Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода: «Моро ором гузоред»!

Мусоҳиба 11.12.2010 13:33

turajonzoda_1- Ҷаноби Тураҷонзода! Агар аз таърихи солҳои 90 то ба имрӯзро варақ бизанем, номи Шумо ҳамеша сари забонҳо будааст ва дар аксари маврид сари забони бадхоҳони Шумо. Аммо аз ин ҳам агар бигзарем, ахиран бархе аз расонаҳои хабарӣ бар алайҳи Шумо матолиберо ба нашр мерасонанд, ки ба гуфтаи худи Шумо имзоҳои мустаорро бар аллайҳи Шумо истифода мекунанд.

Масалан, ҳафтае қабл дар рӯзномаи "Тоҷикистон" ҳам чунин як матлабе ба чоп расида буд, ки дар пайи он шумо вокунише ҳам кардед. Фикр мекунед, чаро дубора алайҳи шумо чунин маъракае роҳандозӣ шудааст?

- Ба номи Худо! Бо изҳори ташаккур, аз масъулини нашрияи "Миллат", аввал бояд арз кунам, ки Худоро шукр дӯстону мухлисонам дар кишвар ба маротиб аз бадхоҳону душманонам зиёдтаранд. Акнун боз мегардам ба асли матлаб; 25 ноябри соли 2010 бо имзои мустаор Ҷамшеди Ҳасан, гӯё файласуф ва гӯё сокини шаҳри Ваҳдат дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" аз боздошти яке аз фармондеҳони собиқи оппозитсиюн Абдулвосит Латифов дар Русия хабар дода, табли шодӣ мезанад, ки гӯё боз як   "шогирд"- и банда дастгир шудааст. Айбномаи муздури беном, ки дар пасаш идораҳои муайян меистанд, нусхаи ҳамон тӯҳматҳоест, ки 18 сол боз дар ҳаққи раҳбарияти оппозитсиюн, фармондеҳон ва ҳатто размандагони қатории он мебофанд.

-Маъзарат мехоҳам бигӯед, ки кадом нукоти он навишта бойиси нигаронии Шумо гардидааст?

-Бояд бигӯям, ки оҷизакони сухан ҳатто ҳунари бӯҳтонноманависӣ надоранд. Дар он бӯҳтоннома хат ғалат, маъно ғалат, мантиқ ғалат ва имзо ғалат аст.

Файласуфи муғриз он қадар аз ҳикмат ва хирад дур аст, ки   нафареро нодида, наомӯхта ва нашинохта бидуни ҳукми суд террорист, қотил, одамрабо, дузд ва ғайра эълом медорад. Аҷабо, ин файласуф ва хоҷагонаш надонистанд, ки ин корашон мухолифати ошкоро ба Конститутсияи кишвар аст ва ин афрод ҳар гоҳ, ки ба манфиаташон бошад, аз Конститутсия ҳамчун муқаддасот ёд мекунанд.

Дар банди 1-и моддаи 20-и Конститутсия зикр шудааст, ки касеро қабл аз ҳукми суд ҷинояткор донистан мумкин нест. "Ҳеч кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад".

Онҳо ва фармоишгаронашон, ки ба масҷид, ба уламои исломӣ, ба ҳама муқаддасоти динии мо нафрат доранд ва ин мазмунро аз ҳар сатри бӯҳтонномаашон ҳар шахси боақлу боимон пай мебарад, ҳадди ақал Конститутсияеро, ки муқаддасаш мешуморанд, бояд эҳтиром мекарданд. Пас маълум мешавад, ки файласуфи сияҳноманавис ва хоҷагонаш ҳеч муқаддасоте надоранд; на миллӣ ва на динӣ. Барои онҳо аз ҳама муҳим пул ва курсии мансаб аст.

- Дар он матлаб, ки ҷанобашон аз он бӯҳтоннома ном мебаранд, сокини шаҳри Ваҳдат қорӣ Абдулвоситро, ки дар Русия боздошт шудааст, шогирди Шумо ном бурдаанд. Кист ин қории ба даъвои файласуф "муҷрим" ва ӯ бо Шумо чӣ иртибот дорад?

- Муаллифи он бӯҳтоннома ришханд зада унвонҳоеро чун "мулло", "қорӣ", "ҳоҷӣ" ба Абдулвосит Латифов часпондааст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки Абдулвосит на муллост, на қорӣ ва на ҳоҷист. Абдулвосит на танҳо дар назди ман, балки дар назди ягон муллои дигар низ ҳарфе сабақ нагирифтааст ва аслан ҳеч гуна саводи динӣ надорад. Ба тавофи хонаи Худо (ҳаҷ) ҳам ҳанӯз нарасидааст. Эшонро ба хотири заъиф будани як чашмаш дӯстонаш лақаби қориро додаанд. Ба маълумоти файласуфи бехабар аз одати мардум мерасонам, ки дар урфи мо тоҷикон, шахсони нобиноро одатан "қорӣ" гуфта хитоб мекунанд.

