Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ҒАЙБУЛЛО АФЗАЛӢ: БИЁЕД, ДАСТ БО ДАСТИ ҲАМДИГАР ВАТАНРО БИСОЗЕМ!

Мусоҳиба 02.09.2009 14:55

Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори "Миллат"

бо раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалӣ

ЭЙ ВАТАН МЕСОЗАМАТ

Нашрияи "Миллат" бо мақсади инъикоси воқеии вазъи иқтисодӣ- иҷтимоӣ ва воқифгардонии хонандагони худ аз кору фаъолияти мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тасмим гирифтааст, ки бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳар фарди соҳибандешаи ин диёр, зери унвони "Эй Ватан месозамат" мусоҳибаҳои ихтисосӣ анҷом бидиҳад. Мо тасмим гирифтем, ки нахустин мусоҳибаро бо Ғайбулло Афзалӣ, раиси вилояти Хатлон оғоз намоем.

Ин мусоҳиба танҳо барои ҳисоботдиҳӣ ва сиёҳ кардани сафҳаи холии нашрия мунташир намешавад, балки барои ҷалби таваҷҷӯҳи мардум барои баҳс кардан атрофи мушкилоти матраҳ нашр мешавад.

Биёед, ҳамроҳ бо мо бо истифода аз ҳаққи шаҳрвандиатон ба ин мавзӯъ ҳамроҳ шавед. Мо мунтазири номаҳову дархостҳои шумо ҳастем. Биёед бо мо дар миён гузоред, ки:

- мушкили аслии ба кундӣ ҷараён доштани зиндагӣ дар чист?

- чаро агарчӣ ганҷҳоямон пурбаҳост, вале мардумонамон гадо?

- оё шумо тарҳеро

рӯйи даст доред, ки битавонад омили пешрафтагии мо бишавад, аммо ҳамаи роҳҳо барои амалӣ шудани он бастааст?

- кӯргиреҳи ҳамаи мушкилот дар

дасти кист?

- чаро мо ақиб мондаем?

Мунтазири акси садои шумо ҳастем! Биё, Ватанро худ бисоз ва бо мо бисоз!

"Миллат"

- Мӯҳтарам ҷаноби Раис! Маълум аст, ки Шумо масъулияти як вилояти пурмушкилро ба ӯҳда доред, манзурамон ин аст, ки ин минтақа як минтақаи ҷангзада буд, ки метавон гуфт, ҳама чиз пас аз сулҳ дар ин ҷо аз сифр шурӯъ шудааст. Ва шумо ҳам муддати тӯлониро барои рафъи мушкилот дар даст надоштед, яъне ҳамагӣ чанд сол мешавад, ки роҳбарии ин вилоятро ба ӯҳда доред, лутфан дар мавриди корҳои бузургтаре, ки дар ин муддат ин ҷо анҷом додаед, барои хонандаи "Миллат" каме маълумот бидиҳед?

- Баъди ҳодисаҳои маълум тавре, ки ҳамагон огоҳӣ доранд, тамоми сохторҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фалаҷ гаштаву техникаҳои хоҷагии қишлоқ ва бисёр боигариҳои дигар талаву тороҷ шудаву ба ҷумҳуриҳои дигар бурда шуданд. Ба бахти мо, тоҷикон, Худованд ба фарзанди ҷасуру оқил, сиёсатмадоре, ки имрӯз бо пешниҳоду таклифҳои оқилонааш дар арсаи ҷаҳонӣ шӯҳрат пайдо кардаву Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ дод. Ва бо ҷаҳду талошу кӯшишҳои пайгиронаи ин абармарди роҳи сиёсат мушкилиҳо паси сар шуданд. Мардуми тоҷик ба зиндагии осудаи хеш идома бахшид. Корҳои азим барои ободии ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Дар ҳудуди вилоят низ иншоотҳои азим бунёд гардиданд. Аз ҷумла, сохтмони ниругоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1, сохтмони пули Панҷи Поён, нақби Шар-Шар ва роҳҳое, ки моро бо дигар ҷумҳуриҳо мепайванданд ва умед аст, ки солҳои наздик Тоҷикистон азизи мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ меёбад.

