12 январи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагон Протоколи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар бораи сарҳади давлатиро, ки 27 апрели соли 2010 дар Пекин имзо шуда буд, ба тасвиб расонд.
Тайи ду ҳафтаи гузашта дар расонаҳои хабарии кишвар фикру мулоҳизот ва ҳатто ҳадсу гумонҳое матраҳ шуданд, ки ба назари «Миллат» яке аз далоили он камбуди иттилооти дақиқу ҷомеъ дар ин бора мебошад. Ба манзури равшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ мизи гирде, ки бо ширкати Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси минтақаӣ, Шералӣ Ҷононов, сардори раёсати шартномавӣ - ҳуқуқӣ,
Давлаталӣ Назриев, сардори раёсати иттилоот ва Амак Сатторов, коршиноси вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳудудию сарҳадӣ сурат гирифтааст, пешкаши хонандаи гиромӣ мегардад.
Нигоҳе ба таърихи марзбандӣ
Қосими Бекмуҳаммад (минбаъд Қ.Б.): - Масъалаи марзӣ миёни Тоҷикистону Чин, ки тайи рӯзҳои ахир бойиси баҳсу мунозираҳо ва ҳадсу гумонҳое гардидааст, чӣ собиқае дорад ва барои ҳаллу фасли он кадом далоил ва асноди таърихӣ асос қарор дода шуд?
Давлаталӣ Назриев (минбаъд Д.Н.): - Собиқаи ин масъала ба асрҳои 18-19 марбут мешавад, ки дар он замон миёни империяҳои Русия, Британия ва Чин барои густариши нуфуз ва манофеашон дар Осиёи марказӣ рақобат шиддат гирифта, бойиси тағйири давлатдориҳо ва марзу буми онҳо гардида буд. Тавре медонед, дар нимаи дуввуми асри 19 қисмати бештари қаламрави Осиёи марказии феълӣ таҳти тасаллути Русия қарор гирифт. Вале Русияву Чин музокироти худро барои муайян кардани сарҳад хеле зудтар аз он оғоз карда буданд.
Миёни Русияву Чин аввалин санад дар робита ба сарҳади Осиёи марказӣ дар соли 1727 ба имзо расид, ки бо номи Шартномаи Кяхтин маълум буда, хати сарҳадро то ағбаи Шабиндабоғ муайян мекард. Сипас дар соли 1860 Русияву Чин бо имзои Шартномаи Пекин идомаи сарҳад аз ағбаи Шабиндабоғ то қисмати ҷанубии Иссиқкӯл, Алатов ва кӯҳҳои Қуқандро мушаххас намуданд.
Бо гузашти чор сол, яъне дар 25 сентябри соли 1864 дар мавзеъи Чугучак санаде ба имзо расид, ки дар таърих бо номи Протоколи Чугучак маъруф буда, бар асоси он марзи Русияву Чин то қаторкӯҳи Тяншан ва қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Сунлин муайян карда шуд.
Пас аз ворид шудани хонигарии Қӯқанд ба ҳайати Русия губернатори Туркистон ба Қошғар - ба назди ҳокими ҳамсояи шарқии худ Яъқуббек ҳайатеро фиристод, то дар бобати муаяйн кардани хатти сарҳад гуфтушунид анҷом диҳанд. Ҳайати губернатори Туркистон бо Яъқуббек ба мувофиқа расида, баргашт. Аммо дар соли 1877 Яъқуббек вафот кард ва вориси вай Бекқулибек ба ҳуҷумҳои лашкари Чин тоб наоварда, ба Русия фирор кард ва баъд аз он музокирот ба хотири мушаххас намудани сарҳад бо Чин аз тарафи Русия ҷараён гирифт, ки дар ин робита дар 12 феврали соли 1881 дар Петербург шартномаи нав ба имзо расид.
Қ. Б.: - Музокирот дар мавриди манотиқи марзии мавриди баҳси Тоҷикистони имрӯзӣ бо Чин кай оғоз шуд?
