"Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ" мушкили бекориро бартараф намекунад

Муҳоҷират 26.01.2015 14:00

muhojir yrmarkaКодекси андозро бояд ислоҳ кард ва то сохтани "Роғун набояд мунтазир нишаст

Дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб нисбат ба Русия ва паст шудани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, иқтисоди Русия ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Рубли Русия тақрибан ду баробар беқурб шуда, иқтисодаш қариб аз рушд  мондааст.

Ин ҳама мушкилот дар иқтисоди Русия, ки иқтисоди мо аз он вобастагиҳои зиёд дорад, нигаронии коршиносонро ба бор овардааст. Гумон меравад, дар ҳолати аз рушд мондани иқтисоди Русия ва боз ҳам беқурб шудани рубл муҳоҷирони мо, ки асоси пойдории иқтисоди ватанӣ маҳсуб меёбанд ба мушкилоти ҷиддии корёбӣ ва камшавии маош рӯ ба рӯ мешаванд. Бар замми ин, мувофиқи қоидаи нави ҷорикардаи Ҳукумати Русия,  сар аз соли нави 2015 муҳоҷирон дигар бо шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон дар қаламрави Русия иҷозати ҳузур доштан надоранд ва онҳо барои дар сари вақт гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ мушкилӣ мекашанд. Ин ҳама сабаб мешавад, ки қисме аз муҳоҷирон қаламрави Русияро тарк карда, ба ватан баргарданд.

"Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ" роҳи ҳал нест

Дар чунин шароит масъалаи асосӣ дар назди кишвари мо ташкили ҷойҳои кории нав ва ба кор ҷалб кардани аҳолӣ мебошад. Ҷойҳои корие, ки қувваи кории бозгашта ба ватан дар он кор кунанд ва ба хонавода ва буҷаи давлат фоида биёранд. "Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ", ки ҳар сол гузаронида мешавад, ба кор намеравад. Роҳи аз ҳама пурсамар ва ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ, сохтани шароити мувофиқ барои рушди соҳибкорӣ дар дохили кишвар мебошад. Барои иҷрои ин кор бояд мушкилот дар ин ҷода дуруст омӯхта шуда, монеаҳо бартараф карда шаванд.

Андозҳои гарони миёншикан монеъи пешрафт

Мушкилиҳои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари мо бисёранд. Чор мушкили асосии онро ин ҷо дида мебароем:

1. Норасоии қувваи барқ;

2. Гаронии андозҳо ва мушкилот дар ҳуҷҷатгузории он;

3. Фасод;

4. Рақобати носолим ва фаъолияти ношаффоф.

Дар асри 21 бе таъмини пурраи кишвар бо барқи доимӣ рушди босифати  иқтисодиро интизор шудан номумкин аст. Соҳибкорон ва сармоядорон ҳам ин мушкилиро мебинанд ва ҳангоми тасмимгирӣ барои сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ ва маишӣ онро нодида гирифта наметавонанд. Ҳама техника ва технологияи муосир бо барқ кор мекунад ва камбудии он монеи асосӣ ба шумор меравад.

Низоми андозбандӣ ва фоизи андозҳо дар тасмимгирии соҳибкорон ва сармоягузорон барои таъсиси корхонаҳо нақши бузург дорад. Кам будани монеаҳо ҳангоми таъсис додан ва бастани корхонаҳо, гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва тартиби супоридани ҳисоботҳо ба нозирони андоз, бешак, ба манфиати кор хоҳад буд ва боиси кушодашавии корхонаҳои нав мегардад. Солҳои охир дар кишвари мо бо чанд ислоҳот, таъсис додани корхонаҳо ва гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ осон шудааст ва дар муддати чанд рӯз кор ҳал мешавад. Аммо дар барҳам додани он монеаҳои зиёде аст, ки моҳҳо вақти соҳибкоронро мегирад. Тартиби супоридани ҳисоботҳо ҳам мушкил ва дилсардкунанда аст. Фоизҳои андозҳо ҳам гаронӣ мекунанд. Ҳарчанд шумораи андозҳо кам шудаанд, аммо гаронии андозҳо зиёд шудааст, на кам. Баъди эътибори қонунӣ гирифтани Кодекси нави андоз, баҳсҳо дар масъалаи андозбандӣ зиёд шудаанд. Дар ин мавзуъ иқтисодшиносон ва коршиносони дигар дар матбуот матлабҳоеро ба нашр расонидаад. Дар матлабҳои худ аз мушкилоти ин соҳа сухан ронда, камбудиҳои қоидаҳои нави андозбандиро ёдовар шуда, зарурати аз нав баррасӣ кардани қоидаҳои андозбандиро дар кишвар ёдрас карданд. Ин матлабҳо дар матбуот ва эътирози соҳибкорон дар ҳамон замон, баёнгари он ҳастанд, ки низоми андозбандии мо номукаммал буда, гаронии он садди роҳи рушди соҳибкорӣ дар кишвар мегардад.

