Раҳматилло Зойиров: Тоҷикистонро аз Узбакистон ҳимоят мекунам, агар…

Мусоҳиба 08.12.2010 09:29

zoirov_4Дар шумораи қаблӣ хабар дода будем, ки хабарнигори "Миллат" бо раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ҷаноби Раҳматилло Зойиров мусоҳибае анҷом дод, ки инак онро пешкаши хонандаи хеш мегардонем.

Ҷаноби Зойиров хушҳол аст

-Ҷаноби Зойиров! Хеле боз дидори ҳам надидаем, чӣ ҳол доред?

- Шукр ҳолам хуб аст ва мебинам, ки шумо ҳам хубед.

- Кошкӣ чунин бошад ва мехостам аз Шумо бипурсам, ҳамин чанд рӯз қабл дар Қазоқистон ҳамойиши аҳзоби сотсиал- демократи Осиёи миёна баргузор гардида буд, ки Шумо яке аз ширкатдорони он будед. Ин ҳамойиш бо ибтикори кӣ сурат гирифт ва умуман он ҷо сари кадом масоил сӯҳбат шуд?

- Ташаккур! Бояд гуфт, ки ҳамин идея, яъне андешаи баргузории як ҳамойиш бо ширкати аҳзоби сотсиал - демократи Осиёи миёна қариб якуним сол қабл пайдо шуда буд. Агар як назар ба муносибот ва ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи марказӣ дар роҳи ҳалли масоили иҷтимоии мардуми минтақа андозем мебинем, ки мулоқоту нишастҳо ҳаст, вале ҳама кишварҳо дар маҷмӯъ ба ҳалли масоил ва манофеъи хеш банд ҳастанд. Масъалаҳои иҷтимоӣ дар умум касеро ба ташвиш намеорад, аз ин рӯ мо хостем, ки як бор ҷамъ шуда маслиҳат кунем, як мақоме таъсис бидиҳем, ки ҳамин мушкилоти мавҷударо баррасӣ карда ба масъулини давлатҳо бирасонанд. Ҳама давлатҳо бо ҳам дар минтақаи Осиёи миёна мушкил доранд, Қирғизистон бо Узбакистон, Узбакистон бо Қазоқистон ва Тоҷикистон масоили ҳалношуда доранд. Миёни раҳбарияти ин кишварҳо ва ҷомеъаҳои шаҳрвандӣ ҳам бо якдигар дар минтақа иттиҳод ва ҳамгироӣ надоранд. Якуним сол пеш мо пешниҳод намуда будем, ки як иттиҳоди аҳзоби сотсиал- демократҳои минтақавӣ таъсис ёбад. Чаро мо хостем, ки маҳз алянси сотсиал- демократӣ таъсис шавад? Барои он ки ҳар як кишвари минтақаи Осиёи миёна худро давлати иҷтимоӣ медонад. Вақте як давлат худро иҷтимоӣ эълон мекунад, он аллакай андешаи либерал- демократиро инкор мекунад. Давлати иҷтимоӣ, мавҷудияти синфи миёна дар ҷомеъа ин андешаи сотсиал- демократӣ аст.

Либералҳо аз замони Набиев фаъол шуданд

- Идеяи либерал- демократӣ чӣ гуна идея аст?

- Идеяи либерал- демократӣ ин иқтисоди озоди бозаргонӣ аст. Замоне, ки Раҳмон Набиев дар соли 1991 ба қудрат расид, аз моҳи январи соли 1992 дар Тоҷикистон идеяҳои либералӣ дар амал татбиқ мешуданд. Яъне он либералисозии нархҳо ва моликият буда, барои он баробарии иҷтимоии мардум он қадар муҳим нест, ҳаркӣ қудрату тавон дорад, мегирад, мисли қонуни ҷангал аст, ки он ҷо зӯр нотавону заъифро мехӯрад, ё мавқеъашро маҳдуд месозад. Баъдан хулоса ҳамин шуд, ки сохтори либерал - демократӣ алҳол барои ҷоме¬ъаҳои Осиёи миёна нест, зеро кишварҳои ин минтақа заъифанд ва хуб рушд наёфтаанд. Ва идеологияи либерал- демократӣ бойиси норозигии ҷомеъа шуда метавонад, чун дороӣ ва сарвату моликият дар дасти як гурӯҳи хурди одамон ҷамъ мешавад. Давлати Тоҷикистон ғояи давлати иҷтимоӣ буданро интихоб кардааст ва он идеологияи сотсиал- демократӣ мебошад. Дар Аврупо имрӯз ду идеология ҳукмрон аст; сотсиал- демократӣ ва либерал- демократӣ, ғайр аз ин он ҷо идеологияи коммунистӣ низ ҳаст, вале он хеле суст рушд кардааст. Дар Қазоқистон ҳам ҳизби ҳокими "Нур-атан" худро ҷонибдори идеологияи сотсиал- демократӣ медонад. Бояд гуфт, ки идеологияи сотсиал- демократӣ бе мавҷудияти сохтори демократӣ вуҷуд дошта наметавонад, яъне агар ҷомеъа демократӣ набошад, адолати иҷтимоӣ мавҷуд нест. Ҳизби "Нур- атан" аз рӯйи ойиннома ҷонибдори ғояи сотсиал- демократӣ аст, вале дар амал аз он фарсахҳо дур аст.

