Қирғизистон пеши Русия гардан каҷ нахоҳад кард

Мусоҳиба 14.12.2010 09:35

kadir_malikovМусоҳибаи журналист Қосими Бекмуҳаммад бо коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон Қодир Маликов

-Шумо аз таҳаввулоти беш аз ним соли ахири кишваратон чӣ натиҷагирие доред?

-Ончи дар тӯли ин муддат гузашт ва ончи дар ҳоли анҷом аст, ба зоҳир ғайри қобили назорат ва мудирият мерасад, ки мисли як тӯфони шадид дар ҳоли пеш рафтан аст ва мардум аз идомаи он беш аз ҳар чизе эҳсоси нигаронӣ доранд.

Бисёр табиъист, ки дар чунин шароит мардум ояндаро тира тасаввур мекунанд. Ин эҳсос бо пирӯзии аҳзоби ҷонибдори низоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи парлумонии 10 октябр бештар шудааст. Таври маълум, ҳизби пирӯзи ин интихобот, яъне ҳизби"Ата журт" ҳизби ҷонибдорони раиси ҷумҳури сарнагуншуда мебошад.

-Яъне моҳияти инқилоби моҳи апрел дар муқобили натоиҷи интихоботи парлумонии моҳи октябр қарор гирифт. Ва барои хелеҳо ин суол аҳамият пайдо кардааст, ки агар пирӯзи интихобот ҷонибдорони Аскар Оқоеву Қурмонбек Боқиев ҳастанд, пас ин инқилобҳову рехта шудани хунҳои зиёд чи мафҳум дорад?

-Бо ин ҳол аз таҳаввулоти моҳҳои ахири Қирғизистон наметавон як натиҷаи рӯшан гирифт ва ҳамин тавр барои ояндаи мутмаъин низ пешбиниҳое кард.

Чаро нухбагони нав рӯи саҳна намеоянд?

-Яъне интизор мерафт, ки бо ин инқилобҳо нухбагон ё худ элитаи нав рӯи саҳна биёяд?

-Бале, чунин интизор вуҷуд дошт ва асли мушкил низ ба ҳамин мавзӯъ бармегардад. Ду инқилоби кишвари мо дар ин замина чизи хосеро ба ҷомеа надод. Ҳарчанд ин инқилобҳо бо такя ба неруи ҷавонон сурат гирифт, аммо дар вақти тақсими қудрат онҳоро фаромӯш карданд ва ё чанд вазифаи маҳдуд ва камарзишеро дар ихтиёрашон қарор доданд, ки чизеро ҳал намекунад. Ин дар ҳолест, ки насли ҷавони кишвари мо зарфият ва истеъдоди болое дорад ва метавонад дар хеле аз заминаҳо барои мудирони мавҷуд ҷойгузинҳои муносибе бошанд.

-Вале имрӯз натанҳо дар Қирғизистон, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ ин мушкил вуҷуд дошта ва расонаҳо пайваста аз он интиқод мекунанд, ки саҳми ҷавонон дар қудрат ба ҳеч ваҷҳ мутаносиб бо он нест, ки беш аз нисфи ҷамъиятро ташкил медиҳанд.

-Қабул дорам, ки ин мушкили танҳо мо нест, вале шароити Қирғизистон аз боқии ҳамсояҳо фарқ мекунад. Бархилофи бештари онҳо фазои сиёсии кишвари мо боз аст. Аҳзоби мухолиф ҳама иқдомоти рӯй ва пушти саҳнаи ҳукуматро дар миён мегузоранд, расонаҳо ба таври озод рафтору муомилоти сиёсатмадоронро ба иттилоъи ҷомеъа мерасонанд, созмонҳои ғайридавлатӣ фаъоланд. Барои гуфтани ҳарфҳо ва дар миён гузоштани андешаҳо ҳадди ақал имрӯз ҳеч маҳдудияте вуҷуд надорад. Чунин фазо, табиъатан, бояд барои шукуфоии истеъдодҳои ҷавон ва рӯи саҳнаи сиёсӣ омадани онҳо ёрӣ расонад. Вале ин амр ба назар намерасад. Амалан таи ду даҳаи ахир чеҳраҳои комилан ошно бо ин тафовут бар умури кишвар мудирият мекунанд, ки ҳар чор панҷ сол аз як курсӣ ба курсии дигар менишинанд.