Фасод, яъне истисмор

Тоҳири Абдуҷаббор дар яке аз матлабҳои худ таъкид дошт: "Фасод яке аз шаклҳои зуҳуроти бедод аст, истисмор аст. Василаи расидан ба ҳадафҳои нопок аст. Роҳест, ки гурӯҳеро ба рифоҳи моддӣ мерасонад, вале ҷомеаро - ба таназзул, ба табоҳӣ." (Меъмори истиқлоли Тоҷикистон. Саҳ. 391.) Бале, фасод ҷомеаро ба таназзул, ба табоҳӣ мебарад ва зарбаи сахттаринро ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мезанад. Имрӯз ин зуҳуроти номатлуб дар ҳама соҳаҳо реша давондааст ва соҳибкорӣ ва истеҳсоли маҳсулоту хидматрасониҳо ҳам эмин нестанд. Ин мушкилест, ки монеи рушди соҳибкорӣ мешавад ва имкони сохтани ҷойҳои кор барои аҳолиро кам мекунад. Ҳарчанд солҳои охир дар кишвари мо мубориза бар зидди  фасоду ришвахорӣ пурзӯр шудааст, аммо ҳамоно Тоҷикистон дар шохисҳои байналмиллалӣ ҷойи пастро ишғол мекунад ва фасоду ришвахорӣ зиёд аст. Зеро мубориза бо фасодкорӣ иллатҳои онро аз байн бурда наметавонад. Барои решакан кардани фасод, зарур аст, ки аввал иллатҳои онро аз байн бурд. Сабаби асосияш, ин маоши ками масъулини давлатӣ аст, ки навобаста ба ин мехоҳанд зиндагии сатҳи аврупоӣ дошта бошанд. Пеш аз ҳама, шумораи хидматгарони давлатиро бояд кам кард ва маоши онҳоро баланд бардошт. Сабаби дигар, девонсолории барзиёд аст, ки корафтодаҳоро маҷбур месозад барои раҳоӣ аз ин саргардониҳо ва сарфаи вақти худ пора пешниҳод кунанд. "Порадиҳӣ санги хороро об мекунад". Барои бартараф кардани ин иллати фасод бояд ҳар чӣ зудтар ба низоми электронӣ дар низоми андозбандӣ гузарем ва девонсолорию коғазбозӣ ҳангоми пешбарии фаъолияти соҳибкорӣ кам шавад.

Сабаби асосии сар задани рақобати носолим даст задани баъзе масъулини ниҳодҳои давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ аст, ки албатта ба воситаи хешу наздиконашон ин корро анҷом медиҳанд. Фаъолияти чунин субъектҳои соҳибкорӣ ношаффоф аст ва бо истифода аз мақоми худ онҳо имтиёзҳо ба даст оварда, рақибонро ба танг меоранд. Рақобат омили таҳрикдиҳандаи рушди иқтисод аст. Барои таъмини рақобати солим бояд кори ҳамаи субъектҳои амалкунандаи соҳибкорӣ дар бозор шаффоф бошад ва шаффофият омили нигаҳдорандаи рақобати солим аст, ки дар кишвари мо ба таври лозимӣ бо сабабҳои гуногун таъмин нест. Сабаби дигар, ҳамон фасод аст, ки баъзе соҳибкорон бо роҳи додани пора ба масъулини давлатӣ имтиёз ба даст меоранд ва бо ин роҳ дар бозор бартарӣ пайдо мекунанд.

