Муҳиддин Кабирӣ: ДАР МОВАРОИ ТУНДРАВОНИ МАЗҲАБӢ ВА РЕЖИМҲОИ ХУДКОМА

Мусоҳиба 03.11.2009 14:53

Урупо аз Тоҷикистон дар баҳси об дифоъ мекунад,

агар ...интихобот шаффоф доир шавад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон ахиран бо даъвати Иттиҳодияи Урупо аз Брюсел ва Страсбург дидан ва бо мақомоти ин иттиҳодия, инчунин Шӯрои Урупо ва Комисиюни урупоӣ дидору мулоқот кард. Аммо қабл аз он, мегӯяд ӯ, як сафари ба истилоҳ илмие дошта ва дар ду донишгоҳи Ландан; донишгоҳи Оксфорд ва Егзетер ва Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалии Бритониё сӯҳбат ва суханронӣ кардааст.

Гуфтаҳо, дидаҳо ва бардоштҳои Муҳиддин Кабирӣ аз сафари Урупо дар сӯҳбате бо Раҳматкарими Давлат

МУЛОҚОТҲОИ МУҲИМИ ЛАНДАН

-Мусоҳибаҳои мутаадиде бо расонаҳои мухталиф, аз ҷумла байналмилалӣ доштед ва гуфтед, мулоқотҳои дар Ландан, хоса дар маркази мутолеъоти байналмилалӣ анҷомшуда муҳим ва муфид буд, чаро, чӣ нуктаи муҳимро эҳсос кардед, муҳим барои кӣ буд?

-Вақте ки як муассисаи мӯътабари байналмилалӣ, мисли Пажӯҳишгоҳи равобити байнамилалии Бритониё нишастеро дар мавриди "имрӯз ва фардои Тоҷикистон" баргузор мекунад, ин маънои онро дорад, ки мавзӯи Тоҷикистон ва минтақаи мо барои муҳаққиқин ва сиёсатмадорони ғарбӣ аҳамият ва авлавият пайдо кардааст. Ҷолиб ин аст, ки дар он нишаст намояндагони аксари кишварҳои урупоӣ, марказҳои мутолеъотӣ, расонаҳои ғарбӣ ва масъулини давлатии Бритониё ширкат доштанд. Намояндагони Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон низ ширкат карданд.

-Намояндаи сафорати Тоҷикистон низ буд?

-Шояд ба сабаби камбуди персонал ё ҳайати кории сафорат ва ё ба далели машғулиятҳо, мутаассифона, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар ин нишасти муҳим ширкат надошт. Аммо намояндаи сафоратамон дар Ландан дар нишасти Оксфорд ҳузур дошт.

УРУПО АЗ АФҒОНИСТОН ПАС МЕГАРДАД

-Шумо гуфтед, ин нишастҳо нишони таваҷҷуҳи ғарб ба Тоҷикистон аст, албатта ҷолиб аст. Аммо Шумо ба ин нишастҳо бо чӣ барномае рафта будед? Ва таваҷҷуҳи Ғарб аз кадом ноҳия аст?

-Албатта мо низ омодагие доштем ва тақрибан медонистем, ки нуктаҳое, ки Ғарб болои онҳо таваҷҷуҳ хоҳад кард, кадом ҳаст. Чун вазъият дар Осиёи марказӣ ва Афғонистон норӯшан боқӣ мондааст ва то ба ҳол як ояндаи рӯшанеро надорад, Урупо ҳам дар фикри берун кашидани нируҳои худ аз Афғонистон аст. Чун ҳукуматҳои урупоӣ таҳти фишори интихобкунандагони худ қарор гирифтаанд. Ва ҳарчи бештар садои мардуми Урупо барои кашидани нируҳояшон аз Афғонистон баландтар мешавад

…АММО НА БА МИСЛИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ

-Ва фикр мекунед, ки ин иттифоқ хоҳад уфтод?

