Мусоҳибаи журналист Қосими Бекмуҳаммад бо коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон Қодир Маликов (қисмати дуввум)
Фосилаи миёни Шимолу Ҷануб
- Яъне бо интихоботи парлумонӣ фосилаи миёни Шимолу Ҷануб бештар шуд?
- Ба таври қотеъ наметавон гуфт, ки фосилаи миёни Шимолу Ҷануб бештар шуд, вале беш аз гузашта шиддат гирифтани рақобат ва мубориза байни нухбагони ин ду минтақа як воқеияти имрӯзи кишвари мост. Минтақагароӣ падидаи нав нест ва қабл аз ин низ вуҷуд дошт, вале дар шароити фазои бози сиёсӣ равшантар ба назар расид. Албатта ин асли мушкил нест ва ҳимояти мардуми ҷануб аз ҳизби "Ата журт" то ҷое далел низ дошт. Масалан, тавре ишора шуд, ҷанубиҳо ба он хотир овози худро ба раиси ин ҳизб Қамчибек Тошиев доданд, ки вай ҳангоми даргириҳои моҳи июн дар миёни мардум буд ва намояндагони ҳукумати муваққат хеле дертар ба вазъи мардум расидагӣ карданд. Ва ин амр боъиси беэътимодии қирғизтаборони ҷануб нисбат ба ҳукумати муваққат ва раиси ҷумҳур шуд.
- Шояд мушкили эҷоди эътилофи аксарияти парлумонӣ барои ташкили ҳукумат низ бо ин мавзӯъ беиртибот нест?
- Ҳамин тавр аст. Ва тақсими қудрат монеъи аслии ташкили ин эътилоф аст. Албатта, ин аҳзоб билохира эътилоф хоҳанд кард, зеро медонанд, ки мардум шоҳиди ин ҳама савдову муъомилоти онҳост ва агар дар мӯҳлати қонунӣ натавонанд ба натиҷа бирасанд ва интихоботи нав таъйин шавад, онҳо нисфи овозҳои феълии худро низ нахоҳанд гирифт. Қобили пешбинист, ки ҳукумати эътилофӣ ҳукумати нокоромад хоҳад буд, зеро фикр намекунам дар чунин шароит ҳизбе қудрат дошта бошад то ба беҳбуди воқеии фазои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даст ёбад.
Сарнавишти сиёсати чандҷониба
- Қаблан ишора кардед, ки пас аз интихобот аз панҷ раҳбари аҳзоби парлумонӣ чортои он, ба истилоҳи Шумо, "барои каҷ кардани гардан" маҳз ба Маскав рафтанд, на ба ҷои дигар. Яъне бо ин ҳол умри сиёсати чандсӯя ё чандсамтии Қирғизистон ба поёни худ наздик мешавад?
- Мусаллам аст, ки ин амали сиёсатмадорони мо ва мушаххасан раҳбарони ҳизби "Ор ва номӯс", Сотсиал-демократ, "Республика" ва "Ата журт" мӯҷиби нороҳатии бахши огоҳи ҷомеа ва бахусус қишри рӯшанфикр ва ҷавони он шудааст. Онҳо сирфан манофеъи маҳдуди ҳизбӣ ва гурӯҳии худро дар назар доранд, вале аз тарафи Русия дарк накардани ин иқдоми иштибоҳӣ ҷойи ҳайрат дорад. Зеро ба таври ошкор ба дастбӯсии Кремл рафтани шахсиятҳои пирӯзи интихобот ва онҳое, ки бояд пояҳои давлатдории мустақили миллии кишварро бигузоранд, натанҳо беназокатии сиёсист, балки дар оянда натиҷаи мухолиф бо манофеи худи Русия ба бор хоҳад овард.
Вале ба бовари банда Қирғизистон қатъи назар аз шароити сиёсӣ ва перомунӣ сиёсати чандсамтии худро идома дода ва бо ҳама кишварҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон равобити наздик хоҳад дошт. Ҳадди ақал рӯшанфикрон ва қишри огоҳи ҷомеа инро мехоҳад. Ҳамчунин дар канори пешбиниҳои нохушбинона умедворем, ки кишварамон битавонад аз ин ҳама имтиҳону озмоишот ҷон ба саломат бурда, дар масири бозёбӣ ва таъйини ҳувияти дақиқи миллии худ гом бардорад. Бояд донист, ки Қирғизистон музофоти Русия нест, балки кишвари мустақилест, ки таҳаққуқи сиёсати чандсамтиро дар ростои манофеи миллии худ медонад. Мо бо ҳар касе бихоҳем дӯстӣ мекунем ва ба дастури дигарон бо касе душманӣ нахоҳем варзид. Мутмаъинан, дар ин замина ҳар амале аз берун аксуламали мутаносиберо аз дохили кишвари мо хоҳад дошт.