Барои таъмини рушди иқтисод ва ба ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ, зарур аст, ки мушкилоти номбаршуда ҳал шаванд ва ин боиси зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва маишӣ шуда, ҷойҳои корӣ пайдо шуда, шумораи анзозсупорандаҳо зиёд гардад.

yrmarka 1То сохтани НБО-и "Роғун" набояд бекор нишаст

Албатта, нуқтаи охиринро дар таъмини пурраи кишвар бо нируи барқ НБО-и "Роғун" мегузорад. Аммо то замони сохтани он имкон аст, ки бо сохтани ниругоҳҳои хурди обӣ ва истифода аз энергияҳои офтобӣ, бодӣ, биомасса ва геотермалӣ, бо иштироки соҳибкорон ва сармоягузорони дохилӣ то дараҷае ин мушкилро ҳал кард. Зарур аст механизми дурусти ҷавобгӯ ба талаботи бозор барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони дохилӣ коркард карда шавад. Ҳама мавзеъҳое, ки дар онҳо имконияти сохтани ниругоҳҳои барқӣ-обии хурд (ё дигар намуд) ҳаст, ба як рӯйхати умумӣ дохил карда шуда, бо иштироки коршиносон бизнесплан барои онҳо тартиб дода шавад ва пешкаши соҳибкорон ва сармоягузорон гардад. Дар баробари ин қоидаҳои кори оянда равшан бошад ва соҳибкор боварӣ дошта бошад, ин қоидаҳо ақаллан дар панҷ соли оянда дигар намешаванд. Механизми додугирифти барқ миёни моликони ин ниругоҳҳо ва шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ дуруст ба роҳ монда шаванд, то ки ҳангоми барқи зиёд доштан ба дигар минтақаҳо расонида шаванд. Агар соҳибкорон дар пайи иҷрои ин амалҳо ба маълумоти дақиқ дастрасӣ пайдо кунанд ва бехатарии сармояи худро эҳсос кунанд, боварӣ ҳаст, ки даст ба сохтани чунин ниругоҳҳо мезананд ва ҳам худ фоида ба даст меоранд, ҳам ҷойҳои корӣ пайдо мешавад, ҳам мушкили бебарқӣ то дараҷае ҳал мешавад ва ҳам даромад ба буҷа меоранд.

