Мӯъмин Қаноат: Пайкараро шикастем, навашро насохтем

Мусоҳиба 05.10.2010 12:01
102

Қисмати IV


Як шеърамро дигар тарҷума накарданд


- Яъне «Пайванд» натавонист пайвандҳоро малҳам шавад ва пайвандҳои дигар ҳам гусаста шуданд? Манзур ҳамкориҳои эҷодӣ бо аҳли фарҳангу адаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дигар вуҷуд надоранд?

- Ҳамгироие, ки пас аз истиқлол бо кишварҳои ҳамзабон шурӯъ шуд, ба мисли чопи китобу баргузории шабҳои эҷодиву базмҳои шеъру адаб, ки тавассути «Пайванд» мешуд, ҳамаи ин корҳо қатъ шуд ва дигар такрор наёфт. Мо аз дунё буридем. 

Дар Русия ҳам, ки баъд аз фурӯпошии шӯравӣ як шеъри адабиёти тоҷикро тарҷума накарданд. Ҳоло он ки дӯстони ман ҳама зиндаанд, ҳамон дӯстони ҷонӣ, ки бо ҳам кор мекардем. Як шеъри манро ҳам чоп накарданд, ман чи қадар достонҳо навиштам, вале ягонтоашро тарҷума ва чоп накарданд.

Эҷодкор дар ҳамаҷо бесоҳиб аст

- Шояд аз он рӯст, ки шумо бо ҳам дигар робита надоред?

- Робита ҳам дорем, лекин онҳо ҳам камбағалнд бечораҳо, аз дасти онҳо ҳам ҳеч чиз намеояд, гапи онҳоро ҳам касе гӯш намекунад дигар. Яъне эҷодкор бесоҳиб аст. Онҷо ҳам бесоҳиб аст ва дар ҳама ҷо. Ягона канале, ки барои мо мондааст, ба шарофати ҳамин забони муштаракамон китобҳои тоҷикон баъд аз истиқлолият дар Ирон чоп мешаванд. Дар ҳамин даврони истиқлол 200 китоб чоп шудааст. Аз «Намунаи адабиёти тоҷик» сар карда то илму фарҳангу то «Тоҷикон»-и Ғафуров, дар маҷмӯъ 200 ҷилд китоб чоп шуд. Тавассути ҳамин ин ирониҳо фаҳмиданд, ки дар Тоҷикистон ҳам олим будаасту шоиру нависанда. Хайр дар ҷашнҳо мо меравему онҳо меоянду ҳамин рафту омад аст дигар. Вале он чизе мо мехостем, ки дар сиёсатҳои давлатӣ қавӣ бошаду ҳамешагӣ бошад ва аз ҷаҳонбинии мо болотар чизе бошад, ҳамон эҷод нашуд то ҳозир. Фақат дастоварди мо дар он аст, ки дар сиёсатҳои давлатӣ ҳусни тафоҳум пайдо шудааст дар баъзе масъалаҳо, ки манфиатҳои амнияти миллии моро таъмин мекунад фақат. Барои чизи дигар не. Вақте ки хатар эҷод шавад, барои амнияти миллӣ ва ҳамгироӣ як қарордоди муштарак зарур будааст. Лекин ин ҳамгироӣ дар ҳама риштаҳое, ки мо мехостем, нашуд. Ва мо умед дорем, ки замоне мешавад. Ҳатто мо гумон мекардем, ки як замоне як давлати конфедеративӣ шавад, форсизабонҳо. Ин хел ормон ҳам доштем мо. Лекин то он бисёр фосилаи дуру дароз будааст. Мо гумон накардем, ки дар даврони истиқлол ба ин фоҷиаи миллӣ - ҷанги шаҳрвандӣ дучор мешавем, ки то ба имрӯз давом дорад. Аз назари идеологӣ давом дорад. Танҳо бо силоҳ нест, лекин аз назари аз байн бурдани неруҳову шахсиятҳо, бадном кардани шахсиятҳо то ҳозир давом дорад. Дар зери пардаҳову ниқобҳо. То ҳозир ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ тамом нашудааст дар шаклу шеваҳои дигар давом дорад ва шахсиятҳои миллиро аз байн бурда истодаанд имрӯз ҳам. Касе, ки душмани истиқлоли миллӣ, андешаи миллии тоҷикӣ аст, ҳамон шахсиятҳои миллатгарора аз байн бурда истодаанд.