Даргириҳои Ҷануб
- Чаро ғайриинтизори хелеҳо даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ба зудӣ хотима ёфт? Ин саҳми ҳукумати Отунбоева буд ё дар асл асосе барои чунин муноқиша вуҷуд надошт?
- Бидуни шак асоси ҷиддӣ барои даргириҳои густардаи қавмӣ дар ҷануби кишвари мо вуҷуд надошт. Аз тарафи дигар неруҳои хориҷие, ки алоқаманди идомаи ин даргириҳо буданд, фурсати бамавқеи мудохиларо наёфтанд. Албатта дар сатҳи маишатӣ баъзе аз масоил байни қирғизҳо ва узбакҳо вуҷуд дошт, аммо он наметавонист далеле барои даргириҳои васеъ бошад. Маълум аст, ки дар шурӯъи ин таҳаввулот омили хориҷӣ нақш дошт. Масалан, ҷониби Узбакистон ба таври ғайримустақим ба даст доштани Русия ишора мекунад ва баъзеҳо нақши Амрикоро муассир медонанд. Гурӯҳи саввум мегӯянд, ки даргириро размандагоне оғоз карданд, ки аз тарафи Боқиев сармоягузорӣ шуда буданд.
Ҳарчи буду набуд, ин муноқиша ба таври ногаҳонӣ оғоз шуд ва ҳамагӣ чор рӯз давом кардаву ҳамон тавр ғайриинтизор поён ёфт. Умри кӯтоҳи он нишон медиҳад, ки таҳарруки ин муноқиша аз хориҷ сурат гирифтааст. Дигар ин ки хештандории Тошканд низ ба ҳаллу фасли зуди он мусоидат кард. Дар ғайри он, бо таваҷҷӯҳ ба басиҷ шудани мардуми Қирғизистон, ҳар гуна мудохилаи Узбакистон метавонист боъиси муноқишаи мустақими ду кишвар шавад. Албатта, бархе хеле мехостанд, то чунин иттифоқе биафтад. Ба ин манзур иқдомотеро низ аз қабл пиёда карда буданд. Ҳатто дар яке аз сомонаҳои интернетӣ хабаре дар мавриди оғози даргириҳои қавмӣ дар Уш пахш шуда буд, ки ин иттифоқ танҳо чанд рӯз баъд ба вуқӯъ пайваст...
- Дар сӯҳбатҳои Шумо ба тааллуқи минтақаии интихобкунандагон дар ҳимояташон ва ё мухолифаташон дар баробари аҳзоб ишора шуд. Пас ҷамъияти узбактабори Қирғизистон, ки аз назари теъдод баъди қирғизҳо дар ҷои дуввум қарор доранд, чигуна рафтор кард?
- Ҷамъияти узбактабори кишварамон дар интихоботи парлумонӣ чандон фаъол набуд, вале онҳое, ки ширкат карданд, асосан аз ҳизби "Ор ва номӯс" ҳимоят намуданд. Ба назари онҳо пирӯзии ин ҳизб метавонист боъиси афзоиши нуфузи Русия дар Қирғизистон шуда ва амнияти онҳоро бештар тазмин кунад.
- Пас ширкати ғайрифаъолонаи онҳо дар интихобот ба маънои нороҳатӣ аз Бишкек буд ё ҳадафи дигаре низ дошт?
- Ин ҷо чандин омил вуҷуд дорад, ки нороҳатӣ аз Бишкек низ яке аз онҳост. Вале бояд иқрор шуд, ки дар он шабу рӯз узбактаборони ҷануб дар канори мулоҳизоти дигар барои амнияташон низ нигаронӣ доштанд. Ҳарф сари ин аст, ки баъд аз ҳодисоти ҷануб падидаи манфии тақвияти қавмгароии қирғизӣ ба назар мерасад, ки ин аксуламали онҳо ба иқдомотест, ки дар остонаи ин таҳаввулот аз ҷониби дигар сурат гирифта буд.
Манзур ин аст, ки дар таҳаввулоти сиёсие, ки дар паи паноҳ бурдани Қурмонбек Боқиев ба ҷануби кишвар ба вуқуъ пайваст ва боъиси рӯёрӯии сиёсӣ дар ин минтақа шуд, дар канори дигарон шахсиятҳои узбактабор низ саҳми фаъол гирифтанд. Ҳатто ҷонибдорони яке аз шахсиятҳои матраҳи ҷамъияти узбактабори Қирғизистон Қодирҷон Ботиров, ки ҳоло дар пайгарди ҷиноӣ қарор дорад, бо шиорҳои демократӣ ва зери парчами ҳизби "Ата мекен" хонаву манзили Қурмонбек Боқиеву наздиконашро дар зодгоҳаш оташ заданд, ки боъиси нороҳатии қирғизҳои ҷанубӣ шуд. То ҳол дар Қирғизистон чунин набуда, ки намояндагони як қавм дар баробари қавми дигар иқдом ба нобудии маҳалли зисташон кунанд.