Ҳузури маҳдуду камранги нухбагони ҷавон дар мудирияти   кишвар маҳсули сиёсати заъиф ва кӯтоҳбинонаи раҳбарияти Қирғизистон тайи солҳои истиқлол аст. Ба ин далел хеле аз раҳбарони созмонҳои ҷавонон аз ширкат дар интихоботи парлумонии ахир сарфи назар карданд. Онҳо ин боварро доранд, ки ин интихобот бозгӯкунандаи иродаи воқеии мардум набуд, балки сирфан рақобати гурӯҳҳои сиёсӣ барои дар ихтиёр гирифтани қудрат ва истифода аз он буд.

-Пас ҳузури аҳзоби сиёсӣ бо барномаҳояшон дар ин интихобот чӣ мафҳум дошт?

-Хеле аз ин аҳзоб танҳо ба хотири интихобот эҷод шуда буданд, ки ҳизби пирӯзи "Ата журт" намунаи он аст. Ин ҳизб танҳо як моҳ пеш аз оғози рақобатҳои расмии интихоботӣ ташкил гардид. Бештари аҳзоб дар замони интихобот чанд ҳафтае умри фаъоли сиёсӣ дошта, сипас то интихоботи баъдӣ ба хоб мераванд.

Бештари мардум низ ба идеологияву барномаҳои онҳо комилан бетафовутанд, зеро ҷудо аз сатҳи нокофии фарҳанги сиёсӣ боз ҳам медонанд, ки ангезаи аслии бештари аҳзоб расидан ба қудрат ва дар ихтиёр гирифтани манобаъи моддӣ ва молист. Ин буд, ки ин бор беш аз ҳар интихоботе барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба худ аҳзоб ба сурати нақди пулҳои зиёде харҷ карданд. Шахсиятҳои ҷавон ба далели набуди сармоя ва имконоти лозим аз ҳузур дар ин интихобот канораҷӯӣданд,то ки ба интихоботи баъдӣ бештар омодагӣ бигиранд.

-Яъне интизоре ба тӯли панҷ сол?

-Мусаллам аст, ки парлумонии феълии Қирғизистон, ба истилоҳ порлумони транзитист ва шояд то поёни мӯҳлати худ низ нарасад. Бинобар ин раҳбарони гурӯҳҳои ҷавонон бо ҳисоб рӯи интихоботи баъдӣ дар муддатзамони қонунӣ ва ҳамчунин эҳтимоли баргузории қабл аз мӯҳлати он худро омода мекунанд.

Қирғизистон – озмоишгоҳи қудратҳо

- Агар бо рамз бигӯем, деги сиёсии Қирғизистон тайи панҷ соли гузашта ҳеч гоҳе аз ҷӯш намонда, балки дар ним соли ахир ба ҳадде доғ шуд, ки ҳамаро нигарон кард. Магар ҳезуми ин дег танҳо дар дохил омода мешуд?

- Бале, фикр мекунам хелеҳо рӯи идомаи ҷӯши ин дег ҳисоб гузоштаанд. Агар ин мавзӯъро ҳамон гуна ки ҳаст, арзёбӣ кунем, ҳузури омили   хориҷиро хеле рӯшан мушоҳида хоҳем намуд. Масалан, қудратҳо беш аз ҳар кишвари хориҷии дигар дар ин равандҳо ҳузур ёфтаанд. Онҳо ба мизони мавҷуд будани пойгоҳи иҷтимоӣ ва ҷонибдоронашон дар дохили кишвари мо иқдом мекунанд, ки гоҳ-гоҳе иқдомоташон дар марзи мудохила дар умури дохилии Қирғизистон қарор мегирад. Русия намунаи он аст. Ва Амрико низ бозиҳои хосеро дунбол мекунад. Ин ду қудрат қатъи назар аз он ки чӣ мегӯянд ва барои иқдомоташон чӣ далоиле доранд, сирфан ба фикри манофеи калони геополитикиашон мебошанд. Мо беш аз пеш ба ин натиҷа мерасем, ки Қирғизистон дигар ба озмоишгоҳи тарҳҳои мухталифи қудратҳо табдил шудааст.

Гардани каҷ пеши Русия обурӯи кишвар нест

-Вале дар остонаи интихоботи парлумонӣ ва баъд аз он низ таваҷҷӯҳи сиёсатмадорони қирғиз ба Русия беш аз Амрико буд.

-Комилан дуруст аст. Танҳо ин далел, ки баъд аз мушаххас шудани натоиҷи интихоботи парлумонӣ аз панҷ раҳбари аҳзоби роҳёфта ба порлумон чор нафарашон, барои ба истилоҳ, "нишон додани гардани каҷ" ба Маскав рафтанд, аз хеле чизҳо ҳикоят мекунад. Ҳатто яке аз раҳбарони ҳизби "Ор ва номус" ба таври расмӣ ва дар ҳузури расонаҳо эълон кард, ки дар парлумон аз манофеъи роҳбурдӣ ё худ стратегии Русия ҳимоят хоҳад намуд.