Дар Қазоқистон ҳизби муттаҳидаи сотсиал- демократии "Азат" фаъолият мекунад, ки он 240 ҳазор, яъне ду баробар аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бештар аъзо дорад. Мо ният карда будем, ки ҳамойиши аҳзоби сотсиал- демократии минтақаи Осиёи миёнаро як сол қабл баргузор намоем, вале бо сабабе, ки ин ҷо мо ба интихоботи парлумонӣ омодагӣ доштем, он ҳамойиш сурат нагирифт ва ба таъхир уфтод. Тобистони соли равон мо иттилоъ ёфтем, ки форуми демократия ва ҳамраъйӣ дар парлумони Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати омӯзиши ҳаракати сотсиал- демократӣ дар Осиёи миёна як ҳамойишеро бо ширкати аҳзоби равияи иҷтимоӣ дошта баргузор намояд. Ва ҳамин тавр 6-7 ноябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон он ҳамойиш баргузор шуд. Аз Тоҷикистон дар ин форум банда аз ҲСДТ, Муҳиддин Кабирӣ аз ҲНИТ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров чун иқтисоддон ва Алиакбар Абдуллоев намоянда аз як созмони ғайридавлатии зиддикоррупсионӣ ширкат доштем. Рӯзномаи кори ин форум иборат аз таҳлил ва баррасии фаъолияти ҳаракати сотсиал- демократӣ дар Осиёи миёна буд. Дар ҷараёни ин ҳамойиш маълум гашт, ки ҳатто намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба моҳияти идеяи сотсиал- демократӣ хуб сарфаҳм намераванд. Ҳама ташаббус дар он ҳамойиш ба дасти намояндагони Тоҷикистон буд, ки фаъол будани моро ҳатто намояндагони Иттиҳоди Аврупо низ таъкид карданд. Идеяи дар ҳамбастагӣ амал кардан ва ҳамкориҳои судманди байниҳамдигарии аҳзоби сотсиал- демократии Осиёи миёна аз ҷониби ҳамраиси ҳизби муттаҳидаи "Азат" ҷаноби Туюқбой пешниҳод шуд, ки он аз тарафи мо ва намояндагони Қирғизистон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Туркману узбак оппозится надоранд

- Аз ҷамоҳири Туркманистону Узбакистон намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ин ҳамойиш ширкат надоштанд?

- Не, аз аҳзоби сиёсии ин кишварҳо намоянда набуд, танҳо коршиносони масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ аз ин ҷамоҳир он ҷо ҳузур доштанд.

- Бо кадом сабаб намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз ин ду кишвар ширкат накарданд?

- Шумо медонед, ки намояндагони аҳзоби сиёсиро дар он кишварҳо ба хориҷа рафтан иҷоза нест ва ҳам дар Туркманистону Узбакистон аҳзоби оппозитсионӣ дар дохили ин кишварҳо фаъолият надоранд.

Мо дар рӯзи аввали кор Кумитаи тадорукоти Иттиҳоди аҳзоби сотсиал- демократии Осиёи миёнаро дар ҳайати се нафар таъсис додем ва меморандум оид ба самтҳои ҳамкориҳои оянда, ҷалби дигар аҳзоби сиёсии минтақа, муайян намудани имконоти аҳзоби сиёсӣ ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигариро таҳия намудем. Ният дорем, ки баъди анҷоми ин корҳо дар моҳи январи соли 2011 ҷаласаи нахустини Иттиҳодро расман даъват намоем.

Коминтерн мурд, зинда бод сотсинтерн!

-Аз Аврупо ё САҲА киҳо ширкат доштанд?

