Муҳоҷирони корӣ кислороди иқтисоди Тоҷикистон
Дар кишвари фақрзадае чун Тоҷикистон, ки сақфи хароб ва аз ҳамрехтаи иқтисодиёташ дар болои сутуни муҳоҷират бор шудааст, масъалаи муҳоҷират яке аз масоили доғ ва ҳалношуда боқӣ мондааст. Муҳоҷирони корӣ дигар ҳамчун кислород барои организми иқтисодиёти кишвар хидмат менамоянд. Дар сурати суст ва қатъ шудани интиқоли пули муҳоҷирон ҷисми иқтисодиёт афсурда ва бемадор хоҳад гашт. Зеро дигар ҳар фарди оддӣ низ медонад, ки қисми зиёди корхонаҳо аз кор монда ва истеҳсоли маҳсулоти худӣ қариб, ки вуҷуд надорад. Чанде ашёи хом, ба мисли пахта ва алюминий бо нархи арзон ба берун аз кишвар содир мешаванд ва боз аз ҳамон ашёи хоми содиршуда маҳсулоти чандин маротиба қиммат таёршударо харидорӣ менамоем, ки ин бешак зиёни бештареро ба иқтисодиёти кишвар ворид месозад. Ба гуфтаи марҳум Тоҳири Абдуҷаббор иқтисодшиноси нодири тоҷик, ин чизи мураккабе нест, яъне ки ба мисли ду зарби ду аст. Аз ин рӯ, масъалаи муҳоҷират барои мо ҳамчун як проблемаи калидӣ боқӣ мемонад. Чанде пеш ҳам ҳама шоҳиди воқеъаи боздошти ду халабони рус ва эстонӣ дар Қурғонтеппа будем. Ҷониби Русия барои фишор болои кишвари Тоҷикистон маҳз аз муҳоҷирони тоҷик ҳамчун фишанги фишор истифода намуд. Ин нуқтаро онҳо хуб дарк намудаанд, ки иқтисодиёти давлати Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ бастагии сахт дорад ва дар ин "бозӣ" муваффақ низ гаштанд. Ва баъид аст, ки Русия ин фишанги барои худ мувофиқи фишорро аз даст бидиҳад.
Ҷуз Русия ёр надорем?!
Оё дар ҷаҳон танҳо ҳамин давлати Русия хос барои муҳоҷират ва қабули муҳоҷирони кории тоҷик асту халос? Дар ҳоле ки метавон ба дигар давлатҳои пешрафтатар ва аз ҷиҳати шароити буду бош беҳтар аз Русия ба муҳоҷирати корӣ рафт. Аз ҳама сангинтару нангинтар барои миллати тоҷик, ин куштори мудҳишонаи муҳоҷирон ва азобу таҳқири онҳо аз ҷониби милатгароёни рус мебошад. Тайи солҳои дароз на аз ҷониби ниҳодҳои ба муҳоҷират сару кор доштаи Тоҷикистон ва на Русия барои беҳбудии муҳоҷирони корӣ иқдоми ҷиддие гирифта нашуд. Давлати Русия дигар ҳеч фишанги фишоре беҳтар аз муҳоҷирони корӣ барои Тоҷикистон надорад. Баъди пош ҳурдани Шуравӣ Русия аз ҷиҳати истеҳсоли технологияи навин ба ҳеч дастоварде комёб нашуд ва дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон мавқеъашро аз даст дод. Аз ин ҷиҳат ягона абзори фишор овардан ба кишвари Тоҷикистон ҳамин муҳоҷирони кориро дар даст дорад.
"Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест"
Дар ҳоле ки солҳои қаблӣ низ аз ҷониби баъзе давлатҳо дар масъалаи қабули муҳоҷирони корӣ пешниҳодҳое буд, вале чаро фақат барои муҳоҷират ҳамин Русияро интихоб намудаем?
Тибқи гузоришҳо чанде қабл давлати Қатар пешниҳодро дар бораи қабули шаҳрвандони тоҷик ба сифати муҳоҷири корӣ ба кишвараш, намуда буд. Ва билохира рӯзҳои 26 ва 27 - уми апрел як ҳайати баландпояи давлати Қатар барои оғози ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати корӣ вориди Душанбе шуданд.