- Лутфан, бигӯед, ки барои аз нав эҳё кардани ин вилоят, ки дар замони шӯравӣ ҳанӯз ба марҳилаи рушд нарасида буд, чӣ бояд кард? Яъне он дурнамое, ки шумо дар назар доред, кадом аст?

- Дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 сентябри соли 2005 таҳти № 420 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015 қабул гардидааст. Дар асоси қарори мазкур қарори раиси вилоят аз 2 декабри соли 2005 таҳти № 448 қабул гардидааст. Дар асоси Барномаи мазкур дар вилоят 102 лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи 2 миллиарду 41 млн. доллар пешбинӣ шудааст, ки он тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар бар мегирад. Барои тараққӣ додани ҳамаи соҳаи хоҷагии халқ имрӯз якчанд дурнамо тартиб дода шудааст ва ҳамаи соҳаҳо бо назардошти он кору фаъолият доранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ду - се соли оянда ҷумҳурии азизамон ба марҳилаи наву созанда қадам мемонад. Ҳамаи ин пешравиҳо дар соҳоти мухталифи хоҷагии халқи вилоят, сохтмони нирӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-2" ва ниругоҳҳои хурду миёна, азхудкунии заминҳо, сохта ва ба истифода додани иншоотҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, маориф, роҳсозӣ, бунёд гардидани корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ гувоҳӣ медиҳанд.

- Ҷаноби Раис! Мо медонем, ки шумо дар роҳбарӣ таҷрибаи давраи шӯравиро доред, агарчи дар назари хелеҳо ҳеҷ кори замони шӯравӣ мавриди этибор нест, аммо натиҷаи бесомониҳои охир ба он ақида меорад, ки интизоми замони шӯравӣ дар бархе маврид қобили пазириш аст. Бигӯед, ки шумо аз таҷрибаи замони шӯравӣ кадомеро имрӯз ба кор мебаред, ки боиси пешравии кор шудааст?

- Бале, ман дар замони шӯравӣ ба камол расидам, таҳсил кардам, донишгоҳи кишоварзӣ ва мактаби олии сиёсатшиносӣ ва роҳбариро хатм кардам, дар вазифаҳои пурмасъул кору фаъолият намудам. Дар ин давра намояндагони миллатҳои гуногун дӯстона кору зиндагӣ мекарданд, ҷиҳатҳои хуби зиндагиро мо аз онҳо, онҳо аз мо омӯхта кору фаъолият мекардем. Ин ба пешрафти ҷомеа таъсири мусбии худро дошт. Дар замони шӯравӣ Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ хело зиёд буданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекардем. Чандин солҳо дар вазифаҳои роҳбарии аввал будам. Ғайр аз ин дар солҳои баъдиҷангии шаҳрвандӣ ба симати муовини аввали раиси вилояти Хатлон фаъолият намудам. Имрӯз мо дар ҷомеаи навин зиндагӣ карда, ҳамаи дастовардҳои замони истиқлоли кишварро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар зина ба зина амалӣ мебинем. Ҳамаи ин дастовардҳои даврони Истиқлол дар китобҳои рӯйимизии Сардори давлат "Аз Ориён то Сомониён", "Тоҷикон дар оинаи таърих" инъикос ёфтааст. Эътимодам комил аст, ки дар кадом давру замоне бошад, ҳар фарде, ки ба курсии масъулият нишаст, новобаста аз сохтори давлатдорӣ ва кору вазифа аз рӯйи инсоф, одилона ва дилсӯзона барои пешрафти Ватан кору фаъолият намояд.

- Мӯҳтарам Раис, дар замони шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон чӣ қадар корхонаҳои саноатӣ буд ва кадоме аз онҳо имрӯз фаъол аст?

- То солҳои 1990 дар ҳудуди вилоят 72 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард. Имрӯз дар вилоят 236 корхонаи хурду калон мавҷуд мебошад. Айни замон корхонаҳои муштараки "Тоҷик-Азот"-и шаҳри Сарбанд, "Трасформатор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, "Сомонтаҷҳизот" ва корхонаи хишти шаҳри Кӯлоб, ҷамъияти саҳомии Хоҷамӯъмини ноҳияи Восеъ аз зумраи корхонаҳои замони шӯравӣ буда, имрӯз фаъолият доранд. Ҷиҳати рушди саноат дар вилоят тадбирҳои зиёде амалӣ мегарданд. Танҳо дар давоми 7 моҳи соли равон дар вилоят 20 корхонаи хурду калони саноатӣ бунёд ёфт.

