ҶЕФ ГЕДМИН: ТАБДИЛИ ҲУКУМАТҲО ВАЗИФАИ МО НЕСТ

Мусоҳиба 15.04.2010 12:39

Сӯҳбати ихтисосии Адолати Мирзо бо президенти Радиои Аврупои Озод- Радиои Озодӣ Ҷеф Гедмин<?>

ПРЕЗИДЕНТ ҶЕФ ГЕДМИН

Ҷеф Гедмин дар моҳи марти соли 2007 ба ифои вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ шурӯъ кардааст. То ин замон ӯ сар аз соли 2001 роҳбарии Пажӯҳишгоҳи Аспен, воқеъ дар шаҳри Берлинро бар дӯш дошт. Аспен пажӯҳишгоҳи ғайридавлатӣ, ғайриҳизбӣ ва бидуни мафод аст, ки ҳадафи он ташвиқи раҳбарии муосир ва танзими муколама дар миёни мардуми озодандеш мебошад.

Пеш аз он дар давоми панҷ сол Гедмин мудири иҷроияи Ташаббуси Нави Атлантикӣ будааст, ки чандин пажӯҳишгоҳи байналмилалӣ, сиёсатмадорон, рӯзноманигорону соҳибкорони шинохта, шомили он буданд.

<?>

Пешвоёни маъруф амсоли Ватслав Ҳавел, Маргарет Тетчер, Ҳенрӣ Кисинҷер ва Ҷозеф Байден аз сарпарастон ва ҳомиёни ин ташаббус ба шумор мераванд. Мақолаҳои Гедмин дар нашрияҳои бузурги амрикоиву аврупоӣ аз қабили Ню Йорк Таймс, Вашингтон Пост, Файненшел Таймс, Дейли Телеграф Франкфуртер Алгемайне Тсайтунг ба табъ расидаанд. Гедмин муаллифи чандин асар дар бораи даврони фурӯпошии низомҳои коммунистии Аврупои шарқиву Иттиҳоди Шӯравӣ ва мубориза бо даҳшатафканӣ дар паи ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001 болои шаҳрҳои амрикоӣ мебошад.

Доктор Гедмин унвони илмиро аз Донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА дар соҳаи пажӯҳишҳои олмонӣ касб кардааст.

Гедмин соли 1958 дар шаҳри Вашингтони ИМА ба дунё омада, даврони кӯдакиашро дар иёлати Вирҷиния гузаронидааст.

Ҳамкори мо дар сӯҳбати рӯёрӯ бо Президент Гедман мушкилоти минтақа ва вазъи расонаҳоро дар миён гузоштааст, ки пешкаши хонандаи гиромӣ мекунем.

ПОЁНИ ҶАНГИ САРД, ОЗОДӢ ДАВОМ ДОРАД

- Ҳадафи родиюи Озодӣ дар замони ҷанги сард мусоидат ба озодии кишварҳо ва миллатҳо унвон мешуд, ҳадафи ин родию пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ чист? Дирӯз ҳам ки мо дар шаҳри Прага шоҳиди ба имзо расидани Созишномаи коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ будем ва ин ба он маъност, ки ба ҷанги сарди мудавом билохира нукта гузошта шуд. Акнун рисолати родиюи «Озодӣ» чист ва дар дигар кардани чеҳраи ин родию, ки ба ҳар ҳол мероси ҷанги сард аст, Шумо чӣ талош хоҳед кард?

- Мо дар воқеъ қурбонии муваффақиятамон дар даврони ҷанги сард шудем. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки Радиои Аврупои Озод радиои Озодӣ дар фурӯпошии низоми коммунистӣ дар Аврупои шарқиву Иттиҳоди Шӯравӣ кумаки калоне расондааст. Вале ман мехоҳам бигӯям, ки мо ҳозир ҳам ҳамон нақшеро мебозем, ки қаблан бозидаем. Он ҳам кумак ба расонаҳои озоду мустақил дар кишварҳоест, ки то ҳанӯз аз расонаҳои озоду мустақил баҳрабардории комил намекунанд. Бинобар ин, ҳанӯз ҳам вазифаи асосии мо кумак ба ҷараёни озоди маълумот, иттилоот, хабар, баҳси озодии назарҳо мебошад, яъне бигзор мардуми озод, имкони озоди интихоби ҳукуматро дошта бошад.

ДАР АМРИКО ҲАМ МАТБУОТ ҲИРФАӢ НЕСТ

- Чун Шумо ин чо бар мусоидат ба вазъи озодии баён дар кишварҳо тамаркуз кардед, мехостам назаратонро роҷеъ ба вазъи бӯҳронии матбуот дар Тоҷикистон, ба хусус дар ин маврид, ки аз сӯйи мақомоти баландпоя ё мансабдор расонаҳо ба таври дастҷамъона бо даъвои пардохти ҷуброни ҳангуфт ба додгоҳ кашонида мешавад, баён кунед?

