи мо дароз мегардад ва мо низ далели суннати зиндагӣ ва маҳрумият аз инкишофи дониш ва тавсеъаи сиёсии бозори пурранги тавтеъа ва барномаҳои бӯҳронофарии душманони худро равнақ мебахшем.
Дар мавриди мардуми Афғонистон ин ҳақиқатро равшан кунем, ки онҳо на як миллат, балки пораҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои мардумианд, ки бо ҳам намеҷӯшанд ва ба лиҳози отифӣ-ахлоқӣ ва равонӣ-маънавӣ худро тофтаҳои ҷудобофта аз ҳам намудор мекунанд. Сулҳи мо аз матни ҷомеъа ва аз жарфои муносиботи мардумӣ осебманд аст. То вақте, ки кӯчиҳо ба унвони як гурӯҳи иҷтимоӣ фоқиди мулкият ва назми зиндагӣ бошанд, таҳдиде барои мардуми кӯҳистон, ҳазористон ва баландиҳои маркази кишвар хоҳад буд.
То вақте ки ҷомеъаи ҳазора ҳам ба далели мазҳабӣ ва ҳам ба нисбати фарҳангӣ ба пуштунҳо ва ё аҳли тасаннун муровидаи хешовандӣ накунанд ва баръакси тасаннун ва ақвоми дигар ба онҳо ҳамҷӯшӣ ва нисбати хешовандӣ накунанд, миллат шудани мо мумкин нест. Бадбахтона дар ин маврид ҳеч гуна тадбир ва санҷише дар сатҳи миллӣ ба амал наомадааст.
Айби май ҷумла бигуфтӣ,
                    ҳунараш низ бигӯй,
Дафъи ҳикмат макун
         аз баҳри дили омие чанд.
Вақте ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҷанг назар мекунем, авомили сиёсӣ ва пайомадҳои ҷанг дар Афғонистонро ба диққат бишиносем, масъалаи фарҳанг ва инсониро ба унвони пояи бӯҳрони иҷтимоӣ ва тадовуми ҷанг ё ноҳамҷӯшии мардумӣ бидонем, авомили байналмилалӣ ва нақши онҳоро дар ҷанг ва сулҳи зидахл бидонем ва ангезаҳои муҳими сиёсиро бо диққат шиносоӣ кунем, иллат ва сабаби ҷанг қобили дарк мегардад.
Ман ба унвони як фарди низомӣ, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибиёти сиёсии чаҳор даҳаи пасин дар Афғонистон, дар робита ба мулафаҳои сулҳ ва муфрадоти ҷанг, бо шинохте, ки аз ҷанг ва сулҳи Афғонистон дорам, яксари тарҳҳо ва пешниҳодҳои муайянеро пешкаши ин ҳамоиш мекунем, то бошад, ки ақли муштараки ҳамаи мо дар ин мизи ҳамсуханӣ, ҳамгироии мавзӯъро ба даст оварем ва равишу роҳкори асосии сулҳ ва давоми он дар Афғонистонро ба даст диҳем:

  1. Сулҳ як фароянди иҷтимоӣ ва як таомули сиёсӣ аст. Бар пояи аҳамияти геополитикии кишвари мо ва нақши он дар созкорҳои минтақавӣ, бояд раванди воқеъии сулҳ аз бистари иҷтимоӣ оғоз гардад ва фароянди умумӣ ба таомули сиёсӣ мадад бирасонад. Бояд сулҳро дар зиндагии мардум дар бистари равобити умумӣ шомили муносиботи иҷтимоӣ бигардоем ва ҳақиқати ҷудо-ҷудо зистани мардумро дар воқеъиятҳои сарсахти мамлакат аломат бидиҳем.
  2. Ҷанг натиҷаи беадолатӣ, пешхоҳӣ, душманхӯӣ, муздурӣ, бегонагароӣ ва мардумситезӣ дар як ҷомеъа аст. Ангеза ва далоили ҷанг аз матни ҷомеъа зуҳур мекунад ва дар пайи давому қавоми хеш, абзори таъмини манфиати душманон ва бегонагон мешавад. Пас бояд ҷангро аз реша бихушконем ва ба ҳақиқати он эътирофоти содиқона дошта бошем.
  3. Бахше аз бӯҳрони Афғонистон ба лиҳози сиёсӣ, марбут ба нақшу нуфузи ҳамсоягони мост. Пас бояд равобити ҳасана ва муносиботи дӯстона ва воқеъӣ байни Афғонистон ва ҳамсоягон пойдор шавад ва решаи адоват ва тавтеа алайҳи ҳамдигарро аз байн бубарем, дар иваз бояд дӯстии мо бо ҳамсоягон бисёр эътимодофарин ва итминонбахш бошад.
  4. Афғонистон гирифтори чандин навъ бӯҳрон дар сатҳи миллӣ ва беэътимодии мутлақ  дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ аст. Бояд мубориза алайҳи бӯҳронҳои дарунии ҷомеъа бо навъе садоқати миллӣ ва адолати иҷтимоӣ ҳамроҳ бошад, то аз хушунати зеҳнӣ ва фикри душманпиндорӣ бадар оем ва сипас ба ёрии дӯстони байналмилалӣ ва ҳамсоягони содиқи хеш ба эътимодсозӣ ва эътиборофарӣ бипардозем.
  5. Мо бояд ҷангу сулҳи Афғонистонро, ки бештар зодаи бархе аҳдоф ва тавтеаҳои хориҷӣ мебошад, аз нақш ва саҳми бӯҳронсози он кишварҳо ба дур надонем ва ҳама борро ба дӯши мардуми бесавод ва номуроди Афғонистон наадозем. Пас мушоракати фаъол ва муассири тамоми кишварҳои бузурги ҷаҳон ва давлатҳои рифоҳӣ бояд дар пружаи таъмини сулҳ ҳифз ва давоми он таъмин гардад ва давлати миллӣ низ зарфият ва қобилияти онро дошта бошад, ки ёрӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳалли бӯҳрони Афғонистонро парвариш диҳад.
  6. Бояд Афғонистон аз майдони рақобати кишварҳо ва адовати фикриву системии онҳо бадар ояд ва ба ҷои амрикоиситезӣ, русияситезӣ, чинситезиву аврупоситезӣ навъе ҳамгироӣ ва ҳамсуӣ дар гурӯҳҳои мардумӣ ва ҳатто дар миёни ин кишварҳо нисбат ба Афғонистон ва нисбат ба худи онҳо дар Афғонистон ба вуҷуд ояд. Шуморе аз мардум Амрикоро дӯст доранд ва зидди  Русияанд ва баръакс иддае Русияро дӯст медонанд ва зидди амрикоӣ ҳастанд, аз ин сабаб равони душманхӯии худ бӯҳрони муҳиме ҳаст, ки ҳисси миллӣ ва дӯстиро дар мардум заъиф менамояд. Бояд Амрико ва Русия дар Афғонистон рақобати худро аломат надиҳанд. 
  7. Бояд ҳама зарфиятҳои тавони бахши миллиро дар ҷиҳати ҳамзистӣ тақвият кунем ва нируҳои байналмилалиро низ ба гунае ҳамоҳанг намоем, ки ҷуз ба меҳру дӯстӣ, ҳомили паёму паймони дигаре набошад. Эҷоди сулҳ на фақат қатъи ҷанг аст, балки муҳайёи дӯстӣ ва хатми ҷанг ба маънои оғози сулҳ аст. Пас бояд навиди поёни ҷанг ва оғози ҳамзистию амнияти умумиро ба мардум бидиҳем ва аз ҳар гуна ифротгироӣ, хушунат ва бемеҳрӣ чашм бипӯшем ва парҳез кунем.
  8. Умедворам поёни номаи ин нишаст маншури умумии сулҳи Афғонистон қарор бигирад, дар ҳамин нишаст гурӯҳи коршиносон ва пажӯҳишгарон барои эҷоди сулҳ ва поёни ҷанг тарҳи амалӣ ва нақшаи роҳбурди мантиқӣ ироа бидоранд.
  9. Хеле ба мавқеъ аст, агар  ситоди мутолеоти стратегии низомӣ-сиёсӣ барои Афғонистон ба вуҷуд ояд, то таҳқиқоти ин ситод, ки дар он коршиносони миллӣ (афғонистонӣ) ва низ нухбаҳои ҳамсоягон ба суръати фаъол ширкат намоянд. Тарҳ, тадвин ва ироа гардад.


Шарҳи ҳол:

Асадуллоҳ ҳабиби Куфӣ соли 1963 дар вулусволии Куфоби Бадахшони Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ литсеи 12- соларо дар шаҳри Файзобод хатм карда, баъдан дар омӯзишгоҳи ҳарбии Балх таҳсил намудааст.  Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи Фрунзеи шаҳри Маскав мебошад. Ӯ ҳамчунин Академияи олии Вазорати корҳои дохилаи Иттиҳоди Шӯравиро ба итмом расонидааст. Асадуллоҳи Кӯфӣ дар вазифаҳои мухталиф аз афсари оддӣ шурӯъ карда то ба мақоми муовини аввали вазири умури дохилаи Афғонистон кор кардааст. Замони ҳукумати Наҷибуллоҳ дар мақоми сардори раёсати аслиҳа ва таъминоти низомии вилояти Бадахшон буда, дар ҳукумати устод Раббонӣ масъулияти Горди низомии раиси ҷумҳурро бар дӯш доштаааст. Дар даврони аввали қудрати Ҳомиди Карзай чанд муддат раиси техникаи вазорати умури дохилаи Афғонистон будааст. Феълан ӯ генерал- полковники мустаъфӣ буда, муовини раиси Бунёди ҳифзи сулҳи Осиё мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97