Қонуни масъулият қабул шавад, Вазорати маориф чӣ даркор?

Мусоҳиба 02.04.2011 10:22

Баҳси лоиҳаи қонун дар Мизи гирди нашрияи "Миллат"

Obshiy_032 марти соли равон дар толори хурди Коргоҳи табъу нашри "Шарқи озод" бо ибтикори нашрияи "Миллат" ва Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- "Афрӯз" Мизи гирде бо ширкати афроди соҳибназар ва мутахассисони соҳаи таълиму тарбия баргузор гардид, ки дар он тарҳи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар зер назару андешаҳои ширкатдорони ин маҳфилро пешниҳоди хонандаи арҷманд менамоем.

 МАСЪАЛАЕ, КИ МАВЗӮЪИ РӮЗ БУД

Толибшоҳи Сайидзода (минбаъд Т. С.)

- Дӯстони гиромӣ, тайи беш аз ду моҳ аст, ки дар миёни мардуми кишвар лоиҳаи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" дар муҳокима ва омӯзишу баррасӣ қарор дорад. Чун ин мавзӯъ як масъалаи рӯз аст, ки ҳама пиру барно, одамони касбу кори гуногун аз он гуфтанду мегӯянд, ду моҳ боз шабу рӯз муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур дар сархати ахбори расонаҳои хабарии расмии Тоҷикистон қарор дошт ва афкору андешаҳои мухталифе ҳам дар сӯҳбатҳои алоҳидаи мардум ва навиштаҳои расонаҳои мустақили иттилоотӣ баён ёфтаанд, нашрияи "Миллат" тасмим гирифт, ки бо ҷамъи коршиносону мутахассисони соҳаи таълиму тарбия як маҳфиле баргузор намуда, тарҳи Қонуни мазбурро мавриди баҳсу баррасӣ қарор бидиҳад. Чун дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар истодаем ба ҳама модарони азизи кишвар тансиҳатӣ ва хонаи обод таманно дорам ва мехостам ба хотири эҳтироми зан- модар ва арҷ гузоштан ба бонувони гиромӣ навбати суханро нахуст ба бонуи мӯҳтарам, муовини вазири маорифи Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова бидиҳам то назару андешаи хешро дар мавриди тарҳи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" изҳор намояд. Лутфан бифармоед.

ҚАБУЛИ ҚОНУН ХОҲИШИ МАРДУМ ВА ЯК АМРИ САРИВАҚТӢ АСТ

Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон (минбаъд Т. М.)

A_Tojinisso- Ташаккур мекунам аз шумо. Чандест, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" дар муҳокимаи мардуми кишвар қарор дорад ва ин лоиҳа аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шудааст. То имрӯз аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз севвуним ҳазор таклифу пешниҳодҳо ба вазорати маориф ва Ҳукумати Тоҷикистон расидааст. Чунон ки огаҳӣ дорем миллати тоҷик дар ҷомеъаи башарӣ як миллати тамаддунсозу фарҳангӣ муаррифӣ шуда ва имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар назди худ вазифа гузоштааст, ки барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва дар заминаи арзишҳои миллӣ наздик шудан ба арзишҳои байнулмиллалӣ санаду қавонине таҳия намояд, ки барои ҳифзи иҷтимоии мардум ва рушди иқтисодиву фарҳангии ҷомеъа бештар мусоидат кунад. Ҳарчанд вазорати маориф ва сохторҳои он тарбияи инсонро рисолати аслӣ ва таърихии худ медонад ва онро ба роҳ андохтааст, имрӯз ҳар шахс ба ҷомеъа бояд манфиат расонад, мавқеъи худро дар ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва башарӣ муайян созад ва ҳар кас, ки ба моҳият ва шинохти худ, дарки худ сарфаҳм равад пеш аз ҳама дар заминаи шинохти худ ва арзишҳои миллӣ тавонад ба худ ва ба ҷомеъа нафъе расонад. Ба ҳамин хотир имрӯз як лоиҳаи Қонун пешниҳод шуд, ки он бисёр саривақтӣ аст, чунки таълим бе тарбия буда наметавонад ва таълиму тарбия дар ҳамбастагӣ ҳастанд ва ман гумон мекунам пас аз қабул шудани ин қонун соҳаи маориф боз ҳам рушд мекунад, чунки агар муассисаи таълимӣ имрӯз ба омӯзиш ва тарбия машғул бошад, таъсири ҷомеъа ва дастгирии шаҳрвандон нисбати тарбияи насли наврас дар ҳамбастагӣ бештар манфиат мерасонад. Ва ман фикр мекунам қабули ин лоиҳаи қонун айни вақт аст ва чуноне аз таклифу пешниҳодот ва иродаву хоҳиши мардум дарк мекунем, ҷомеъа низ имрӯз инро мехоҳад, ки чунин як қонун бошад.

МАРДУМ ДАР МУҲОКИМА ОН ҚАДАР ФАЪОЛ НАБУДААСТ?

Т. С. Хуб, изҳори сипос мекунем ба муаллимаи азиз Тоҷинисо Маҳмадова, барои ин сӯҳбати дилнишинаш ва чуноне мавсуф зикр намуд, лоиҳае, ки пешниҳод шудааст, як тарҳи саривақтӣ аст, ирода ва мавқеъи мардум ҳам ҳамин аст, ки ин лоиҳа ба шакли як қонун пазируфта шавад. Вале то ҷое мо медонем, иддае аз мардум дар масъалаи ин тарҳи пешниҳодшуда назари дигар доранд ва яке аз шахсиятҳое, ки ин тарҳро аз тариқи расонаҳои хабарӣ интиқод карда буд, мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ҳастанд ва аз эшон мехостам назари худро гуфта бошанд, ки чаро бо ин тарҳи пешниҳодшудаи Қонун ихтилофи назар доранд ва сабаби мухолифаташонро бо он шарҳ бидиҳанд?

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода (минбаъд - Ҳ.А.Т.)

-Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим, барои ин иқдоми нек аз хоҳари гиромиамон, муассиси Hoji_Akbar_03ҳафтаномаи "Миллат" Адолати Мирзо ва ҳамкорони мӯҳтарамашон ташаккур мекунам. Воқеъан, вақте лоиҳаи қонун пешниҳод шуд, худи лоиҳа ба дасти ман нарасида, аз тариқи телефон хабарнигоре аз ман пурсид ва баъзе нукоти онро бароям хонда дод . Ҳамон ҷо гуфтам агар чунин нукоте дар ин қонун бошад, пас он қадар қонуни муваффақе, нофеъе барои кишвари мо намешавад. Ба зудӣ баъд аз як рӯз аз тариқи Интернет нусхаи лоиҳаи қонунро гирифтам ва мутолиа кардам ва қаноатам ба он шуд, ки ин лоиҳаи қонун он қадар ба қонун ҳам монандӣ надорад. Ва боз ин ҷиҳаташро бигузор ҳуқуқдонҳо гӯянд, аммо дар ин ҷо муаллима Маҳмадова гуфтанд, ки 3500 пешниҳод ба Вазорати маориф ворид шудааст, яъне ин нишондиҳандаи он аст, ки мардум он қадар мароқ зоҳир накардаанд. Вақте мо 7 миллион аҳолӣ дорем, ҳадди ақал 1 ё 1,5 миллион он фаъол ҳастанд, бояд садҳо ҳазор пешниҳоду дархостҳову тарафдориҳо ва ғайра ворид мешуд.

 МОДАРҲО ИМКОН НАДОРАНД, ДАР ҒАМИ РӮЗИЯНД

Ва масъалаи дигар ин ки аксари касоне аз ҳамон микрофони "озод"- и телевизион, ки худамро маҷбур кардам, ки тамошояш кунам, ҳарф мезаданд, ба фикрам моддаи 12 - ро намедонанд. Моддаи 12 чӣ талаб мекунад? Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳое, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Вале нагуфтаанд ин ҷавобгарӣ чӣ аст? Ҷавобгарии ҷиноӣ аст ё маъмурӣ. Агар ҷиноӣ бошад, муддати аз озоди маҳрум кардан чанд сол аст, агар маъмурӣ бошад, мабла?е, ки бояд ҷарима шавад, чанд аст? Агар ин чиз дар лоиҳаи қонун зикр меёфт, касоне, ки имрӯз ба тарафдории ин қонун садо баланд мекунанд, бояд фикр мекарданд. Бовар дорам, ки фикр мекарданд, масалан, писарони ноболи?и 12 - 13 сола дар ин сину сол на ҳама аз падару модар гӯш мекунанд, агар аз дарс гурезанд, рафта дар он ҷойҳое, ки қонун ҳузурашонро манъ кардааст, ҳузур пайдо кунанд, ё агар аз ҷайби ягонтояш телефони мобилӣ пайдо шавад, чун дар ин гуфта шудааст, ки кӯдаки то синни 18 соларо дар ҷайбаш телефони мобилӣ набошад. Тасаввур кунед, ки дар асри мо кӣ телефони мобилӣ надорад, қариб, ки ҳама доранд.