Пайкараи нотамом

- Масалан, дар Ирон сохти ҷумҳурӣ исломӣ аст, низом аст, ё масалан низоми диктотурӣ мегӯянд ё чизи дигар, ки онҳо бештар тарҷеҳ медиҳанд на ба миллат, балки ба ислом, дар Афғонистон ҳам мушкили қавмии паштуву тоҷик аст, вале Тоҷикистон чи иллат дорад, ки наметавонад ба як кишвари миллӣ ва умедгоҳи форсизабонҳо табдил шавад?

- Инҷо як сабаби аввалаш шояд маҳалгароии мо бошад. Иллати аслӣ пеш аз ҳама маҳалгароист. Дар худи аввали истиқлол ҳам мо аввал маҳалгароиро ҳис накардем. Ин ки неруҳои шимолӣ мехостанд, ки ҳукумат шимолӣ бошад танҳо. Неруҳои дигар мехостанд, ки ҳукумат камтар ҷанубӣ ҳам бошад. Баъд аз он дар ҳамин кашмакашҳо ҷанги шаҳрвандӣ эҷод шуд. Ҷанги шаҳрвандиро охир ғояҳояш ҳам аз берун омаданд, неруҳояш ҳам аз берун омаданд. Ҳатто силоҳаш аз берун омад. Ба ин хотир, ки мо дар ҷараёни 70 соли шӯравӣ натавонистем миллати ягона шавем. Ҳамон қадаре, ки буд, шӯравиҳо сохтанд моро ниммиллати ягона ва давлати ягона. Ин ҳам бо кӯшишу талоши ҳамонҳо шуд. Инро барои чӣ карданд? Барои густариши ғояҳои инқилобӣ дар кишварҳои форсизабон. Аз Қораи Ҳинд то Бағдод. Барои ин карданд ин корро, ки забони ҷаҳонӣ аст, гузаштаи бузург дорад ин миллат, инро қувват бахшем агар барои мо як ҷода мешавад. Гузаргоҳ барои ғояҳои инқилобӣ. Ҳамин хел ҳам шуд, воқеан. Ғояҳои инқилобӣ аз тариқи мо ба кишварҳои форсизабон гузашт. Аз забони мову фарҳанги мову шахсиятҳои бузурги мо. То ҷое ин хел шуд. Вале онҳо миллати моро сохтанд барои манфиатҳои худашон, ки бо ана ҳамин ҷаҳонбинӣ зиндагӣ кунеду албатта динро омӯзед, вале ба дин бисёр гаравиш накунед тамом. Валекин вақте ки мо истиқлол пайдо кардем, он чизе ки шӯрави сохта буд, мо он пайкараро шикастем. Навашро насохтем. Наваш, ки дар даврони истиқлол пайкараи миллӣ чи гуна бошад; забон, дин, ахлоқ, таърих, илм, ҳама чизаш, ки аз он пайкара месозем. Як чизе месозем, ки аз ҳамааш барои миллат истифода мебарем. Мо аз ҷиҳати низом давлати исломӣ нестем. Лекин мегӯем, ки 97 фоиз мусалмон аст ҷомеаи Тоҷикистон. Мо аз ислом даст кашида наметавонем, ҳеч вақт даст кашида наметавонем. Ба ин хотир исломи таҳаммулпазиру камтар демократӣ лозим. Мисли исломи Миср. Исломи Сурия. Инҳо исломҳои таҳаммулпазир ҳастанд, исломҳои ҷанганда нестанд. Аз неруи ислом хуб истифода мебаранд барои қудрати давлат, ҳукумат ва кушодани роҳи миллат барои рушду пешрафт. Ҳамон пайкараро мо сохта натавонистем то ба охир. Мо як узви онро сохтем, вале муҷассама, пайкара нест ҳозир. Фурсат наёфтем, ҷанги дохилӣ щуд, мо ба корҳои дигар машғул шудем. Барои ба сулҳ даъват кардани мардум мо 7 сол мубориза бурдем. Ман ҳам раиси кумитаи дифои сулҳ будам ва ҳам муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ. Чи қадар вақти мо сарф шуд беҳуда, барои мардумро ҷамъ овардан. Худамон парешон кардем, худамон боз ҷамъ кардем, 7 сол. Ва билохира вақти мо барои пайкарасозӣ намонд. Ҳозир як дасти он сохтагӣ, забони дароз сохтагӣ, гап мезанад ва аммо хирадашро насохтем, мағзаш нест. Сиёсати давлатиамон ҳам барои ҳамин бисёр ба нокомӣ мувоҷеҳ мешавад.

