АЗ ФАРМОНИ №69 ТО ФАРМОНИ №69 ЧӢ БОЯД КАРД?

Мусоҳиба 14.01.2010 13:10

Даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритус - пули болои дарёи Кофарниҳон ва калидчаи сеҳрноки Холмурод Раҳмонов. Рӯзе, ки мо озими ҳукумати ноҳияи Шаҳритус шудем, раиси ноҳия дар офтобаки саҳни ҳавлии ҳукумат бо боғбон саргарми сӯҳбат буд. Аз театри наздиктарини маркази ноҳия садои радио ба гӯш мерасид. Баъди аҳволпурсӣ мақсад аз омадани худро изҳор кардем. Раиси ноҳия низ вақти гузаронидани сӯҳбатро ба ихтиёри мо гузошт. Сӯҳбати мо дар сақни ҳавлии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус аз саволи ҷамъбасти сол оғоз шуд:

Холмурод Зардович! Соле, ки сипарӣ мешавад барои мардуми Шаҳритус чӣ гуна соле буд?

Соли 2009 барои мардуми шарифи ноҳияи Шаҳритус соли пурбаракат соли пур аз комёбиҳо буд. Сокинони ноҳия дар қатори дигар мардумони Тоҷикистон аз таҷлили ҷашнҳои бузурги кишвар руҳу илҳоми тоза гирифта, дар рушди иқтисодӣ - иҷтимоии ноҳия дастовардҳои назаррасро соҳиб шуданд. Соли 2009-ум барои шаҳритусиҳо соли бобаракат омад. Мардум, ки аз ғалладонагиҳо ҳосили хуб ба даст оварда буданд, бо дастури роҳбари давлат ғизои 2-3 солаашонро захира намуданд.

Оё он шӯру ҳавас ва иродаи умум, ки бо шарофати он мардуми Шаҳритус даҳҳо иншоотҳои муҳимми иҷтимоиро тариқи ҳашар бунёд карданд, то ҳанӯз побарҷост?

Мардуми Шаҳритус тариқи ҳашар ва расонидани кӯмакҳои молию моддӣ дар се соли охир барои фарзандони хеш 15 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ба истифода доданд. Ҳамчунин дар доираи сиёсати иҷтимоии кишвар барои ҳифзи саломатии хеш 20 бунгоҳи тиббӣ, 2 беморхонаҳои маҳаллиро бо неруи хеш сохта, ба истифода доданд. Бо ҳамин минвол якчанд нуқтаҳои фарҳангӣ ва биноҳои коммуналӣ таъмиру барқарор карда шудаанд. Шоҳроҳи байни ноҳияҳои Н.Хусрав ва Шаҳритус, роҳи мошингарди деҳаи Фахрободи ноҳия тариқи ҳашар таъмир карда шуд.

Воқеан он лаҳзаҳои се соли ободонӣ дар корҳои ҳашари ноҳия бисёр фаромӯшношуданӣ буд. Ҳашар як хусусияти наҷиб дорад, ки ҳатто баъзан масофа байни роҳбару мехнаткашони одиро аз байн мебарад. Ман бештар дар вақти корҳои ҳашар филми "Одам пӯсташро иваз мекунад"-ро ба хотир меовардам. Ва қаблан орзу ҳам доштам, ки боре дар чунин корҳои ҳамҷоягӣ иштирок намоям. Чунин корҳои ҳашарро дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ташкил кардан мумкин аст. Фақат барои ин бояд аввал намояндаи Президент-раиси ноҳия белу каланд ба даст гирад, баъд маълум мешавад, ки мардум чигуна бо як рӯҳияи баланд, ба кор ҷалб мешаванд. Ба кори музднок не кори ройгон.

Бале ҳоло барои ноҳияро ноҳия кардан, шароитҳои иҷтимоии мардумро беҳ намуда, ба мардум зиндагии шоистаро таъмин намудан кори бисёреро анҷом додан лозим аст. Ҳоло мо дар он марҳилаи ободонӣ қарор дорем, ки вазъи таълимро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бехтар намуда истодаем. Ин пеш аз ҳама муҳим аст. Боиси хушнудист, ки одатан баъди ба анҷом расидани корҳои ободонӣ дар ин ё он иншоот вақте бо мардуми ҳамон деҳа вомехурӣ мардум аз ҳамон рӯзҳои ободонӣ бо эҳсоси баланд нақл карда, бобати обод намудани дигар иншоотҳо пешниҳодҳо низ мекунанд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардум хоҳишу иродаи обод намудани иншоотҳои гуногуни хизматрасониро барои худ ва наслҳои ояндаашон доранд.