Ин ҷо як нукта дар матни лоиҳаи қонун аст, ки то синни 6 сола беҳузури падару модар, дар хиёбону кӯча гашту гузор кардани кӯдакон роҳ додан мумкин нест. Ман намедонам, дар шаҳр инро назорат кардан мумкин аст, аммо дар деҳот инро назорат карда намешавад. Модарҳо имкон надоранд, ки кӯдаки 6 солаашонро ҳамеша зери назорат бигиранд. Вай мумкин хонаи ҳамсоя равад, ба кӯча барояд, бо ҳамсолонаш бозӣ кардан хоҳад, аммо дар ин ҷо гуфта шудааст, ки "Кӯдакро бероҳбаладии шахси боли? гаштугузор дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд". Таъмини ин банди қонун бисёр душвор аст, барои оилаи тоҷик, барои тоҷике, ки бечора думболи ёфтани ризқу рӯзӣ ҳамарӯза овора ҳаст. Ҳудуди 60 дар сади мардуми кишварамон камбизоат аст. Онҳо рӯзи дароз бозорнишинӣ мекунанд ё дар корхона ҳастанд ва аз куҷо имкон доранд, ки кӯдакашонро то ин ҳад назорат кунанд. Ин қонун нагуфтааст, ки фақат барои шаҳриҳо аст, ё барои деҳот ҳам ин пешниҳод татбиқшаванда аст. Ман гумон мекунам, ки агар ҳамаи ин талабот бо намуди ҷазояшон зикр мешуд, бисёриҳо, ки аз ин қонун имрӯз тарафдорӣ мекунанд, ин корро намекарданд.

ГАНҶАЛӢ ЧАРО ПИСАРАШРО КУШТ?

Дар масъалаи ҳамин ҷаримаҳо як ҳодиса ба ёдам меояд, ки шоҳидаш ҳастам. Аз ҳамсоядеҳаи мо деҳае бо номи Бузбит Ганҷалӣ ном одам писарчае дошт, ки дар синфи 11 мехонд. Ин Ганҷалӣ ҳамин писарчаашро дар дарахт баста бо зарби латукӯб зада - зада кушт. Ва ҳозир Ганҷалӣ 15 сол дар кунҷи зиндон хоб аст. Гуноҳаш ин буд, ки он писар бидуни иҷозати падар бо супориши модараш рафта, аз мағозаи деҳа шакар, ҳасиб ва ягон чизе дигар барои хӯрдан ба хонаашон насия мегирад. Ин падар меояд, боз бо қарз машруботи спиртӣ хариданӣ мешавад. Фурӯшанда дар ҷавоб ба ӯ мегӯяд, ки аввал қарзи доштаатро пардохт кун. Ин Ганҷалӣ, ки каме сархуш будааст, ба хонааш омада маро дар хиҷолат мондед гуфта, писарашро ба дарахт мебандад ва бо латукӯб зада мекушад. Тасаввур кунед, ки ҳозир 60 дар сади мардуми мо камбизоат аст. Он бачаи 12 - 13 сола намефаҳмад ин масъулияту душвориеро, ки падару модар бо кадом роҳ барои онҳо ризқу рӯзӣ пайдо менамояд. Ё тасаввур кунед, ки бача аз дарс гурехт, телефони мобилӣ дошт, ё рафт ба бозиҳои компутарӣ машғул шуд ё ягон коре, ки ин қонун манъ кардааст, онро анҷом дод. Ва агар падари он бача ҷарима шавад, гумон мекунед, ки муомилаи чунин падар ба ин фарзанд хуб мешавад? Кӣ кафолат медиҳад, ки он фарзанд зарбаҳои рӯҳиву ҷисмонӣ аз падар намегирад. Ягон кас ҳаминро тазмин дода метавонад? Вақте ахлоқу маънавиётамон паст аст ва чунин талаботҳои сахт мекунем ин бисёр бойиси андеша аст. Падаре, ки ду сад сомонӣ маош мегирад ва ман намедонам, ин ҷарима чанд пул мешавад, сад ё дусад, бигузор сад сомонӣ ҳам шавад, барои як оилаи камбизоат ин маблағи калон аст. Яъне ҳаёти ҳамон навҷавонро мо бо чунин маҳдудиятҳо, бо чунин талаботе, ки ин қонун дорад, дар хатар мегузорем.

НОМГУЗОРӢ ТИБҚИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ, ЯЪНЕ ...

Ҳ. А. Т.: - Дар ин лоиҳаи Қонун баъзе чизҳое ҳаст, ки барои ман номафҳум аст, масалан дар банди 7 омадааст, ки "Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд". Беҳтарин пешниҳод аст. Ман ҳам тарафдор ҳастам. Агар мақсад аз ин, аз байн бурдани номҳое мисли, Табару Теша, Гурезу Достаку Сангаку инҳо бошад, чӣ пешниҳоди хубе аст, аммо мутаассифона, то ҷое ман иттилооъ дорам, аллакай як китобчаи номҳои духтаронаю бачагона ба идораҳои сабти номи деҳот рафтааст ва дар оянда бояд падару модар тибқи ҳамин номнома ба фарзандонашон ном гузоранд. Ягон номи мусулмонӣ дар он номнома нест. Яъне дигар номи Абдулло, Аҳмад, Маҳмуд, Исмоилу Абдураҳмон ва ҳатто номи Эмомалӣ, раиси ҷумҳурамон дигар дар он нест. Номҳои қабл аз исломӣ, ошкортар гӯем, номҳои зардуштии миллатамон аст. Номҳое чун Манучеҳр, Парвиз, Хуршед ҳам номҳои хубанд, лекин ин озодиро аз падару модар дар гузоштани ном гирифтан хуб нест. Фарҳанги исломӣ ҳам ҷузъи фарҳанги миллии мост ва дар ин бора ишораҳои раисиҷумҳурамон низ ҳаст. Лекин дар ҳамон китобча- номнома номҳои исломӣ нест. Соли 1975 як фармоне аз тарафи шоҳи Ирон ҳам дар бораи номгузорӣ содир шуда буд, ки номҳои исломӣ гузоштанро барои тифлон манъ карда буданд. Бинобар ин афроди ду нома дар Ирон то ҳозир ҳастанд. Яъне дар манзилу дар хонаҳои хешу таборашон Ҳасану Ҳусейну Фотима ҳастанд, аммо дар ҳуҷҷатҳояшон Манучеҳру Парвизу Курушу мисли ин номҳо сабт шудааст. Ва ба зудӣ дидем, ки чунин сиёсатҳо давом накард ва тағйир хӯрд. Бояд дар ин ҷо равшан гуфта мешуд, ки номгузорӣ тибқи арзишҳои миллии мо, яъне чӣ? Ё ин ҷо бояд калимаи "диниамон" изофа шавад, ё ин ки ин ҷумла шарҳ дода шавад, ки ҳар як мансабдор аз пеши худаш онро тафсир накунад.

Т. С.: -Аз устод Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони варзида ва дар собиқ раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон мепурсам, ки ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ҳусну қубҳи лоиҳаи Қонуни мазкурро шарҳ бидиҳанд.

Ашӯрбой Имомов (минбаъд А. И.):

Ashurboy_Imomov_02- Миннатдорам, ки маро барои ширкат дар ин Мизи гирд даъват намудед, хеле боз аз ин гуна маҳфилҳову мубоҳисаҳо худро дур гирифта будам, вале пешниҳоди "Миллат"- ро рад кардан натавонистам. Ин ҷо устод Тураҷонзода аз ҷанбаи маънавии лоиҳаи Қонун хуб сӯҳбат карданд, ки ман ҳам тарафдори гуфтаҳои ӯ ҳастам ва акнун мехоҳам аз самти ҳуқуқӣ ба ин лоиҳа назари хешро иброз намоям. Иқдоми Президенти Тоҷикистон аз пешниҳоди лоиҳаи мазкур шаҳодати аҳамияти хосса доштани ҳамин мавзӯъ аст. Воқеъан ин мавзӯъ як масъалаи ҷиддӣ аст. Тарбияи фарзанд ва мувофиқи талаботи замон ба воя расонидани насли наврас ҳамеша як вазифаи муҳими оила, ҷомеъа ва давлат будааст. Маҳз дар шароити солими оила ва муҳити мусоиди ҷомеъа фарзандони қобил, соҳибфарҳангу соҳибилму баору баномус ба камол мерасанд. Вобаста ба ин қайд кардан лозим аст, ки дар суханронии Президенти мӯҳтарам дар мавриди ин лоиҳа зикр шуд, ки таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ; оила, мактаб ва ҷомеъа рӯҳу равони воқеъӣ пайдо мекунад. Бале, ин дуруст аст. Ҳар як аз ин ниҳодҳо вобаста ба мавқеъи худ дар ин раванд нақши муайяну фаъол доранд ва илова бар ин ҳама, гуфтан ҷойиз аст, ниҳоди чорум ҳам ҳаст, ки он худи давлат мебошад. Давлат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас вазифадор аст ва давлатро касе аз иҷрои ин вазифаву масъулият озод накардааст. Лоиҳаи қонуне, ки пешниҳод гардидааст, асосан ба баланд кардани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон нигаронида шуда, аммо масъулияти худи давлат дар муҳайё сохтани шароит барои татбиқ ва амалӣ намудани масъулияти волидон дар ин лоиҳаи қонун чандон рӯшан зикр наёфтааст, ҳол он ки ин нукта бояд возеҳу рӯшан дарҷ мешуд. Лоиҳаи Қонун асосан аз самти қоидаҳои қонунэҷодкунӣ ба талабот умуман ҷавобгӯ нест. Баъзеҳо андеша доранд, ки қисман ҷавобгӯ аст, вале банда бар ин назарам, ки умуман ҷавобгӯ нест. Аз 13 моддаи ин лоиҳаи Қонун 5 модда ҳамагӣ аз як ҷумлаӣ иборат ҳастанд, масалан моддаҳои 1, 2, 4, 5 ва 13. Ин гуна лоиҳаи Қонунро ман, ки ҳуқуқшинос ҳастам, бори аввал мебинам. Баракси ин ҳолат моддаи 7- и ин лоиҳа ҳаҷман бузург буда, қариб нисфи матни лоиҳаи қонунро дар бар мегирад. Ин хел қоидаи қонуннависиро акнун дидам, мо шоҳиди як кашфиёте дар илми эҷоди қонун шудем.

