Муҳаммадалии ҲАЙИТ: МАН ОЗУРДА НЕСТАМ, МУБОРИЗАРО ИДОМА МЕДИҲАМ

Мусоҳиба 28.12.2009 14:30

(Мусоҳибаи ихтисосии "Миллат" бо Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон)

- Дар рӯйхати ҳизбӣ барои довталабӣ дар порлумон набудани исми шумо боиси ҳаргуна сару садо дар миёни ҷомеа шудааст. Бархе инро ҳатто пайдо шудани шикоф дар сафи ?НИТ унвон кардаанд. Оё ин нишони ақибнишинии ҲНИТ аз принтсипҳояш ҳаст ё нишони хастагии шахси Муҳаммадалии Ҳаит?

- Номи банда дар рӯйхати ҳизбӣ вуҷуд дошт, аммо худи ман тасмим гирифтам ва аз бародари гиромӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб хоҳиш кардам, ки номи маро аз ин рӯйхат сарфи назар кунанд. Зеро қаблан мушкилоти зиёде доштем, талошҳои мо барои пазируфта шудан дар порлумон бенатиҷа анҷом ёфт. Муддати як сол аз даргоҳҳои додхоҳии кишвар адл хостем, вале аз марҷаҳои зиёде мешунидем, ки бо дастури фалонӣ бояд ба ҳеч ваҷҳ Муҳаммадалии Ҳайит дар маҷлис роҳ наёбад. Аз ин рӯ, исми банда, ки дар рӯйхати кунунӣ ҳам ҷой дошт, бо хоҳиши ман аз он бардошта шуд. Ман аз мубориза хаста нашудаам, аммо набудани исми ман дар ин рӯйхат бисёр муҳим буд. Ин ҷо боло гузоштани манфиати ҳизбӣ аз манфиати шахсӣ зарур буд ва ман чунин кардам.

-Агар махфӣ нест, дар феҳрист номи шумо дар радифи чанд меистод, шояд барои тартиби ҷой додани исматон ин тасмимро гирифтед, ки набошед беҳтар аст?

- Ин муҳим нест, муҳим он аст, ки исми ман дар ин рӯйхат ҷо дошт. Ва ин ҷо ҳеч гуна ранҷиши хотир нест. Танҳо ман аз рӯйи ормони ҳизбӣ амал кардам ва шахсан номамро канор гузоштам.

- Бо канор гузоштани исматон аз рӯйхати ҳизбӣ шумо тасмим гирифтед, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ ширкат наварзед?

- Не, чаро, ман ҳатман дар ҳавзаи инфиродӣ барои ворид шудан ба порлумон талош хоҳам кард. Иншооллоҳ, рӯзи 31 декабр дар Ҳавзаи интихоботӣ маҷлис доир мешавад, ва боз ҳам Муҳаммадалии Ҳайит дар Ҳавзаи интихоботии МН МОҶТ Рӯдакӣ 9 номзад ба вакилии порлумон хоҳад шуд.

- Ин ҳамон ҳавзаи интихоботиест, ки қаблан ҳам Шумо он ҷо номзад будед?!

- Бале, ин ҳамон ҳавзаест, ки дар интихоботи гузашта ман 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардам ва аз ин раъй танҳо 14 дарсадашро ба таври расмӣ барои ман доданд.

- Бархе бар онанд, ки ҲНИТ раъйи мардум ва шахсияти Муҳаммадалии Ҳайитро дар порлумони ахир қурбон кардааст ва чаро дар чанд соли пеш вақте домулло Ҳимматзода дигар наметавонист дар ҳеч иҷлосияи МН ҳузур пайдо кунад, шумо вориди порлумон нашудед?

- Аслан ин ҷо касе қурбонӣ нест. Домулло Ҳимматзода барои истеъфо аз Маҷлиси намояндагон 5 ариза навишта аст, аммо ҳар бор ин идаъо рад мешуд. То он даме, ки Домулло Ҳимматзода бо нишони эътироз аз Маҷлиси намояндагон рафт ва барояш танҳо замоне муяссар шуд то Маҷлисро тарк кунад, ки масъала матбуотӣ шуд ва дигар ноилоҷ истеъфои ӯ пазируфта шуд. Ва баъдаш ҳам шумо шоҳид ҳастед, ки бо ҳар роҳе монеъи ворид шудани нафари баъдӣ аз рӯйхати ҳизбӣ ба порлумон шуданд.

