Қаламарезгӣ

Бонувони гиромӣ ва алоқамандони дарздӯзӣ!

Яке аз ҳунарҳои қадимӣ, ки модаркалонҳои мо бо салиқаи хос барои хонавода курпаву болишт медӯхтанд ва ба мо мерос гузоштанд, қаламарезгӣ ё ба гунаи дигар "қуроқ" аст. Маънии ин вожаҳоро бар уҳдаи забоншиносон вомегузорем, ки корбасти кадоме аз онҳо дуруст аст, то мо дар илм ва китобҳо аз он истифода бубарем.

Одатан дар қадим ба хотири сарфаву сариштакорӣ аз пораҳои матоъ барои дӯхтани курпаву болишт кор мегирифтанд.  

Ин ҳунар на танҳо дар кишвари мо, балки дар саросари дунё маъмул аст ва ҳар кишвар бо салиқаи худ, онро тарроҳӣ мекунад. Дар кишварҳое аз рангҳои шод ва дар бархе аз кишварҳо аз рангҳои дурушт ва ё сард истифода мекунанд. Ҳоло як навъи ин ҳунарро, ки бо салиқаи аврупоӣ дуруст шудааст, пешкаши Шумо азизон мекунем.

Таҳияи Фарангис Раҳимова,

устоди Донишкадаи ҳунар ва санъати меъморӣ 

барои маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97