Йога фишори хунро паст мекунад

Касоне, ки кам аз кам ҳафтае се бор йогаро бо ҳаракоти махсуси нафасгирии амиқ (чуқур) ва истироҳати мушакҳо тамрин мекунанд, бар асоси ёфтаҳои як пажӯҳиши тоза, дар муқоиса бо касоне, ки йога намекунанд, фишори пойинтари хун доштаанд.

Дар ин пажӯҳиш 3 ҳазору 517 зан ва марди миёнсоли фарбеҳ, ки фишори баланди хун дошта ё ҳам дар остонаи мубтало шудан ба фишори хун қарор доштанд, ширкат карда буданд.

Донишмандон, ки ҳамвора фишори хуни ин афродро пеш ва ба дунболи тамрини йога баррасӣ мекарданд, пай бурданд, ки пас аз тамрин фишори хуни систоликии(систолический) онон панҷ ва фишори хуни диастоликишон (диастолический) то чаҳор милиметр сутуни симоб пойинтар меомад.

Фишори хуни инсон ду бахши систолик ва диастолик дорад. Фишори систолик, ки ҳамзамон бо заработи (задани) дил аст, дар асари дардгирии мушакҳои қалб ва рондани хун ба шараёнҳо тавлид шуда ва фишори хуни диастолик байни ду зарбаи қалб эҷод шуда, ки ҳамзамон бо суст ва шал шудани мушакҳои қалб ва вуруди хун ба даруни қалб мебошад.

Касоне, ки мубтало ба фишори баланди хун буданд ва ҳафтае се рӯз йога бо тамриноти нафасгирии амиқ ва оромиши мушакҳо анҷом медоданд, фишори хуни систоликшон то 11 ва фишори хуни диастоликшон то шаш милиметр сутуни симоб пойин омад.

Ба гуфтаи як донишманде, ки ин пажӯҳишро анҷом додааст, йога низ монанди режими ғизоӣ ва парҳез аз истеъмоли духониёт ба унвони равише барои коҳиши фишори хун ба кор бояд баста шавад.

Фишори муътадили хуни афрод бояд 120/80 милиметр сутуни симоб ё пойинтар аз он бошад ва фишори хуни болотар аз 140/90 милиметр сутуни симоб баланд шудани фишори хун дониста мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97