- Инро бояд ки бисозад?

- Инро хирадмандон месозан. Ва сиёсати ҳукуматӣ дастгирӣ мекунад.

Хирадманд дигар нест

- Фикр мекунед, ки мо чӣ теъдод хирадманд дорем?

- Дигар ба мисли он ки қариб адо шуд. Агар ҷавонҳо насозанд, ҷавонҳое, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд. Ана ҳамонҳо донишманд ҳастанд, лекин онҳо метарсанд, ки биёянд инҷо. Дар инҷо кор намедиҳанд ба онҳо, иҷозат намедиҳанд.

Ҷавононро ватанбезор мекунанд

- Дируз дар телевизион бо тамоми садопардаҳои овоз мегуфтанд, ки ҷавонҳои мо ватанпарстанд ва амсоли ин ҳарфҳо. Вале ман ҳар ҷавонӣ каси огоҳеро мебинам, орзуи фирор аз ватанро мекунад. Ба фарқ аз насле, ки дар рӯҳияи патриотизми ватандӯстдории шӯравӣ тарбият шудем, ки ҳар мушкиле, ки ҳам пеш меояд, боз мехоҳем, ки дар ватан бошем. Аз кӯдакиамон фикр мекунем, ки одам бояд ҳатман дар ватанаш бошад, вазифа дорад, ки волидонро бигӯронад, ҳамин хел якчанд арзишу муқаддасот, ки арҷ мегузоранд. Аммо дида мешавад, ки имрӯз ҳатто дар ҷанозаи модарашон намеоянд. Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, шояд ҳамон ватанпарастии урусҳоро мебинанд, ватнахоҳии ирониҳоро мебинанд ва шояд бештар эҳсоси ватанпарастӣ мекунанд ва мактубҳои пур аз дард ба ёди меҳан мефиристанд. Ва вақте ки меоянд инҷо шояд мебинанд, ки ватан ончиро мехоҳанд барояшон дода наметавонад. Боз сархамида аз ватан мераванд.

- Онҳо бо иштиёқ меоянд, ки аз ҳамон майдони ҳавоӣ ғам доданро сар мекунанд ва ё ки аксарияти онҳо шаҳрванди инҷо нестанд, шаҳрвандони дигар кишварҳо хастанд, аз ҳамон ҷо, ки азоб доданро сар мекунанд то ин ҷо, ҳеч дарвоза кушода нест. Он қадар таҷрибае, ки онҳо омӯхтаанд, баъзеи онҳо то 10 забонро медонанд. Бигӯӣ, ки як масъаларо таҳлил бикун, аз Интернет ахборро мегиранду анализу синтез мекунанд, ки вазъи ҷаҳон чи хел аст ҳамин рӯз. Ҳамаашро, дақиқа ба дақиқа. Ин хел аналитикҳои зӯри ҳозиразамон дорем, ки мусаллаҳанд, ҳама чизро медонанд, вақте ки ин ҷо меоянд ва ин бачаҳакҳои бесводаки ин ҷо роҳ намедиҳандашон. Мегӯянд, ки падари ман вазир аст. Ин ҷо моликияти ман аст, ин дарахт аз ман аст, ин роҳи ман аст. Дигар пайкараи мо нотамом мемонад, нақшаи пайкара дар коғаз кашидагиву мемонад ҳамин хел. Яъне хеле гап аст. Корҳои ҷиддӣ дар пеш аст.

Дар мо гуногунандешӣ не, гуногунгуфторист

- Устод, миллатҳои дигар, ки ба камол расидаанд ва худро миллати сарфароз меҳисобанд, дида мешавад, ки барои миллатсозӣ ҳанӯз корҳоеро анҷом медиҳанд. Масалан, расонаҳо ва ба хусус телевизионҳои давлатӣ тарзи зиндагиро барои онҳо ёд медиҳад, ҳатто тарзи ғизо хӯрдану пӯхтану нишастану бархостанро. Аммо ин заъф эҳсос мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳамин минбаре, ки миллатро бисозад нест. Шояд як иллати кутаҳумрии расонаҳои мо ҳам, ба хусус матбуоти мо ҳамин аст, ки миллат нокомил аст ва ё ҳанӯз миллат нестем, аз ин рӯ миллати соҳибрӯзнома нест?