Амрико низ дар пайи таҳаққуқи манофеъи худ аст, вале бо зарофати бештар, бидуни сару садо ва бо дастони худи гурӯҳҳои сиёсиву молии дохилии кишвар аҳдофашро дунбол мекунад, аммо дар маҷмӯъ фарқи чандоне байни хостаҳои қудратҳо вуҷуд надорад.

Дар шароити вуҷуди фишорҳои хориҷӣ Қирғизистон марҳалаи сахту ҳассосеро пеши рӯи худ хоҳад дошт, ки он метавонад ё бо истиқрори давлатдории миллӣ хотима ёбад ва боъиси фурӯпошии он шавад. Яъне он чи то ҳол дар Қирғизистон гузашт, ҳанӯз поёни кор нест ва такрори моҷароҳои сиёсӣ комилан имконпазир мебошад.

Низоми парлумонӣ ва интизориҳои ҳамсояҳо

-Бархе бар ин назаранд, ки дар шароити низоми парлумонӣ назорат бар ҳарҷу марҷ кори сахт хоҳад буд.

-Ин масъала то ҳадде асос дорад. Мо дар мавриди интихоби низоми мудириятӣ дар кишварамон ба гунае гаравгони шароит шудем. Мардум ва бахусус бахши фаъоли ҷомеъа, ки дар ду инқилоб низ саҳм дошт, мутмаъин буд, ки масъули ин ҳама мардумфиребӣ ва сарватандузии як гурӯҳи хос танҳо руасои ҷумҳуранд. Бинобар ин таҳти таъсири шароити хоси равонӣ ва бахусус дар паи таҳаввулоти хунини қавмӣ дар ҷануби кишвар аз низоми парлумонӣ ҳимоят карданд. Дар он мавқеъ ин мантиқ, ки "низоми раёсати ҷумҳурӣ айбе надорад ва раҳбарони нолоиқ ҳастанд, ки ин низомро бадном мекунанд", натанҳо ба гӯши касе намефорид, балки метавонист боъиси иттиҳоми ҷонибдорӣ аз Қурмонбек Боқиев ҳам шавад.

Вале модом, ки ҳамапурсӣ доир шуд ва мардум аз низоми парлумонӣ ҳимоят карданд, пас инро дигар бояд сарнавишти кишвар донист ва ҳамин тавр ҳам пазируфт. Албатта, ин низом низ чолишҳо ва рискҳои зиёде дорад, ки ҳамин ҳоло намунае аз онро дар масъалаи ташкили ҳукумат мушоҳида менамоем. Агар ҳукумати нави парлумонии кишвари мо ташкил шавад ҳам, дар оянда иттифоқ афтодани саҳнаҳое аз қабили тазоҳуроту роҳпаймоиҳои мудовим, даъвоҳои додгоҳӣ, ҳатто чанд дафъа иваз шудани ҳукумат ва амсоли ин қобили пешбинист.

Муваффақияти низоми парлумонӣ ба фарҳанги болои сиёсӣ ва пешвоёни қавӣ дар ҷомеъа бастагӣ дорад. Мутаассифона, бештари сиёсатмадорони мо гирифтори худхоҳӣ мебошанд, ки ин амр дар шароити низоми порлумонӣ метавонад боъиси ҳарҷу марҷи сиёсӣ ва бесуботии иҷтимоъӣ шавад. Ва бархе аз роҳбарони қудратҳо ва кишварҳои ҳамсоя ба умеди ин ҳарҷу марҷ ба унвони асоси шикасти низоми порлумонӣ дар Қирғизистон мебошанд. Ва ин масъаларо ҷомеъаи кишвари мо дарк мекунад ва ҳатто аз мудохилаҳои ошкори онҳо ба марзи асабоният расидааст. Шояд дарки зарурати муқобила бо мудохилаи хориҷиҳо битавонад мардуми кишварро муттаҳид намояд, ки яке аз самароти он метавонад истиқрори низоми порлумонӣ бошад.

Тарҳи Амрико?