ҚОНУННАВИСҲО ОН ҚАДАР ХОКСОР НЕСТАНД

Ин лоиҳаи Қонун дар таркиби меъёрҳо амри ҷазо пешбинӣ накардааст, ки қаблан ин ҷо устод Тураҷонзода дар ин бора ишора карданд. ҳол он ки меъёри ҳуқуқӣ бе амри ҷазо ё санксия мегӯянд, умуман намешавад. Ва агар шавад ҳам бояд ишора гардад, ки дар куҷо ҳамин амр пешбинӣ шудааст, агар ҳамин ишора набошад, пас он қонун не, як Кодекси ахлоқӣ аст, мисле ки дар замони Шӯравӣ Кодекси ахлоқи бинокори коммунизм қабул шуда буд. Ва ин лоиҳа ҳам ба ҳамон Кодекс то ҷое шабоҳат дорад. Дар моддаи 3- и лоиҳаи қонун мафҳуми таълим ва тарбия тавре шарҳ дода шудааст, ки он гӯё фақат вазифаи волидону омӯзгорон буда, давлат ва сохторҳои он аз ин вазифаву масъулият дар канор мондааст. Вале дар асоси моддаҳои 33, 34 ва 41- и Сарқонуни кишвар давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеъа ҳимоят мекунад. Модар ва кӯдак зери ҳимояти махсуси давлат мебошанд. Мо аллакай қонуну кодексҳое қабул кардаем, ки дар онҳо вазифа ва масъулияти падару модар аз ин лоиҳаи қонун дида хубтару беҳтар ва ҳатто чандин маротиба болотару муфассалтар инъикос ёфтааст. Ин ҷо ишора шуд, ки ҷазо муайян несту агар мабодо сад сомонӣ ҷарима муайян шавад, барои мардуми бе ин ҳам камбизоату сербачаи мо хеле зиёд аст, вале сад сомонӣ як дарди ба хайр аст. Агар мо ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ назар кунем, он ҷо чандин моддаҳо ба масъулияти падару модар бахшида шуда, ки хеле ҷаримаву ҷазои сангин пешбинӣ гардидааст. Ин қонунгузориву қонуннависҳои мо он қадар хоксор нестанд, ва даромади мардумро аз сатҳи баланд ба ҳисоб мегиранд. Ва дар ин Кодекс ҷарима сад ҳади ақали музди меҳнат муайян шудааст, ки он кош сад сомонӣ мебуд, вале он беш аз чаҳор ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки хеле бойиси нигаронӣ аст.

ДАР ДУРОҲА: ПАДАРОН ВА МАСҶИДРАВИИ ФАРЗАНДОН

Т. С.: - Ҷаноби Тураҷонзода, Шумо мехоҳед чизе илова бикунед, гуфтание доред?

Ҳ. А. Т. - Як чизи дигарро мехостам зикр намоям, ки як масъалаи дигар ҳаст ин манъ кардани намозхонии кӯдакони то синни 18 сола дар ибодатхонаҳову масҷидҳо мебошад. Мо ҳамаамон мусулмон ҳастем. Аз раисиҷумҳур сар карда, то мансабдорони дигар бо ифтихор мегӯем, ки 98 фойизи мардуми Тоҷикистон мусалмонанд. Хуб, вақте ки мусалмон бошем, вазифаи мусалмониамон аз мо баъзе тақозоҳо дорад, ки онро ҳатман одами мусалмон бояд иҷро кунад. Аз ҷумлаи онҳо яке намоз хондан аст ва намозро бо ҷамоат бояд гузошт. Агар ин ҷо дар лоиҳа зикр мешуд, ки дар вақтҳои берун аз дарс намоз хондани кӯдакон иҷозат аст, бисёр хуб мешуд, лекин ин нест. Қатъиян манъ кардаанд. Дар синни 12 солагӣ писар ба балоғат мерасад. Намоз хондан ба ӯ фарз мешавад ва масҷид рафтан ба гардани ӯ воҷиб аст. Вақте мо манъ мекунем, он падару модар бисёр дар як ҳолати душвор мемонад. Қонун мегӯяд, ки писаратро манъ кун, ки илло муҷозот мешавӣ ва Худо мегӯяд, ки фарзандатро масҷид бар ва илло дар рӯзи қиёмат муҷозот мешавӣ. Ин падару модар чӣ кор кунанд? Чаро мо шаҳрвандони худро дар дуроҳа қарор медиҳем. Дар асри 21 дар асре, ки таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон, ки як меъёри конститутсионӣ аст ва конститутсия қонуни асосии ҳамаи кишварҳост, аз ҷумла Тоҷикистон низ ва ин замонатро ба ҳар як шаҳрванди мо додааст. Ва мо бо қонун падару модари бечораро маҳдуд мекунем, ки фарзандат агар ба масҷид равад, муҷозот мешавӣ. Ҳадиси саҳеҳ ҳаст аз Пайғамбари Худо, ки дар китоби "Саҳеҳи Тирмизӣ" омадааст: "Замоне болои уммати ман меояд, ки имондорӣ мисли доштани лахчаи оташ дар кафи даст аст". Дошта истед, дастатон месӯзад, бигиреду онро партоед, беимон мемонед. Яъне, дар ин дуроҳа мардумро қарор додан даркор нест. Аз ин нуқтаи назар ман мегӯям, ки қабули қонуни мазкур бо он талаботе, ки гузоштааст, ба манфиати кишвар ва мардумамон нест. Агар ин қонун татбиқ шавад дар оянда бойиси норозигии мардум аз ҳукумат мегардад. Лекин агар татбиқ шуданӣ нест, пас чаро қабулаш кунем.

АВВАЛ БОЯД АНДЕША МЕКАРДЕМ

Т. С.: - Аз устод Ашӯрбой Имомов мехоҳам бипурсам, ки чӣ зарурате буд ҳамчунин як тарҳи Қонун ба муҳокимаи мардум пешниҳод гардад ва ду моҳ боз он ин қадар васеъву густарда мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шавад?

А. И.:- Чӣ зарурат буд, ки ҳамин лоиҳаи Қонун пешниҳод шавад ман намефаҳмам, то ҳозир сарфаҳм нарафтаам. Дар Кодекси оилаи ҶТ, ки соли 1998 қабул шудааст, мехонем: "Оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар ҶТ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд." Бубинед, ҳатто падару модар ҳам таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Усулҳои асосии танзими муносибатҳои оилавӣ, аз ҷумла афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушду камолоти онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайриқобили меҳнати оила сурат мегирад. Ҳуқуқ ва уҳдадории волидон дар моддаҳои 61- 79- и боби 12- и ҳамин Кодекс, яъне дар нуздаҳ мода, ки ҳаҷман дар маҷмӯъ аз матни лоиҳаи Қонуни мавриди баҳси мо қарор дошта бузургтар аст, баён шудаанд. Дар ин боби 12 баробарии ҳуқуқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои волидон, ҳуқуқи бобо, бибӣ, бародар, хоҳар ва дигар аъзои оила, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолати иҷро накардани масъулияту вазифаҳо ва дигар ҳолатҳо муайян ва муқаррар шудааст. Яъне дар сатҳи қонунгузорӣ масъулияти падару модар ҷойгоҳи баланд дорад. Муайян шудааст, ки "волидон барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд дар баробари саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълиму касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд. Барои гирифтани маълумоти умумии асосӣ ба фарзандонашон имкон фароҳам оваранд." Ин забони қонун, нишондоди қонун аст, ки аллакай амал мекунад. Вақте ин ҳама дар қонун кайҳо дарҷ шудаву он қонун дар ҳоли амал аст, агар чизе ба он илова кардан хоҳем, бояд андеша кард, ки аз ин зиёдтару беҳтар боз чӣ гуфтан мумкин аст.