- Аксари расонаҳои хабарии мо аз рӯи зарурати замона пайдо мешаванд. Нахуст иллати кутаҳумрии онҳо ҳамин аст, ки хонандаи зиёд надоранд. Боз ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон гуногунандешӣ нест, гуногунгуфторӣ аст. Баъдан шароити кофии молӣ надоранд, ҳама бачаҳои ҷавонро мегиранд, ки онҳо қудрати таҳлилу баррасии мавзӯъоти рӯзро надоранд. Ягон чизи мо ба камол нарасидааст. Барои ҳамин камтар амал мекунанду баъд мепартоянд корро.

«Миллат» бояд ҳамин корро мекард

- Як рӯзнома чӣ рисолат дорад? «Миллат» ҳам як расонае, аз ҷузъи ин расонаҳост ва ба назари Шумо, дар ҳамин 5 соле, ки он рӯи кор омад, чӣ бояд мекард?

- Худи рӯзнома аз номаш маълум аст - Миллат. Яъне ин бо мавзӯи асосӣ, бо ҷавҳари миллат кор дорад. Аввал миллат аст, баъд иқтисодиёту сиёсату дигар чизҳо. Чизи меҳварӣ миллат аст. Ба ин хотир ин аз рӯзномаҳои дигаре, ки озодандеш ҳастанд, чизи асосиро гирифтааст. Дигар ҳама чиз дар гирди ин мечархад, таъриху фарҳангу давлат ва ғайра. Муваффақияти «Миллат» ҳам дар ҳамин аст, ки дар масъалаи меҳварӣ кор карда истодааст. Масъалаи меҳварӣ, ки шуд, бунёдӣ мешавад. Бунёдӣ, ки шуд, асосӣ мешавад он. Баъд он гузаштаву оянда дорад. Барои ҳамин, масъалаҳое, ки «Миллат» ба миён мегузорад, бисёр фарогир ҳастанд аз ибтидо то интиҳо. Як масъала нест, ҳама масъалаҳо ҳастанд. Баъд таҳлили «Миллат» нисбат ба рӯзномаҳои дигар ҷиддитар ва ҳатто сахттар ҳам ҳаст. Масъаларо сахттар мегузорад, принсипи гуфтораш. Ҳимоят наметалабад «Миллат» аз ҳеч неруи дигар, ҳамон гапро рӯйирост мегӯяд. Айнан, бетакаллуф ва бе таоруф. Бархе аз расонаҳои дигар таоруфу такаллуф бисёр доранд, гапу калочаи бисёр мегӯянду ҳамон гапи асосӣ нест. Баъд рӯзномаҳои дигаре ҳам тӯҳмат мекунанд одамҳоро, бӯҳтон, ҳамон шахсиятҳои машҳурро ҳадаф мегиранд, мехоҳанд бо ягон баҳона бадном кунанд ҳамонро. «Миллат» масалан ҳеч касро бадном карданӣ нест, на ҳукуматро, на раисиҷумҳурро, на сиёсаташро, фақат мегӯяд, ки дар ҳамин сиёсат мана ҳамин чиз намерасад, мана ҳамин чизро ба назар гирифтан даркор, тамом. Ба сиёсати онҳо кор надорад. Танз намезанад, масхара намекунад ин сиёсатро, ана ҳамин аст. Як навъ маслиҳату машварат медиҳад, некбинона. Аз рӯи оини аждодонамон, Зардушт фақат тавсия мекунад, ки кори нек кунед. Хайр, «Миллат», ки шуд, ҳамин корро бояд кунад.

«Пайванд» метавонад пайкараро бисозад

- Ба андешаи Шумо, барои кӯмак дар сохтани пайкарасозии миллат, ки шумо гуфтед нотамом аст, як рӯзнома ва ё «Миллат» чӣ коре карда метавонад?