-Ҳатман, чун ин фазоро ман дар долонҳои тасмимгирандаи урупоӣ эҳсос кардам. Ва ман дар ин маврид ҳам фикрамро матраҳ кардам, таҳти унвони "берун рафтани дуруст"… Чун Шӯравӣ қувваҳои худро аз Афғонистон берун кашид, мушкилоти фаровонеро дар ин кишвар боқӣ гузошт ва Афғонистонро дар ихтиёри нируҳои ба ҳам зиду рақиб супурд, ки то кунун ранҷашро мекашем. Гуфтам, нашавад, ки ин иштибоҳ дубора такрор шавад ва агар Ғарб мехоҳад нируҳояшро берун бикашад, бояд онро ҳисобшуда анҷом бидиҳад, то як Афғонистони ором, босубот ва қобили пешбинӣ ва эътимодро боқӣ бигузорад.

Вале масъалаи дигар ин аст, ки барои муҳаққиқини ғарбӣ на танҳо Афғонистон, балки вазъияти кишварҳои фаросӯи Омӯ, яъне Осиёи Марказӣ (ОМ) низ, бӯҳронӣ мемонад ва мушкилоти Афғонистон метавонад ин авзоъро боз ҳам печидатар кунад. Низомҳои ОМ бештар саргарми мушкилоти рӯзмара ҳастанд. Ва ба ин далел аз бархе зуҳурот огоҳ нестанд ва ин зуҳурот бештар дар чашми муҳаққиқини ғарбӣ менамояд. Чун онҳо гурӯҳҳои бисёри таҳқиқотиро ба ОМ мефиристанд.

УРУПО МЕБИНАД, ҲУКУМАТҲО НЕ

-Хуб, онҳо чиро мебинанд, ки ҳукуматҳои мо намебинанд?

-Онҳо эҳсос карданд, ки ҷомеъаҳои мо дорад ба сӯи тундгароӣ майл мекунад. Ва ҷолиб ин аст, ки на танҳо тундгароии мазҳабӣ, балки дар миёни доираҳои дунявӣ ҳам андешаҳои тунд бештар рушд мекунад. Аксари муҳаққиқони ғарбӣ ба ҳамин назар буданд. Ва ҳамин тавр, вақте ки низомҳо наметавонанд ба ниёзҳо посух бигӯянд, ва мушкилот фаровону оянда норӯшан боқӣ мемонад, Урупо дар фикри он уфтода, ки роҳи ҳал чӣ аст.

ИНТИҚОД АЗ УРУПО

-Ва иттифоқан, чӣ роҳи ҳалеро ҷомеъаи ғарбӣ барои берун рафтан аз ин бунбаст боз ҳам мебинад, ки мо шояд набинем? Ва пешниҳоди шумо чӣ буд дар ҳалли ин масъала?

-Ва Урупо дар ин мавқеъ омад ба суроғи исломи муътадил. Аммо ман қабл аз пешниҳод аз Урупо интиқодоте доштам.

Аввал ин ки гуфтам, Урупо бо чашми баста худро гирифтори қазияи Афғонистон кард, ки бояд намекард. Аълон ҳам ки дер нашудааст, бояд дар фикри ислоҳи вазъ бошад. Ва дигар ин ки Ғарб дар маҷмӯъ ва Урупо алалхусус, дар минтақаи ОМ ду нируро то кунун шинохтаанд. Яке низомҳои ҳокими худкома дар минтақа ва дигаре нируҳои тундгарои мазҳабӣ. Ва вақте ҷомеъаи Ғарб дар баробари ду гузина ва ё интихоб қарор мегирад, дар ин миён интихобашон рӯйи низомҳои дунявӣ ва худкома қарор мегиранд, чун намунаи беҳтарини тундравон Толибон ҳастанд ва табиист, ки дар чунин сурат Ғарб низомҳои худкомаро бар Толибон тарҷеҳ медиҳад.

Ва интиқоди мо аз урупоиҳо ин буд, ки чаро дар миёни ду гузинаи баду бадтар нируҳои солими ҷомеъаҳоро намебинанд? Чи аз дунявиҳои муътадил ва чи исломиёни муътадилро. Ва вақти он расидааст, ки Урупо дар баробари ҳукуматҳои минтақа мардуми ин кишварҳоро низ шарики худ эътироф кунад. Ва ҳар пружае, ки мехоҳад амалӣ кунад, бидуни ширкати мардум ба нокомӣ дучор хоҳад шуд, ҳамон гуна ки дар Афғонистон шуд.