-Созмондиҳандаи ҳамин ҳамойиш Иттиҳоди Аврупо буд. Дар парлумони Аврупо фраксияи муттаҳидаи сотсиал-демократӣ мавҷуд аст, ки он хеле нируманд аст. Дар ибтидои моҳи январи соли 2011 мо дубора дар шаҳри Алмаато, ки он ҷо форуми сотсинтер, яъне Иттиҳоди байналмилалии аҳзоби сотсиал- демократ низ баргузор мешавад ва он ҷо аз таъсиси Интернатсионал мужда медиҳем.

- Яъне Интернатсионали 5- ум таъсис меёбад, ки якуму дуюмашро Марксу Энгелс ва сеюму чорумашро Ленину Георгий Димитров таъсис дода буданд. Ҳамин тавр?

- Интернатсионалҳо дар ҳар аср як бор вобаста ба талаботи замон зуҳур кардаанд, вале Интернатсионали мо, на Коминтерн, балки Сотсинтерн аст, ки поягузораш раиси Ҳизби сотсиал- демократи Олмон ҷаноби Вили Брандт мебошад, ки аз таъсиси он дар охири солҳои 70- уми асри рафта хабар дода буд. Маркази Сосинтерн имрӯз дар шаҳри Брюселл аст ва Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон ният дорад ба Сотсинтерн ворид шавад.

zoirov_5

Ҳамойиши мухолифони ҳукумат

-Чаро намояндагони ҳизбҳои сотсиалистӣ, халқии демократӣ ва аграрии Тоҷикистон ба Алмаато даъват нашуданд?

-Аслан ин ҳамойиши аҳзоби мухолифи ҳукумат буд. Дар Тоҷикистон ду ҳизб ҲСДТ ва ҲНИТ аз аҳзоби мухолиф шинохта шудаанд. Ба ғайр аз ин аҳдоф ва моҳияти ҳизби наҳзат низ таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад, яъне ба платформаи сотсиал- демократӣ наздик аст. Аз ин хотир исми раиси ин ҳизб барои ширкат дар ҳамойиши Алмаато ворид шуда буд. Ва бояд гуфт, ки бо идеологияи исломӣ амал кардани як ҳизби сиёсӣ дар минтақаи Осиёи миёна хеле душвор аст, андешаву афкори динӣ наметавонад идеологияи ҳизби сиёсӣ бошад. Дар давлати дунявӣ идеологияи исломӣ бояд платформаи сиёсии худро тағйир бидиҳад ва онро бо моҳият ва мазмуни ҳизби сиёсӣ мутобиқ гардонад. Дар ҳамин ҳолат он метавонад амал бикунад. Давлати Тоҷикистон худро давлати иҷтимоӣ медонад, аҳзобе чун демократӣ, сотсиалистӣ ва ҳатто ҳизби халқии демократӣ ҳам ба платформаи сотсиал- демократӣ наздиканд. Мо дар Алмаато пурсидем, ки чаро ҳизби сотсиалистии "Ата- мекен" аз Қирғизистон ба ҳамойиш даъват шудаву ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон даъват нашуд, гуфтанд, ки аҳзоби сотсиалистӣ ва демократии Тоҷикистон, ки фаъолияти расмӣ доранд, оппозитсионӣ нестанд, онҳо ҳизбҳои ба ҳукумат наздик ҳисоб мешаванд.

-Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров танҳо ба ҳайси иқтисоддон он ҷо ширкат дошт?

-Бале, ӯ ба ҳайси иқтисоддон он ҷо даъват шуда буд, вале зимни суханрониаш дар ҳамойиш худро иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби демократ (ҷиноҳи М. Искандаров) ном бурд.

Қирғизҳо андармони ҳукуматсозӣ

-Чаро раиси ҳизби сотсиал- демократи Қирғизистон дар ҳамойиши Алмаато ҳузур надошт?

- Чуноне медонед дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ сурат гирифт ва ҳамон шабу рӯз сотсиал- демократҳои қирғиз, ки дар интихобот баранда ва соҳиби 28 курсии парлумон шуда буданд, мувофиқи супориши президент Роза Отунбоева ба таъсиси ҳукумат машғул буданд. Раиси Ҳизби сотсиалистии "Ата- мекен" ҳам ба Алмаато наомада буд. Ин ҳизб дар интихобот ба гирифтани 18 курсии парлумон муваффақ шуд. Роза Отунбоева низ узви ҳизби сотсиал- демократи Қирғизистон аст ва раиси ин ҳизб Омурбек Текебоев мебошад. Банда 8 ноябр аз Алмаато ба Бишкек рафтам, то бо руасои ин ду ҳизби номбурда мулоқот дошта бошам.