- Иддае аз коршиносон фишорҳои Русияро ба он марбут медонанд, ки гӯё низоми парлумонӣ дар Қирғизистон сирфан як тарҳи амрикоист. Вале бояд, ба истилоҳ, назди ҳиммати ҳукумати Роза Отунбоева кӯлоҳ аз сар гирифт, ки ба ваъдааш вафо кард ва амалан ба раванди интихобот ҳеч мудохилае сурат нагирифт. Ва ин буд, ки ҷаҳон шоҳиди иттифоқи бесобиқае дар Осиёи Марказӣ шуд. Манзур амалан пирӯзии мухолифини раиси ҷумҳур дар интихоботи парлумонии 10 октябр мебошад. Аммо барои хелеҳо як нукта норушан боқӣ мемонад; чигуна мардум дар ҳамапурсии моҳи июл аз низоми парлумонӣ ҳимоят карданд ва сипас дар интихоботи парлумонӣ бештар ба ҷонибдории аҳзоби мухолиф ба ин низом раъй доданд?

- Шояд Амрико мавҷудияти ин низомро дар кишвари мо ба нафъи худ донад, вале ин ба маънои сирфан тарҳи ғарбӣ будани он нест. Шахсиятҳои сиёсии мухолифи Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев ҳадди ақал беш аз 10 сол буд, ки масъалаи зарурати коҳиши салоҳияту ихтиёроти номаҳдуди раиси ҷумҳур ва афзоиши нақши порлумону ҳукуматро дар миён гузошта буданд. Иддае барои ин зиндонӣ шуданд ва иддае дигар ба табъид рафтанд.

Ва билохира ин мавзӯъ бо дуввумин инқилоб ба воқеият пайваст. Муаллифи тарҳи Қонуни асосии нави Қирғизистон раиси ҳизби "Ата мекен" Омурбек Текебоев мебошад, ки ҳанӯз дар нахустин солҳои истиқлоли кишвар аз муассир будани низоми парлумонӣ барои Қирғизистон сухан мегуфт. Ҳато дар соли 2006 лоиҳаи Қонуни асосие омода шуда буд, ки амалан низоми парлумониро ҷорӣ мекард, вале Қурмонбек Боқиев бархилофи интизори бештари, ба истилоҳ инқилобиён, тарҳеро ба имзо расонд, ки ихтиёроти раиси ҷумҳурро бештар аз гузашта мекард. Ва мардум дарк намуданд, ки асосан сиёсатмадорон ба маҳзи ба қудрат расидан танҳо ба фикри худашон меафтанд. Ин буд, ки вақте дар моҳи октябри соли ҷорӣ фурсати ибрози ирода аз тариқи ҳамапурсӣ фароҳам гардид, бештари мардум ба ҷонибдорӣ аз низоми порлумонӣ овоз доданд.

Ба бовари банда Русия ва дигар кишварҳои минтақаро тарҳи амрикоӣ будани ин низом не, балки он нигарон кардааст, ки дар паи Қирғизистон ин низом метавонад ба дигар кишварҳои минтақа низ роҳ ёбад. Албатта, як чизи дигар ҳам ҳаст. Ғасби қудрат аз тарафи Қурмонбек Боқиев, писарон, бародарон ва наздиконаш ба ҷое расида буд, ки зуд ё дер ин иттифоқот ҳатман сурат мегирифт. Танҳо замон мушаххас набуд. Ва Русия бо иқдомоти худ ба зудтар фаро расидани он мусоъидат кард. Пас наметавон ин тарҳро сирфан тарҳи як кишвари хоси хориҷӣ донист.

Дар мавриди фароҳам кардани шароити озод ва шаффоф аз тарафи ҳукумати муваққат ва бахусус шахси раиси ҷумҳур Роза Отунбоева, бо Шумо мувофиқам. Вале мавзӯи ҳимояти мардум дар ҳамапурсӣ аз низомӣ парлумонӣ ва баъдан пирӯз шудани аҳзоби ҷонибдори низоми раёсати ҷумҳурӣ каме шарҳ мехоҳад. Мардум дар ҳамапурсӣ ба низоми сиёсӣ ва дар интихоботи парлумонӣ, бидуни таваҷҷуҳ ба барнома ва стратегияи аҳзоб, ба шахсиятҳои мушаххас раъй доданд. Ин як воқеият аст. Дигар ин ки дар ҷараёни даргириҳои қавмии моҳи июн ҳукумат дар ҷануби кишвар обурӯи худро аз даст дода буд ва мардуми вилоятҳои Уш ва Ҷалолобод аз шахсиятҳое ҷонибдорӣ карданд, ки дар он лаҳзаҳои душвор дар канорашон буданд. Яъне мардуми ҷануб бо дар назар гирифтани тааллуқи минтақаии аҳзоб раъй доданд, ки ин амр боъиси тақвияти ҷойгоҳи ҷонибдорони раиси ҷумҳури собиқ ва бахусус ҳизби "Ата журт" гардид.

(Идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97