Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ТААССУБИ МАЗҲАБИ ТОҶИКРО БЕ ВАТАН КАРД

Мусоҳиба 21.09.2010 12:36

Қисмати II

Худованд ба ту кор надорад

- Яъне башар худаш ба бӯҳрони фикрӣ ва маънавӣ дучор шудааст?

- Башарият, кураи замин, низоми хуршедии мо ба он гирифтор аст. Як фалокати охирин ва таъсири ҳамин дар инсон аст. Инсонҳо аз рӯи ахлоқи вайронашон заминро ҳам вайрон карданд, обу дарёву уқёнуси ҷаҳонро хароб карданд. Мувозинати заминро вайрон карданд. Низоми офтобро вайрон карданд. Ин ҳамаро кӣ вайрон кард ба ҷуз Инсон?

Ҳеч каси дигар вайрон намекунад, инсон вайрон мекунад. Бо он партовҳое, ки дар уқёнус рехтанд, он қадар таркишҳое, ки дар зери замин, дар қишри магма бурданд, он ҳама таркишҳои силоҳи ҳастаӣ, ки анҷом доданд, боиси вайроншавии замин мешавад. Вақте дар рӯи замин онро манъ карданд, онҳо дар зери замин бурда озмуданд. Силоҳи ҳастаиро зери замин бурданд ва он то ҳозир ҳам давом дорад. Баъд замин обод мемонад? Мувозинаташ вайрон мешавад. Инсон ин ҳама чизро вайрон карда ва акнун умедвор аст, ки Худованд он ҳамаро месозад. Охир, Худованд ба Инсон ақл додааст, китоб додааст, Қуръон додааст, ки амал бикун. Худованд ба ту кор надорад дигар.

Cилоҳҳои ҳастаиро нобуд накарданд

- Чун, сӯҳбат дар мавриди силоҳи ҳастаӣ шуд, ва рӯзи 21-уми август истгоҳи атомии Бушаҳр дар Ирон ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳамзамон эълон шуд, ки ҷаҳони Ислом дорои аввалин корхонаи ҳастаӣ шуд ва имрӯз дар бораи он сару садоҳо зиёд ҳастанд. Андешаи Шумо дар ин бора чист, ки агар Ирон дорои силоҳи ҳастаӣ шавад, ба гуфтаи Ғарб башарият ба хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд ё на?

- Солҳои 70-80-ум як ҷунбиш сар шуд,таҳти унвони халъи силоҳи атомӣ, аз он нусхаҳои силоҳи атомӣ як қисмеашро гӯё тарконданд. Аммо онҳоро руст кардаанд, ҳоло ҳам онро доранд, ҳеч чизро натарконданд, фақат силоҳҳои миёнра тарконданд. Фақат ҳамонҳоеро, ки барои Урупо хатар доштанд ва Урупо розӣ шуд, ҳамонҳоро аз байн бурданд. Он силоҳи глобаливу дурпарвозаш маҳфуз аст, ягонтоашро нест накарданд. Ман аз рӯи вазифа инро медонистам, ҳар чизеро нест карданд, ки Урупо аз он нигарон буд, ягон кулоҳаки ҳастаиро нест накарданд, ҳамааш маҳфуз аст. Ҷаҳон як навъе шудааст, ки мардум қавл надоранд дигар. Ҷаҳони имрӯз; Чин, Амрико, Олмон, Фаронса, Урупо, Туркия ҳамааш силоҳи ҳастаӣ дорад, Қазоқистон ҳам силоҳи ҳастаӣ дорад. Барномаи ҳастаии Ирон фарқаш ҳамин аст, ки гармӣ ва неруи барқ медиҳад, чунки Ирон ба он ниёз дорад. Он ҷо дарёҳои хурӯшон ба мисли Тоҷикистон нест, ки истгоҳҳои обӣ бисозанд. Ҳамин ҳақро аз мо низ мехоханд бигиранд охир ку. Мо ки неругоҳи атомӣ намесозем. Вале мегӯянд, ки дар дарёи хурӯшон сохтани неӯргоҳҳои барқи обӣ мумкин нест. Айни ҳамин чиз дар масъалаи неругоҳи ҳастаии Ирон аст, яъне зургӯи, ки Ирон онро қабул надорад. Дарёҳои Даҷлаву Фурот дар ҷои ҳамворанд, ки дар онҳо Ниругоҳи барқи обӣ сохта намешавад. Ба ҳамин хотир ман ҳеч бовар надорам, ки Ирон дар маркази истгоҳи ҳастаӣ худаш силоҳи ҷангӣ эҷод мекарда бошад. Барои он ки Ирон силоҳи муқобил ва мувозин бо силоҳҳои атомӣ бисозад, барояш 50 соли дигар зарур аст. Яъне он чизе, ки мегӯянд, ин як навъ таблиғот барои мардуми бе ақл аст. Аммо имкон дорад, ки Ирон баъд аз 50 сол чизе ихтироъ кунад, ки ҳатто дар Амрико набошад.