ВОЛИДОН ҚАБЛАН НИЗ ҚОНУНӢ МАСЪУЛ БУДАНД

Дар Кодекси оилаи ҶТ меъёрҳо чунон дар як қолаби муайяни ҳуқуқӣ, пурра, хеле ботафсил ва олӣ гуфта шудааст, ки барои ба он дигар чизе илова кардан қонуннавис бояд хеле андеша кунад, хеле мутолиаи зиёд ва дониши баланд дошта бошад. Дар Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки амал мекунад, меъёри ҷазо ва ҷавобгариҳо муқаррар шудаанд. Масалан, дар боби 20- и ин Кодекс беш аз даҳ модда, аз моддаи 165 то 177 ба ҳамин масъала бахшида шудааст. Масалан, барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғон (моддаи 174), барқасдона саркашӣ кардани падару модар аз таъминоти фарзандон (моддаи 177) ҷазоҳои хеле гарони ҷаримавӣ, аз озодӣ маҳрум сохтан, аз ишғоли вазифаҳои муайян маҳрум кардан пешбинӣ шудааст. Ба ин боз чӣ метавон илова кард, намедонам. Баракс бояд андеша сари он кунем, ки ин меъёрҳо, яъне ин ҷазову ҷаримаҳое, ки қонунгузории амалкунанда дар нисбати падару модар муайян кардааст, хеле сангинанд ва бояд сабуктар карда шаванд. Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки хеле ҳуҷҷати муҳим ва ҳам ҳаҷман бузург аст, низ ишора шудааст; "барои кирдорҳое, ки ҳуқуқи фарзандро халалдор месозад, ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст." Ва барои аз ҷониби волидон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи фарзандон ҷазо пешбинӣ гардидааст, ки ин нукот дар моддаҳои 91, 92, 93- и Кодекси номбурда зикр ёфтааст.

Т. С.: - Ташаккур мегӯям ба устод Имомов, ва ҳаминро илова кардан мехостам имрӯз як навъ кӯшишҳое сурат мегирад, ки ҳама кору рафтор, амалу муносибати мардумро мехоҳем ҷомаи қонун бипӯшонем ва ба чаҳорчӯби қонун дароварем. Масалан, чанд рӯз қабл як нафар пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ қонун дар бораи ҳамсоядорӣ қабул шавад. Як каси дигар ба идораи рӯзномаи "Миллат" пешниҳод овардааст, ки вақт аст дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зану шавҳар қабул гардад. Акнун аз Фирӯз Саидов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент мехоҳам андешаву назари хешро дар мавриди мавзӯъи баҳс иброз намоянд.

ТАФОВУТ ДАР МАТНҲОИ ЛОИҲАИ ҚОНУН

Фирӯз Саидов (минбаъд Ф. С.):

Firuz_01- Ин ҷо устодон оид ба зарурияти қабули ин қонун сухан гуфтанд ва ман мехоҳам баъзе масоили иҷтимоиеро, ки аз ин қонун мебарояд, иброз кунам. Акнун имрӯз дар ҷомеъа як истилоҳи нав ба вуҷуд омадааст, яъне "кӯдакони кӯча". Қисми иҷтимоии ин лоиҳаи қонун аз он иборат аст, ки он тифлоне, ки беш аз 8 соат аз хона берун ҳастанд, навобаста аз он ки падару модар доранд ё надоранд, ё модар доранду падар не, вай кӯдаки кӯча ҳисоб мешавад. Ва ин масъала солҳои охир дар Тоҷикистон як мавзӯъи муҳим аст, ки бо ин гуна кӯдаконе, ки падару модар надоранд, ё падаронашон солҳо дар муҳоҷирати корӣ берун аз ватан ҳастанд, чӣ бояд кард ва шеваи бархӯрд бо онҳо дар лоиҳаи қонун чӣ гуна аст? Ман дар бораи зарур будан ё набудани ин қонун ин ҷо чизе намегӯям, бигузор як комиссияе таъсис ёбад, ҳама он таклифу пешниҳодотро омӯзад, назари коршиносону мутахассисонро ба инобат бигирад ва хулосаи худро пешниҳод намояд. Умуман проблемаи иҷтимоии кӯдакон бисёр аст, дар лоиҳа бояд вазифа ва уҳдадориҳои ташкилотҳое, ки ба таълиму тарбия сару кор доранд ва ҳамчунин ҳукуматҳои маҳаллӣ ва давлат дарҷ мешуд. Агар ҳамин лоиҳаи қонунро хонем, матни русиаш аз тоҷикӣ фарқ мекунад. Ман хондам, ки навишта шудааст, донишҷӯён ҳақ надоранд телефони мобилӣ дошта бошанд. Ба фикрам бояд гуфта мешуд, ки кӯдакони ноболиғ ин ҳақро надоранд, зеро донишҷӯ ҷавони 20- 24 сола аст. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва шӯъбаҳои маориф бояд барои кӯдаконе, ки бепадар ё бе модар ҳастанд ғамхорӣ намоянд, дар кӯча беҳуда сайру гашт кардан ва ба корҳои ношоиста машғул шудани онҳоро монеъ шаванд. Масалан, агар кӯдак дар вақти дарс, аз соати 10 то 12 дар мактаб набошаду дар ягон Интернет- кафе машғули бозӣ бошад, ё ба дигар кори беҳуда банд шавад, кӣ ҷавобгар аст, муаллим ё падару модарон?

Ҳ. А. Т.: - Аз рӯйи пешниҳоди ин лоиҳаи қонун ҷавобгар падару модар ҳастанд.

Ф. С.: - Дуруст аст, ки аз рӯйи лоиҳаи қонун падару модар ҷавобгар ҳастанд, вале ин амал дар вақти дар мактаб будани кӯдак рӯй додааст. Барои ҳамин ҷавобгарии падару модар ва мактабу муаллим бояд дар ин лоиҳаи қонун ҷой медошт. Ҳозир дар мактабҳо миёни толибилмон бисёр нобаробариҳои иҷтимоъӣ мавҷуд аст. Як гурӯҳи талабаҳо аз хонадони дорову сарватманд, иддае дигар аз оилаҳои камбизоатанд, баъзе хонандаҳои мактаб ҳатто бо мошинҳои сабукрави шахсиашон ба дарс меоянд. Баъзан шоҳиди он мешавем, ки дар мактабҳо миёни хонандагон ва байни шогирдони ин ё он мактаб ҷанҷолу муноқишаҳо рух медиҳанд, ки ин ҳама бойиси нигаронӣ аст. Ва бояд сари ин нуктаҳо низ андеша кард.

КӮДАК, МУЛЛОИ ДЕҲА ВА МУАЛЛИМИ МАКТАБ

Т. С. Изҳори ташаккур мегӯям ба устод Саидов, биёед Масъуд Собиров, иқтисоддон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро гӯш мекунем, ки дар мавриди ин лоиҳа чӣ фикру андеша доранд.

Масъуд Собиров раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (минбаъд М. С.):

Masud_Sobirov_0102- Ман гапи бисёр дорам, вале ҳаминро зикр кардан мехоҳам, ки мо ҳам фарзанди ҳамин хоку диёр ҳастем, дуруст бояд дарк кард, ки мо низ хайрхоҳи мардумамон мебошем, диламон барои ин Ватану миллат ва ин обу хок бештар аз дигарон месӯзаду камтар не ва ин ҷо ба иззати нафси касе расиданӣ ҳам нестам. Моҳияти қабули ин қонун ба андешаи ман он аст, ки наврасони то 18 соларо барои рафтан ба масоҷид манъ намоем. Биёед кушоду равшан гап занем, вақте мегӯем, ки Тоҷикистон давлати фасодзада аст, малол мешавем. Агар фасодзада набошем, пас чӣ зарурате буд, ки Агентии мубориза бо фасоди молиро таъсис додем? Оё ин далели мавҷудияти фасод нест?! Ва бо қабули ин лоиҳаи Қонун ҳам мо бетарбия будани фарзандонамон ва масъулият надоштани волидонро дар таълиму тарбия собит месозем. Ва ҳам пас аз қабули ин лоиҳа ҷавонони мо барои барпо кардани оила дурӣ меҷӯянд, зеро андеша аз иҷро нагаштани нишондодҳои ин қонун мекунанд. Дигар нукта ин аст, ки бо қабули чунин як қонун хулоса ин мешавад, ки давлат дигар масъулияти тарбияи моро бар дӯш надорад. Касе ҳамин лоиҳаи қонунро навиштаву ба ҳукумат ва ба Президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудааст, як хидмати хирсона кардааст. Ин қонун татбиқ намешавад. Ман аз устод Ашӯрбой Имомов, ки қонундон ҳастанд, узр мехоҳам, вале вақте қонун қабул мекунем, он бояд банд ба банд, модда ба модда иҷро шавад, мантиқи қабул кардани қонун ҳам ҳамин аст. Бебандуборӣ ва парешонгуфторие, ки дар ин лоиҳаи қонун ҳаст, бойиси нигаронӣ мебошад.Механизми иҷрои ин қонун мавҷуд нест. Замони пеш бача то соати 3- 4 дар мактаб банди омӯзишу таҳсил буд, дарсҳои иловагӣ буд, факултативҳо буд, кружокҳои фаннӣ амал мекард, ки имрӯз ин машғулиятҳо нестанд, муаллимон намерасанд ва мо бачаро маҷбур мекунем, ки рӯ ба масҷид оварад. Ва бача мебинад, ки муллои деҳааш аз муаллим хубтар ҳарф мезанад ва беҳтар дарс медиҳад, бештар медонад, майл ба масҷид мекунад. Ва бубинед, имрӯз як миллион тоҷик дар муҳоҷирати корӣ берун аз ватан аст ва ҳар марди тоҷик аз 2 то 5-6 кӯдак дорад. Ин ҷо дар ватан ҳазорон- ҳазор тифлон дар тарбияи модарон ҳастанд, модари бечора чӣ кор метавонад бикунад; нон пазад, ғизо тайёр намояд, либос шӯяд, бозор равад, ё фарзандонашро назорат кунад. Бо қабули ин қонун ман фикр мекунам эътиқоди мардум аз ҳукумат коста мешавад. Бо қабули ин қонун мо гуфтанӣ ҳастем, ки падару модари мо вазифа ва масъулияти хешро намедонанд. Охир он падаре, ки дар пайи ёфтани ризқу рӯзӣ аст, барои зинда мондани фарзандонаш бори сангини муҳоҷират мекашад ва берун аз кишвар аст, ӯ чӣ гуна метавонад, кӯдаконашро тарбия кунад, назорат кунад. Ин номумкин аст. Беҳтар мешуд, ки қонун дар бораи манъи қавмгароӣ ва хешу таборчигӣ дар идораҳои давлат қабул мешуд. Ин муҳимтар буд. Ва агар воқеъан ин қадар таълиму тарбия муҳим аст ва таваҷҷӯҳи давлатро зиёд банд кардааст, фикр мекунам Қонун дар бораи тарбияи ҷомеъа қабул кунем беҳтар аст. Давлат бояд роҳи дурусти тарбияи насли наврас ва ҷомеъаро нишон бидиҳад, самту усулҳои ин корро муайян созад ва масъулияти аз ҳама бештарро бар дӯши худ бигирад.

