Остинча

Қаблан бибиҳои қобили мо ба порчаҳои изофӣ ва либосҳои нодаркор умри дубора мебахшиданд ва заруратҳои дигари зиндагиро таъмин мекарданд.

Ҳоло дастгоҳи истеҳсолии абарқудрати Чин тамоми ин ҳунарофариниҳоро аз мо гирифта, то дохили оташкада ё аловхонаи модаронамон ҳам нуфуз кардааст. Аммо чаро вақте худ аз уҳдаи ин ҳунар мебароем, бояд пулро бегона кунем ва ба иқтисоди хонавода зарар ворид кунем. Танҳо як рӯзи истироҳатро барои ин кор махсус вогузор кунед ва бубинед, ки чӣ гуна метавонед ҳам аз чизҳои нолозим халос мешавед ва ҳам ҳунари шумо ошхонаву даври дегдони шуморо зеб хоҳад дод.

Шумо аз матоъҳои ҷинс метавонед остинчаҳо ва сурфаву дигар лавозимоти ошпазхонаи хешро бидӯзед, ки солҳо мавриди истифода қарор хоҳед дод. Чанд намунае аз остинчаҳоро бароятон гулчин кардаем.

 

 

Маҷаллаи онлайнии “Ҳавво”  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97