Мансур Орифов, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 29 - уми апрел ба хабаргузориҳо гуфтааст, ин масъала дар ҷараёни имзои "протоколи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши муҳоҷирати корӣ" аз тарафи намояндагони давлати Қатар дар миён гузошта шудааст. Дар соли 2022 - юм Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар баргузор мегардад ва ба қавли намояндагони ин давлат барои баргузории ин бозӣ 200 миллиард доллар ҷудо кардааст. Онҳо даъват намуданд, ки тамоми шароитро барои мутахассисони ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон фароҳам меоваранд ва ширкатҳо метавонанд бо коргаронашон дар он ҷо кор кунанд".
Аммо танҳо дар он сурат ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон ва шаҳрвандон метавонанд дар Қатар кор кунанд, ки "Созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кор дар давлати Қатар" ба имзо расад. Дар ҷараёни сафари ҳайати баландпояи давлати Қатар маълум шуд, ки ҷониби Қатар тамоми масоили ҳуқуқӣ ва кориро дар созишнома овардааст ва ҳоло ҳама мунтазири мавқеъи вазоратхонаҳои зидахли Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ниҳодҳои масъули кишвар ҳастанд.
Чун ҷониби Қатар чунин пешниҳоди зарур ва ниҳоят муҳимро барои ҷониби Тоҷикистон кардааст, дигар чи ҳоҷат ба мунтазирии ин ниҳодҳо буд. Зеро ба қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки мегӯяд; "Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест". Ин ниҳодҳо муддати қариб 20 сол ҳеч беҳбудие барои муҳоҷирони корӣ накарданд ва ё карда натавонистанд. Алъон мунтазири кӣ бояд буд? Шояд гӯш ба ҷониби Русия ниҳодаанд, то бубинанд, ин давлати барои муҳоҷирони тоҷик "ғамхор" чӣ мегуфта бошад?
Ба қавли Манcур Орифов, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, интизор меравад дар рӯзҳои наздик мақомоти Тоҷикистон назару пешниҳодҳои худро ба бандҳои ин созишнома пешниҳод карда ва ин санадро имзо кунанд. Ӯ афзудааст, ки мувофиқи ин санад давлати Қатар бештар ба мутахассисони ҳирфаии соҳаи тиб ва сохтмонии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад. Илова бар ин, ба дуредгарон ва гаҷкорон ҳам эҳтиёҷ ҳаст. Донистани забони арабӣ ҳатмӣ нест, вале агар мутахассисон бо ин забон ва ё бо англисӣ сӯҳбат карда тавонад, аз имтиёзи бештаре бархӯрдор хоҳад шуд. Мувофиқ ба созишномаи мазкур қонунҳои давлати Қатар ҳуқуқи коргарро ҳамаҷониба ҳимоят мекунанд ва дар назди кордеҳ ё корфармо масъулияти бештаре гузошта шудааст.
Оғуши сарди Русия
То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти кор бештар ба Русия ва қисми андаке ба Қазоқистон мераванд. Мизбони аслии муҳоҷирони тоҷик ин шарики бо ном стратегӣ ва бо эътимоди Тоҷикистон Русия маҳсуб мешавад, ки чандон бо чеҳраи кушод муҳоҷиронро пешвоз намегирад.
Ахиран Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, бахусус аз он нигарон аст, ки дар ин кишвари муҳоҷирпазир, корфармоён, мақомоти расмӣ ва афроди алоҳида ба муҳоҷирони кории тоҷик зӯровариву таҳдид мекунанд. Ин ниҳод мегӯяд, муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро дар боздоштгоҳҳо, ки шароиташ мисли зиндон аст, барои моҳҳо ва баъзан то як сол нигаҳ медоранд. Кумитаи дифоъ аз муҳоҷирони кории Созмони Милал, ки ҳафтаи гузашта иқдомоти Тоҷикистон дар роҳи таъмини ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони кориву хонаводаҳои онҳоро арзёбӣ кард, баъди натиҷагирӣ аз ин иқдомот ба давлати Тоҷикистон тавсия додааст, ба муҳоҷирони дар Русия ба чунин балоҳо гирифор шуда, кумак расонад ва барои ҷазо додани онҳое, ки алайҳи муҳоҷирони кории тоҷик ҷиноят мекунанд, бо кишвари мизбони муҳоҷирон ҳамкорӣ намояд.