ҲЕЧ ПЕШНИҲОДИ МАРДУМ АЗ МАДДИ НАЗАР ДУР НАМЕМОНАД

Т. С.: - Саломат бошед бародар Собиров, муаллима чизе гуфтан мехоҳанд, марҳамат!

Т. М.: -Гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи омӯзиш ва баррасии он ҳама таклифу пешниҳодоти мардум таъсис ёфтааст, он чӣ ман ин ҷо гуфтам, ки севвуним ҳазор дархосту пешниҳод аз ҷониби мардум расидааст, ин натиҷаи аввали баррасӣ аст, ки як моҳ қабл он ҷамъбаст шуда буд. Дар ин муддат боз аз ҷониби мардум таклифҳои зиёде шудааст, ки акнун натиҷагирӣ мешаванд. Он чӣ шумо гуфтед нисбати донишҷӯён, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ манъ аст, дар мафҳуми кӯдак касони то 18 сола муайян шудаанд. Ва мо медонем, ки аллакай дар 17- 18 солагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мехонанд. Дар ин лоиҳа ин меъёр нисбати ҳамин гуна донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Комиссия ба ин хулоса расидааст, ки ин меъёрро таҷдиди назар мекунад. Вале ин меъёр нодуруст нест, чунки тибқи қонунгузории кишвар ва Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ин гуна донишҷӯён кӯдак маҳсуб мешаванд. Масъалаи дигаре, ки ин ҷо гуфтанд, яъне муайян нашудани санксия- ҷавобгарӣ мебошад, ки ин аллакай дар қонунгузорӣ ҳаст. Дар қонунҳои соҳавӣ меъёрҳо муайян мешаванд ва дар қонунҳои мисли Кодеки ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ, Кодекси гражданӣ меъёрҳо муайян мешаванд. Дар ин санадҳо ҷазо муайян аст. Вақте ин лоиҳаи қонун қабул шуд баъдан дар Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси гражданиву дигар қонунҳои марбута тағйирот ворид мешавад. Ин тартиби маъмули қонунгузории мо ҳаст ва муаллим Имомов инро хуб медонанд. Масалан, дар Кодекси оила уҳдадориҳои падару модар зикр шудаву дар дигар санад татбиқи ҷазо муайян шудааст.

БАЪДИ ЯК СОЛ БОЗ ҲАМИН ХЕЛ ҶАМЪ МЕШАВЕМ, ИНШААЛЛОҲ!

Т. С.: - Домулло Тураҷонзода илова доранд. Бифармоед!

Ҳ. А. Т.: - Агар ин лоиҳаи қонун аз тариқи Парламент, бе муҳокимаи мардум қабул мешуд, он чӣ муаллима гуфтанд сад дар сад дуруст аст. Мо ҳам дар ҳукумат кор кардаем ва инро хуб медонем. Лекин ин лоиҳаро мардум муҳокима кард ва намедонад, ки барои вайрон кардани он чӣ ҷазоҳо муқаррар шудааст. Он мардуме ин қонунро тарафдорӣ мекунад, бояд донад, ки агар бачааш ба мактаб нарафт, ё дар интернет- кафе машғули бозӣ буд, ё либоси мактабиро риоя накард, ӯро чӣ ҷазо интизор аст. Ман вақте ин лоиҳаи қонунро тарафдорӣ мекунам, бояд донам, ки маро чӣ интизор аст. Мо ин ҷо мардумро фиреб карда истодаем. Мо як чизи номушаххас, номаълум, маҷҳулро пешниҳод кардаем, фақат чизҳои зебояшро гуфтаем ва ҷавобгариро нагуфтаем. Бубинед, кӯдаки 12, 15 ва 17 солаи мо сад дар сад таҳти контроли мо нест, ҳар ҷо рафтанаш мумкин. Он хонадоне, ки барои бачааш як бору ду бор ҷарима шавад, бо он фарзанд чӣ гуна муомила мекунад? Оё ин ҷиҳати масъаларо касоне ин лоиҳаи қонунро навиштаанд, фикр кардаанд. Ин лоиҳаро ба фикрам касоне таҳия кардаанд, ки фарзандонашон мураббия доранд ва зери назоратанд, вале беш аз 60 дар сади мардуми мо камбизоатанд ва ин имконро надоранд. Ин ҷо зикр шуд, ки чӣ зарурат буд ин гуна қонун қабул шавад?! Ба андешаи ман сабаби асосии дар марҳалаи имрӯз, ки сиёсати идеологии ҳукумат то ҷое як навъ динситезӣ аст, сабаби қабули ин қонун аввал манъ кардани кӯдакон аз рафтан ба масҷид, дуввум ба хотири номгузорӣ аст ва номҳои исломӣ аз байн мераванд, саввум ба хотири гирифтани пеши роҳи таҳсили ибтидоии кӯдакон дар назди муллоҳо мебошад. Ана ҳамин бандҳои ин қонун иҷро мешаванд, дигар бандҳо иҷро нахоҳанд шуд ва касе ҳам коре ба иҷроиши онҳо надорад. Биёед як сол баъд ҷамъ шавем, агар ҳамин тавр набошад, бигӯед, ки домулло шумо хато кардаед.

ТВ БА ҶУЗ ТАЪРИФ ЧИЗЕ НАГУФТ

Т. С.: Ин ҷо устод Ашӯрбой Имомов мехоҳанд илова кунанд. Бифармоед!

А. И.: Ба замми он чӣ қаблан гуфтам, ки як силсила асноду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки дар онҳо ин мавзӯъи баҳси мову шумо инъикос ёфтааст, боз дигар санадҳои ҳуқуқие ҳам ҳастанд, ки дар ин боб ҷавобгариро пешбинӣ кардаанд ва масъулияти падару модарро дар сатҳи хеле баланд акс кардаанд. Пас, боз мегӯям, намедонам чӣ зарурате буд, ки ин лоиҳа пешниҳод шавад?! Муҳокимаи ин лоиҳа аз тариқи телевизион то ҷое дилбазан аст, ки чун муҳокимаи он шурӯъ мешуд, телевизионро хомӯш мекардам. Аз шеваю тарзи муҳокимаи ин лоиҳа кас ба ҳайрат меояд, ки он ҷо ба ҷуз таърифу ситоиши ин лоиҳа чизи дигаре намешунидем. Ҳатто як шахси масъул аз тариқи телевизион вақте аз ӯ мепурсанд, ки чӣ зарурате буд ҳамин лоиҳаи қонун пешниҳод шавад, гуфт, азбаски он қонунҳои мавҷуда иҷро намешаванд, меъёри он қонунҳо риоя намешаванд, аз ин рӯ зарурате пеш омад, ки қонуни нав қабул бикунем. Ин чӣ фикрронист?! Агар қонун иҷро намешавад, барои ин кор давлат аст, ки дар сурати риоя ва иҷро нашудани меъёрҳои қонун бояд аз мақомоти хеш бипурсад, талаб кунад, ки чаро нишондоди қонун иҷро намешавад. Агар давлат ба эътиқоду диндории мардумаш сахт дахолат кунад, оқибати ин чӣ мешавад, барои мани мӯйсафед гуфтанаш хеле гарон аст. Ҳамеша ташаббус нишон додан кори хуб аст, вале ташаббус бояд ба манфиати кулли ҷомеъа, ба фоидаи мардум бошад. Ва мо мехоҳем ояндаи давлату миллатро пешрафтаву шукуфон бубинем.

Т. С.: Ҳозирини муҳтарам, ин ҷо Адолати Мирзо, сардабири нашрияи "Миллат" мехоҳанд чанд андешаи хешро сари мавзӯъи баҳси мову шумо изҳор намоянд. Бифармоед.