Ирон истиқлол мехоҳад

- Боз он чи ки ахиран ҷомеаи Ғарбро шок кардаст, ин ҳавопаймои бе сарнишин ва мушакҳои ҷадиди дурпарвози Ирон аст. Ва ин мусаллаҳшавии Ирон ба манзури сипар сохтан аст ё ин ки ба манзури ҳуҷум?

- Аз рӯи сиёсати давлати Ирон аз давраи шоҳ, ман камтар ба сиёсати Ирон сару кор доштам, шурӯъ аз Имом Хумайнӣ ва имрӯз ҳам, агар гӯем, ки Ирон барои даъвоҳои марзиаш силоҳи ҳастаӣ ба кор меандохта бошад, Ирон даъвии марзӣ бо кӣ дорад?! Бо Афғонистон даъво надорад, бо Ҳиндустону Покистон даъвӣ надорад. Ба Ироқ даъвӣ надорад, ҳатто даъвои Мадоинро надорад, дар ҳоле ки пойтахти шоҳони Сосонӣ Мадоин буд, ки имрӯз дар ҳудуди Ироқ аст. Ба ҳеч кас даъвии марзӣ надорад. Пас Ирон силоҳи атомиро барои чӣ ба кор меандозад? Барои ҳифзи ислом бошад, кишварҳои арабӣ бо Ирон мувофиқ нестанд. Ҳама бо Ирон душмананд, ба хотири миллат, ки забони инҳо дигар асту инҳо қадимтаранд аз арабҳо ва фарҳанги инҳо муқаддамтар асту ба ҷаҳону ба ислом хидмати зиёдтар кардаанд. Душмании арабҳо бо Ирон бо ҳамин далел аст, рашки таърихӣ. Яъне, Ирон киро наҷот медиҳад? Олами исломро наҷот додан намехоҳад. Марзҳои аз дастрафтаи Ирони бузургро даъво надорад. Пас чиро ӯ мехоҳад бигирад ва ба хотири чӣ ҷанг мекунад? Бояд ҷавоб гуфт. Ягона чизе ки дар сиёсати ҷаҳони имрӯза Ирон норизогӣ дорад, ин сиёсати давлати Исроил аст, ки алайҳи кулли давлатҳои исломист. Ба онҳо, ба пешрафташон , ба ваҳдати кишварҳои исломӣ халал мерасонад, хулоса ба ҳама халал мерасонад. Ягона низоъе, ки Ирон дорад, бо ҳукумати кунуни давлати Исроил дорад. Ба ҳеч каси дигар надорад. Ба абарқудратҳо умуман кор надорад. Чи расад, ба ин ки Ирон бо Амрико даст ба гиребон шавад. Чӣ манфиат дорад барои Ирон? Ҳама муҳоҷирони сиёсии иронӣ аз давраи шоҳ бо шурӯъи инқилоби исломӣ то кунун, ҳар кас ки муҳоҷир шудаасту рафтааст, дар Амрико зиндагӣ мекунанд, дар Канада, дар Фаронса, умуман дар Урупо зиндагӣ мекунанд. Аксарияти онҳое, ки ба режими кунунии Ирон душман ҳастанд. Муҳоҷирони иронии 3 марҳилаи таърихӣ ҳама дар хориҷа ҳастанд ва зиди сиёсати ҳукумати имрӯза ҳастанд. Ирон киро мехоҳад наҷот диҳад? Лекин дар ин даъвиҳо мантиқ нест.