Асрор ё нокомии эътилофи демократҳо

-Ҷаноби Раис! Шумо як Эътилофи нируҳои демократии Тоҷикистонро таъсис додан мехостед, вале ин иқдом мисле, ки ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд, ё не?

-Не, мо ба нокомӣ мувоҷеҳ нашудем. Мо аз аввал эҳсос мекардем, ки болои аъзои Кумитаи тадорукот фишорҳо сурат мегиранд, барои ҳамин ҳатто номи онҳоро махфӣ нигоҳ доштем. Он чаҳор нафаре, ки аз чаҳор минтақаи Тоҷикистон вориди Кумитаи тадорукот намудем, ба ҷаласа ҳозир нашуданд, аз иштирок даст кашиданд. Бояд ибтидои моҳи октябр он ҷаласа баргузор мешуд, вале чун аз 7 нафар узви Кумитаи тадорукот се тан ҳузур наёфт, он ҷаласа баргузор нашуд.

- Метавонед аз он шаш нафар ном бубаред, чун ҳафтумашро медонам Шумо ҳастед?

- На, ман алъон номашонро намегӯям, намехоҳам нофаҳмие рух диҳад, дар ҷаласаи Конфронси муассисон кӣ будани онҳо ошкор хоҳад шуд.

Тарсончакҳо рафтанд, нотарсҳо меоянд

-Ин конфронс кай баргузор мешавад?

- Мо каме пештар онро баргузор карданӣ будем, вале баъзе аз аъзои Кумитаи тадорукотро ё тарсонданд ё тарсиданд, ки наомаданд. Барояшон гуфтаанд, ки бо Зойиров якҷо шуда оппозитсия сохтан мехоҳед, гуё Зойиров зидди Президент аст. Ва чанд кас ҳам гуфт, ки ин корро накунем, вазъият ҳоло ҳассос аст, на ҳама ин чизро хуб қабул мекунад ва онро тобишҳои ҳаргуна медиҳанд. Ман аз аввал гуфтам, ки биёед ба ҳамин Эътилофи нируҳои демократии Тоҷикистон характери ҳизбӣ надиҳем ва номи маро он ҷо чун ташаббускор шомил накунед, барои он ки зуд андешаву назарҳои манфӣ пайдо мешавад. Мо акнун ба Кумитаи тадорукот ашхоси навро ворид кардем ва шумораи аъзои онро ба 13 нафар расонидем. Шахсиятҳои намоён ва нотарсу аз фишор ҳарос надоштаро ворид кардем. Дар вақтҳои наздик ҷаласаи Кумитаи тадорукот баргузор мешавад.

Нотарсҳои муҳофизакор ва ҲНИТ-и интизор

- Метавонед аз он шахсиятҳои нотарс ном бубаред?

- Не, ҳоло намегӯям, рӯзҳои наздик номи онҳо маълум мешавад. Дар Тоҷикистон сари ин масъалаҳо эҳтиёт шудан даркор. Барои ширкат дар ҷаласаи муассисон сарварони 16 созмони ғайриҳукуматӣ ва 25 тан шахсиятҳои шинохта ризоят додаанд.

- Аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон кадоме ба ин Эътилоф шомил шуда ё хайр?

- Бале, ҲСДТ ва ҲДТ. Ҳизби демократи расмӣ, ки раиси он Масъуд Собиров мебошад. Аз ҲНИТ мо бо имзои Муҳиддин Кабирӣ номае дарёфт кардем, ки онҳо ҷавоби рад додаанд. Ман бовар дорам Ҳизби наҳзати ислом оянда ҳатман вориди ин Эътилоф мешавад. Онҳоро имрӯз психологияи интизорӣ фаро гирифтааст, яъне ку бубинем чӣ мешавад? ҲНИТ дар конфронси муассисони Эътилофи нируҳои демократии Тоҷикистон ба ҳайси нозир ширкат меварзад.

Ҳаводиси Рашт рӯшан нест

- Ҷаноби Зойиров, аз иттиҳоду эътилофҳо зиёд гуфтем, биёем сари масоили доғ ва ноамниҳо. Мехостам аз Шумо бифаҳмам, ки кадом омилҳо буд, ки бойиси ташаннуҷи авзоъи сиёсӣ дар минтақаи Рашт гардид? Ва оё хатар бартараф шуд, ё такрори он ҳаводис аз эҳтимол дур нест?