Дар ҷамъоврии андоз аз ширкатҳои мобилӣ бояд ибрат гирифт

Барои осон кардани мушкилоти соҳибкорон дар андоз ва андозбандӣ, зарур аст, ки Кодекси андоз аз нав таҳия шавад ва дар таҳияи он аз дониши коршиносони баландихтисос, меҳандӯст ва солимфикр истифода шавад. Ҳангоми таҳияи қонуну қоидаҳои нав ҳатман бояд принсипи "андоз мувофиқи даромад" риоя шавад ва танҳо баъди гирифтани даромад, дар асоси он андоз муайян шуда, аз соҳибкорон ситонида шавад. Агар даромад ҳаст, андоз месупоранд ва агар нест, намесупоранд. Ё агар даромад кам аст, андоз кам ва агар зиёд аст, андоз мувофиқи он зиёд мешавад. Чунки ҳангоми кушодани бизнеси нав, ҳар як соҳибкор таваккал ё худ риск мекунад. Ҳоло маълум нест, ки ӯ аз ин риски худ бурд мекунад ё бохт. Имрӯз дар оғози кор бояд баъзе андозҳоро супорад ва агар кораш бебарор шуд ва фаъолиятро қатъ карданӣ шавад, то баъзе андозҳоро насупорад аз қайд бароварда намешавад. Ин ҳам албатта дар тасмимгирии соҳибкорон барои кушодани корхонаҳои нав нақши манфӣ мебозад. Дигар ин ки Кодекси анзоз ҳатман бояд бо забони содда навишта шавад, то ки талаботи он ба осонӣ аз тарафи соҳибкорон дарк карда шавад ва меъёру фоизҳои андозҳо дақиқ бошанд. Соҳибкор бояд бидонад, ки кадом намуди андоз бевосита аз худи ӯ ситонида мешавад ва кадом намуди дигар ба воситаи ӯ аз истеъмолкунанда гирифта мешавад. Чизе ки имрӯз нест ва биёре аз соҳибкорон фикр мекунанд, ҳама андозҳоро аз фоидаи софи худ месупоранд ва ҳангоми баланд шудани андоз эътироз мекунанд. Сеюм ин, ки дар ҷамъоварии андоз бояд аз таҷрибаи Ширкатҳои мобилӣ, ки дар ҷамъоварии ҳаққи хидматрасонии худ касб кардаанд, истифода бурд. Онҳо шароити хеле мувофиқе барои муштариёни худ муҳайё кардаанд, ки бе ягон мушкилӣ муштарӣ ҳар замоне, ки хоҳад маблағро пардохт мекунад ва ин ширкатҳо онро сари вақт ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани ин таҷриба дар ҷамъоварии андоз ҳам ба манфиати кор хоҳад буд. Риояи принсипҳои овардашуда имкон медиҳад, ки баъзе монеаҳо бартараф шаванд ва қонуну қоидаҳои нав боиси рушди фаолияти соҳибкорӣ шавад. 

Тадбир чист?

Барои решакан кардани фасод, пеш аз ҳама, бояд иллатҳои дар боло зикршуда бартараф шаванд. Баъдан дар баробари мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, чуноне ки Тоҳири Абдуҷаббор дар ҳамон матлаби худ мегӯяд: "Хело муҳим аст, ки фаъолияти ҳукумат комилан шаффоф бошад, озодии андешаю  баён ва озодии матбуот таъмин карда шавад. Дар ҷое ки матбуоти озоду мустақил масоили зиндагии ҷомеа ва фаъолияти ҳукуматдоронро холисона бозтоб менамояд ва мардум аз чигунагии корҳо ба хубӣ огоҳ мешаванд ва аҳзобу созмонҳои иҷтимоӣ фаъолона ба корҳои ҳукумат назорат ва айбҳои онро ошкору интиқод мекунанд, имкони каҷравию фасодкорӣ камтар мешавад". Яъне назорати мардумӣ ҳам аз болои фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад, ки дар кам кардани сатҳи фасоду ришвахорӣ метавонад саҳми худро гузорад.

Сари вақт бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки ҳам ҷойҳои нави корӣ бо маоши арзанда пайдо шаваду шумораи муҳоҷирон кам шавад. Ҳам доираи андозсупорандаҳо зиёд шавад ва даромади буҷа зиёд гардад. Ва ҳам  сармоягузорони хориҷӣ бевосита сармояи худро вориди бозори мо карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва маишӣ бисозанду дар рушди иқтисоди мо саҳмгузор бошанд.

Бинобар ин, барои рушди иқтисод ва расидан ба як зиндагии шоистаи ҷавонон дар ватан аз имрӯз бояд ислоҳотро оғоз кард ва мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти соҳибкориро ҳарчи зудтар ҳал кард. Соҳибкорон аз талаботу таклифоти бозор огоҳӣ доранд ва худ чӣ истеҳсол карданро медонанд ва фаъолияти пурсамари онҳо метавонад вобастагии кишварро аз маҳсулоти воридотӣ (либос, хурока, масолеҳи сохтмонӣ…) кам кунад. Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон аз назари иқтисодию сиёсӣ ҳам истиқлолияташро тақвият медиҳад. Дигар баргашти муҳоҷирон мушкилӣ намеорад, балки баргашти онҳо ва ба ватан овардани сармояи зеҳнӣ, молиявӣ ва касбияшон боиси рушди иқтисод ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои иҷтимоӣ мегардад.

Меҳр Собириён, корманди Маркази омӯзиши

равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ, АИ ҶТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97