Ирон мехоҳад, ки давлати мустақил бошад, дастнигар набошад ба мисли давлатҳои дигари ҷаҳони имрӯз. Ягон давлати мустақил вуҷуд надорад имрӯз. Ҳамин Арабистони Саудӣ низ истиқлолият надорад. Ҳеч кас. Як Ирон танҳост. Бо ҳамон ғурури шоҳаншоҳиаш, таърихиаш. Аз ҳамон ғурур намефарояд, мегӯяд, ки бигузоред мо давлати озоди соҳибистиқлол бошем. Сиёсати худамонро худамон пеш бубарем. Ба мо дахолат накунед, ба ҳеч кас дигар кор надорад. Ана ҳамин ғурури истиқлолхоҳии Ирон сиёсати озодихоҳиаш ба ҳеч кас маъқул нест. Ҷаҳони имрӯз мехоҳад, ки ҳама дар тасарруфи ё Иттиҳодияи Урупо бошанд, ё Амрико, ё Бритониё ё Русия бошанд, ё як кишвари дигар.

«Шоҳнома» Ирон дар шакли китоб аст

- Зимнан, хеле аз олимон даъво доранд, ки ҳанӯз аз асрҳои миёна як ҷудоӣ миёни кишварҳои форсзабон ба вуҷуд омад ва дигар майлу рағбат аз он Ирони қадим канда шуд. Ва ин ҳавзаҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Чи сабаб буд, ки масалан дар даврони шӯравӣ ҳамин «Шоҳнома»-ро омӯзиш медоданд, зеро шояд ҳамин майлу рағбате, ки имрӯз тоҷикҳо ба ватани таърихии худ доранд, бар асари «Шоҳнома»-хонист. Ва аз кай шурӯъ шуд ҳамин сиёсати даврони шӯравӣ, ки тамоми роҳҳои тарғиботии Иронро набандад ва даричаеро боз гузоранд?

- Падидаи бастани роҳи тарғиби «Шоҳнома» дар аввалҳои асри 19 ва ҳатто охири асри 18 ба миён омад. «Шоҳнома»-хонӣ мамнӯъ мешуд, ҳатто дар Қафқоз қарор баромад, ки «Рустамгароӣ»-ро бас кардан даркор. Яъне, ки идеяи ватанхоҳии «Шоҳнома»-ро, расман қатъ карданд. Ҳатто тариқи қарори ҳукумат. Як дафъа як гурӯҳе аз Русия ҳам ин идеяро пуштибонӣ мекарданд. Ин вақте шурӯъ шуд, ки роҳбари ҳукумати Озарбойҷон Боғиров буд ва ҷашни таваллуди Низомиро гирифтанду асарҳояшро тарҷума карданд ва ӯро шоири озарбойҷонӣ эълон карданд. Хоқониву Фалакиро ҳам. Баъдан ин идея дар Русия тарафдор пайдо накард. Олимҳои рус зид баромаданд ва баръакс дар Санкт Петербург «Шоҳнома»-ро тарҷума карданд бо забони русӣ. Як бор ду ҷилд бароварданд, як бори дигар 9 ҷилд чоп карданд. Устод Лоҳутиву ҳамсарашон Бону тарҷумаи бо шарҳу тавзеҳот карданд «Шоҳнома»-ро. Баъд олимони рус кӯмак карданд, Болдиров, Бертелс. Яъне, ки ин идея ҳамон вақт як бор рӯи об баромаду бас.