- Вақте гуфтушунид ё муколамаи сиёсӣ ва созанда сурат намегирад, ҳеч коре анҷомёфта маҳсуб намеёбад, ба хусус агар он амалиёти низомӣ бошад ё сухан аз ҳаводиси хунин равад. Ва ҳаводиси нохуши Рашт ба поён нарасидааст. Сари ин ҳаводис бисёре аз масоил то ҳол норӯшан ва ношаффоф боқӣ мондааст. Ҳатто қазияи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров то имрӯз норӯшан аст. Аз рӯзе, ки муноқишаи Камароб оғоз шуд, ман мавқеъгирии ҳукумат ва ҳам мухолифинро интиқод карда будам. Ҳукумат аз он гурӯҳҳои мухолиф ба номи террорист ёд кард ва гуфт, ки онҳоро несту нобуд кардан даркор. Ҳарду ҷониб аз сулҳу гуфтугӯ ҳарфе нагуфтанд. Вақте ин ҳамаро дар як нишасти хабарӣ гуфтам, баъдан Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар изҳороташ аз мо чун касони бо терроризм ва террористон ҳамфикр ном бурд. Ман ҳамон вақт изҳор дошта будам, ки минтақаи Рашт ба мавзеъи гуфтушунид табдил дода шавад, на ба минтақаи ҷангу даргириҳо. Бе гуфтушунид ҳеч масъала ҳал намешавад. Масъалаи даст доштани хориҷиҳо дар ин даргириҳо ва ширкати шаҳрвандони беруна дар мухолифатҳои хунини тоҷикон дар Рашт то кунун комилан ба исбот нарасидааст. Ягон таҳлили воқеъӣ нест, факту далоили мушаххас пешниҳод нашудааст.

Гуноҳи Узбакистон ва Русия исбот нашудааст

-Шумо гуфтан мехоҳед, ки ҳеч хориҷӣ, покистониву чеченҳо дар Камароб набуданд?

-Натанҳо ин, агар ягон шаҳрванди хориҷӣ ҳам буда бошад, ин омили таъсири беруна ё даст доштани кишвари хориҷие шуда наметавонад. Аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор кардани 25 тан маҳбусро ба ёд биёрем. Касеро гурезондан лозим буд, гурезонданд, 4 афғону як- ду одами худиро. Касоне лозим набуданд, дубора боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ин ҳамон давра ҳам аллакай маълум буд. Аз он ки дар мақомоти интизомӣ аз ин ҳаводис касоне медонистанд ва фирори зиндониёну воқеъоти Рашт ҳалқаҳои як занҷиранд, ҳоҷати шарҳу тафсир надорад.

-Иддае мегӯянд, ки дар ҳаводиси ахири Тоҷикистон дасти Узбакистон аст, баъзеҳо аз Русия гумонбаранд, бархе омили Роғунро сабаби вуқӯъи он ҳодисаҳо медонанд. Шумо чӣ андеша доред?

- Ба ҳаводиси Рашт?

- Бале!

- Дар ҳодисаҳои Рашт даст доштани Узбакистон ё Русия исбот нашудааст.

- Шояд мақомоти олии он давлатҳо даст надошта бошанд, вале доираҳои муайяни манфиатхоҳи он кишварҳо даст дошта бошанд?

- Барои ин хел гуфтан далоили қотеъ ва раднашаванда доштан даркор аст. То ҳол ғайр аз овозаву суханҳои хушку холӣ дигар чизе дар ин бора нест. Ҳатто ҳайрон шудам вақте котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ултиматум монда эълон кард, ки дар муддати ҳашт рӯз манбаъву сарчашмаҳоро боз мекунад, вале чизе исбот нашуд. Баъдан гуфтанд, ки раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккил дубора дар минтақаи Рашт фаъол мешавад ва Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров ба ҳайати роҳбарии он шомил мешаванд. Ман намедонам инро чи гуна шарҳ бидиҳам. Як рӯз аз Мирзохӯҷа террорист ном бурданду аз тариқи телевизион сиёҳаш карданд, рӯзи дигар ӯро ҳамкору кӯмакрасони мақомоти маҳаллии ҳукумат гуфтанд. Дар нишасти хабарӣ ман гуфтам, ки вақте аз Аҳмадов ва собиқ зердастони ӯ террорист ном мебаранд, бояд фаромӯш накунанд, ки онҳо милиса ҳастанд, дар штати вазорати дохилӣ мебошанд, яъне дар захираи кадрҳои ин вазоратанд.