Дар ҳоле, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ амалишавии бештар аз пружаҳои маҳаллиро ба таъвиқ гузошта, ҳамзамон имрӯзҳо маблағгузорӣ ба НОБ "Роғун" хусусияти умумихалқӣ мегирад, давоми корхои ободонӣ дар ноҳияи Шумо дар кадом ҳол аст?

Алъон дар ҳудуди ноҳия бунёди се мактаби таҳсилоти ҳамагониро тариқи ҳашар бунёд карданӣ ҳастем. Айни ҳол лоиҳаҳои сохтмони ин мактабҳо мавриди омӯзишу таҳияи сармеъмори ноҳия карор дорад. Насибу рӯзӣ бошад соли 2010 мо ин се мактабро бунёд намуда, беш аз 2000 хонандаро бо синфхонаҳо ва мизу курсиҳои озода таъмин хоҳем кард.

Қобили зикр аст, ки имсол дар бозори "Инъом" зиёда аз 1300 дӯкону нуқтаҳои тиҷоратии нав кушода шуд. Ҳамчунин дар рӯзҳои наздик қисмати дуюми бозор ба истифода дода мешавад, ки 900 нафар соҳибкорону тоҷирон бо мағозаю дӯконҳои тиҷоратӣ таъмин мешаванд. Дар умум имрӯз мардумро дилаш ба зиндагӣ гарм аст. Бо ин суханон ман гуфтаниам, ки дар дастовардҳои ноҳия дар мадди аввал худи мардум нақши муҳим доранд. Калиди ҳамаи муваффақиятҳо дар пешрафти ҷомеа ин ба дили халқ роҳ ёфтан аст.

Имрӯз мавзӯи аввали рӯз расонидани кӯмакҳои моддӣ ба Роғун ва харидории саҳмияҳои ин пружаи умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Мардуми шаҳритусӣ, ки дар корҳои ҳашар намунаи ибрати дигарон ба ҳисоб рафтаанд, дар ин маъракаи умумимиллӣ чигуна саҳмгузорӣ хоҳанд кард?

Ман дар хамаи вохӯриҳои хеш бо тамоми қишрҳои гуногуни ҷамъияти ноҳия мӯҳтавои суханҳои Президентро мерасонам, чун ин яке аз вазифаҳои ман дар мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин мардуми ноҳия аз суханронии сарвари мамлакат оид ба он, ки саҳмиягузорӣ ба НОБ "Роғун" маҷбурӣ нест, хулосаи худро баровардаанд. Имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар дарк мекунад, ки бе неруи барқ мо чи мушкилиҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дорем. Мардуми ноҳияи мо ҳам мисли милионҳо нафар точикистониён ҳис кардаанд, ки акнун вақти нангу номус омадааст. Хар шаҳрванд ба миқдори як сомонӣ аст, сад ва ё ҳазор сомонӣ хаст, саҳми худро барои Роғун гузошта истодаанд.

Чанде пеш аҳолии ноҳия дар ҳамбастагӣ ба ҳукумат мактубҳои шодбошӣ фиристода, иброз намудаанд, ки ҳам ба Роғун кӯмаки молӣ мерасонанд ва ҳам саҳмияҳои онро харидорӣ мекунанд. Чанде пеш 100 нафар ҷавонмардони ноҳия бо як мактуби алоҳида муроҷиат карда пешниҳод кардаанд, ки омодаанд муддати 1 моҳ рафта дар корҳои сохтмонии неругоҳ ройгон кӯмак расонанд. Бубинед агар аз хар навоҳии кишвар чунин хоҳишмандон пайдо шуда, чунин саҳмгузориҳо кунанд, дар Роғун хеле корҳо пеш мераванд.

Замоне Шумо аз ҳолати иншоотҳои таърихӣ-фарҳангии ноҳия изҳори ташвиш намуда будед, ки баъди таҷдиди хоҷаги ҳои калон ин мавзеъҳои фарҳанги ба дасти онхое афтодааст, ки моҳияти фарҳангии онро дарк намекунанд. Оё барои ба мувозинати идораи Фарҳанг гузаронидани он ягон тасмиме рӯйи даст гирифтаед?