- Вале чаро шумо фикр мекунед, ки маҳз ҳузур наёфтани Муҳаммадалии Ҳайит ба порлумон барои мақомот ё афроде аз ин сутуҳ бисёр муҳим аст ва бо ҳар роҳе мехоҳанд барои ворид шудани шахси Шумо сад эҷод кунанд?

- Собиқаи фаъолияти ман дар сангари муборизот шояд барои афроде писанд нест. Ман фаъолияти сиёсии худро аз даҳаи 90-и асри гузашта шурӯъ кардаам, фаъолияти ман дар Баҳманмоҳи 1990, ҳиҷрат, кор дар артиши ИНОТ ва КОМ эҳтимол дорад, боиси нигаронии ин афрод аст. Боз ҳам шояд истодагарӣ ва пофишории ман дар баёни андешаам, барои онҳо мавриди қабул нест.

- Фикр намекунед, ки миёни андешаи растохезии шумо бо ҳамсафҳои кунуниатон фосила хеле зиёд аст? Ва чаро "Растохез"-ро раҳо кардед?

- Аз банди дуввуми суолатон посухро шурӯъ мекунам, мо "Растохез"-ро раҳо накардем, балки "Растохез" натавонист аз манофеъ ва ормонҳои худ дифоъ кунад. Ҳанӯз моҳи марти соли 1992 бо сар задани ихтилофи назар бо гурӯҳе аз аъзои ин созмон бо роҳбарии Шарофиддин Имомов ва бархеи дигар аз аъзои ин созмон ман сафи "Растохез"-ро бо нишони эътироз тарк кардам. Мутаассифона дар авҷи муборизаҳо "Растохез" натавонист худро ҳимоят кунад, хеле аз аъзои ин созмон ба ормонҳои он хиёнат карданд, мисли Халифабобо Ҳомидов, ки манофеъи созмонро қурбони вазифа карданд.

Баъдан ман бо Ҳаракати исломӣ пайвастам. Андешаи ман дар муборизот ҳамроҳи ҳамсафони исломиам камол ёфт, ман ҳамроҳи онҳо рӯстам; ҳиҷрат, кор дар радиои Садои Афғонистон, фаъолият дар амри татбиқи созишномаи Хустдеҳ ва ҳ… дар камолоти ман бештар таъсиргузор буд. Андешаи ман андешаи исломист ва ман бо ин андеша содиқам. Дуруст аст, ки андешаҳои ормонгароии растохезии ман, аз қабили миллигароиам ва истодагарӣ дар ин андеша маро тарк нагуфтаанд ва шояд ба ин хотир аст, ки миёни андешаи банда бо дигарон фарқ ё фосила мегузоранд. Аммо ман як муборизи сиёсии мусаллаҳ бо андешаҳои миллӣ ва исломӣ ҳастам, ки дар роҳи расидан ба ин аҳдоф эҳсоси роҳатӣ мекунам, на хастагӣ.

- Ва суоли ахир дар мавриди интихоботи кунунӣ аст, интихоб ва истифода аз ранги обӣ дар маъракаи таблиғотии ҲНИТ ба чӣ маъност, дар ҳоле ки миёни ҷомеа ҲНИТ бо ранги сабз бештар шинохта шудааст, ё шояд сарфи назар кардан аз ранги сабз ба хотири паёмадҳои "Инқилоби сабз"-и Ирон аст?

- На, ин ҳеч рабте ба Инқилоби сабзу сурх ва Ирон надорад. Дар Ислом рангҳои гуногуне ҳаст ва гоҳе ҳам аз ранги сиёҳ истифода мешавад, гоҳе ҳам аз ранги сафед ва ҳатто аз ранги сурх ва аз ҳамаи рангҳо. Ранги осмонӣ нишони покӣ ва сафо аст, ин ранг бештар марбут ба баландиҳо, ки ҳаст, мо истифодаи онро барои баландпарвозиҳо зарур шумурдем. Умед дорем, ки бо ранги поку соф роҳи шаффофи интихоботи демократӣ ва мардумиро мепаймоем.

- Ташаккур. Ба Шумо дурпарвозиҳо ва беғубориҳоро ҳангоми парвозҳо таманно мекунем.

- Осмони Шумо ҳам софу беғубор бошад. Омин!

- Омин!


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97