УРУПО ҶАНГРО БОХТ?!

-Фикр мекунед, ки Ғарб ҷангро дар Афғонистон бохтааст?

-Гуфтем, ки Урупо дар фикри берун кашидани нируҳои худ аст.

ҚАДАМИ АВВАЛИ УРУПО ВА ХАТИ ҚИРМИЗИ ҲНИТ

-Аммо то куҷо метавон бовар кард, ки Урупо мехоҳад таҷдиди назар кунад ва ё нигоҳи худро амиқтар созад, то васати ду нируи тундгаро ва худкомаро, ки гуфтед, бубинад?

-Он ки даъват карданд, ин худ қадами аввали Урупо аст. Ва он паёми урупоиҳо буд, чун мо қаблан ҳам интиқодҳое аз Урупо мекардем ва онҳо ҳам ба навъе посух доданд, ки агар ҳарфе барои гуфтан доред, мо омодаем бишунавем. Ва акнун хеле муҳим аст, ки ҷониби мо ҳам битавонад урупоиҳоро мутақоид созад, ки дар мо хатаре барои арзишҳои башарӣ ва барои мардуми минтақа нест. Ин нуқта хеле муҳим аст, вале ман намедонам то кадом андоза тавонистем таъсир бигузорем рӯи доираҳои таҳқиқотӣ ва тасмимгирандаи Урупо. Албатта мо хатҳои қирмизи худро ҳам гуфтем. Гуфтем, ки ҳар чи ҳам онҳо ном набаранд, мо масалан расмӣ кардани маводи мухаддирро дар ҷомеъа мисли он ки дар Урупо ҳаст, қабул надорем. Ё расмӣ кардани марказҳои тафреҳие, ки фисқу фуҷур ташвиқ мешавад. Бигузор Урупо инро мухолифи ҳуқуқи башар қаламдод кунад, аммо барои ҲНИТ қобили қабул нест, ин хати қирмиз аст. Аммо дар масоили умумии башарӣ ва арзишҳои инсонӣ мо мувофиқем.

ДЕМОКРАТИЯ БА ХОТИРИ АМНИЯТ

-Аммо то куҷо метавонем тағйири сиёсати Урупо дар қиболи минтақаро интизор бошем?

-Албатта Урупо ҳамсон нест, иборат аз 27 давлати мухталиф аст, ки ҳар кадоми он дар ОМ манфиати худро думбол мекунад, ба ин далел онҳо тасмимро бисёр дер мегиранд. Аммо дар бархе мавзӯҳои калидӣ ба иттифоқи назар расидаанд. Аз ҷумла ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ОМ истиқрор ва субот бидуни демократия вуҷуд намедошта бошад. Мо низ таъкид кардем, ки демократия ва мардумсолориро мо ҳам ба хотири амнияту субот мехоҳем ва демократияе, ки ҳамроҳ бо бесуботӣ ва беназмӣ бошад, барои мо лозим нест. Аз демократияи беназму субот, назму суботи бе демократия беҳтар аст.

ТАНҲО БА ХОТИРИ СУЛҲ

-Мисли он чӣ имрӯз дорем?

-Мисли имрӯз, дар шароити ҷомеъаи имрӯз шояд ҳамин муносибтар бошад. Вале мутмаъинан, баъди панҷ сол чунин усули роҳбарикунии ҷомеъа ба дард нахоҳад хӯрд. Ва мо ба сурати ошкор гуфтем, ки насли ҳафтод ҳаштодсолаҳо насли ҷангзада ҳастанд. Барои насли мо муҳим ин аст, ки тирпаронӣ набошад, зеро мо насли ҷанг ҳастем. Мо омодаи таҳаммули аз ин бештари маҳрумиятҳо ҳастем, ба шарте ки тирпарронӣ набошад, ҷанг набошад. Вале на ман ва на каси дигар чунин кафолатро барои насли баъдӣ дода наметавонад, ки онҳо дар баробари мушкилот чи гуна рафтор хоҳанд кард.