Дар дасти онҳо ҳамон силоҳҳое ҳаст, ки дар ҳисоби вазорат номнавис мебошанд. Пас, террорист эълон кардани онҳо нодуруст аст, агар мантиқан фикр кунем, мо худ вазорати корҳои дохиларо террорист хондаем. Онҳоро қабл аз террорист хондан бояд аз сохтори вазорати корҳои дохила ихроҷ мекарданд ва исбот мекарданд, ки дар Рашт як гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ амал мекунад ва ҷиноятҳое бар алайҳи давлат ва мардуми осоишта содир кардаанд, яъне то шурӯъи амалиёти низомӣ дар Рашт ин корҳо бояд анҷом мешуд. Ва ба мардум исбот мекардем, ки дар Камароб ё Рашт террористон ҷамъ омадаанд, ки фалон идора ё мактабро таркондаву ба фалон одами шинохтаи ин водӣ сӯйиқасд кардаанд, ё чанд нафареро куштаву захмӣ сохтаанд, ё бархе ба асорати онҳо гирифторанд, мардумро дар ҳоли даҳшат нигоҳ доштаанд.

Ана баъд тасмими амалиёти низомӣ гирифта мешуд. Дар ҳоле, ки артиш меравад ба Рашт ва он ҷо миёни низомиёни давлат ва гурӯҳҳои мухолиф муноқиша сар мезанад, ин мубориза бар зидди терроризм нест, ин ҷанг аст, мухолифати низомӣ аст. Терроризм то вуқӯъи муноқиша зуҳур мекунад, вақте ду гурӯҳи мусаллаҳ дар муқобили ҳам қарор мегиранд, ин дигар ҷанг аст. Ҳар ҳодисаро ба номи худаш бояд ёд кард. Имрӯз агар Шоҳ ва Мирзохӯҷа бар алайҳи Алии Бедакӣ ё мулло Абдулло меҷанганд, ин муборизаи мусаллаҳона аст. Агар баъди ин амалиёт Алии Бедакӣ бо зӯри нерӯ ва силоҳ мардумро озор бидиҳад, таркишҳо ва сӯйиқасдҳо содир намояд, ин террор аст. Ҳозир дар Рашт низоъ аст, муноқишаи мусаллаҳона аст. Ҳар ҳодисаву амалиётро таҳлил ва банду баст карда, баъд гуфтан даркор, ки ин чӣ асту он чӣ аст.

Вазир ҳаққи саҳоми «Роғун» - буданро надорад

-Ҷаноби Зойиров, Шуморо аз мухолифини бунёди НБО- и "Роғун" ном мебаранд. Мухолифати Шуморо бо Роғун чӣ сабабест?

-Хуб, ман умуман мухолифи бунёди ниругоҳи Роғун набудам ва нестам. Ман аз ҷонибдорони бунёди ин ниругоҳ ҳастам. Ман бо роҳу усулҳои ғайриқонунии бунёди ин ниругоҳ мухолиф мебошам. Агар дар хотир дошта бошед, ман аз аҳолӣ пул ҷамъ карданро барои бунёди Роғун ғайриқонунӣ эълон карда будам. НБО-и "Роғун" як ширкати саҳҳомӣ аст ва давлат ҳаққи дахолат кардан ба фаъолияти ҷамъияти саҳҳомии тиҷоратиро надорад. Агар "Роғун" ҷамъияти саҳҳомист, пас як вазир, вакили маҷлис, раиси ноҳия ё шаҳр, корманди мақомоти низомӣ, ҳаққи харидории саҳмияро надорад, зеро ҷамъияти саҳҳомӣ муассисаи тиҷоратӣ аст ва тибқи қонун ба фаъолияти соҳибкорӣ ё тиҷоратӣ даст задани мансабдорони давлатӣ мамнӯъ эълон шудааст. Мо қонунгузориро чунон бо ҳам омехтаву олуда кардем, ки оқибат ба қонуншиканӣ расидем. Ман бо ба ин усул сохтани Роғун мухолиф будам. Бубинед, бо қабули як қонун Роғунро моликияти истисноии давлат эълон мекунему аз сӯйи дигар онро ҷамъияти саҳҳомӣ ном мебарем. Ду шакли ҷамъияти саҳҳомӣ ҳаст. Якеаш ин аст, ки агар давлат барои зери назорат доштани маҷмӯъи саҳмияҳо саҳми худро доштан бихоҳад, яъне бихоҳад, ки 51 дар сади саҳмияҳоро аз худ намояд, инро ғайридавлатикунонӣ меноманд. Дар ин ҳолат шарт нест, ки мардум саҳмия бихарад, аз ҳисоби маблағҳои буҷа давлат 51 дар сади саҳмияро харидорӣ мекунад. Агар мо сад дар сад саҳмияро ба мардум фурӯхтанӣ бошем, инро хусусигардонӣ мегӯянд ва ин ҷо давлат аз ҳақ маҳрум аст. Дар ин ҳолат саҳмияро касе харидорӣ карда метавонад, ки ба тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Мансабдорони давлатӣ ҳаққи соҳиб шудан ба саҳмияро надоранд. Вақте намояндагони созмонҳои байналмилалӣ омаданд, Сандуқи ҷаҳонии пул, Иттиҳоди Аврупо ва бо ҳукумат мулоқот карданд, он ҷо як масъала пайдо шуд, ки ман пештар гуфта будам.