Д. Н.: - Дар моҳи марти соли 1882 комиссари Русия барои муайян намудани хатти сарҳад аз Норин то қисмати шимолу ғарбии музофоти Қошғар, ки ба Чин тааллуқ дошт, ёрдамчии губернатори ҳарбии вилояти Фарғона генерал-майор В.Ю. Мединский таъйин шуд.
Баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ дар 22 майи соли 1884 протоколи нав имзо гардид, ки дар таърих бо номи Протоколи Марғелони нав маъруф мебошад. Тибқи он сарҳади Русияву Чин дар Помир аз ағбаи Бедел то Узбел муайян гардид, аммо ҷонибҳо идомаи марзро мушаххас накарда, танҳо дар матни протоколи ёдшуда ин нуктаро таъкид намуданд, ки «…хатти сарҳад аз ағбаи Узбел ба тарафи ҷанубу ғарб меравад…», ки он дар байни олимону мутахассисон бо номи «меридиани узбелӣ» машҳур аст. Дар натиҷаи ин санад, дар Помир минтақаи сарҳадии мавриди баҳс ба вуҷуд омад, ки тақрибан 28 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирифт.
Мушкилотро дар муносиботи баъдӣ ҳамин протокол ба вуҷуд овард. Зеро пас аз имзои он русҳо дарк карданд, ки тибқи протокол кашидани хатти марз (яъне аз ағбаи Узбел ба тарафи ҷанубу шарқ) бо шароити табии Помир аслан созгор нест. Дар натиҷа, русҳо тавассути қаторкӯҳи Сарикӯл кашидани хатти сарҳадро муносиб донистанд, вале дар ин маврид натавонистанд бо чиниҳо ба мувофиқа бирасанд.
Ниҳоятан, дар соли 1894 ҷонибҳо ба хотири ба расмият даровардани будубоши русҳо дар Помир бо ҳам ёддошт табодул карданд, ки он ба минтақаи мавриди баҳс статус-кво (вазъи мавҷуд) медод. Дар тӯли сад соли баъдӣ таҳаввулоти зиёд ба вуқӯъ пайваст, аммо ҳамеша ҳаллу фасли ниҳоии ин масъала ба таъхир меафтод.
Ҳалли мавзӯъ дар замони Шӯравӣ ва даврони баъдӣ
Қ.Б.: - Дар даврони Шӯравӣ дар ин робита чӣ иқдомоте сурат гирифт ва чаро натавонистанд ба ин баҳс хотима гузоранд?
Д.Н.: - Баъди ташкил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Ҷумҳурии Халқии Чин ягон санади дигар имзо нагардид. Танҳо дар ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта буд, ки Чин ба сурати ошкор эълон кард, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ минтақаҳои марзии мавриди баҳс вуҷуд дорад. Дар натиҷа тибқи тақозои Пекин Маскав харитаҳои топографиро муаррифӣ кард, ки дар онҳо хатти марзии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври комил нишон дода шуда буд, вале ҷониби Чин онро эътироф нанамуд.
Дар соли 1964 музокироти ҳайатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин дар мавриди марз оғоз гардид, аммо бидуни натоиҷи мушаххас ба поён расид. Тайи соли 1969 дар сарҳади ду кишвар задухурди мусаллаҳона, яке дар ҷазираи Даманск (дарёи Уссури) ва дигаре дар минтақаи Жаланашкол (вилояти Семипалатински Қазоқистон) рух дод, ки аз ду тараф низ қурбониҳои зиёд ба бор овард. Пас аз ин иттифоқот музокироти Иттиҳоди Шӯравӣ бо Чин дубора сурат гирифт.
