Хабари зинда ба гӯр кардани як ҷавони дар ҳукми гул дар Русия шабакаҳои иҷтимоиро ба қавле «таркондааст». Ҳар кас ба шеваи худ онро баҳогузорӣ карда ва эҳсосоти худро нисбат ба ин ҳодисаи даҳшатбор баён медоранд. Яке муҷримонро ба сарбозони «хунмасти» лашкари ҷаррори ДИИШ ташбеҳ медиҳад ва дигаре дар ҳаққи золимон дуои бад мекунад. Хулоса, ин амали ваҳшиёна қариб касеро бетараф намегузорад.
Бале, ин Инсонҳо ҳастанд, ки дар баробари ваҳшоният ва ҷоҳилият садо дар додаанд. Агарчӣ ҳар кадом дар сатҳи дониш, биниш ва дарки худ ба ҳодиса баҳо гузоштаанд. Вале саволе, ки дар ин маврид аввалтар аз ҳама матраҳ мешавад, ин аст: Башарро чӣ шудааст? Ин ҳама дарандахӯйӣ аз куҷо сарманшаъ мегирад? Инсоният куҷо равона аст?
Вале боз ҳам, чаро ин гуна ҳодисаҳои хуношом маҳз имрӯз расонаӣ шудаанд? Дар гузашта, ҳамватанони мо дар Русия беиззат ва таҳқир намешуданд?
Аввалтар як муруре ба ин хабар мекунем:
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ як муҳоҷири 22-солаи тоҷикро дар шаҳри Волгогради Русия зинда ба зинда ба гӯр кардааанд. Расонаҳои ин шаҳр бо такя ба қавли пулис гуфтаанд, ҳодиса ҳафтае пештар ҳангоми таҷлил аз ҷашни таваллуди ин муҳоҷири тоҷик дар манзили соҳибхонаи ӯ рух додааст.Ин хабар рӯзи 19 апрел расонаӣ шуда, аммо ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон зикр наёфтааст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба расонаҳо гуфтааст, ки онҳо дар бораи ин қазия аз матбуот огоҳ шуда, барои дарёфти иттилои дақиқ ба Кумитаи тафтишотии Волгоград дархости расмӣ фиристодаанд. Аммо то замони нашр шудани ин хабар посухи ин номаи сафорат дода нашуда буд.
Вале ин ниҳоди тафтишотии Русия бо нашри иттилои расмӣ гуфтааст, ки ҳангоми корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар таҳхонаи сокини Волгоград нишонаҳои хун, чоҳи навкандашуда ва ҷасади ҷавони тоҷикро ошкор кардаанд.
Ба иттилои расонаҳои Русия, то кунун дар бораи ин ҳодиса муҳоҷири дигари тоҷик, ки аз ӯ низ ном бурда намешавад, шоҳидӣ додааст. Бино ба шоҳидии муҳоҷири дувум, соҳибхона бо ҳамсояҳояш шаҳрванди Тоҷикистонро ба таҳхона бурда, маҷбур кардаанд, то барояш қабр биканад ва баъдан ӯро зинда зери хок кардаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Шояд ҳам ин гуна ҳодисаҳои даҳшатбор дар Русия сари ҳар қадам рух медиҳад ва ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик бо садҳо чунин бераҳмӣ сари ҳар қадам рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо чаро маҳз имрӯз ин ҳодисаҳо расонаӣ шудаанд, ҷойи суол аст. Шояд Русия мехоҳад бо расонаӣ кардани ин ҳодисаҳои даҳшатбор чашми муҳоҷирони корҷӯйи тоҷикро битарсонад ва аз омадани муҳоҷирони бештар ба Русияи рӯ ба буҳрон ҷилавгирӣ кунад. Аммо оё ин магар имкон дорад? Гурусна ба шер задаастмегӯянд дар урфият. Мардикороне, ки барои ёфтани буридаи нон ба ин кишвар рафтаанд, ҳаргиз бо дасти холӣ ба хона барнахоҳанд гашт. Агар он бо баҳои ҷон ҳам тамом шавад. Ин ҳодисаҳои даҳшатбор, ба хусус бадрафторӣ ба муҳоҷирони заҳматкаши кишварҳои Осиёи миёна, барои Русия танҳо беобрӯйӣ меоварад. Аз ин рӯ Русия, ки иддаъои шарики муҳимми стратегӣ будани худро ба хусус бо Тоҷикистон борҳо ва борҳо такрор мекунад, дар баробари бо буҳрон панҷа нарм кардан, бояд барномаи роҳбурдии муносибе барои корҷӯёни кишварҳои шарикашро низ рӯйи даст бигирад.
«Миллат»
бознашр аз Миллат\ №15 аз 20.04.2016