Кумитаи мазкур аз маргу мири зиёди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва таҳқиқи ками сабабҳои марг ва чунин парвандаҳо ибрози нигаронӣ кардааст. Дар ҷаласаи кумита зикр шудааст, ки солона дар Русия тақрибан 1000 муҳоҷири тоҷик ё дар тасодуфҳо, ё бар асари беморӣ ва ё аз дасти миллатгароён кушта мешаванд. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, ҳамкориро бо ниҳодҳои ҳифзи тартибот ва қонуни кишвари мизбон тақвият бахшида, тазмин диҳад, ки гунаҳкорони марг ва ё қотилони муҳоҷирони кории тоҷик ҷазои сазовор бигиранд.
Аммо ин кумита айни замон мегӯяд, аз он сабаб, ки Русия ба Аҳдномаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кориву хонаводаҳои онҳо ҳамроҳ нашудааст, дар иҷрои тадобир барои ҳимоят аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик монеаҳо пеш меоянд.
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал рӯзҳои 17 то 18 апрел дар шаҳри Женева гузориш ва иқдомоти давлати Тоҷикистон барои ғамхорӣ дар ҳаққи муҳоҷирони кориро баррасӣ карда гуфтааст, аз тасвиби санадҳои лозим ва таъсиси ниҳодҳои зарурӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон истиқбол мекунад.
Кумита дар ҳашт саҳифа тавсияҳо барои ислоҳи вазъи муҳоҷирон ва ҳимояти беҳтар аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷикро ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карда ва аз он хостааст, то чанд соли дигар дар мавриди иҷрои ин тавсияҳо ба Созмони Милал гузориш диҳад.
Солона тақрибан як миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустӯҷуи кор ва музди беҳтар ба Русия мераванд, ки мизбони "сарде" маҳсуб мешавад.
Русия, ки ҳанӯз ба Аҳдномаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кориву хонаводаҳои онҳо ҳамроҳ нашудааст, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки борҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти он кишвар бо баҳонаҳои зиёд, аз қабили надоштани иҷозатномаи корӣ, ё ҳуҷатҳои тасдиқкунандаи макони зист, борҳо ҳуқуқи муҳоҷирони кори тоҷик нақз мешавад ва рӯиҳамрафта ба тавҳину таҳқир, лату кӯб ва куштори муҳоҷирони корӣ даст мезананд.
Гап ҳасту амал нест…
Аз ин хотир ҷониби Тоҷикистон, хусусан Хадамоти муҳоҷиратро зарур аст, чунин пешниҳодҳоро, ба мисоли даъват барои кор ба Қатар бидуни ҳеч истихорае қабул намоянд, то каме бошад ҳам мардуми бофарҳанг ва мутамаддини тоҷик аз зиллату хорӣ ва дармондагии Русия ва Узбакистон халосӣ ёбанд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон низ роҳҳои дигари ҷалби муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистонро муҳим мешуморанд. Гуфта мешавад, ки тайи 20 сол шумори созишномаҳо ва қарордодҳои байни ҳукумативу байниидоравӣ зиёд ба имзо расидаанд, вале натиҷа нишон медиҳад, ки масъалаҳои асосӣ сарфи назар шудаанд.
Ба хусус барои ҷалби нируи корӣ ба Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳое амсоли Қатар хабарҳое нашр шудаанд, аммо дар мавриди сафарбар шудани муҳоҷирони корӣ гузоришоте ироа нашудааст. Чанде аз хатмкардагони шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон(ҳоло ДМТ) шиква аз он доштанд, ки агарчӣ забони арабиро балад ҳастанд, муроҷиаташон барои дарёфти кор бенатиҷа будааст ва ногузир барои мавсими имсол низ билети ҳавопаймои Маскавро харидорӣ кардаанд. Аммо билети ҳавопаймои Арабистони Саудӣ ва Қатар дар дасти кист? Ва онро тоҷикони дипломдори аробакаши бозорҳои Маскав кай дастрас хоҳанд кард?!
Ҷамшеди Қувват