Шералӣ Ҷонов (минбаъд): - Маскаву Пекин дар музокироти худ дар мавриди хатти сарҳади давлатии қисмати ғарбӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои баҳснок усули (принсипҳои) эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалиро асос қарор медиҳанд. Ҷонибҳо таи ду даври гуфтушунид дар робита ба масъалаҳои баҳсноки қисмати ғарбӣ дар мавриди 13 минтақаи сарҳадӣ ба мувофиқа расиданд, вале дар мавриди 8 минтақаи дигар ва аз ҷумла минтақаи Помир баҳс боқӣ монд.
Дар поёни панҷумин даври музокироти Иттиҳоди Шӯравӣ бо Чин беш аз 90% қаламрави мавриди баҳс роҳи ҳалли худро пайдо кард, аммо баҳси марбут ба минтақаи Помир ва бархе аз қисматҳои хоки Қазоқистону Қирғизистони имрӯзӣ ба натиҷа нарасид. Бо сабаби ихтилофи назар дар масъалаҳои баҳсноки Хабаровск ва Помир музокироти тарафайн ба сардӣ гаравид ва ҳудуди даҳ моҳ мутаваққиф шуд.
Дар моҳи апрели соли 1990 дар ҷараёни сафари Ли Пэн, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ба Маскав, Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод намуд, ки дар робита ба масоили ҳалшудаи сарҳадӣ созишномаҳо ба имзо расида, дар мавриди масъалаҳои баҳснок «статус-кво» пеш гирифта шавад.
Дар моҳи июни соли 1990 ҷониби Чин барои имзои созишномаҳои марбут ба масъалаҳои ҳалшуда ризоият дода, хостори идомаи музокирот дар мавриди масъалаҳои баҳснок шуд. Сипас дар моҳи феврали соли 1991 роҳбари бахши шӯравии комиссияи сарҳадӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод намуд, ки намояндагони ҷумҳуриҳои шӯравии ҳаммарз бо Чин низ дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки кашидани хатти сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ бо Чин ширкат кунанд. Ҳамин тариқ, дар 20-22 марти соли 1991 дар Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин мулоқоти намояндагони ҷумҳуриҳои шӯравии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия баргузор гардид.
Ва ниҳоятан, дар 16 майи соли 1991 байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ дар қисмати шимолии он ба имзо расид, ки он минтақаи баҳсноки Тоҷикистони имрӯза, яъне минтақаи Помирро дар бар намегирифт.
Қ. Б.: - Оё дар мавриди таъйини сарнавишти манотиқи мавриди баҳс дар марзи Тоҷикистону Чин тасмиме гирифта шуд?
Амак Сатторов (минбаъд А.С.): Дар мавриди муайян намудани қисмати ғарбии хатти сарҳади давлатии миёни Чин ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки тӯли он 3100 километрро ташкил медод, музокироти Ҷонибҳо ҳанӯз дар поёни соли 1980 оғоз шуда буд. Аз харитаҳои топографӣ, ки дар робита ба қисмати ғарбии сарҳад дар соли 1964 мубодила шуда буд, бармеомад, ки минтақаи баҳcноке, ки ба Тоҷикистони имрӯза дахл дошт, аз ағбаи Узбел сар шуда, зиёда аз 28 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирифт. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки тавассути шартномаҳо тамоми хатти марзии Иттиҳоди Шӯравӣ бо Чин, ба истиснои қисмати ҷанубии Узбел, ба таври дақиқ муайян шуда буд.
Қ. Б.: - Яъне нуқтаҳои мавриди баҳс дар ин бахш аз марз зиёд буданд?
А.С.: - Бале, теъдоди чунин нуқтаҳо миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин ба 17 то мерасид, ки се нуқтаи он ба марзи имрӯзии Тоҷикистону Чин тааллуқ дошт ва минтақаи шумораи 17, яъне Помири калон ё Помири шарқӣ аз ҳама бузургтар буд. Масоҳати умумии се минтақаи баҳсноки Тоҷикистон (Маркансӯ, Қаразоғ ва Помири калон) 28412 километри мураббаъ ё худ ё 19,9% қаламрави кишварро ташкил медод.
