Дар вақти ифтор чӣ бихӯрем?

Дар вақти ифтор аз масрафи ғизои сахт худдорӣ кунед ва беҳтар аст бо фосилаи 2 соат баъд аз ифтор, хӯрок бихӯред то сабаби серӣ дар замони саҳархӯрӣ нашавад.

 Ба ақидаи бархе аз пизишкон, дар ифтор беҳтар аст аввал бо чой, оби ҷӯш ё ширгарм ва хурмо ё кишмиш рӯзаи худро боз кунед. Дар ифтор истифода аз нону панир, сабзавот ва то ҳадди имкон истифода аз мағзҳое мисли чормағз ва писта низ муносиб аст.

Суп, оши бурида, хӯроки лубиё, наск, хӯроки сабзиҷот бо каме нон ба ҳамроҳи ҷурғоту бодиринг ё дуғ ва хӯришҳо, сабзавот ғизоҳое аст, ки барои сарфи шом дар моҳи Рамазон муносибтар аст.

Билофосила баъд аз шом аз масрафи чой худдорӣ кунед, чун ҷазби оҳанро коҳиш медиҳад ва беҳтар аст, баъд аз шом аз меваҳо ба хусус мураккабот, ки ҳовии миқдори болои витамини С ҳастанд, истифода кунед; Зеро ҷазби оҳан дар баданро афзоиш медиҳад ва дар метаболизми табиӣи бадан ва тавлиди бархе аз ҳормонҳо нақши хос дорад.

То поёни шаб ва ҳангоми хоб аз меваҳо, чои камранг ва дигар моеъот, ба хусус об истифода кунед.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97