- Ҳарчанд ки дар нақша дорам, вале ман то ҳанӯз аз Тоҷикистон дидан накардаам ва ба таври дақиқ дар бораи ин ҷумҳурӣ сӯҳбат карда наметавонам. Аммо омили куллӣ ин аст, ки Тоҷикстон ҳам мисли баъзе кишварҳои дигар на диктатураи мутлақ асту на кишваре, ки мардуми он ба матбуоти озоду иттилоъ дастрасии комил дошта бошад, вале бо васфи ин ҳол ҳатто дар ИМА, ки худи ман аз он ҷо ҳастам ва матбуоти озод дорад, на ҳама вақт матбуот ба қадри кофӣ ҳирфаӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар мо кӯшиш мекунем, ҳама вақт манбаи маълумоти воқеиву дуруст бошем. Ва агар дар ин кор муваффақ бошем, метавонем ҳамчун намунае барои матбуоти ин кишварҳо ва аз ҷумла Тоҷикистон хидмат намоем, то тавонем нишон диҳем, ки дар ин кишварҳо расонаҳо бо ин роҳ имкони рушду пешрафт доранд.

ҲУКУМАТҲОРО ТАҒЙИР ДОДАН ВАЗИФАИ МО НЕСТ

- Ба хотири муталеъ сохтани Шумо мехоҳам таъкид кунам, ки мо ва ин расонаҳо, ки ба додгоҳ кашонида шудаанд, фақат аз рӯйи далелҳои мавҷуд ва ҷой доштани фасод дар ин ниҳодҳо матлаб нашр кардаем. Ва танҳо ҷуброне, ки вазорати кишоварзӣ барои нашри ҳамин матлаб, ки дар бораи ҷой доштани фасод дар ин ниҳод дар нашрияи «Миллат» интишор шудааст, 230 ҳазор доллари ИМА талаб мекунад.

Ва биёем сари расонаи Шумо, ки боз ҳам дар кишварҳои минтақа ва хоса Тоҷикистон бархе ҳанӯз бар ин бовар ҳастанд, ки гӯё родиюи «Озодӣ» мехоҳад, ҳукуматҳоро тағйир бидиҳад ва ба ҷойи онҳо ҳукуматҳои проамрикоӣ ва амрикогароро рӯйи кор биёварад. Зеро эҷоди мушкил дар кори хабарнигорони шумо дар ин кишварҳо то ҷое гӯёи ин аст, масалан, дар Узбакистон ва Туркманистон фаъолият надоред? Посухи Шумо дар робита ба ин гумон чист?

- Албатта тағйири ҳукуматҳо вазифаи мо нест. Воқеият ин аст, ки ҳарчанд ҳукумат худкома бошад, мисли ҳамон Туркманистону Узбакистон, ки шумо ёд кардед, на танҳо аз мо, балки ҳамчунон аз расонаҳои мустақили дигар, ки ба таври озод хабару иттилоъ пахш мекунанд, аз онҳо низ ба унвони хатар ба мавҷудияти ин ҳукуматҳо ёд мекунанд. Ҷолиб аст, ки дар ин мавридҳо бархӯрди манфӣ на фақат бо Родиюи Озодиву расонаҳои дигар, балки бо созмонҳои ғайридавлатӣ низ муносибат ҳамин гуна аст.

МО БА ХОТИРИ МАНФИАТИ МОЛӢ КОР НАМЕКУНЕМ

- Шумо мегӯед, расонаи Шумо хабарист, агар ин родию соф хабарӣ бошад, пас чаро тиҷорӣ нест?

- Родиюи мо аз тарафи Конгресси ИМА таъмини молӣ мешавад ва манбаи молии мо андозе мебошад, ки мардуми Амрико месупорад. Ваколате, ки мо аз Конгресси ИМА дорем, ин аст, ки мо набояд муассисаи тиҷоратӣ бошем, ки ба хотири манфиати молӣ кор мекунад. Мо як миссия дорем, ки он ҳам тақдими хабару маъулмот ва баҳси профессионалӣ ва барқарории ҳокимияти қонун ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтироми ҳуқуқи башар мебошад. Мо метавонем дар бораи сиёсат хабар бидиҳем, дар бораи варзиш хабар бидиҳем, масоили иқтисодиву иҷтимоиро фаро гирем, вале дар ниҳоят вазифаи мо кумак ба ҳокимияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҳтироми ҳуқуқи башар аст.

«ОЗОДӢ» ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ШУМО!

- Шунидани родию дар мавҷи кутоҳ фикр намекунед, ки замонаш тамом шудааст ва бояд нируятонро барои Интернет ва телевизион сарф кунед?

- Бале, мо ба ҳамин самт ҳаракат мекунем. Воқеият ин аст, ки бозор ва воқеияти ҳар кишвар аз ҳам фарқ мекунад. Мо ҳам дар интернет ҳастем, ҳам дар родию ҳастем, ҳам дорои хадамоти тавзеаи СМС ба воситаи телефонҳои мобайл мебошем, ҳам саъй дорем телевизиюн таъсис кунем. Он ба кишвари мавриди пахш бастагӣ дорад. Баъзе кишварҳо родиюро дӯст доранд, дар кишварҳои дигар мардум ба интернет таваҷҷуҳ доранд. Масалан дар Ирон блогнависиву интернет хеле маҳбуб мебошад. Хуллас, мо дар ҳамаи самтҳо кушиш дорем ва сол то сол фаъолияти мо тавсеа меёбад.