МУАЛЛИМ БО ПИҶАКИ ОБШӮСТА ВА ШОГИРД БО ЛИБОСИ ФОХИР

Адолати Мирзо (минбаъд А. М.): Ташаккур ва изҳори сипос мекунам ба ҳамаи шумо, ки Adolati_Mirzo_01даъвати моро пазируфтед ва ин ҷо омадед. Дар ҳамин баҳсҳое, ки сари ин ё он мавзӯъ дар Тоҷикистон сурат мегирад, мо ҳамеша мебинем, ки дар баҳсҳо ба ифрот роҳ дода мешавад. Фикр мекунам, мо бояд дар қабули чунин қонунҳо воқеъбин бошем ва ботамкин вориди баҳс шавем. Мо чунин тарзи қабули қонунро як бор таҷриба кардем. Дар мисоли қонуни танзими ҷашну маросимҳо. Ман дар ҳузури раисҷумҳури кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт гуфта будам, ки бо ин шакле, ки ин қонун навишта ва пешниҳод шудааст, иҷро ношуданист, чун вақте ба ҳарими хонаводагии мардум ворид мешавем ва дахолат мекунем, як навъ ба иззати нафси мардум расидан аст. Ва он рӯз дур нест, ки мо аз ин қонун сарфи назар хоҳем кард. Қонун бояд ба ҳуқуқ ва озодиҳои мардум монеъа эҷод накунад. Мо дар баҳсҳои ҳамин қонуни масъулияти падару модар дар мактабҳо ширкат доштем. Дар як мактаб раиси кумитаи падару модарони он зимни шарҳи ин лоиҳа гуфт, ки "ин қонун агар қабул шавад, озодиҳои моро маҳдуд месозад…" Дар ҳоле ки касе, ҳатто давлат ҳам ҳақ надорад, озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд бисозад.

Аксарият медонанд, ки сатҳи маърифати мардум ба он ҳадде нест, ки ба сарнавишти худ қазоват бикунад. Барои ҳамин хуб мебуд, ки дар мавриди қабули чунин қонунҳо аз андешаи соҳибназарон бештар истифода мешуд. Ва давлат дар шунидани афкори дигар, бахусус мухолифон таҳаммулпазир бошад. Агар давлат мехоҳад, ки Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ё Ашӯрбой Имомов ё Масъуд Собиров ҳам дар канораш бошанд ва қонунҳояшро эътироф кунанду интиқод накунанд, бояд ба ҳарфи инҳо ҳам гӯш бидиҳад, ба иззати нафси инҳо ҳам нарасад. Қонунҳо бояд ҷавобгӯйи талаботи ҷомеъа, дархӯри манофеъи кулли мардум бошанд, на як гурӯҳ. Давлат вазифадор аст масоили иҷтимоъии мардумро ҳал бикунад, музди меҳнати муаллимро боло бубарад. Вақте муаллим бо куртаву пиҷаки рангхӯрдаву обшӯста ва шогирдаш бо либосҳои фохир ба мактаб меоянд, албатта шогирд ба устоди хеш бо истеҳзо менигарад. Роҳи ҳал танҳо зиёд кардани маоши муаллим аст. Ин ҷо ишора шуд, ки иддае аз донишҷӯён саводи дуруст надоранд. Он донишҷӯе, ки савод надорад, лозим нест ӯро ба хотири касе ё чизе баҳо гузорем. Аз хориҷ кардани як- ду ё даҳ- понздаҳ тан донишҷӯи бесавод ҳеч фоҷеъа намешавад. Мо ислоҳро бояд аз худ, аз коргоҳи худ шурӯъ кунем, онгаҳ ҷомеъа ислоҳ мешавад.

МУЛЛО ВА МУАЛЛИМ ЧӢ ВАЗИФА ДОРАНД?

Т. С.: Ташаккур мекунам аз хоҳарам Адолат ва акнун муаллима Маҳмадова мехоҳанд ба он эродҳое, ки ин ҷо садо дод, посух бигӯянд.

Т.М.: Ин ҷо дар бораи бехабарии мардум аз лоиҳаи қонун гуфтанд, на ин тавр нест, мардум медонад, ки барои иҷро накардани уҳдадориҳои падару модарӣ дар қонунгузории кишвар ҷазо муқаррар шудааст. Дуюм, дар масъалаи номгузорӣ мӯҳтарам Тураҷонзода изҳори ташвиш карданд, касе поймол кардани ҳуқуқи падару модарро дар ин масъала ҳақ надорад. Дар ин ҷо мақсад аз тибқи арзишҳои миллӣ ном гузоштан ҳамин аст, ки мо бояд ба фарзандонамон номи накӯ ва дуруст гузорем. Дар масъалаи таълими динӣ гирифтани кӯдакон дар назди домуллоҳо ҳаминро бояд гуфт, ки марҳамат, агар домулло иҷозаи расмии таълим доданро дошта бошад, касе барои анҷоми ин кор ба ӯ монеъ нахоҳад шуд. Ин ҷо домулло Тураҷонзода дар бораи имон ва имондорӣ гуфтанд. Вазифаи дин ва мулло комил кардани имони мардум аст. Вазифаи муаллим таълиму тарбияи кӯдак аст. Ман аз ҳаво ва бедалел гап заданро дӯст намедорам, бештар он кӯдаконе ҷиноят содир мекунанд, ки падаронашон пулдоранд ё дар ягон идора ҷойи кор доранд ва модаронашон хонашинанд. Биёед як пурсиш гузаронем, ки кӯдакони кадом табақаи аҳолӣ бештар ҷиноят содир мекунанд, бештар бетарбия ҳастанд, онгаҳ хулосабарорӣ кунем.

А. М.: Ман педагог нестам, вале муаллима шумо педагог ҳастед, бигӯед агар кӯдак то 18 солагӣ оят азёд накунад, Қуръон нахонад, таълимоти динӣ нагирад, оё барои ин кӯдак баъди 18 солагӣ ҳифзи сураҳои китоби Худо душвор нест? Ва агар кас сураҳои Қуръонро надонад, чӣ гуна намоз мегузорад?

Т. М.: Намоз ин покӣ аст. Инсон худро, ки шинохт, Худоро мешиносад, мо агар рӯзе сад бор, ҳазор бор ба масҷид равем Худоро намешиносем, то ба дарки худ нарасем, то худро нашиносем.

А. М.: Агар бача пеши мударрис наравад, ба масҷид наравад, дар мактаб инро ҳам таълим нагирад, асли худ ва дар ин замина Худоро аз куҷо хоҳад шинохт. Чуноне агар ба мактаб наравем, савод намегирем, суруди миллиро намедонем, Айниву Турсунзодаро намешиносем.

МАВЛОНОВУ АТТОРУ ИМОМИ АЪЗАМ ШОГИРДИ МАСҶИД БУДАНД

Т. М.: Орифони мо Мавлонову Аттор маърифатро дар шинохти худ дарёфтанд. Мақсади мо ин аст, ки кӯдак аз таълиму тарбия, аз мактаб дур нашавад. Марҳамат таълим бигирад, чӣ дунявӣ ва чӣ динӣ. Масалан, ман масҷид нарафтаам, дар хона таълими динӣ гирифтаам, вале метавонам баҳс кунам, марҳамат мӯҳтарам Тураҷонзода ҳар саволе медиҳанд, омодаам баҳс кунам. Мақсад аз манъи кӯдакон ба масҷидравӣ ин аст, ки аз барномаи таълим дар мактаб дур намонанд.

(Ҳ.А.Т.): Ин ҷо муаллима гапи хуб гуфтанд, ки дар бораи ҳар соҳа мутахассис ва донишманди ҳамон соҳа бояд сӯҳбат кунад. Аз мо Худо ва динамон хостааст, ки намоз бихонем ва бо ҷамоат. Хеле айб аст барои мо тоҷикон, ки мусалмон ҳастему китоби диниамонро хонда наметавонем. Дар маросими ҳаҷ зойирини тамоми дунё дар вақтҳои фароғат Қуръон мехонанд, ин ҳоҷиёни мо нишаста бо ҳам сӯҳбат мекунанд ё сутунҳои масҷидро ҳисоб мезананд. Ва ҳам касоне дар бораи масҷид ҳукм мекунанд, ки худ ягон рӯз масҷидӣ набуданд. Масҷид ҳеч вақт бачаро аз хондан бознамедорад, намоз ҳамагӣ 10- 15 дақиқа вақтро мегирад ва рӯҳи инсонро тоза мекунад. Масҷид рақиби мактаб нест, масҷиду мактаб такмилбахши ҳамдигаранд. Як кас садоқаташро ба раҳбар, ба ҳукумат бо иҷро намудани амру қонунҳои онҳо исбот мекунад. Мо ҳама бандаи Худо ҳастем ва бандагиамонро бояд бо итоат ба амри Илоҳӣ собит кунем ва намоз хондану масҷид рафтан амри Худост. Ҳамон гузаштаҳое, ки имрӯз бо онҳо ифтихор дорем, Мавлонову Аттор, Абӯҳанифаву Саъдиву Ҳофиз ҳама талабаи масҷид буданд, таълими ибтидоиро дар масҷид гирифтаанд. Барои ҳамин пешниҳод доштам, қабл аз он ки ин лоиҳаи қонун дар Парламент қабул гардад, як Мизи гирд бо ширкати соҳибназарону андешамандони миллат, ки дорои ақидаҳои мухталифанд, баргузор шавад, ҳар як банди ин лоиҳаро муҳокима кунанд ва ба воситаи телевизион ба мардум ин мубоҳисаро нишон бидиҳанд. Он шубҳае, ки имрӯз ман дорам, дар сари номгузорӣ он бояд рафъ шавад. Охир ман бо чашми худ он китобчаи номгузориро дар идораи ҷамоат дида будам.