Хулоса, ҳаллу фасли мушкилоти марзӣ бо Чин дар ин марҳала қарор дошт, ки дар поёни соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошид.
Қ. Б.: - Ва масъулияти идомаи музокирот ба дӯши кишварҳои тозаистиқлол афтод...
А.С.: - Албатта, аммо дар ибтидо ҳукуматҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсноки сарҳадӣ бо Чин ба таври муштарак гуфтушунид хоҳанд кард. Дар 8 октябри соли 1992 дар шаҳри Минск ҳукуматҳои чор кишвари ёдшуда ба мувофиқа расиданд, ки дар мавриди минтақаҳои мавриди баҳс гуфтушунидро бо Чин идома хоҳанд дод. Ва каме дертар давлатҳо ин тасмимро гирифтанд, ки масъалаҳоро бо Чин ба сурати дуҷониба ҳаллу фасл хоҳанд кард. Дар натиҷа, дар солҳои баъдӣ ҳар яке аз ин чор кишвар бо Чин созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида, тавонистанд ба баҳсҳои марзиашон бо Чин, ки таи марҳалаҳои тӯлонӣ вуҷуд доштанд, хотима гузоранд.
Эътирофи давлат дигар асту эътирофи сарҳад дигар
Қ.Б.: - Эроде, ки аз тарафи бархе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ гирифта шуд, ин буд, ки СММ Тоҷикистонро бо марзу буми феълиаш ба расмият шинохтааст ва чӣ тавр бахше аз ин қаламрави расман эътирофшуда ба Чин вогузор мегардад?
Ш.Ҷ.: - Масъала сари ин аст, ки зимни ишора ба ойинномаи СММ афроди мавриди ишораи Шумо баъзе аз мафҳумҳои ҳуқуқи байналмилалиро бо ҳам омехта кардаанд, ки бо сабабҳои зерин алоқаманд мебошанд.
Он чи ки Оинномаи СММ дар ин робита муайян намудааст, дар банди 4-и моддаи 2 омадааст, ки бояд давлатҳои аъзо дар муносибатҳои байналмилалии худ аз истифодаи зӯрӣ ва ё таҳдиди истифода аз он ба муқобили дахлнопазирии марзу бум ва истиқлолияти сиёсии давлатҳо худдорӣ намоянд.
Асли (принсипи) ягонагии сарҳадҳои давлатӣ ба сурати комил дар Акти (санади) ниҳойии Иҷлоси амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз соли 1975 ва Эъломияи усули ҳуқуқи байналмилалии соли 1970 тақвият шудааст.
Дар ҳуқуқи байналмилалӣ институти эътироф кардан ба субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ вобаста буда, дар он чунин навъи эътироф вуҷуд дорад: эътирофи давлат; эътирофи ҳукумат; эътирофи ҷонибе (ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳие), ки барои ҳифзи ҳуқуқи хеш мубориза мебаранд. Инчунин эътирофи ҳуқуқ ва воқеъият (факт) низ вуҷуд дорад.
Аз нигоҳи назарияи ҳуқуқи байналмилалӣ эътирофи давлат эътирофи умумӣ буда, эътирофи сарҳад эътирофи махсус ба шумор меравад. Ҳар дуи ин амал метавонад бо ҳам алоқаманд набошад, зеро эътирофи давлат худ ба худ (ба таври автоматӣ) маънои эътирофи сарҳадҳоро надорад, бахусус дар сурате ки сарҳади давлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ба таври ҳуқуқӣ (юридикӣ) муайян нашуда бошад. Танҳо пас аз бастани шартномаи байналмилалӣ дар мавриди сарҳад эътирофи ҳуқуқи байналмилалии он аҳамияти хоса пайдо менамояд ва ба ҳама гуна шакку шубҳа нисбати сарҳади давлатӣ хотима мегузорад.