СУЛҲ БАРОИ НАСЛИ "GOOGLE" АРЗИШ НЕСТ

-Яъне сулҳ ва суботи мо барои наслҳои баъдӣ арзиш нахоҳад буд?

-На, аслан арзиш нест, ин сулҳи мо барои мо арзиш аст, барои насли баъдӣ дигар он як таърих хоҳад буд. Ин насл аз қиссаҳо ва ё китоб таърихи ҷангро медонад. Ин наслро ман насли интернет ва гугл (google) меномам. Чун инҳо аз тариқи Интернет вориди зиндагии ҳамсолони худ аз Амрико ва Урупо мешаванд ва табъан суоле, ки дар зеҳнашон халқ мешавад, ин аст, ки чаро ман чунин шароит ва зиндагии шоистае надошта бошам? Ва муомила кардан бо ин насли ҷадид барои ҳукуматҳои ОМ душвор хоҳад буд. Зеро дигар ун мо нестем, ки аз бо андешидан ба ҷангу имкони аз даст рафтани субот, худро тарс бидиҳем ва ором шавем, онҳо ниёзҳои худро доранд ва ба ниёзҳояшон посух мехоҳанд.

ФИКР БОЯД НАВ ШАВАД

-Яъне ҳукуматҳо дар андешаи нав кардани фикри худ бояд бошанд?

-Ҳатман пеш аз он ки насли ҷавон ин масъалаҳоро бигузорад, элитаи сиёсии ОМ ва хоса Тоҷикистон худро барои посух гуфтан ба ниёзҳои онҳо омода кунад. Яъне ҷавонтар аз насли ҷавон бошад, вагарна бо онҳо кор карда наметавонад.

...ВАЛЕ ОСОН НЕСТ

-Аммо фикр мекунед бо зарфият ва имконе, ки масъулини ҳукуматҳои минтақа доранд, тавони нав кардани фикри худро доранд?

-Сафари ахире, ки ба Қазоқистон доштам, эҳсос кардам, ки дар он кишвар як насли таҳсилкарда, хоса дар хориҷ ба сари кор омадааст, аз ин рӯ шояд барои ҳукумати Қазоқистон осонтар бошад. Аммо дар кишварҳои дигари ОМ усули роҳбарӣ бархоста аз ҳамон захираи зеҳнӣ ва таҷрибаи замони шӯравист, ки ҳам хубӣ дорад ва ҳам барои имрӯз бадии зиёд. Ба ҳамин хотир шояд Қазоқистон битавонад насли ҷавони худро идора кунад, аммо барои кишварҳои боқимондаи ОМ мушкил хоҳад буд.

УРУПО АЗ СИЁСАТИ ДУГОНА БОЯД ДАСТ КАШАД

-Аммо биравем боз ҳам ба Урупо, урупоиҳо дар минтақаи ОМ думболи чӣ мегарданд ва то куҷо дар муносибат ба мо садоқат доранд?

- Ман ҳам бо нируҳои рост ва ҳам чапи урупоӣ сӯҳбат доштам ва эҳсос кардам, ки ҳамаи онҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки Урупо бояд дидгоҳи худ дар минтақаи моро дигар кунад. Ва аз стандартҳои дугона дар муносибат ба мо даст бикашанд. Чун онҳо то ҳол ду стандарт доштанд. Масалан, агар дар кишварҳои Урупои шарқӣ ё Белорусия, ё худи Русия хурдтарин поймолшавии ҳуқуқи башар рух бидиҳад, Урупо эътироз мекунад. Ва ҳуқуқи башарро аз масоили тиҷорӣ ва нафту гоз боло мегузоранд. Аммо дар муносибат бо ОМ ва кишварҳои дигари исломӣ чунин нестанд. Гӯё ҳуқуқи башар барои мо чандон муҳим набошад. Пас чи гуна мардуми мусулмон ба Урупо эътимод кунад, ки урупоиҳо ва Ғарб думболи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон аст? Ман гуфтам, то шумо ин мушкили худро ҳал накунед, мардуми мусулмон ба шумо бовар нахоҳад кард. Онҳо аз мо суол мекарданд, ки агар шумо ба қудрат бирасед ва ё ҳизби шумо аксариятро ба даст биорад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро маҳдуд нахоҳед кард, аз арзишҳои демократӣ даст нахоҳед кашид? Ва ҳарчи мо посух мегӯем, ки не, ин кор нахоҳад шуд, вале ҳанӯз ҳам бовар надоранд. Аммо мо чӣ гуна ба онҳо бовар кунем, ки мебинем онҳо ҳар рӯз аз стандартҳои дугона истифода мекунанд?!

ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК СОЛ УРУПО НАМЕШАВАД, АММО…

-Фикр намекунед, ки ин ҷо боз ҳам масъала сари ҳамон гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ва низомҳои худкома меравад, ки урупоиҳо аз набудани ҳукумат ва ё ҳукуматҳои тундгарои мазҳабӣ ва бесуботӣ пуштибонӣ аз низомҳои худкомаро беҳтар медонад?

-Мо як тарҳи дигарро пешниҳод кардем, он ҳам ба тадриҷ гузаштан аз суботи муваққат ба суботи пойдор. Агар мо ҳамаи дарҳоро ба рӯи равандҳои демократӣ боз кунем ва бигӯем, ки Тоҷикистон дар тӯли як сол Урупо хоҳад шуд, ин иштибоҳ аст. Мо бояд қадам ба қадам пеш биравем ва аз ҳама асосӣ бояд мардум дар ин раванд ширкат кунанд. Агар мо эҳсос кунем, ки дар соли 2010 интихобот бисёр не, 20 дарсад назар ба интихоботи соли 2005 озодтар ва шаффофтар буд, пас мо дар роҳи дуруст пеш рафта истодаем. Аммо мутаассифона, омодагиҳо ба интихобот дар ҳадди соли 2005 ва ҳатто камтар аз он аст, ки ин ҳол моро каме нигарон кардааст. Акнун суол ин аст, ки мо метавонем суботи пойдор ва устуворро бо ин ҳол таъмин кунем ва ё боз ҳам ҳифзи суботи нисбӣ бар ивази маҳдудияти озодиҳои зеҳнӣ ва моли худу мардум аз тариқи қудрат анҷом хоҳад шуд?

УРУПО ДАР "БАҲСИ ОБӢ" МОРО

ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД, АГАР…

-Албатта то масоили интихобот хоҳем расид, аммо дар сӯҳбате, ки қаблан доштем, гуфтед, ки дар баҳси обии минтақа бархе аз мақомоти Урупо омодаанд аз Тоҷикистон дифоъ кунанд, чӣ тавр?

-Дуруст аст, Тоҷикистон дар Урупо шанс ва имиҷи хеле хуб дорад. Бардошти банда аз ҷойгоҳи Тоҷикистон дар доираҳои урупоӣ он буд, ки моро ҳамчун кишваре мешиносанд, ки ҳанӯз дар ботлоқи худкомагӣ то поён фурӯ нарафтааст. Ва ин мо ҳама бо ҳам, дӯстони мо дар хориҷ низ бояд кумак кунем, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳои худкома шинохта нашавад. Аз аксари кишварҳои ОМ обрӯ ва чеҳраи Тоҷикистон беҳтар ва софтар аст.

Дар масъалаи баҳси оби минтақа. Ман ба урупоиҳо гуфтам, ки мо дар ин баҳс, яъне обҳои минтақаӣ, сохтмони ниругоҳҳо, сиёсати хориҷӣ чӣ дар доираи ИДМ ва берун аз он, комилан ва сад дар сад бо мавзеъи ҳукумати Тоҷикистон мувофиқем. Ва инчунин аз муколамаи дину давлат, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, пуштибонӣ мекунем ва инро дар он ҷо ҳам таъкид кардем. Ман ба сароҳат гуфтам, ки мавқеъе, ки президенти Тоҷикистон дар баҳси об гирифтааст, танҳо мавқеъи президент нест, мавқеъи миллат аст, аз ҳизбҳои сиёсӣ аст ва аз ҷумла аҳзоби опозитсиюнӣ ҳам.