Омили дигар ин буд, ки дар чунин марҳалаи ҳассоси дохилии Қирғизистон иддае аз раҳбарони ҷамъиятҳои узбактабор зимни пахши баёнияҳои сиёсӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ хостори афзоиши ҳуқуқу ихтиёроти сиёсӣ шуданд. Ба сурати табиъӣ дар шароити ноороми кишвар ин баёнияҳо бо эътирозоти бисёр ҷиддии қирғизҳои ҷануб рӯ ба рӯ гардид. Яъне дар ниҳоят ду бахш аз ҷамъият ба шумули сиёсатмадорону нухбагон дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Ва чӣ натиҷае ҳосил шуд, ҳама медонад. Такроран мегӯям, ки ба эҳтимоли зиёд кадом як тарафи хориҷӣ дунболи амалӣ кардани сенарияи хосе дар минтақа буд, вале воқеияти амр норӯшан аст ва ба эҳтимоли зиёд барои муддати нисбатан тӯлонӣ ҳамин тавр пинҳон боқӣ хоҳад монд.
Нақши олими исломӣ
- Дар таҳлилҳое, ки қабл аз ин таҳаввулот коршиносон ва расонаҳои хориҷӣ доштанд, ба раванди рӯ ба густариши исломхоҳӣ дар ҷануби Қирғизистон ишора мешуд. Таҳаввулоти хунини моҳи июн дар ин минтақа нишон дод, ки ин раванд ба сурати амдӣ ё қасдан бузург ҷилва дода шудааст, зеро ваҳдати динии мардум натавонист бар тааллуқи қавмиашон бартарӣ ёбад.
- Бале, банда муътақидам, ки ин даргириҳо ба рӯҳияи ҳамдилии исломӣ на танҳо дар Қирғизистон, балки фаротар аз он низ латма зад. Ва ҳамчунин устура ва афсонаи мазҳабитар будани ҷануб аз шимоли кишвари моро нишон дод. Нишон дод, ки эътиқоди динии бештари ҷанубиҳо ба урфу одатҳои зоҳирӣ иртибот дорад, на ба арзишҳову этиқодоти асили исломӣ. Таҷовузу кушторҳои фаҷеъе, ки дар лобалои ин даргириҳо ба мушоҳида расид, ҳикоят аз сатҳи бисёр пойини ахлоқӣ ва маънавии ҷомеъаро дошт. Ин ҳодисот дар пешорӯи давлатмардони мо вазифаи пайдо кардани арзишҳои асил ва фарогирро қарор дод, то аз ин роҳ битавон аз эҳтимоли такрори чунин даргириҳо ҷилавгирӣ ба амал овард.
- Кадом арзишҳоро асил ва фарогир медонед, ки битавонад мавриди қабули қирғизҳову узбакҳо бошад?
- Арзишҳои исломиро.
- Пас чӣ замоне лозим хоҳад буд, то ду тараф ба ҳам эътимод кунанд?
- Ҳанӯз корҳои хосе барои эҷоди фазои эътимод сурат нагирифтааст. Барномаҳое дар ин робита аз шабакаҳои телевизионӣ пахш мегардад. Хонаҳои харобшуда дубора сохта мешаванд. Ҳалли ин масъала ба сиёсати ҳукумат бастагӣ дорад, ки дар он дар канори намояндагони расмӣ бояд шахсиятҳои иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва бахусус ҷавонон низ ҳузур дошта бошанд.
Муассиртарин омил барои ислоҳи шароит ва таъмини ваҳдати қирғизҳову узбакҳо баҳрабардорӣ аз ислом мебошад. Мо бояд қатъи назар аз тааллуқи қавмии худ дар доираи арзишҳое қарор гирем, ки битавонад амнияти маънавӣ ва ахлоқиамонро таъмин ва тазмин бикунад ва нагузорад, то дигарон бо баҳонаҳои камарзиш моро ба ҷони якдигар биандозанд. Доираи арзишҳое, ки ҳамаи моро дар дохили кишварҳоямон ва ё дар сатҳи минтақа метавонад дар оғуши худ бипазирад, шинохт ва дарки андешаи исломист. Мо бо доштани забонҳои мутафовит ва фарҳангҳои хоси худ боз ҳам намояндагони як умматем, уммати исломӣ. Ва ончӣ дар ҷануби Қирғизистон миёни мусалмонон гузашт, дар шаъни намояндагони ин уммат набуд.
Пас роҳи ҳалли мушкил убур аз исломи гирифтори хурофот ва урфу одатҳои зоҳирӣ ба исломест, ки дорои андеша, тафаккур ва идеология мебошад. Агар аз ин роҳ сарфи назар кунем, эҳтимолан роҳи дигар танҳо ин хоҳад буд, ки миллатгароӣ ва фашизм дар баробари якдигар дар дохили кишварҳо ва ҳамчунин байни кишварҳои минтақа рӯи саҳна биёяд.