- Шумо чӣ гуфта будед?

- Ман гуфта будам, ки бо ҳамин саҳмияфурӯшиамон Тоҷикистонро аз бисёр барномаҳои иқтисодиву кӯмакҳои Созмони миллали муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупову дигар созмонҳои ёрирасон маҳрум месозем. Қариб 15 сол боз Иттиҳоди Аврупо ва СММ оид ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ моро кӯмак мекунанд. Мо чӣ кор кардем? Ин созмонҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, ки модоме мардуми Тоҷикистон бо 880 миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ карда метавонад, пас инҳо камбизоат нестанд, пул доранд. Ва онҳо дар андешаи қатъи кӯмакҳо барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвари мо шуданд. Яъне мо бо фурӯхтани саҳмияҳо мардумро қариб буд аз кӯмакҳои байналмилалӣ маҳрум мекардем. Намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ ултиматум гузоштанд, ки пеши роҳи тарғиби Роғун ва фурӯши саҳмияҳо ба мардум гирифта шавад. Баъди ҳамин реклама ва тарғиботи Роғун хотима ёфт. Ва исбот шуд, ки раиси ҲСДТ ҳақ будааст. Ман душмани Роғун нестам, онро 20 сол қабл сохтан даркор буд ва имрӯз ҳам бояд сохт, бе бунёди ин ниругоҳ мо пешрафт намекунем.

«Талко»-ро фурӯшед, «Роғун»-ро не!

-Аз мардум пул ҷамъ накунем, буҷаи давлат барои бунёди "Роғун" кофӣ нест, пас чӣ бояд кард, манбаъи молии бунёди "Роғун" куҷост?

-Сарчашмаҳоро бояд ҷуст ва бо истифода аз онҳо Роғунро ҳарчӣ зудтар сохтан даркор аст. Мо ба ҷойи сарчашмаи манфиатбахш ҷустан, мардумро гадо кардем. Як сарчашмаи пулро ман бароятон мегӯям. Агар мо сад ҳазор гектар заминро расман ба мардуми Тоҷикистон бифурӯшем, мардум ҳатман онро мехарад ва ин даҳ бор зиёдтар аз ҳамон маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада мебошад. Мо то имрӯз аз сад ҳазор гектар бештар заминро фурӯхтем, лекин маблағи он ба ҷайби раисони ҷамоату шаҳру навоҳӣ меравад. Дар куҷо дидед, ки як порча заминро бе додани 300 ё як ҳазор доллар ба касе дода бошанд? Маблағҳои аз фурӯши заминҳо ба даст омада ба буҷаи давлат ворид намешаванд. Агар мо иҷозаи расмӣ бидиҳем ва ҳар сотих заминро нарх монда ба аҳолӣ фурӯшем ва маблағро дар бонкҳо пардохт намоем, бовар кунед, миллиард сомонӣ дар буҷаи давлат ғун мешавад. Бо он маблағи ғуншуда ду Роғун месозем. Ин як сарчашмаи дарёфти маблағ барои бунёди Роғун аст. Аз ин кор ҳам мардум хурсанд мешавад, ҳам пеши роҳи ришвахориву тақсимоти ғайриқонунии заминро мегирем, ҳам Роғунро месозем ва ҳам буҷаи давлат пур мешавад.