Маълум мешавад, ки он муздурак аслан Абдулвоситро намешиносад ва илло чунин "унвон"-ҳоро ба ӯ нисбат намедод. Возеҳ аст, ки ҳар чи иншо кардааст моли худаш нест, балки тӯҳматномаҳои оперативии идораҳои муайян аст ва ин маълумотҳои оперативӣ то чи ҳад "мунсифона"-анд, ба аҳли фаҳм маълум аст.

Бемантиқии "ҷаноби файласуф" то он ҳадд аст, ки дар тӯҳматномаи худ навиштааст, ки гӯё Абдулвосит "яке аз шогирдони содиқ, муриди хидматгор ва сарбози вафодори Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода мебошад" ва гӯё ӯ "аз лутфи устодаш номи баланди қориро гирифтааст" ва бандаро зимнан дар "ҷиноят"-ҳои "шогирдам" шарик ҳисобидааст.

Тибқи мантиқи ғалати муаллиф ва фармоишгаронаш даҳ¬ҳо ҳазор маҳбусҳое, ки ҷиноятҳояшон аз тариқи судҳо тасдиқ шудааст ва имрӯз дар зиндонҳо ҳастанд, оё устодон ва раҳбарони онҳо аз муаллимони мактабҳои миёна ва олӣ сар карда то роҳбарони идораҳои ин афрод, дар ҷинояти шогирдону зердастони худ шарик ҳастанд? Чӣ хулосабарории бемантиқ, беандеша ва бепояе!

Ба ҳар як шахси оқил ва боинсоф маълум аст, ки ҳадаф аз ин бӯҳтоннома сиёҳ кардани шахси Абдулвосит нест, балки бадномкунии муқаддасоти исломӣ мисли масоҷид ва уламои исломӣ ва ҳамчунин бадномкунии шахси банда ва дигар сиёсатмадорони дигарандеш ва озодандеш аст.

- Шумо Абдулвоситро аз куҷо мешиносед?

- Он кас сокини деҳаи мо буданд. То ҳиҷрат (яъне то соли 1992) эшонро аз наздик намешинохтам. Баъди бозгашт аз ҳиҷрат ба он кас ҳамчун яке аз фармондеҳони миёнаи Иттиҳодияи оппозитсиюн шинос шудам.

- Чуноне дар боло зикр кардам, вақтҳои ахир дар ҳаққи Шумо дар расонаҳои хабарӣ ҳамин гуна навиштаҳо зиёд ба чашм мерасад. Чаро чунин матолиб бар алайҳи Шумо тайи моҳҳои ахир зиёд нашр мешавад?

- "Болоҳо" гумон мекунанд, ки банда рақиби сиёсии онҳоям. Аз ин ру, ин панҷумин тӯҳматномаест, ки дар вақтҳои охир бар зидди банда тибқи супориши онҳо бофта ва пахш мешавад. Ман борҳо ошкоро, бо садои баланд ва таври хаттӣ эълон намудам ва имрӯз низ боз як бори дигар такрор менамоям, ки ман, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода рақиби сиёсии ҳукуматдорони имрӯза нестам ва нияти бозгашт ба сиёсатро надорам. Ба ягон мансаби ҳукуматию давлатӣ низ ниёзе надорам. Узви ягон ҳизб ва эътилофи сиёсие нестам. Аз ин рӯ маро рақиби сиёсии худ наҳисобед. Ин давлатдорию ин ҳукуматдорӣ ба худатон насиб кунад. Хоҳиш дорам, ман ва бародарони маро ором гузоред, то дар ватани худ оромона зиндагӣ намоем, зеро ин Ватан ватани мо низ ҳаст. Агар сухан, андеша ё дидгоҳи мо ба шумо писанд наояд, хоҳиш дорам таҳаммулпазир бошед, зеро гуногунандешию таҳаммулпазириро ба ҳамаи тоҷикистониён Конститутсия замонат додааст. Пас тоқат кунед, экстремисти дунявӣ нашавед!

Боз як машварати холисона; душманковиро бас кунед! Ба сулҳу ҳамдигарбахшӣ эҳтиром гузоред! Иншоаллоҳ дар кишвар суботу оромӣ ва ваҳдати воқеъӣ барқарор мегардад ва ватани азизамон тараққӣ меёбад.

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Боз ояд сӯи мо акси садо.

Ба ин фармудаи пурҳикмати Мавлонои Бузург ботааммул андеша кунед.

- Фикр намекунед, ин таҳоҷум пас аз он ки Эътилофи нируҳои демократии Тоҷикистон аз худ дарак дод ва дар бораи ширкати Шумо дар ин эътилоф сарусадоҳое ба гӯш мерасид, бештар шуд? Шумо оё иртиботе бо ин Эътилоф доред?

- Қаблан гуфтаам, боз такрор мекунам; узви ягон ҳизб ва эътилофи сиёсие нестам.

Вассалому ало ман ит-табаъал-ҳудо.

Сӯҳбати Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97