- Он пайкараро кӯдакони кӯча намесозанд, олимону донишмандҳо месозанд, Ҳар қадар дер кунед, дигар онро ҳеч кас наметавонад сохта. Намемонад дигар ҳеч кас, ҳамон одамҳое, ки медонанд чи хел месозанд пайкараро, ҳамон одамҳое, ки медонанд Сомониён пайкараи миллиро чи хел сохтанд, чи қадар муросо карданд бо халифаҳои Бағдод, фиреб карданд вайро. Ҳама амре, ки медоданд, ҳамаашро иҷро карданд, густариши исломро ҳам, ҳамаро иҷро карданд. Лекин як амрашонро иҷро накарданд, забони миллӣ, хилқати миллӣ, рушди фарҳанги миллиро дар баробари коре, ки ба Ислом карданд, дар баробари он инро бузургтар аз он карданд. Мана ҳамин хел ирониҳову афғонҳову тоҷикҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, аз онҳо истифода кардан даркор. Ин корҳоро он қадар ошкоро кардан даркор нест. Дар доираи ҳамон анҷумани «Пайванд» мешавад ҳамин корро анҷом дод.

Фақат элита китоб мехонад

- Гуфта мешавад, ки мардуми мо ҳатто дар даврони шӯравӣ ҳам он қадар китобхон набуд, яъне кишвари мо дар радифи кишварҳои серхонанда набуд. Сабабаш дар чӣ аст?

- Дар замони шӯравӣ китобхона пайдо шуд, ҳамин китобхониро ҳам аз русҳо ёд гирифтанд. Русия мерафтӣ, дар трамвай як кампираки рус нишастааст, китоб мехонад. Дар саҳни ҳавлии хонаҳои бисёрошёна мӯйсафедҳову кампирҳо нишаставу фақат китобхонӣ. Дар мошин, дар ҳавопаймо, дар ҳама ҷо шӯравиҳо китоб мехонданд. Китобхонӣ ҳам аз солҳои 50-ум сар шуд, дар Русия ва руҷӯъ карданд ба китобхонӣ. Ҳамон андешаҳои миллӣ пайдо шуду озодиҳое, ки Хрущев овард, тасодуфан аз нодонӣ озодии андеша овард. Тоҷикҳои мо китобхониро аз русҳои ҳамин ҷо ёд гирифтанд. Зеро дар мо китобхонӣ кори мирзоҳо буд, яъне элита. Шоирон, олимон, донишмандон, хулоса китобхонӣ кори як қавм, ё фақат кори як гурӯҳи хос буд, ҳамагонӣ набуд. Баъд дар давраи шӯравӣ он кори умумимиллӣ шуд. Пеш аз он, то ҳамин инқилобро танҳо мирзоҳо, шоҳон, саидзодаҳо ҳаминҳо китоб мехонданд. Ва ба дигарҳо мегуфтанд, дарс медоданд. Дар мадрасаҳо ҳам ҳамин элита дарс медод. Ҳамин характери умумимиллӣ нагирифт то ҳозир ҳам. Дар мо ҳоли ҳозир китобхонӣ тамом шуд. Ҳоло боз ҳамон элита китоб мехонад, ҳамон элитаи аввала.

Навмедӣ безавқ мекунад

- Фикр мекунед, ҳамин завқи китобхонӣ чаро аз байн рафт ва ба ҷузъи фарҳанг табдил нашуд?

- Завқ аз чӣ аз байн меравад(?) аз навмедӣ. Миллате, ки ин қадар шоиру олим дорад, нахуст пайғамбари рӯи замин аз ҳамин миллат аст. «Шоҳнома», авлоди Каюмарси бузург, нахустинсоне, ки бо калом сухан мегуфт, нахустинсоне, ки бо сухан ҳарф мезад, дигарҳо бо имову ишора гап мезаданд он вақтҳо, Ҷамшеди бузург, ин қадар шахсиятҳои бузург дораду барои чӣ ба нуқтаи охир нарасид? Ҳамон мақсади олӣ, давлати идеолиро сохта натавонист то охир. Барои чӣ ба ҷомеаи башарӣ пешниҳод карда натавонист, ҳаминро, ки ҳамин хел ҷомеа бисозанд. Инро, ки фикр мекунӣ, баъд дар як андеша меоӣ, ки ҳамин қадар шоирҳои бузург ин миллатро насиҳат кардааст, ки ин кора бикун, ин корро накун. Саъдӣ ин қадар насиҳат кардааст, Ҳофиз ин қадар мардумро ба олами сайр бурд, Бедил ин қадар насиҳат кард. Барои чӣ ислоҳ нашуданд ин мардум!? Он адабиёт дастраси ҳама набуд. Дар давраи Сомониён ҳамагӣ 5 дарсади аҳолӣ хонда метавонист. 95 фоиз хонда наметавонист, кишоварзу пешовару сипоҳиву фалону фалон буданду навиштану хонда наметавонистанд. Навиштану хонданро шӯравӣ ёд дод, маҳви бесаводӣ барои ҳамин буд. Ҳама хондаву навишта метавонистанд, лекин инҳоро андеша карданро ёд надоданд. Аз 1 то 5 фисад хонанда доштем мо дар тӯли таърих, ҳамон гоҳе 5 фисад мешуд, боз гашта 1 дар сад мешуд. Ҳозир боз ҳамон 1 фисад шуд. Дар давраи истиқлол як фисад китобхон дорем. Аз нашри теъдоди китоб маълум аст; аз 200 то 1000 нусха аст.