- Маълум аст, ки дар солҳои бесомониҳо ва қумондонсолорӣ хеле аз ин иншоот бо пули ночизе фурӯхта шудаанд ва маълум аст, ки "ҳар он, ки арзон харад, арзон фурӯшад", имрӯз ин иншоот ба харобазор мубаддал шудааст, ки аз он на ба соҳиби имрӯзааш нафъ асту на ба мардум, фикр намекунед, вақти бозпас гардонидани ин иншоот фаро расидааст? Ва бигзор ин амал одилона сурат бигирад ва бо пардохти арзиши маблағи ҳамон вақт харидоришуда онро бозпас давлат бигирад ва аз нав эҳё бикунад. Ба андешаи Шумо, ин кор амалӣ шуданист ё не?

- Албатта, то соли 2000 -ум бисёр корхонаҳо бо нархи паст фурӯхта шуданд ва қисме аз онҳо имрӯзҳо кор намекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин масъаларо дар мадди аввали назар дорад ва дар ин самт тадбирҳо низ андешида истодааст. Оид ба ин масъала Президенти мамлакат дар маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи соли равон дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки айни ҳол 21 нафар мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи вазоратҳои дахлдор ин нуқтаро омӯхта истодаанд, баъди омӯзиш хулосаҳо пешниҳод мешаванд.

- Водии Вахшро водии зархез мегуфтанд, ва ҳатто бо сабзавоти ин вилоят бархе аз минтақаҳои собики шӯравӣ бо ин маҳсулот таъмин мешуданд, имрӯз чӣ, мушкили аслӣ чист? Чаро имрӯз ин минтақа наметавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кунад? Шояд сабаб ин аст, ки аксарияти кишоварзон барои дарёфти маблағи бештар ба хориҷа сафар кардаанд ва замин дар ихтиёри қувваҳои ноқобили кор мондааст?

- Воқеан ҳам Вахш водии зархез аст. Дар ин хусус таърихнигорон ҳам дар асарҳояшон зиёд қайд намудаанд. Яъне Вахшонзамин дар ҳамаи давру замон макони меваҳои шаҳдбор буд ва имрӯз низ дар ин поя қарор дорад. Агар ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ нигарем, солҳои охир истеҳсоли қариб тамоми маҳсулот ба маротиб афзоиш ёфтааст. Барои мисол танҳо дар соли равон истеҳсоли ғалладона ба 152 ҳазор тонна, картошка 12 ҳазор тонна, сабзавот 27ҳазор тонна афзуда, кишти полезиҳо ду баробар афзуд, ки ин дар нисбати солҳои пешин хеле зиёд мебошад. Агар ба ҳисоби оморӣ гӯем, то 16 августи соли равон дар вилоят истеҳсоли ғалла ба 528 568 тонна, картошка 127 495, сабзавот 201 919 тонна, полезӣ 191 988 тонна расид. Хамаи ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи кишоварзии вилоят сол то сол рушду нумӯъ ёфта, на танҳо дар ғановату фаровонии дастурхони мардуми вилоят, ҳамчунин барои содирот ба хориҷи кишвар низ мусоидат менамояд. Ин ҷо бояд зикр кард, содирот дар вилоят аз моҳи феврал оғоз меёбад ва нақшаи содирот соли равон 1,5 баробар афзуда, ҳамарӯза зиёда аз 3,0-4,0 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Боз як сабаби зиёд шудани маҳсулоти кишоварзӣ ин истифодаи босамар ва оқилонаи замин ва гирифтани ду се ҳосил аз он мебошад. Ин муроҷиати Сардори давлатро кишоварзони хатлонӣ сармашқи кори худ намуда, тамоми имкониятҳоро ба кор андохтаанд, то ин ки як ваҷаб замин ҳам холӣ намонад. Баробари истифодаи заминҳои обӣ, ҷиҳати истифода ва ба кор андохтани заминҳои боир низ тадбирҳои зиёд андешидаем. Ният дорем, ки чунин заминҳоро ба боғу токзор табдил диҳем. Тибқи нақша ва дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ дар панҷ соли оянда дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят 1000 гектарӣ боғ бунёд хоҳад ёфт. Албатта, ҳамаи ин барои беш аз пеш афзун шудани истеҳсоли маҳсулот, фаровонии бозори истеҳсолӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум хоҳад шуд.