Яъне бо назардошти гуфтаҳои боло, мазмуни асосии ин асл ё принсип аз мавридҳои зер иборат мебошад:
- эътироф намудани сарҳадҳои вуҷуддоштае, ки дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда шудаанд;
- даст кашидан аз ҳама гуна даъвоҳои ҳудудӣ дар ҳоли ҳозир ва ё дар оянда;
- худдорӣ аз ҳама гуна дахолати ғайриқонунӣ ба ин сарҳадҳо.
Оё асноди давлате, ки вуҷуд надорад, асос буда метавонад?
Қ.Б.: - Тавре аз ишораҳои боло бармеояд, дар баҳси миёни Тоҷикистону Чин Протоколи соли 1884 (Марғелони нав) ва табодули ёддошти соли 1994, ки онҳоро Русияи подшоҳӣ бо Чин имзо карда буд, ба унвони асоси ҳуқуқӣ шинохта шудаанд. Вале бархе бар ин боваранд, ки асноди як давлати аз байн рафта барои ҳалли чунин масоил асос ва далел буда наметавонад.
Ш.Ҷ.: - Дар маҷмӯъ, пеш бурдани музокирот яке аз арсаҳои бисёр мураккаб ва ҳассоси фаъолияти дипломатӣ ба шумор меравад, бахусус агар он ба масъалаи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ иртибот дошта бошад.
Дар соли 1989 баъд аз вохӯрии М.С. Горбачев бо Дэн Сяопин ҳайати коршиносони ҳарбӣ ва дипломатӣ бо роҳбарии сардори раёсати Вазорати хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ Г.В.Киреев таъсис ёфт. Дар соли 1990 ҳангоми сафари сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Пэн ба Маскав Созишнома имзо шуд, ки барои пешбурди музокироти сарҳадӣ усули (принсипҳои) зеринро муайян намуд:
- дар асоси созишномаҳои мавҷуд дар мавриди ин минтақаи сарҳад;
- дар асоси усули эътирофшудаи ҳуқуқи байналмиллалӣ;
- дар рӯҳияи машваратҳои баробарҳуқуқ;
- ҳамдигарфаҳмӣ ва гузашти мутақобил;
- одилона ва босамар.
Ин панҷ асл дар нахустин музокироти раҳбарони ҳайатҳои муштараки Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо Чин дар моҳи октябри соли 1992 дар Пекин низ ба унвони заминаи асосии музокирот шинохта шуд. Яъне ин гуна масъалаҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинӣ шуда, ҳалли мавзӯъ низ ба таври комил бо риояи ин меъёрҳо сурат гирифтааст.
Аз тарафи дигар ба ин савол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври возеҳ ҷавоб мегӯяд, ки дар бандҳои 4 ва 5 он чунин омадааст: «…дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хатти Сарҳади давлатии худро, ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун санадҳои амалкунандаи байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо - собиқ Ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад:
Ҳангоми муқаррар намудан ва тағйир додани хатти Сарҳади давлатӣ, муқаррар ва ба роҳ мондани муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя дар сарҳад, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тадбирҳои мутобиқ бо мақсадҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти байналмиллалӣ, манфиатҳои ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсоя, принсипҳои ҳаллу фасли осоиштаи бидуни зурӣ масъалаҳои сарҳадиро анҷом медиҳад».
Марзи кишвар тақсимнопазир аст?
Қ.Б.: - Иддае аз сиёсатмадорон бар ин назаранд, ки ҳангоми ҳалли масъала бархе аз моддаҳои Сарқонун ва бахусус моддаи 7 нақз шудааст.