- Дар Тоҷикистон ба таври худҷӯш расонаҳо ба истиқболи расонаи Шумо мераванд ва аз хабару матолиби родиюи Шумо фаровон истифода мекунанд, аммо родиюи Шумо, ки наметавонад ба FM дастрасӣ пайдо кунад, чаро ба истиқболи ин расонаҳо намеравад ва аз ҳамкорӣ бо онҳо кор намегирад, масалан, ҳамкорӣ дар шакли ба иҷора гирифтани мавҷи родиюе?

- Дар ҳар кишваре, ки мо ҳузур дорем, кӯшиш мекунем бо ҳадди аксари расонаҳо ҳамкорӣ дошта бошем. Ман бояд бо ҳамкоронамон дар бахши тоҷикӣ сӯҳбат бикунам, ки бо ҳифзи истиқлоламон дар хабаррасонӣ ва бо ҳифзи ҳувиятамон бо кадом расонаҳо имкони ҳамкорӣ дорем.

АМРИКО «ИШКАМБАИ ЗИЁДАТӢ» НАДОРАД

- Гуфта мешавад, ки Амрико аз мубориза барои густариши демукросӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳсоси хастагӣ мекунад ва ё онро як зӯри беҳуда мешуморад. Маҳз ҳамин аст, ки рӯйи демукросӣ дар ин кишварҳо таваҷҷуҳ камтар шудааст, ба хусус ин баҳо аз рӯйи барномаҳои родиюи шумо ҳам гузошта мешавад, ки шояд эҳсос мешавад, камтар рӯйи ин кишварҳо таваҷҷуҳ шудааст? Ва ҳам ин ки Боқиеви сарнагуншуда иддаъо дорад, ки Русия дар табаддулоти давлаташ нақш дорад, шояд далели ақибнишинии Амрикост. Оё дарвоқеъ кишварҳои Осиёи Марказӣ «ишкамбаи зиёдатӣ» барои барномаи демократисозии Амрико ҳастанд?

- Ман чунин иттилоъ надорам, ки эҳсоси ниёзи Амрико ба Осиёи Марказӣ аз даст рафта ва ё коҳиш ёфтааст. Шумо дар назар дошта бошед, ки дар Амрико як ҳукумати нав сари қудрат аст. Он тақрибан як солу се моҳ инҷониб фаъол мебошад. Дар айни ҳол фаромӯш накунед, ки Амрико бо мушкилоти зиёди байналмилаливу дохилӣ рӯ ба рӯст; ислоҳоти низоми бимаи беҳдошт, бекорӣ. Аз мушкилиҳои байналмилалӣ баҳсу мушкили барномаи ҳастаии Иронро зикр кунам кофист. Фикр мекунам, ин масъалаҳо авлавияти бештар доранд. Ҳоло зуд аст бигӯем, ки ИМА ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи камтар дорад. Ба фикри ман Амрико ҳадди ақал бо се далел таваҷҷуҳ ба минтақаро бояд аз даст надиҳад. Аввалан, аз назари эҳтироми ҳуқуқи башар ва мардуми худ ҳаққи интихоб, кишварҳои минтақа худкома ҳастанд. Дуюм, минтақаи Осиёи Марказӣ аз нуқтаи назари ҷой ва захираҳои табиӣ хеле муҳим аст. Сеюм ин, ки дар Осиёи Марказӣ заминаи потентсиалии рушди ҷумбишҳои ифротгарои исломӣ вуҷуд дорад. Хуллас, аз ҳар нуқтаи назар гиред, минтақа барои Амрико муҳим аст.

МО ДӮСТИ РАСОНАҲОИ ТОҶИКЕМ

- Ташаккур, ки фурсатеро барои мусоҳиба дар ихтиёри мо гузоштед ва дар поёни ин сӯҳбат мехоҳам таъкид кунам, мо ки дар минтақа кор мекунем ва аз рӯйи он таҷрибае, ки ҳосил шудааст, вазъи минтақа тайи ин солҳо тағйир кардааст ва мардум дигар аз шиор хаста шудааст ва мехоҳад ҳама ашё бо исми худаш ном бурда шавад. Мо сӯҳбатҳое ҳам бо ниҳодҳои амрикоӣ дар мавриди ин бӯҳроне, ки ба сари нашрияҳои тоҷик омадааст, доштем. Вале хуб мешавад, агар ин ниҳодҳо бештар ба раванди демукросӣ ва озодии баён мусоидат бикунанд, то битавонем он озодиеро, ки то имрӯз мо ба даст овардаем, аз даст надиҳем.

- Ман аз шумо барои ин мусоҳиба ташаккур мекунам. Ман мутаассифона наметавонам аз номи ҳамаи расонаҳои амрикоӣ сӯҳбат бикунам, вале метавонам бигӯям, ки мо ба унвони Радиои Озодӣ дӯсти шумо ва расонаҳои Тоҷикистон боқӣ хоҳем монд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97