МУШКИЛИ ЗИСТАН ДАР ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА ТАЪЛИМИ ДИНӢ

А. М.: Бубинед, фанни "Маърифати исломӣ"- ро аз барномаи таълимӣ дар мактабҳо берун карданд, таълимоти ибтидоии динӣ додан бо иҷозаи расмӣ аст. Ман мехоҳам дар давлати дунявӣ зиндагӣ дошта бошам, вале фарзандонам дар баробари таълимоти дунявӣ таълимоти динӣ ҳам дошта бошанд. Бигӯед, фарзандони мо куҷо раванд, дар куҷо Қуръону Ҳафтяк омӯзанд?

Т. М.: Марҳамат, ба донишгоҳи исломӣ равед, ба мадраса муроҷиат кунед.

Ҳ. А. Т.: Охир як донишгоҳи исломӣ ё мадраса имкони фаро гирифтани ҳамаи хоҳишмандонро надорад.

Т. М.: Боз мегӯям, муллоҳо иҷозатнома бигиранд ва ба таълими ибтидоии динӣ машғул шаванд.

Ҳ. А. Т.: Барои гирифтани иҷозаи таълими динӣ додан шартҳое гузоштаанд, ки иҷронашавандаанд. Агар дар Тоҷикистон ҳудуди 1, 5 миллион муҳассилин бошанд, аз ин тахминан шояд 5- 6 ҳазорашон мехоҳанд таълимоти динӣ бигиранд. Ман дар ҳайратам, чаро ин қадар бонги хатар мезанем?! Аз 7 миллион аҳолии кишвар ҳамагӣ 5 дар сади он масҷид мераванд, пас ин қадар ташвиш барои чист? Тибқи қонуни пешин ҳар имоми масҷиди ҷомеъ ҳақ дошт дар назди масҷидаш гурӯҳи таълими динӣ боз кунад. Қонуни нав инро манъ кард. Аз дарёфти иҷозатномаи Вазорати маориф барои таълими динӣ додан даҳ сотих замин дар маркази шаҳри Душанбе гирифтан осонтар аст.

БАЪЗЕ МУЛЛОҲО ДОНИШИ САР- САРӢ ДОРАНД

Т. М.: Рӯшанфикрон ҳамеша бар он кӯшидаанд, ки миллат рушд кунад ва ман арҷ мегузорам ба ҳамин гуна шахсиятҳо, ки бо андешаву тафаккури интиқодии худ ғаразе ба ҷуз пешрафти ҷомеъа надоранд. Агар иродаву имони мо комил бошад, андешаи моро ҳеч чиз тағйир дода наметавонад. Муҳаммад, пайғамбари мо мегӯяд, ки "Илм дар куҷое бошад, аз худ кунед, хоҳ дар Чин" ё "Олимон одамони биҳиштиянд". Мавлонои бузург мегӯяд "Эй бародар, худ ҳамон андешаӣ". Инсон моҳиятан аз ҳамон зоти пок аст, комил аст. Мо дар нодурустии тафаккурамон мушкил дорем. Вазорати маориф барои дуруст шакл гирифтани тафаккур барномаҳо дорад. Барои гирифтани донишҳои динӣ мадраса ё донишгоҳи исломӣ таъсис додаем.

Ҳ. А. Т.: Ин мадраса ё донишгоҳе, ки шумо мегӯед дорем, чӣ қадар толибилмро пӯшиш медиҳад?

Т. М.: Ман дар ин бора маълумот надорам.

Ҳ. А. Т.: Як мадраса ё донишгоҳи исломӣ талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад. Як бача аз деҳоти дурдаст, ки мехоҳад дониши олии динӣ бигирад ва имкони ба пойтахт омаданро надорад, бояд чӣ кор кунад?

Т. М.: Мӯҳтарам Тураҷонзода, ман ҳам мувофиқ ҳастам, ки шахсе тафаккури солими динӣ дорад, мо тарафдор, лекин баъзе домуллоҳои мо бисёр дониши сар- сарӣ доранд, ба моҳияти дин сарфаҳм намераванд.

МУАЛЛИМИ ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Ҳ. А. Т.: Ман як одами дорои таҳсилоти олии динӣ мебинам, ки сиёсати вазорати маориф динситезӣ аст… Аз либоси духтаронамон сар карда динситезӣ мекунем, беҳиҷобиро меомӯзем, барояшон рӯсарӣ пӯшидан намемонем, ба блузкаву домон пӯшидан маҷбурашон мекунем. Бо ҳамин калон мешаванд ва дигар либоси миллӣ- исломиро пӯшидан намехоҳанд, чунки ба либоси аврупоӣ одат мекунанд. Китоби "Маърифати исломӣ"- ро ҳам аз таълим бардоштем. Як вақт овоза буд, дар ибтидои солҳои 90- ум, ки гӯё кадом муллое гуфтааст, ки нони муаллим ҳаром аст. Он вақт ман қозикалони ҷумҳурӣ будам, хеле ҷӯстем, пайдо накардем, ки кадом мулло ин гапро гуфта бошад. Баъд фаҳмидем, ки ин як гапи сохта, як тӯҳмат будааст. Агарчанде низоми Шӯравӣ муаллимҳоро то андозае дар муқобили дин гузошта буд. Муаллимон об оварда дар моҳи Рамазон рӯзаи шогирдонро мешикастанд, динро афъюн мехонданд, одамро офаридаи Худо не, балки аз маймун пайдо шуда медонистанд ва муаллимон якҷо бо таълим тарбияи атеистии ҷомеъаро пеш мебурданд. Ҳамаи ин он вақт бойиси он мешуд, ки одамони худотарсу ботақво муаллимро бад диданд, ӯро душмани дин ва Худо донистанд. Бо аз байн рафтани Шӯравӣ ҳамин чиз барҳам хӯрд, вале вақтҳои ахир ҳамин вазифаро дубора болои муаллимон гузоштаанд. Донишҷӯёни зиёде назди мо меоянд ва мегӯянд, ки фалону бисмадон муаллимон Қуръонро таҳқир мекунад, Паёмбар ва завҷаҳои Расули акрамро носазо мегӯянд.

Т. М.: Не, набояд ин хел бошад.

Ҳ. А. Т.: Бале, набояд ин хел бошад, вале мутаассифона ҳамин тавр аст. Инро шумо масъулини вазорати маориф дар мулоқоту семинарҳо ба омӯзгорон бигӯед.

А. М.: Ба ҳар ҳол бояд таълимоти динӣ бар ӯҳдаи вазорати маориф бошад ва он дар мактабҳои ҳамагонӣ таълим дода шавад. Танҳо бо расмӣ кардани ин таълимот ҷилави таълимоти ифротгароӣ гирифта хоҳад шуд, давлат бояд ин масъулиятро бар дӯш бигирад. Суханро ба дарозо намекашем. Ман пешниҳод мекунам, ки як Мизи гирд дар мавзӯъи "Мактаби миллӣ бояд чӣ гуна бошад?" баргузор намоем, чунки тафаккур ва андешаи миллиро мактаб месозад.

КӮДАКОН ДАР МАСҶИД ШӮРУ МАҒАЛ МЕКУНАНД

Т. С.: Биёед устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмон Ҳафизро гӯш кунем. Бифармоед устод!

Hafiz_Rahmoni_02Раҳмон Ҳафиз (минбаъд Р.Ҳ.): Бардошти ман аз ин мубоҳиса ҳамин аст, ки ҳусни тафоҳум миёни ду андеша, ду нуқтаи назар вуҷуд надорад. Ман фикр мекунам, лоиҳаи қонуне, ки пешниҳод шудааст, барои фаҳмидани назари мардум дар ин масъала ҳеч бадӣ надорад. Аз нигоҳи техника ва ҳадафи қонунгузорӣ шояд ин лоиҳа камбудиҳои зиёд доштаву нодаркор бошад, аммо аз ин назар, ки мардумро ба андеша водор мекунад, тафаккури ҷомеъаро таҳрик медиҳад, як зани хонашин назарашро мегӯяд, як деҳқон ё зиёӣ андешаашро изҳор медорад, ин ҳеч бадӣ надорад, баръакс хуб аст. Ба воситаи муҳокимаи ин лоиҳа мо ақаллан назари мардумро оид ба як проблеммаи муҳими ҷомеъа- таълим ва тарбия, ки ин соҳа хеле мушкил дорад мефаҳмем. Ин лоиҳаи қонун бо моддаҳои 8, 9 ва 10- и қонун "Дар бораи озодии виҷдон" мухолифат дорад. Он ҷо таълими ибтидоии динӣ гирифтани кӯдакон иҷозат дода шудааст, дар ин лоиҳаи қонун манъ шудааст. Як самти кор моро дар пеш аст, ки ин мубориза бо таассубу хурофот аст. Агар ҳамин таассубу хурофот намебуд, мо дар асри 10 киштии кайҳонӣ месохтем. Таассуб ва хурофот дар мо хеле зиёд аст. Ман дар масҷид ба ҳангоми намози таровеҳ дидаам, ки кӯдакон бетартибиву шӯру мағал мекунанд, ки аз ин масҷидравии онҳо ҳеч фойида нест, онҳо ахлоқ надоранд.