Ш.Ҷ.: - Дар мавриди моддаи 7 Сарқонун, яъне тақсимнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон, бояд ба чанд нукта ишора кунам:
Ҳамагуна ҷамъияте, ки дар давлат ташкил мешавад, дар ҳудуди муайян вуҷуд дошта, ягонагӣ ва дахлнопазирии он аз ҷониби давлат таъмин мегардад. Вале, амният, ягонагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлатӣ танҳо дар он ҳолат таъмин карда мешавад, ки агар марзҳои ин ҳудуд дақиқан муайян гардида ва аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя эътироф шуда бошанд. Гузашта аз ин, ин эътироф бояд бо асноди ҳуқуқии байналмилалӣ тақвият шуда ва хатти марзӣ дар минтақаи марбута муайян гардида бошад.
Набудани санад дар бораи хатти сарҳади давлатӣ дер ё зуд боиси сар задани баҳсҳои марзиву ҳудудӣ ва ё муноқиша мегардад. Дар тӯли таърихи муносиботи байналмилалӣ, ки чандин асрро дар бар мегирад, баҳсҳо дар мавриди тақсимоти одилонаи ҳудуди давлатҳо яке аз мушкилтарин ва ҳассостарин масъалаҳо ба шумор мераванд.
Хусусиятеро, ки шартномаҳои марбут ба муайян намудани хатти сарҳади давлатӣ доранд, ҳеч санади дигари байналмилалӣ доро намебошад. Маҳз бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолат, мафҳуми тақсимнопазирии ҳудуд иборат аст аз тақсими ҳудуд бо зӯрӣ ва ё забти он.
Аз тарафи дигар моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки хатти сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад».
Академик Масов узви комиссия набуд
Қ. Б.: - Эроди дигаре, ки дар ин замина гирифта шуд, ба яке аз шахсиятҳои шинохтаи кишварамон иртибот дорад, ки гумон намекунам истифодаи сиёсӣ аз ин мавзӯъро ҳадаф қарор дода бошанд. Манзур академик Раҳим Масов аст, ки дар чанд мусоҳибаи худ ба он ишора намудааст, ки чун узви комиссияи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Чин санади марбут ба вогузории порае аз замини кишвармон ба Чинро имзо накардааст. Модом, ки академик имзо намекунад, пас барои чунин иқдом далеле дорад.
А.С.: Комиссияи муштарак барои ҳаллу фасли масъалаҳои марзӣ аз ду ҷониб бар асоси баробарӣ таъсис ёфта буд. Қисмати тоҷикистонии ин комиссия табқи қарори ҳукумат аз 26 июни соли 1993 таъсис ёфта буд. Мувофиқи ин қарор ба ҳайати комиссия намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, Саридораи геодезия ва картография, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, кумитаи сарҳадот ва ВМКБ шомил гардиданд. Ба ҳайат яке аз муовинони вазири корҳои хориҷӣ роҳбарӣ мекард. Ман аз рӯзи таъсиси комиссия то поёни фаъолияти он ҳузур доштам.
Гуфтаҳои академики мӯҳтарам Раҳим Масов моро мутаҳайир сохт, зеро он кас ҳеҷ гоҳе узви ин комиссия набуданд ва аз эшон низ барои имзои санаде дархост нашудааст. Тибқи маъмул, пас аз ҳар мулоқоти ҳайатҳои комиссия протокол тартиб дода мешуд ва онро роҳбарони ҳайатҳои ду тараф имзо мекарданд. Шартномаҳои 13 августи соли 1999 ва 17 майи соли 2002 дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин аз ҷониби сарварони ду давлат ба имзо расида буданд. Протоколи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди аломатгузории (демаркатсияи) хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро бошад дар 27 апрели соли 2010 вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин имзо кардаанд. Яъне дар ин раванд олими мӯҳтарам иштирок надоштанд ва мантиқан ба ҳеҷ санаде низ наметавонистанд имзо гузоранд.
Кори имрӯзро ба фардо нагузоштанд
Қ. Б.: - Ба ҳар ҳол академик Раҳим Масов ва чанд нафари дигар бар ин назаранд, ки беҳтар буд, агар ҳаллу фасли ин масъала ба замонҳои баъд гузошта мешуд. Чаро комиссия ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ накардааст?
