Муҳоҷират, занону кӯдакони бечораву овора

Муҳоҷират 19.09.2012 19:44

oynihol_muhojiratЁ роҳи ҳалли мушкили муҳоҷирон ташкили ҷойи кор аст

«Расонаҳо метавонанд, бештар аз ҳар ҳизби сиёсӣ, хадамоту идороти давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар раванди муҳоҷират таъсир бигузоранд.» Ин суханон, дар як мизи гирд бо ҳузури созмонҳои муҳоҷират ва хабарнигорон дар шаҳри Душанбе садо дод.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди "Дурнамо+" аз мизбонони ин мизи гирд, зимни суханронии худ гуфт, ки замоне ки қазияи халабонҳои рус дар Тоҷикистон, барои муҳоҷирони тоҷик мушкили бузурге эҷод карда буд, матбуоти мустақили Тоҷикистон ва хабарнигорон барои рафъи ин мушкил нақши бисёр муҳимме бозиданд. Маҳз вокуниши густардаи хабарнигорон ва расонаҳои мустақил боис шуд, ки масъалаи муҳоҷирон сиёсӣ нашуд ва ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки мушкилро бо роҳи гуфтушунидҳо ва созиш ҳал намоянд. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, Гуруҳи мусоидат, ки бо ибтикори хабарнигорон таъсис шуд, дар ин маврид нақши таърихӣ ва созандае дошт, ки сарнавишти ҳазорон муҳоҷири тоҷикро таъин кард ва садди суистифода аз ин қишри осебпазир бо ҳадафҳои сиёсӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ ба хотири идома додани ҳамин хатти маш барномаҳоеро барои осон кардани мушкили муҳоҷирон рӯйи даст гирифтааст, аммо бидуни кумак ва мусоидати ВАУ ба масъалаи муҳоҷират ҳама гуна талош ва амал камранг ва бетаъсир хоҳад буд. Аз ин рӯ беҳтарин иқдом ҳамкории густарда бо ВАУ аст, ки то бишавад даст бо дасти ҳамдигар ба мушкили садҳо ҳамватани муҳоҷири худ расидагӣ кард.

Ойниҳол Бобоназарова гуфт, маҳз ВАУ ҳастанд, ки чӣ дар ин ҷо ва чӣ дар кишвари муҳоҷирпазир фазосозӣ мекунанд. Ӯ гуфт, ки воқеан дар гузашта ВАУ-и Русия аз муҳоҷири тоҷик як чеҳраи манфӣ ва қочоқбари маводи мухаддир сохта, ба ҷомеа муаррифӣ кард, ки дар ин раванд нақши расонаҳои электронии давлатии ин кишвар низ камтар набуд. Аммо самараи ҳамкории созмонҳои ҷамъиятии ҳомии муҳоҷирон, давлат ва ВАУ-и мустақили тоҷик аст, ки имрӯз чеҳраҳои маъруфе аз баданаи ҷомеаи Русия, ба мисли журналист Максим Шевченко ба дифоъи муҳоҷири тоҷик бархоставу аз мардуми мо на танҳо ҳимоят мекунанд, балки муаррифгари фарҳангу маданияти волои тоҷик ҳастанд.

Зебунисо Рустамова, гардонандаи ин мизи мудаввар, ки низ созмони ҷамъиятияш дар самти ҳимоят аз раванди муҳоҷират фаъолият мекунад, гуфт, мушкили муҳоҷират танҳо мушкили як муҳоҷир нест, ки ҷабри онро берун аз хоки Тоҷикистон мекашад. Балки ба гуфтаи ӯ, мушкили муҳоҷир мушкили тамоми ҷомеъа аст, зеро муҳоҷир дар ватан кӯдакони бесарпараст дорад, ки имрӯз бештар ин мушкил ба як ғуддаи саратон табдил шудааст. Бону Зебуннисо таъкид кард, ки танҳо бо кумаки матбуот метавон, аз артиши беҳудуди кӯдакони оворагарду кӯчагард ҷилавгирӣ кард. Зеро чунин ба назар мерасад, ки дар дунё танҳо мо ҳастем, ки кӯдак дорем, кӯчаву хиёбонҳоямон пури кӯдак, дигар дар ҳеч кишваре дигар пойтахтҳояшро, ки менигаред, ин қадар кӯдакро дар хиёбонҳо  жӯлидаву овора намебинед. Магар ки дар шаҳрҳои мо.