- Ҷаноби раис, дар танҳоӣ наметавон ҳама масоилро ҳал намуд, имрӯз ҷаҳон ба мушкили бӯҳрон мувоҷеҳ аст ва Тоҷикистони мо, ки ҳанӯз аз замони побарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилоти зиёди ҳалталаб дошт, бештар ба умқи бӯҳронҳо ғута мезанад. Оё намешавад, ки бо даъвати фарзандони баору номуси ин диёр, ки хелеашон ба амри сарнавишт дар хориҷ муваффақона кор мекунанд ва сармояи қобили мулоҳизае ҳам дар ихтиёр доранд, таҷрибаи ҷалби сармояи хориҷиро касб кардаанд, Ватанро аз нав бисозем. Дар ин маврид танҳо фароҳам кардани шароит ва эътимодсозӣ кифоят мекунанд, то онҳо биёянд ва дар зербинои сохтмони Ватан саҳм бигузоранд?

- Хеле хуш аст, ки имрӯз аксари бунёдкориҳое, ки дар кишвар ба амал омада истодаанд, бо ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Ҳар як фарде, ки дар сар фикри ободии Ватанро дорад ин нуктаро хуш мепазирад ва пайи амалисозии он аст. Ин гуна даъватро доимо Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ ҳангоми вохӯриҳояшон бо соҳибкорони тоҷике, ки берун аз марзанд изҳор медоранд ва он самараи хуб ҳам дода истодааст. Дар ҳақиқат дар вилоят шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд дар азхудкунии заминҳои бекорхобида ва сохтмонҳои хусусию давлатӣ фаъолона иштирок доранд. Ҳамасола донишҷӯён бо квота ба давлатҳои хориҷ барои таҳсил фиристода мешаванд ва албатта, саҳми онҳо ҳам дар рушду пешрафти ояндаи кишвар арзанда хоҳад шуд. Мо ҳамеша омода ва ҷонибдори он ватандороне ҳастем, ки дар фикри ободии Ватан ҳастанд.

- Вилояти Хатлон аз мавқеи ҷуғрофӣ бисёр сарватманд аст, захираи газ ҳам дар ихтиёр дорад, обҳои фаровоне ҳам ҷиҳати сохтани нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ҳам марзи фарох бо хориҷ аз кишвар дорад, бо ин ҳама сарват метавонад ба як минтақаи тараққиёфта табдил шавад.Дар ин бахшҳо то имрӯз чӣ барномаҳое рӯйи даст доред?

- Бале, вилоят аз канданиҳои фоиданоки табиӣ бой мебошад. Дар ин ҷо конҳои нафту газ ва ангиштсанг кашф карда шудаанд. Дар яке аз бузургтарин конҳои газу нафти ҷумҳурӣ - кони Бештентаки нохияи Балҷувон, ки захираи нафти он қариб 2,7 миллион тонна, газ -2,5 миллиард метри мукааб мебошад, корҳои тадқиқотӣ давом ёфта истодаанд. Айни замон бо гази конҳои Қизилтумшуқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва Бештентаки ноҳияи Балҷувон аҳолии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Сарбанд ва як қисми аҳолии ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Бохтар ва Балҷувон таъмин гардида истодаанд. Аз нафти вазнини конҳои Ақбошидир, Кичик Бел ва Куми Ҷанубии ноҳияи Қумсангир бошад навъҳои гуногуни мазут ва битун истеҳсол карда мешаванд. Аз рӯйи мушоҳида ва пешгӯиҳои геологӣ дар оянда кашф намудани кони нави нафт дар пуштакӯҳҳои Туюнтоғи ноҳияи Қубодиён имконият медиҳад, ки истеҳсоли он зиёд шуда, иқтисодиёт ғанӣ гардад.

Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 6,3 миллион метри мукааб газ истеҳсол намуданд, аз ҷумла, сехи истеҳсоли Нафти-1 Ҷалолиддини Румӣ 4,9 миллион метри мукааб ва сехи истеҳсоли Нафти-2 Балҷувон 1,4 миллион метри мукааб газ истеҳсол намуданд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, №73 "Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020" қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 феврали соли 2009 таҳти №76 ба тасвиб расид.

Дар бораи бунёди нерӯ¬гоҳҳои хурди барқи обӣ дар вилоят ҳаминро гуфтанием, ки айни ҳол сохтмони 64 адад нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ дар назар дошта шудааст, ки аз онҳо 42 адад тибқи Барномаи сохтмони НБО-ҳои хурду миёна дар давраи солҳои 2009-2020, 22 адад илова ба барнома дар доираи омузиши иловагӣ бунёд мегарданд.

Дар зарфи 7 моҳи соли 2009 ба лоиҳагирию сохтмони 23 адад нерӯгоҳҳои хурду миёна ҷараён гирифта, айни ҳол 11 адади онҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки 7 адад нерӯгоҳи хурди обӣ, 3 адад офтобӣ, 1 адад бодӣ мебошанд. Балоиҳагирию сохтмони 12 адад нерӯгоҳ идома дошта, аз ҷумла, дар 4 адад нерӯгоҳҳои хурд корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Илова бар ин боз ҳам омӯзиши имконияти дар дигар ҷойҳо бунёд кардани нерӯгоҳҳои хурд, муҳаррикҳои барқ ва дигар дастгоҳҳои тавлидкунандаи барқ дар шаҳру ноҳияҳо идома дошта, миқдори онҳо илова ба барнома зиёд хоҳад шуд.

- Пахта, ки дар замони шӯравӣ бойигарӣ маҳсуб мешуд, чаро на он замон ва на имрӯз марди деҳқон аз он бой нашуд?

- Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Пахта ҷойи кор, равғани истеъмолӣ, хӯроки чорво, ҳезум ва дигар маводҳои зарурати рӯзгори мардум буда, проблемаи пахта чи имрӯз ва чи он замон ҳалталаб буд. Алҳол пахтаи таёркардаи деҳқонони вилоят ба фурӯш нарафта истодааст. Деҳқон имрӯз озод аст, ҳама чизро бозор муайян мекунад, деҳқонон низ инро ба хубӣ дарк кардаанд. Тибқи Қарори ҲҶТ № 392 барнома таҳия шудааст, ки то соли 2015 нахи пахта пурра бояд дар ҳудуди ҷумҳурӣ коркард шавад, дар ин самт корхонаҳои ҶДММ "Ресандаи Хатлон" дар ноҳияи Бохтар, КМ "Текстайл" дар шаҳри Кӯлоб, КХ "Замин-текстайл" дар ноҳияи Фархор, КИ "Мирзоали Камол", "Самар", ҶММ "Эрой текстил" дар ноҳияи Восеъ фаъолият доранд, сохтмон ва васлкунии таҷҳизот дар се корхонаи дигар дар ноҳияҳои Ёвон, Фархор ва шаҳри Сарбанд идома доранд.

- Афви ахир дар соҳаи пахтакорӣ ба нафъӣ кӣ буд, оё деҳқони асил ва пахтакор дар ин миён суд бурдааст? Аслан маблағи афв шуда дар вилоят чӣ миқдор аст ?

- Бале, чанде қабл ҳукумат як қисми қарзи пахтакоронро тамдид ва қисми дигарашро бахшид. Ин амал, албатта, ба манфиати деҳқон буд. Зеро вай аз бори гарони қарз озод гардид. Вале бо вуҷуди ин вазъи соҳа имрӯз ҳам нигаронкунанда аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рафъи мушкилот тадбирҳо меандешад. Мо кӯшиш намуда истодаем, ки дар масъалаи кишти зироат деҳқон озод бошад. Агар солҳои қаблӣ дар вилоят 70%-и соҳаи кишоварзиро пахтакорӣ ташкил медода бошад, ҳоло дар 50% замин пахта ва 50% дигар зироатҳои дигар кишт шудааст.