Ёдгориҳои таърихие, ки ҳанӯз дар вақти таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ ба ихтиёри шахсони алоҳида гузашта буд, мо онҳоро аз нав баргардонида гирифта истодаем. Чунин мавзеъҳои таърихӣ, ки шумораи онҳо дар ҳудуди ноҳия ба 11 адад мерасад бояд дар мувозинати шӯъбаи фарҳанги ноҳия бимонанд. Охир миллату фарҳанги моро пеш аз ҳама ба пеш аз ҳама бо ҳамин ёдгориҳои таърихиамон мешиносанд. Ёдгориҳои таърихии ноҳия гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Шаҳритус ноҳияи бисёр қадима ва мардумони дорои санъату фарҳанги оламшумул будаанд.

Баъзе аз нафароне, ки дар мақомотҳои зертобеи ҳукумати ноҳияи Шаҳритус кору фаъолият доранд, зимни муҳокимаи дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия, нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯянд, ки Холмурод Зардович дар тобеъон (зердастон) ҳисси масъулиятшиносиро бедор мекунад. Хуб мешуд аз усулҳои рохбарӣ ва муоносибати хеш бо масъулини соҳаҳои гуногуни ноҳия ва мардуми одӣ сухан мегуфтед.

Мардуми шарифи Шаҳритус чи хеле, ки аз қадимулайём меҳнатдӯсту ободкор буданд, имрӯз хам бо меҳнати ҳалолу обилаи даст ризқу рӯзии хешро меёбанд. Дар ҳақиқат рӯзе нест, ки ин ё он шаҳрванд барои ҳалли масъалаҳои хоҷагидорӣ, таъсиси он ё он коргоҳи хурд ва ё таъсиси ягон шакли хоҷагидорӣ ба ҳукумат муроҷиат накунанд. Аммо ҳамин сол боре нашудааст, ки ягон нафар аз сокинони ноҳия бинобар мушкили рӯзгор ба дари ҳукумат барои шикоят омада бошад.

Муҳимтарин коре, ки то имрӯз бо иродаи худи мардум амалӣ шудааст, ин тақсимоти саҳмияҳои замин мебошад. Медонед, ман дар шахсияти ин мардум инсонҳои худшиносу бисёр шуҷоъро мебинам, ки дар баробари роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ андешаи худро озодона баён мекунанд.

Ҳукуматдорон бояд пеш аз ҳама дар назди мардум сар хам карданро ёд гиранд. Ҷамъият вақте пеш меравад, ки коргари ҳукумат онро эътироф кунад, ки шаҳрванди одӣ аз масъулини ҳукумат дида ҳуқукҳои болотаре дорад. Ростӣ, мардуми Шаҳритус ҳамчунон, ки дар боло гуфтем, озодагонанд. Баъдан мардуми одӣ маро бештар дар даруни замин пайдо мекунанд. Ин ба ҳама маълум аст, ки сӯҳбатҳои самимӣ бо меҳнаткашони одии деҳот ба ҳарду ҷониб таассуроти хуб бахшида, ҳисси масъулиятшиносии ҳам роҳбар ва ҳам шаҳрванди одиро зиёд мекунад. Агар масъулини ноҳия моҳе як маротиба вақт ёфта, то дар дурдасттарин деҳоти ноҳия бо мардум вохӯранд, гумон мекунам бештари масъалаҳои иҷтимоии халқро дар ҳамин вохӯриҳо ҳаллу фасл мекунанд.

Лаҳзае худро як шахрванди одӣ тасаввур карда, ба як суол чавоб диҳед. Роҳбар бояд чӣ гуна бошад?

Барои чи дар гузашта эшону домуллоҳои маъруфи мо дуо мехонданд, одами девона шифо меёфт. Бобои Сорбонҷон, бобои махсуми Санги Кулула, бобои Эшони Абдурраҳмонҷон, бобои Шайхи Элокӣ. Зеро онҳо новобаста ба бузургии хеш юғу сипор доштанд, гандумашро худаш мекӯфту кампиракаш гандумашонро тоза мекард. Худашон осиёб мебурданду орд карда меоварданд. Бо меҳнати дасти худ нон мехӯрданд, луқмаашон ҳалолу нафасашон тоза буд.