Аммо масоиле дорем, ки ислоҳнашуда, мушкилот вуҷуд дорад, мисли ақибнишинӣ аз бархе арзишҳои сулҳ, маҳдудияти риояи русумӣ мазҳабӣ ва ғайра, ки аз онҳо низ чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил гуфтем, ки бо масъулини ҳукуматамон розӣ нестем. Аммо ин масоилро худамон дар дохил ҳал хоҳем кард. Вале дар масоили усулӣ ва милливу давлатӣ мо дифоъ хоҳем кард, чун ин дифоъ аз як шахси президент ва ё як ҳукумат нест, ин дифоъ аз миллат, аз кишвар ва аз Ватан аст.

ШАРТИ АВВАЛА - ИНТИХОБОТИ ШАФФОФ

-Аз баҳси об дур наравем, яъне ин баҳс ва чеҳраи Тоҷикистон ва имконоташ дар оянда бар мегардад ба сурати мустақим ва ё ғайри мустақим ба интихоботи ояндаи порлумонӣ?

-Вақте гуфтам бояд кӯмак кунем, ки чеҳраи поки Тоҷикистон бояд ҳифз шавад, шарти аввалаш интихоботи шаффоф аст. Аксари доираҳо дар Урупо интизор доранд, ки бубинанд интихоботи Тоҷикистон ба чӣ меанҷомад. Воқеъан мо дар Урупо дӯстони зиёде дорем, ки мехоҳанд Тоҷикистонро кӯмак кунанд, аммо мо бояд ба онҳо кӯмак кунем, то онҳо моро кӯмак кунанд. Кӯмак кардан ба онҳо ин аст, ки ба дасти мухолифони онҳо, яъне касоне, ки ба Тоҷикистон хушбин нестанд ва дилсард ҳастанд, баҳона надиҳем. Шумо мутмаъин бошед, агар интихоботи соли 2010 ба усули соли 2005 доир шавад ва боз ҳамон рақамҳо такрор шавад, дигар Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои комилан дар ботлоқи худкомагӣ ва ғайри демократии Урупо ворид хоҳад шуд. Ва ба ин зудӣ тармими чеҳраи дубораи Тоҷикистон на ба мо ва на ба дӯстони мо дар хориҷ даст нахоҳад дод.

Як чизи дигарро ҳам бояд фаромӯш накард, ки бархе ҳамсояҳои мо, ки бо мо баҳси об низ доранд, аз ҷумла ва ба дидгоҳи хориҷиҳо чандон гӯш намедиҳанд, барои ин то ҷое замина доранд, зеро манобеъи бузурги энержӣ мисли нафту гоз доранд. Ин далели онҳост ва ба кӯмакҳои хориҷӣ ниёз надоранд, аммо Тоҷикистон дар ин ҷониб шадидан ба кӯмакҳо ва пуштибониҳои хориҷӣ ниёз дорад.

ТОҶИКИСТОН БА ДЕМОКРАТИЯ НИЁЗ ДОРАД

-Ва аз сӯи дигар ба демократия?

-Аз сӯи дигар ба демократия низ. Пас мо бояд меъёрҳои худамонро бо ченакҳои дигарон андозагирӣ накунем.

-Яъне интихоботи соли 2010 имтиҳонест барои ҳукумати Тоҷикистон?

-На танҳо барои ҳукумат, балки барои ҳамаи мо. Ман дар Урупо ҳам таъкид кардам, ки Президент ҳеҷ гоҳе қабл аз баргузории интихобот ду бор ваъдаи мусоидат ба баргузории озод ва шаффофи онро надода буд. Албатта агар ин ваъдаи президент дар қонунҳо инъикос мешуд, беҳтар буд, аммо акнун умед фақат ба инсофи масъулин боқӣ мондааст. Зеро 300 ҳазор сандуқи раъй дорем ва ҳукумати иҷроия ва президент мутобиқи қонун ҳаққи дахолат ба ин пружаро надоранд. Беҳтарин ва ягона роҳ ин аст, ки президент аз ҳамаи мақомоти маҳалӣ қатъан дархост кунад, ки ба интихобот дахолат накунанд.