- Шумо дар ҷамъбасти се моҳи аввали соли ҷорӣ изҳори ташвиш аз он доштед, ки новобаста аз таъкидҳои Сарвари давлат бонкҳо ҳамагӣ 3,5 млн сомонӣ аз маблағи умумии қарзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаро ба хоҷагиҳо таъмин кардаанду бас. Инак, нимаи сол сипарӣ гардид, дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Шумо иброз доштед, ки то имрӯз аз 110 млн сомонӣ маблағи қарзи пешбинишуда, ҳамагӣ 44 млн. сомонӣ ҷудо шудаасту халос. Сабаби ба таъхир мондани маблағҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Маблағҳои дархостии ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят 81,4млн сомониро ташкил мекунад, то имрӯз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо дар соҳаи пахтакорӣ 56,53млн. қарз дода шудааст. Яке аз сабабҳои он арзон шудани нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Маблағгузорие, ки дар соли 2008 108,5 млн-ро ташкил медод, аз ин хоҷагиҳои қарздор 56,6 миллионашро баргардонидаанду халос.

- Одатан ҳар роҳбаре, ки ба ҳайси раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва ҳатто вилоят меояд, баъзан дучори монеаҳо (ҳатто монеаҳои сунъӣ) мегарданд. Оё аз рӯзи масъулияти як вилоятро ба ӯҳда гирифтан чунин монеаҳои сунъиро дучор омадаед? Агар бале, пас, оё монеаҳо бартараф шудаанд ё не?

- Дар даврае, ки ман ба ин ҷо ба ҳайси роҳбар ба кор омадам, алаккай аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ 15 сол сипарӣ гаштаву тамоми сохторҳо мавқеъ ва пояи худро мустаҳкам намуда ва ҳокимиятдорӣ ба низоми муайяни худ даромада буд. Илова бар ин ман таҷрибаи кофии корӣ доштам ва рафъ намудани баъзе монеаҳо бароям мушкилӣ надоштанд.

- Шумо нисбат ба дигар роҳбарони аввали сатҳи вилоятӣ нафаре мебошед, ки тӯли фаъолияти хеш ба ҳайси раиси вилоят баъзан мавриди танқиди ВАО қарор гирифтаед. Оё қаламбадастони хатлонӣ акнун фаъол шуданд, ё… умуман андешаи шахсии Шумо нисбат ба матлабу гузоришҳои танқидӣ чӣ гуна аст?

- Албатта, матлабу гузоришҳои танқидӣ боиси пешравии кор ва беҳбудӣ ба ин ё он соҳа мегардад. Танқид асоси фаъолияти журналистро бояд ташкил диҳад. Зеро ҳадаф аз танқид ислоҳи камбудист ва ислоҳи камбудӣ бошад, боиси пешрафти кор аст. Танҳо агар танқид беғараз, асоснок ва бо мақсади пешрафти кор бошад. Хеле хуб аст, ки Сардори давлат ба соҳаи матбуот низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Амру фармонҳои Ҷаноби Олӣ оид ба гузаронидани нишастҳои матбуотӣ ва вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидию таҳлилии ВАО имрӯз барои шаффофият ва дастрасии арқом ва таваҷҷӯҳи мансабдорон ба маводҳои танқидӣ имкониятҳои хуб ба миён овардааст. Имрӯз барои журналист танҳо маҳорат, дилсӯзӣ ба халқу миллат ва хоҳиши ободиву шукуфоии Ватан лозим асту халос. Итминонам комил аст, ки журналистони вилоят ин нуктаро хуб дарк намудаву бо ин ҳадаф хомаронӣ мекунанд.

- Ҷаноби раис, барои сӯҳбат ҷаҳони сипос. Дар ободсозии як гӯшаи диёр бароятон муваффақият орзу дорем.

- Ба Шумо ва ҳайъати эҷодии хафтаномаи "Миллат" низ муваффақиятхои беназир таммано мекунам, барои таваҷҷӯҳи хосаатон дар инъикоси ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон миннатдории худро баён медорам. Биёед даст бо дасти ҳамдигар Ватанро бисозем!


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97