Лекин Ирон ҳам таблиғи идеяи «Шоҳнома»-парастиро барои муддатзамоне манъ кард. Аммо дубора ба он рӯ овард. Дар даврони ибтидои истиқлол мо ҳам дар ин ҷо «Шоҳнома»-хонӣ ташкил кардем. Бо бародарони ирониву афғон «Шоҳнома» хондем, чандин моҳ давом кард. Ана ҳамин ҳувият буд. Яъне, ки роҳи «Шоҳнома»-ро ҳеч кас баста натавонист, ҳарчанд ки кӯшиш карданд. Ва имрӯз ҳам, «Шоҳнома» танҳо китоб нест, он таърих асту ахлоқ асту дин асту футувату ҷавонмардӣ аст. Яъне ки «Шоҳнома» Ирон дар шакли китоб аст. «Авасто»-и нав аст он. Ба ин хотир он чизе ки дар асри 15 Шоҳони Қочор, ки як зарра турктабор ҳам буданду ба ин кор даст заданд, баъд низои сунниву шиъаро бисёр ривоҷ доданд. Дар Исфаҳон шурӯъ шуд ҳамин кор. Он қадар доман густурд, ки мардуми Ирон пора-пора шуданд. Ва омада қабри мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро хароб карданд дар Ҳирот. Таҷзияи Ирони бузург аз ҳамин амал сар шуд. Яъне ки аз назари мазҳабӣ тақсим кардани миллат. Ва як равияи дигар пайдо шуд, тасавуф. Орифони бузург пайдо шуданд, ки на инашро писанд мекарданд, на дигарашро, онҳо аз рӯи ахлоқ мегуфтанд, ки мо бо худо мустақиман муроҷиат мекунем, рост меравем. Баъд инҳо ҳамин низоъро кам карданд, паст карданд. Нақшбандиро дар Ҳирот масалан, мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, мавлоно Биноӣ, Мир Алишер Навоӣ инҳо дар инҷо шиддатро паст карданд, Ҳилолӣ баъд аз инҳо омад.   Яъне шиддати мазҳабиро паст карданд, ахлоқи дигарро оварданд, ки ирфон метавонад низоъҳои мазҳабиро аз байн барад. Ин шиддатро хеле паст кард. Лекин дар Ирон камакак таъсираш мондааст. Бо аҳли суннат баробар намоз мехонанду лекин ҳамон ҳаққу ҳуқуқашон баробар нест. Дар кори давлатӣ, сиёсӣ саҳмашон кам аст, ё саҳм надоранд. Таъсири ҳамон замон то ҳозир аз миён нарафтааст. Дину мазҳаб ҳар рақам, ки бошад, лекин миллат боз чизи дигар аст. Миллат метавонад чанд дин дошта бошад, лекин он миллат бошад. Он қавмият асту он анъанаи пеш аз исломиаш ҳаст боз. Он анъанае, ки 7 ҳазор сол таърих дорад. Ислом ҳамагӣ 1400 сол аст. Мо дигар хати батлон зада наметавонем, он 7 ҳазор солро, он 7 ҳазор соле, ки ба ҷаҳон тамаддун овард. Барои тамоми башарият. Одамон гӯшти хом мехӯрданд. Инҳо ҳама ҳунарро оварданд барои мардум. Шаҳрдориро оварданд, давлатдориро оварданд. Китоби осмонии нав оварданд, китоби «Авасто». Ва мо наметавонем аз он чизе ки буд, даст бикашем. Мусулмон ҳам ҳастему ориёиву тоҷик ҳам ҳастем мо.