А.С.: Чунин пешниҳод аз ҷониби Чин низ матраҳ шуда буд. Яъне мехостанд ҳалли мавзӯъро ба наслҳои оянда вогузор кунанд. Вале ҳайати мо зимни омӯзиши дақиқ ва ҳамаҷонибаи масъала ба хулосае омад, ки ба оянда вогузоштани он метавонад мушкилоти зиёдеро пеш орад. Чунин андеша дар миёни ҳайатҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон низ, ки бо Чин музокирот анҷом медоданд, вуҷуд дошт. Бинобар ин мо ба хулосае омадем, ки ҳаллу фасли масъаларо ба таъхир наандозем, зеро давлатҳои ҳамсояи мо низ ин мавзӯъро ба оянда вогузор накарданд. Охир касе наметавонад кафолат бидиҳад, ки пас аз чанде вазъи сиёсии минтақа ё кишвари алоҳида чи гуна хоҳад буд.
Хоки хубе насиби Чин нашуд
Қ. Б.: - Дар матолиби нашрияҳо ва дигар расонаҳои дохиливу хориҷӣ ба он ишора шудааст, ки манотиқи вогузоршуда ба Чин дорои захоири зиёди табиъӣ ва сарватҳои зеризаминӣ мебошанд. Воқеан ҳам чунин аст?
А.С.:- Ҳанӯз дар замони шӯравӣ манотиқи марзии мавриди баҳс аз тарафи мутахассисонамон мавриди омӯзиши мутахассисонамон қарор гирифта буд ва вақте дар соли ҳайат ба кор шурӯъ намуд, ба тамоми вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ нома навишта, хулосаҳои онҳоро дар бораи захираҳои табиъӣ, иқлим, обу ҳаво ва дигар вижагиҳои минтақаҳои марзии мавриди баҳс дарёфт кардем. Ин хулосаҳо дар бойгонии вазорати корҳои хориҷӣ маҳфузанд (нусхаҳои онҳоро нишон медиҳад). Роҷеъ ба қисматҳое, ки ба ҷониби Чин гузаштанд, бояд бигӯям, ки дар бахше аз онҳо захираҳои табиъӣ мавҷуд набуда, бахши дигарашон ба таври амиқ омӯхта нашудааст.
Қ. Б.: - Шароити иқлимии манотиқи вогузоршуда ба Чин чи гуна аст ва оё дар он ҷо мардум низ зиндагӣ мекарданд?
А.С. : - Он қитъаҳо дар баландии аз 4600 то 6700 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, дар минтақаи Маркансӯ ва Қаторкӯҳи Сарикӯл ҷойгиранд. Дар он ҷо одамон зиндагӣ намекунанд ва шароити иқлимии он низ барои будубош аслан созгор нест. Бахше аз он қитъаҳоро танҳо бо ҳадафи шикор ва он ҳам ба сурати мавсимии маҳдуд истифода кардан мумкин аст.
Қ. Б.: - Дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, ки бо Чин ҳаммарз буданд, бо чӣ таносубе манотиқи мавриди баҳсро тақсим карданд?
А.С.: - Аз манотиқи мавриди баҳс бо Чин дар ихтиёри Русия 49%, Қазоқистон 56,9% ва Қирғизистон 66,9% фоиз қарор гирифт. Албатта, дар қиёс бо манотиқи мавриди баҳс дар Помир, қисмати зиёди заминҳои ба Чин вогузоршуда аз тарафи кишварҳои ёдшуда (ба ғайр аз Қирғизистон, ки минтақаи баҳснокаш дар баландкӯҳ қарор дошт) барои кишту кор ва чорводорӣ муносиб буданд. Вале дар ҳар сурат нодида гирифтани ин нукта аз сӯи баъзе аз шахсиятҳо ва расонаҳо, ки Тоҷикистон тавонист 96,5% манотиқи марзии мавриди баҳсро ҳифз кунад, мояи тааҷҷуб мебошад.