Агар имрӯз барои кори як нафарро буд кардан, пулашро гирифтам, ин хабар ба сад нафар мерасад. Роҳбаре, ки сидқан кор кунаду тоза бошад, дар баробари мардум белу каланд, гирифта кор кунад, дар баробарашон замбар бардорад, ҳисси меҳнатдӯстии шавқи мардум дар корҳои ободонӣ даҳчанд зиёд мешавад. Ва боварии мардум нисбати роҳбар бузургтарин шараф аст.

Ман ҳам бештар вақт дар як андеша ҳастам. Рӯзе расид, ки бо фармони №69 Президент аз кор озодам кард, вақти аз ноҳия баромадан, болои пули дарёи даромадгоҳи Шаҳритус як лаҳза меистаму ба худ савол медиҳам: Раҳмонов тӯли роҳбарии худ дар ин ноҳия чӣ кор кардӣ? Дар ҳамон лаҳза агар худам ба худам лаънат нахонам, ҳамин барои ман давлат аст. Пӯшида нест, ки ҳар нафаре вақти аз вазифа рафтан ин суолро барои худ медиҳад. Аслан ин суолро бояд дар рӯзи аввали ба кор омадан мо ба худ диҳем, ки дар мӯҳлате ки ихтиёр дорем, бояд аз худ чӣ боқӣ гузорем. Баъдан барои амалӣ шудани корхои хайр роҳбар бояд нафс надошта бошад, роҳбар бояд ҳамеша дар қатори мардум бошад. Роҳбаре, ки дар шодию хурсандии мардум шарик шуда, сари ҳамон дастархони одӣ бо мардум, ки нишаст аз даруни мардум ҳамаи камбудию норасоии роҳбарии худро кашф мекунад. Халқ сухани худро пинҳон намедорад, ба хусус вақте бо онхо озодона сӯҳбат кунӣ. Халқ як неруе ҳаст, ки на чашмашро пӯшида метавонӣ на даҳонашро баста. Боварии мардумро, ки сазовор шудӣ халқ камбудии зердастонатро низ ошкоро ифшо хоҳад кард. Халифаҳои Рошидин мисли Умари Хаттоб, ки замоне аз се як ҳиссаи дунёро роҳбарӣ мекард, рӯз подшоҳ буд, шаб ки мешуд, либоси дарвеши пӯшида ба шаҳру деҳот мебаромад, ва дар сӯҳбат бо мардуми одди ҳақиқатро медид.

Дар як ҷаласаи васеи ҳукумати Ҷумхурии Точикистон Президент зимни муҳокимаи натиҷаҳои иқтисодӣ иҷтиомии нохияи Шаҳритус ҳамту ба раиси вилоят гуфта буд. Ғайбулло Саидович, бубинед кадом ноҳия ба ҳамин гуна роҳбарони ташаббускор ниёз дорад, ӯро (яъне Шуморо) ба ҳамон ноҳия баред, обод кунад, ҷавон аст, оянда дорад. Агар дар ҷаласаи ҷамъбастии имсола ихтиёрро ба худи Шумо диҳанд, барои раисӣ кадом аз ноҳияҳоро интихоб мекардед, ё алъон дар ноҳияи Шаҳритус иқдомҳои дигаре доред, ки будани шахси шумо ҳатмист?

Агар маро ба як ноҳияи дурдасттарини кишвар ҳам ба кор фиристанд розиам, ки дар пой мӯзаи резинию дар сар як шапкаи гӯшҳояш кашол пӯшида, дар дилхоҳ минтақаи аз ҷиҳати иктисодӣ-иҷтимоӣ қафомонда корро аз нул оғоз кунам. Бо мардум дилҷӯйи кунаму дар якчоягӣ ягон гӯшаи диёрро обод кунем. Алъон фикр мекунам, он ҳама корхои ободоние, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав кардаем, фикр мекунам, дар ноҳияи Шаҳритус ба сомон нарасонидаам.

Холмурод Зардович барои чунин як сӯҳбати озод ба Шумо изҳори сипос намуда, дар зиндагии оянда ба Шумо ва кулли мардуми шарифи Шаҳритус муваффақиятҳои беназир таманно дорем.

Ба Шумо ва коллективи эҷодии хафтаномаи "Миллат", ки ба кору зиндагии мехнаткашони нохияи Шаҳритус таваҷҷуҳ кардаед, сипозгузорем.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97