Ман ҷонибдор будам, ки Талко фурӯхта шавад, вале мухолифи фурӯхтани Роғун будам ва ҳастам. Агар Талко моликияти Тоҷикистон монаду Роғунро ба ягон давлат фурӯшем, он давлат бо боло бардоштани қиммати барқ Талкоро банкрот (муфлис) мекунад. Агар Талкоро ба хориҷиҳо фурӯшему Роғун моликияти давлати Тоҷикистон бимонад, ҳамин монополия, яъне хуҷаин будан болои Талко дар дасти мо боқӣ мемонад. Ман дар ҳамон ҳамойиши Алмаато дар бораи Роғун гуфта будам, ки даъвои Узбакистон беасос аст, зеро лоиҳаи бунёди Роғунро Туркманистону Узбакистон омода карда буданд. Ба туркманҳову узбакҳо гуфтам, ки чӣ овоз баланд мекунед, чӣ шӯру ғавғо мехезонед, нақшаи Роғунро дар вақташ шумо тарҳрезӣ карда будед, ҳуҷҷатгузории ин ниругоҳро муҳандисони шумо тайёр карда буданд, ки ашхоси боэътимоди Маскав буданд. Ман имрӯз бар ин ақидаам, ки бояд Ҳукумати Тоҷикистон ҳуҷҷатгузории Роғунро шаффоф кунад, агар он ҷамъияти саҳҳомӣ бошад, саҳмияҳо мушаххас шаванд, ки чӣ миқдор маблағ аст ва ба кӣ таалуқ доранд, Ойинномааш дар вазорати адлия ба қайд гирифта шавад. Бе ин ҷамъияти саҳҳомӣ шуда наметавонад. Дахолати вазорати молия ё Бонки миллӣ ба фаъолияти он ғайриқонунист, вақте агар Роғун ҷамъияти саҳҳомӣ бошад. Оид ба фурӯши саҳмияҳо бояд Шӯрои директорон амал кунад.

Шаффофият бошад Зойиров зидди Узбакистон аст

- Ман нафаҳмидам, ҳозир ҳамин НБО- и "Роғун" ҷамъияти саҳҳомӣ нест?

- Бале ҷамъияти саҳҳомӣ аст, вале ба ягон қонунгузорӣ мутобиқат намекунад. Пештар ҳам гуфта будам, ки агар ҳукумат ҳуҷҷатгузории Роғунро шаффоф кунад, ман Раҳматилло Зойиров ҳамчун адвокат ва ҳуқуқшинос (Бояд зикр кард, ки Зойиров генерал- лейтенанти адлия мебошад, яъне мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2-юм. Шарҳи Т. С.) тайёр ҳастам, ки дар дилҳоҳ додгоҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бар алайҳи Узбакистон аз манофеъи кишвари азизам Тоҷикистон овоз баланд кунам. Ман гуфтам, ки аз он адвокатҳои гӯлу нодон нестам, ки зерҳимояам бароям дурӯғ гӯяду ман ӯро ҳимоя кунам. Ман мисли кӯр рафтор кардан наметавонам.

- Шумо кай бори охирин дар Узбакистон будед?

- Дурӯғ нагӯям қариб ду сол пеш буд, соли 2008. Ба Тошканд барои дафни ҷанозаи хоҳарам рафта будам.

-Ҳар вақте Шумо ба хориҷи кишвар сафар мекунед, ин ҷо иддае мегӯянд, ки Зойировро хориҷиҳо барои "шустушӯ" даъват кардаанд. Ҳамин таъсиси Иттиҳоди аҳзоби сотсиал- демократии Осиёи миёнаро дар доираҳои ҳукуматӣ чӣ гуна пазируфтанд, хабар доред?

- Медонам ҳарчӣ мегӯянд, вале ин бароям муҳим нест. Фикр мекунам, ки аз ин иқдом, яъне таъсиси Иттиҳод хушашон наомад. Барои он ки таъсиси ин Иттиҳод имиҷи ҳизби моро боло мебарад.

Зойирови вазири адлия

-Ҷаноби Зойиров, оё дар ҳамон андеша собит ҳастед, ки Президент барои ду сол Шуморо вазири адлия таъин намояд, ё аз баҳри вазир шудан гузаштед?

-Дубора хостори ин вазифа шуданро барои худ раво намебинам. Як навъ берун аз этикаи одоби инсонӣ аст. Ба ман мисли як ҷӯгии ба талбандагӣ омада рафтор карданд ва дар остона ноумедам сохтанд. Акнун дубора пурсидан ҳоҷат нест, ҳар инсон қадру қиммати хешро бояд донад. Дигар бароям ягон мансабу вазифа даркор нест, намехоҳам.

- Ташаккур аз Шумо ва маъзарат мехоҳам, ки дар ин нимашаб заҳмататон додам.

- Зинда бошед!

Сӯҳбаторо Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97