Адабиёти бачагона надорем

- Шояд он чи ки ба завқи мардум офарида шуда бошад нест ё шояд ҳасту тавре шумо гуфтед, дастраси ом нест. Масалан, ҳамин нашрияи «Миллат»-ро як муаллими деҳотӣ ройгон дастрас мекунад, нуқта ба нуқта мехонад ва ҳатто вокуниш ҳам нишон медиҳаду мактуб мефиристад. Зеро аввал, қиммати нашрия гарон аст, маоши муаллим барои харидории он кифоят намекунад, дуввум нашрия сари вақт ва ҳатто ҳеч гоҳе ба бархе аз мавзеъҳо намерасад, ва ҳам муаллимро маҷбур мекунанд, ки ба бархе аз нашрияҳо обуна шавад. Дигар ин ки ин расонаҳо чеҳранамои тамомии ҷомеа нестанд ва хонанда худашро дар ин оина намебинад ва аз ин рӯ таваҷҷуҳ ҳам намекунад, яъне нашрия ба ӯ ва зиндагии ӯ дахл надорад.

Ҳамин гуна ба завқи кӯдакон ҳам қариб чизе надорем. Кӯдакон бе адабиёт ва бе китоб ба воя мерасанд. Шояд иллаташ ҳамин аст, ки мо бидуни бунёд (фундамент) мехоҳем хонаи баландошёна бисозем?

- Бале, дуруст аст. Ҳатто барои кӯдакон ҳеч чиз офарида нашудааст, ҳамон як ду шеъраки Гулчеҳра асту хуб Мирсаид Миршаркар аст... Вале шеърҳои Миршаркар қариб аксарияташ сиёсӣ ҳастанд. Умуман адабиётамон заиф аст. Нест ҳеч чиз. Адабиёти мо умуман ҷиддӣ нест. Ҳамин адабиёти даврони шӯравӣ адабиёти ноқис аст. Аз устод Айнӣ сар карда, асарҳояшро ҳоло хонда намешавад, забонаш ғализ, ягонтоашро хонда намешавад. Ҳамин сад солагии устод буд, ман кӯшиш кардам, ки ягон асари ӯро то охирро бихонам, натавонистам.

Устод Айнӣ кӯшид омиёна нависад

- Чаро, устод Айнӣ аз адабиёти классик баҳравар набуд?

- Вай забони гунаи классикро медонист, лекин кӯшиш кард, ки бо забони оммафаҳм нависад, бо забони лаҳҷа навишт. Дар замони шӯравӣ реформаи забон буд. Фитрат, манзурам Фитрати ҷадлид бо забони гунаи классикӣ навишт. Аз они Айнӣ ҳамааш бо лаҳҷа аст, ки намояндагони дигар лаҳҷаҳо қариб намефаҳманд Адабиёти даврони инқилобии мо адабиёти ноқис аст.

Шоирони мо шеър не, шиор мегӯянд

- Чаро инҳо натавонистанд чизи пухта офаранд ё фурсат набуд?