Шарифа Усмонова, як намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар мавзуъи "Ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВАУ" суханронӣ карда гуфт, ки нашрияи "Муҳоҷир" ҳоло то ҷое дар инъикоси мавзӯъи муҳоҷират кӯшиш ба харҷ медиҳад, ва боз дар нақша аст, то як шабакаи раидои низ дар ин самт роҳандозӣ шавад. Ӯ гуфт, ки бояд барномаи вижае низ дар телевизион ташкил кард, то мардум бештар ба фаъолиятҳои ҳукумат дар самти муҳоҷират воқиф шавад. Бону Усмонова гуфт, ки Хадамоти муҳоҷират корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, аммо бо сабаби он ки дар матубот камтар инъикос меёбанд, ҷомеа аз он огоҳ нест. Ӯ таъкид кард, ки муҳоҷират танҳо равандҳои манфӣ надорад, ончуноне, ки ВАУ ба он бештар мепардозанд. Дар ҳоле ки Хадамот дар муддати кутоҳе корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Шарифа Усмонова афзуд, намояндагони хадамот сафарҳои зиёде барои ошноӣ бо муҳоҷирон анҷом дода, ки зимни он мушкилоти умдаи муҳоҷирон муайян шудааст. Надонистани забони русӣ ва қонунҳои кишвари мизбон аз асоситарин мушкиле будааст, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишвари Русия мешавад. Ин масъули Хадамоти муҳоҷират аз намояндагони расонаҳои мустақил тақозои ҳамкорӣ намуд.

Мушкили муҳоҷирати занон ва фирори мағзҳо низ аз масоиле буд, ки дар ин нишаст бо хабарнигорон дар миён гузошта шуд, то ба ин масоил низ бештар бипардозанд, зеро занон қишри осебпазири ҷомеа ҳастанд, ки аз раванди муҳоҷират ҳам дар Ватан ва ҳам дар хориҷ аз кишвар ба он дасту панҷа нарм мекунанд. Гуфта шуд, ки бо мусоидати Хадамоти муҳоҷират бахши кор бо занон дар назди диаспораҳои тоҷик дар Русия ташкил шудааст, то ба ин тариқ ба мушкили занони муҳоҷир расидагӣ шавад.

Масъалаи расидагӣ ба ҳуқуқи кӯдакони муҳоҷиронро низ намояндаи "Миллат" дар ин мизи гирд ба миён гузошт, ки ҳанӯз ба ин масъала аз сӯйи созмонҳои муҳоҷиратӣ таваҷҷуҳи чандоне нашудааст. Ва аксарияти кӯдакони муҳоҷир дар ғурбат хонабанд буда, иҷозаи гаштугузор ва таҳсилро дар он ҷо надоранд, ки ин ба равони кӯдак, ки ояндаи ин миллат аст, таъсири манфӣ хоҳад дошт. Ҳамчунин таъкид шуд, ки муҳоҷирони тоҷик танҳо дар Русия нестанд ва бояд ба масоили муҳоҷирон дар дигар кишварҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир шавад.

Муҳимтарин пешниҳод дар ин мизи гирд он буд, ки барои осон кардани мушкилоти муҳоҷират эҷод кардани шуғл дар Ватан зарурат дорад. Ва эҷоди ҷойи кор ва шуғлро метавон бо ҷалби худи муҳоҷирон, ки соҳиби сармоя ва соҳибкор ҳастанд, роҳандозӣ кард. Ин ҷо танҳо мудрияти дуруст ва иродат лозим асту бас.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97