УРУПО БОЯД ИСЛОҲ ШАВАД

-Ва суоли охирин роҷеъ ба Урупо. Гуфтед, ки бояд иштибоҳоти худро ислоҳ кунад, яъне ба ҷуз аз он чӣ дар робита ба Афғонистон гуфтед, боз чиро бояд ислоҳ кунад?

-Пешниҳоди дигар ба урупоиён ин аст, Осиёи Марказиро ба унвони манбаи энержӣ ва ё сӯхти эҳтиётӣ истифода накунанд. Урупо вақте ба суроғи ин минтақа омад, ки дар интиқоли газ аз Русия дучори мушкил шуд ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини алтернативи энержӣ шуд. Аммо агар ин сиёсат идома кунад, яъне ОМ чун манбаи энержӣ, мисле, ки дар гузашта манбаъи ашёи хоми Русия буд, як рӯз ин мардум ба ғазаб хоҳад омад, ки муносибати Урупо бо мо ҳамчун мол аст. Барои ин Урупо вақте вориди ин минтақа мешавад, бояд аввал ба 70 миллион сокини он биандешад, ки барои худ, арзиш, доранд, ангеза ва ниёз доранд. Ва мехоҳанд муносибат ба инҳо ҳамчун муносибат ба инсон бошад. Барои ҳамин ба ҳар лӯлае, ки газу нафти ОМ кашида нашавад, боз ҳам пайдо мешавад як тундраву ифротие, ки ин лӯларо Худое нахоста битарконад.

ДИФОЪ АЗ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

-Ва ду суол дар робита ба тасмимгириҳои оғои Кабирӣ. Албатта он чи гуфтед, ки дар кадом ҷанбаҳо аз давлат пуштибонӣ мекунед ва вазифаи ватании худро ба ҷо овардаед, дуруст аст. Аммо боз ҳам ба далели ин гуна мавзеъгириҳо чандин вақт аст, ки шумо ва ҲНИТ интиқод мешавед, ки ба як ҳизби комилан ҷонибдори ҳукумат табдил шудааст. Албатта боз айбе надорад. Вале шояд бархе аз ҷонибдоронатон аз шумо таваққӯъи дигаре доштанд ва доранд, ки опозитсиюни сахттаре бошед. Ба ҳар ҳол эҳсос мекунед, ки бархе ҷонибдоронатонро аз даст медиҳед?

-Биёед ошкортар сӯҳбат кунем, Шумо мусоҳибаи сомонаи радиои "Озоди"-ро бо ман агар дар назар дошта бошед, бале.

-Ҳамаи мавридҳоро дар маҷмӯъ дар назар дорам.

-Бале, дар ин гуфтугӯ бо хонандагон суоли зиёде омада буд ва шаст дар сади он интиқод аз мо доштанд. Моро бо номҳои мухталиф унвон мекарданд, яке фурӯхташуда, дигаре мегуфт, шумо дар сиёсатҳои иштибоҳии ҳукумат шарик ҳастед. Ва ҳатто кор то дараҷае расид, ки вазирони хориҷаи кишварҳои дигар ва сафирон маҷбур шуданд, ки ин масъаларо матраҳ кунанд, ки шумо як ҳизби опозитсиюнӣ нестед ва комилан дар тарафи ҳукумат қарор гирифтаед. Сабаб ин аст, ки мо дар бархе масъалаҳои миллӣ дифоъ аз миллату давлат кардем ва ҳатто бархе камбудиҳои ошкори ҳукуматро нодида гирифтем. Мо камбудиҳои ҳукуматро обу ранг намедиҳем, аз мавзеъ ва манфиати давлат ҳимоят мекунем ва муҳим ин нест, ҷониби мӯҳтарам ва ҳукумат ва ё каси дигар чӣ фикр мекунад. Мо масъулияти ватаниамонро иҷро мекунем.

(идома дорад)


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97