- Бале, фурсат набуд. Барои хонандае, ки аз адабиёти даврони амирони Бухоро ҷудо карда буданд, чизи нав офаридан даркор буд. Адабиёти даврони амирон бисёр забони зебо буд. Аз Шоҳин сар карда, хуб Ҳайрату Туғралу инҳо. Онҳо услубашон бисёр зебо буд, ҳамон забони адабии классикӣ буд. Лекин дарунмоияи шеърашон чизи нав набуд. Такрор буд, ҳамон чизе мегуфтанд, ки гузаштагон гуфта буданд. Туғралу инҳо, ба Бедил пайравӣ мекарданд, онҳои дигарашон ба шоирҳои пештар, бо Ҳофизу дигарон. Чизи нав нагуфтанд, ҳамон чизе ки дар ҳамон замон даркор буд ҳеч кас нагуфт . Тайёр набуд. Бо кадом услуб гуфтан даркор онро, бо кадом навъ, бо забони классикӣ ё камакак лаҳни онро иваз кардан даркор буд. Билохира, услуби нав дар Теҳрон пайдо шуд. Нимо услуби нав овард. Забони нав, тарзи тасвири нав. Баъд Аҳмади Шомлуву Эраҷ Мирзову Орифу инҳо. Ирониҳо, ки ба Урупо наздик буданд, ҳамон чизи навро тез ёфтанд. Мо ҳамон дар пайравии забони классикӣ печидем- печидем омадем то ҳамон солҳои 60. Баъди солҳои 60-ум мо гуфтем, ки намешавад ин хел. Ин забони мурда, энергия нест, пайванди калимаҳо куҳна ҳама. Баъд мо тарзи ифодаро нав кардем. Барои мо, устодони мо ҳеч чиз тайёр накарданд. Намунаи шеърҳои устод Айниро гиред, шеърҳои Айнӣ шеър нестанд. Аз устод Лоҳутӣ шеър ҳастанду аз ҳад зиёд инқилобӣ; суп сурх. Аз аввал то охир, ба ғайр аз ҳамон Девони истамбулии ӯ. Ҳамонҳо шеър ҳастанд, дарди Ирон аст ҳамон ҷо. Дигар ҳамааш шиор аст. Баъд сари пирӣ ӯ ҳамон ғурбату бегонагиро, ки ҳис кард дар ин ҷо, ҳеч кас эҳтиромаш накард, Ирони ман гуфта, қабл аз маргаш боз шеър гуфт. Охирин китобаш ҳам дарвоқеъ шеър аст. Шоирҳои мо ё ба сиёсат гирифтор мешаванд, ё ба шиор. Ҳозир ҳам фақат шиор мегӯянд. Ҳамон маъниро бо шеър бигӯ, бо эҳсоси инсонӣ.

Чанд рӯз пеш рафтам дар Боғи Рӯдакӣ мусоҳиба мекардам барои Болдерев, ки вай барои тоҷикҳо чӣ кор кардааст. Ҳамонҷо як духтарак аз ноҳияи Айнӣ омадааст, шоира, ба ман як китобчаякашро дод. Гуфтам; ҳозир ҳамин ҷо истодед, ҳамчун як ҷавон, ҳамчун як шоир, як тоҷик дар ту чӣ эҳсос пайдо мешавад? Онҷо Қасри Миллат, он ҷо китобхона сохта истодаанд, ин ҷо пайкараи ҷавонии устод Рудакӣ, ин ҷо фавора аст, дар ту чӣ эҳсос пайдо шуд? Гуфт, ки ҳоло ҳеч чиз пайдо нашудааст. Гуфтам, ки наход як духтари ҷавон, ҳеч чиз пайдо нашуда бошад?! Мутаассифона, шоирҳои мо як чизи зеборо мебинанду гуфта наметавонанд, ҳамонро боз бо шиор мегӯянд. Ҳамон шиорҳои болшевикии лаънатӣ.

Ҳукумат ҳеч чиз надорад бидиҳад

- Инҳо шояд аз қалб не, аз роҳи гӯш шоир шудаанд?

- Бале, аз гӯшашон. Ҳамонро мегиранду хушомад мезананд дар назди ҳукумат, ки ягон унвон, ё ягон чиз барояшон бидиҳад. Гуфтам, ки аз ин ҳукумат ягон чиз умед накунед, ки ҳеч чиз надорад, ба шумо бидиҳад. Роҳи аз бӯҳрон берун шуданро ба ҳукумат пешниҳод кунед, беҳтар аст.

Мусоҳиба:

Адолати Мирзо

ва Ёқуби Саид

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97