Иронро ватан гуфтам, тарҷума нашуд

- Ҳанӯз ҳам осори он сиёсатҳо побарҷост. Масалан, дар Узбакистон дар солҳои Инқилоби Октябр бо баҳонаи мазҳабгароӣ хеле аз тоҷиконро узбак карданд. Бо фиреби содалавҳона ва айёронаи «тоҷик ҳастӣ ё мусалмон» миллатеро аз ватани фарҳангиаш маҳрум карданд. Ва ҳар ки тоҷик мегуфт, шиа ва иронӣ хонда мешуд. Ва ҳар касе мусалмон мегуфт, узбак гашт.

Ва замоне ки адабиёти он рӯз ватани ягонаи мо СССР-ро тарғиб мекард, ва он вақт мо як Ватани бузург доштем, ки пойтахташ Маскав буд ва кӯчактараш деҳкадае бо номи Душанбе, вале Шумо «Созҳои Шероз»-ро навиштед ва аз ватани таърихии хеш ёд кардед ва ин «Созҳои Шероз» он вақт чи гуна аз ҷониби сиёсати рӯз қабул шуд?

- Сафарамон ба Ирон бо иродату кӯшиши ҳукумати марказӣ ва Иттифоқи нависандагони шӯравӣ сурат гирифт. Анвар Олимҷонов, раиси Иттифоқи нависандагон буд ва ман ҳамон вақт муовин будам. Соли 1969 буд, ки мо дархост додем ва аз Ирон ҷавоб наомад. Баъд аз он Шаҳбону бо аҳли рикобашон омаданд. Аввали солҳои 70 буд. Омаданду бо тоҷикҳо мулоқоти зиёде анҷом доданд. Ва дар мулоқоти охирин аз ман хоҳиш карданд, ки шеър бихонам. Низорамоҳ Зарифова он вақт муншии ҳизб ва раҳбалади Шаҳбону буданд. Баъд гуфтанд, ки ҳеч кас аз рафиқон майли сафар ба Ирон дорад? Баъд ман баромадаму як шеър хондам, шеъри «Ману шабҳои бехобӣ»-ро. Гуфтанд, ки шеъри ошиқона хондӣ. Шаҳбону пурсид, ки «шумо Ирон сафар кардаед», гуфтам, ки охири соли гузашта як дархост фиристода будем. Ба Устод доктор Хонларӣ муроҷиат карда будем, ки оё имкони ба Ирон сафар кардан ҳаст? Баъд Шаҳбону аз ин ҷо рафтанду баъди як ҳафта даъватнома омад. Баъд рафтем, меҳмон шудему мулоқот кардем бо адибон, мактабҳои гуногуни адабӣ. То ҷое ки имкон буд бо онҳо сӯҳбат кардем. Бо шоирҳои навпайдо, бо Нодири Нодирпуру бо Ҳушанги Солеҳу бо ҳар касе, ки имкон шуд. Баъд Исфаҳон ҳам рафтему Шероз ҳам рафтему пас гаштем ба ватан. Вале аз он ҷо фақат китоб тӯҳфа овардем. Ҳар қадар, ки китоб бардошта тавонистем, овардем. Таассуроти бисёр аҷиб буд, барои ман бори аввал, ки Ирон рафта будам, Ирони давраи шоҳ бисёр баландпарвоз буд. Бисёр ватанпарастиву иронпарастӣ ва шовинизм ҳам буд то ҷое. Баъд омадаму дар як моҳ таассуротамро навиштам дар хонаи нависандагони Маскав. Баъд баргаштам ба Тоҷикистон ва онро дар маҷалла чоп кардем. Ва ба забони русӣ ҳам таҳтулафз кардему фиристодем, аммо ба забони русӣ тарҷума накарданд. Се бандашро тарҷума карданду халос. Он ҷое ки ман Иронро ватан гуфтам, он ҷоро тарҷума накарданд.

(давом дорад)

Мусоҳиб А.Мирзо
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97