ДАР МАКТАБ КӮДАКОН ЧӢ ГУНА РАФТОР ДОРАНД?

Ҳ. А. Т.: Вақте дар масҷид шӯхиву бозӣ кардани кӯдаконро мебинему ин ҷо бо нороҳатӣ изҳор медорем, бояд шӯру мағал ва бетартибии кӯдаконро дар синфхонаву мактаб ҳам медидему мегуфтем. Вақте "А" мегӯем, "Б" ҳам ҳаст. Агар дар масҷид бетартибӣ кардани кӯдакон баҳонаи аз масҷидравӣ манъ кардани онҳо бошад, пас ба мактаб ҳам бояд нараванд, онҷо ҳам бетартибӣ мекунанд. Ҳозир ҳамин гап мӯд шудааст, муллоҳои мутаассиб ва хурофотӣ. Чаро таассуби дунявиро намебинем? Мо дар куҷо ва кай мулло тайёр кардаем? Барои мулло шудан бояд шароит муҳайё бикунем. Агар дар мактаб алифбои ниёкон омӯхта шавад, маърифати исломӣ таълим дода шавад, ҳоҷати дар назди мулло ё масҷид гирифтани таълими ибтидоии динӣ намемонад.

Р. Ҳ.: Дар Донишгоҳи миллӣ бо амри ректор аз 5 марти соли равон ҳама донишҷӯдухтарон ба дарсҳо бо либоси миллӣ ҳозир мешаванд. Ман шоҳид будам, ки худи ректори донишгоҳ чанд тан духтарони бо шиму куртаи танги аврупоӣ ба дарс омадаро роҳ надод, то вориди синфхона шаванд. Шумо намедонед, ҳозир дар Донишгоҳи миллӣ вазъ дигар аст, мубориза бо шиму мини- юбкапӯшии духтарон оғоз шудааст.

А. М.: Агар вазорати маориф ба ҷойи зоҳирбинӣ, ба дониш гирифтани донишомӯзону донишҷӯён бештар вақту нирӯ сарф мекард, сад бор беҳтар ва ба манфиати давлату миллат мебуд.

Ҳ. А. Т. : Ин ҷо аз ифроти муллоҳо гуфтанд. Фарқ байни ифроти дунявӣ аз ифроти динӣ ин аст, ки мулло мегӯяд, вале маҷбур намекунад, ифротгароҳои дунявӣ ба зӯрӣ мехоҳанд ақидаву иродаашонро болои мардум бор кунанд.

АЙБ дар чист?

Т. М.: Мӯҳтарам Тураҷонзода, айб аст, ки дар асри 21 мо дар сари ҳамин масъалаҳо баҳс кунем. Адолати Мирзо хуб гуфтанд, ки бояд сари андешаи миллӣ тафаккур кунем. Дар масъалаи дин то ба нуктаи ҳақиқат нарасем, мо Худовандро намешиносем. Дар пояи шариат истодаем, муллоҳои мо дар ҳамин поя дармондаанд. Аз мақоми шариат бигзаред, ба маърифату тариқату ҳақиқат бирасед, он гаҳ бо мардум сӯҳбат кунед. Ба мақоми ҳақиқат бирасед, маҳв шавед, мо ду дасти хешро боло мебардорем. Ҷумла пайғамбарон, орифони мо Мавлонову Аттор ба ҳақиқат расиданду ба мардум роз гуфтанд ва мардум онҳоро шунид, қабул кард. Ман ба Ҳоҷӣ Мирзо боре гуфтам, ки то пояи ҳақиқат бирасед, он гаҳ ба мардум бигӯед, гуфт, ки муаллима ин кори душвор аст. Ман гуфтам, ана дидед, домулло, мушкилӣ кашидан намехоҳед. Масъалаи ҳиҷоб мӯҳтарам Тураҷонзода, ин масъалаи ҷоҳилият буд. Мардум дар тафаккури ҷоҳилият қарор дошт ва занонро барои аз ҷоҳилият раҳо кардан ҳиҷоб пӯшонданд. Дар асри 21 мо набояд ҳамин хел ҷаҳонбинӣ дошта бошем, ки занонро бипӯшонем. Наход мардҳои мӯҳтарам шумо дар ҳамин андеша бошед?!

Т. С.: Бо иҷозати шумо суханро ба Ҳайдулло Абдуллоев, ҳуқуқдон, коршиноси масоили сиёсӣ медиҳам. Бифармоед!

ВАЗОРАТИ МАОРИФРО БОЯД БАСТ

Haidullo_01Ҳайдулло Абдуллоев (минбаъд ҳ.А.): Устодон ин ҷо дар масъалаи лоиҳаи конун бисёр андешаҳои ҷолиб баён карданд. Пешниҳод гардидани чунин як лоиҳа шаҳодати заъиф будани Вазорати маорифи Тоҷикистон аст. Дар ҳоле ки бо пешниҳоди ин лоиҳа масъулияти таълиму тарбияи кӯдакон болои он ҳама вазъи сангин, ки доранд, бар дӯши падару модар бор мегардад, пас хулоса бояд ин бошад, ки Вазорати маориф баста шавад. Ҳамеша чизеро манъ кардан ва ё дар коре сахтравӣ намудан афкору амали ботилро ба вуҷуд меоварад. Озодӣ ва демократия ҳар гуна ақидаи ботилро аз байн мебарад. Чӣ қадаре мо ҳиҷобпӯширо манъ кунем, сафи ҳиҷобдорон меафзояд. Агар мо мехоҳем бо қонун масъул будану масъулият доштани падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандонаш бифаҳмонем, ин реаксияи баръакс медиҳад. Пешниҳоди устод Тураҷонзода дар мавриди он ки ин лоиҳаи Қонун аз ҷониби соҳибназарони ақоиди мухолиф дошта дар сари як Мизи гирд муҳокимаву баррасӣ шавад ва он аз тариқи телевизион пешкаши мардум гардад, бисёр пешниҳоди дуруст ва муҳим аст.

А.М.: Аз Тоҷинисо Маҳмадова мехостам бифаҳмам, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳеч лоиҳаи алтернативие пешниҳод кардаанд?

Т. М.: ҳеч лоиҳаи алтернативие аз ҷониби аҳзоб пешниҳод нашудааст.

М. С.: Ҳизби демократи Тоҷикистон ба далели он ки зарурати пешниҳоди чунин лоиҳаро намебинад, аз ин рӯ мантиқист, ки чизе пешниҳод накард. Ва мо бар ин назарем, ин қонун ба манфиати ҷомеъа нест.

А. М. : Пас, зарур аст, ки бояд ҳамаи андешаву пешниҳодҳо ба инобат гирифта шаванд.

Т. М. : Вақте мегӯем, ки зарурияти пешниҳоди чунин лоиҳаи қонун нест, бояд асос дошта бошем, бояд далел биоварем.

М. С. : Мо қаблан ҳам асосу далелҳоямонро гуфтем ва ин ҷо дигарон ҳам дар ин бора изҳори назар карданд.

Т. М. : Шумо гуфтед, ки аллакай ҳамин меъёрҳо дар дигар қонунҳои амалкунанда ҳаст.

М.С.: Охир ин вазифаи ҷонии падару модар аст, ки дар таълим ва тарбияи фарзанд масъулият дошта бошанд. Ин хандаовар аст, ки онҳоро бо қонун вазифадор кунем, ки бояд фарзандонро таълиму тарбия кунанд.

Ҳ.А.: Агар ҳамон меъёрҳо дар дигар қонунҳо, ки буда бошанд, пас чӣ зарурат аст дубора як қонуни нав қабул кунем?!

Т. М.: Дар қонунгузории мо он меъёрҳо дар маҷмӯъ ҳаст, дар ин лоиҳаи қонун мо мушаххас дар бораи масъулияти падару модар гуфтем. Вазорати маориф бошад рисолати худро иҷро карда истодааст. Мегӯянд, ки агар хоҳед миллатро аз байн бубаред, илмашро, маорифашро аз байн баред. Вақте як равшанфикри ҷомеъа чунин фикри ботил мегӯяд, пас ин маънии онро дорад, ки миллатро бояд аз байн бурд. Мо бо қабули ин қонун ҷомеъаро, мардумро бедор мекунем.

А. И.: Мо розием, вале савол ин ҷост, ки оё давлат ҳуқуқ дорад, ки барои нофармонии фарзандон падару модаронро ҷазо бидиҳад?

Т.С.: Дӯстони арҷманд, фикр мекунам як баҳси хубе шуд ва итминон дорам, ки он андешаву афкор ва пешниҳоде, ки ин ҷо ироъа шуд ҳатман аз ҷониби он комиссияе, ки ба баррасии фикру пешниҳодоти мардум масъул аст, ин ҳамаро ба эътибор мегирад. Барои ширкататон дар ин Мизи гирд изҳори сипос мегӯям. Сарбаланду сиҳатманд бошед.

Гардонандаи Мизи гирд

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97