«ПАРОНЧАКҲО»

ё камбағал аз номи донишҷӯ ҳам маҳрум мешавад

Шурӯъ аз аввали моҳи августи соли равон дар макотиби олии кишвар имтиҳони қабули Довталаб-2008 оғоз гардид. Боз теъдоде чанд домони гарму нозпарварди модар вогузошта, ба қавле паррончак шуданд.Боз шуморе чанд ба пойтахт омаданд. Сирф бо мақсаде, ки донишҷӯ шаванд, касб омӯзанд. Ба хотири таъмини ҳаёти минбаъдаи худ…Эшон ҳамсоли Тоҷикистони соҳибистиқлоланд.

Бале, инҳо, довталабони имсола ва донишҷӯёни оянда ҳамсоли ҷумҳурии мустақили моянд. Ва акнун замони мустақилияти инҳо низ фаро расида… Воқеан, ҳамаи онҳое, ки макотиби ҳамагониро хатм кардаанд, донишҷӯ мешаванд? Оё он маблағе, ки имрӯз барои вуруди мактаби олӣ лозим аст, имкон медиҳад, то ҳамаи он нафароне, ки хоҳиши донишҷӯ шудан доранд, донишҷӯ бишаванд?

Нархи шартномаҳои мактабҳои олӣ сол ба сол афзоиш меёбанд. Ин маънои онро дорад, ки рафта-рафта оне, ки аз хонаводаи камбағал ё миёнаҳол аст, дохил шуданро ба мактаби олӣ орзу мекунаду бас. Тибқи як пурсиш муайян гардида, ки нархи дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ барои соли равон аз 1000 доллари амрикоӣ боло рафтааст. Албатта, метавон гуфт, оне дохил мешавад, ки ин миқдор маблағ дорад. Пас, агар, падар ё модаре, ки ҳамин миқдор маблағ надошта бошад, фарзанди ӯ ба куҷо меравад: аскарӣ, мардикорӣ, ё куҷо? Маълум аст онҳое, ки ба макотиби олӣ дохил шуда наметавонанд, ягона роҳ доранд: рӯ ҷониби Русия, ба мардикорӣ рафтан.

Ба тахминам соли оянда ва солҳои баъдӣ нархи шартнома ва нархи вуруд ба макотиби олӣ болотар хоҳад рафт. Пас медонед, хонандагони азиз, ин иқдоми "наҷиб" (боло бурдани нархи шартномаи мактаби олӣ) ифодагари чист? Ифодагари он аст, ки дар чанд соли оянда мо сафи мардикорони тоҷикро аз ҳисоби ҷавонони 17-18 сола афзун хоҳем кард. Даҳшат!

Аҷибаш ин аст, ки ҷумҳурии мо мувоҷеҳ ба мушкилоти кадрӣ аст. Шикваи масъулини соҳаи маориф ва соҳоти дигари кишварро перомуни нарасидани кадр ва ё мутахассис аз радиову ТВ ва матбуот ҳамарӯза қариб, ки мешунавем. Эшон аз ин боб меноланду дар сарашон ҳеч фикри он намеояд, ки нархи шартномаро каме тағйир бидиҳанд, то фарзандони хонаводаҳои камбизоат, ки камтар метавонанд ба тариқи буҷа дар донишгоҳҳо дохил бишаванд, низ имкони дохил шуданро пайдо бикунанд. Воқеан, чаро дандоншикану осмонӣ будани нархи шартномаҳои макотиби олӣ масъулини соҳаро нигарон намекунад? Барои он ки фарзанди онҳо дар макотибе (хориҷи кишвар) таҳсил мекунанд, ки маблағи шартномааш даҳчанд гаронтар аз нархи шартномаҳои макотиби олии кишвар аст ва аксар вақт онҳо аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Ҳамин тавр нест магар?

Шахсан барои ман маълум нест, ки нархи шартномаи мактаби олӣ бо чи муқоиса мешавад, он гунае, ки имрӯз дар бозор ҳатто гаронии нархи сабзавотро марбут ба боло рафтани қурби асъори ИМА медонанд. Агар инро баста ба таъмири ҳарсолаи мактбаҳои олӣ донем хандаовар мебуд, зеро ин факт аст, ки мактабҳои олии кишвар ҳар сол таъмир намешаванд, балки таъмир шудани онҳо дар ду-се сол як маротиба сурат мегирад. Ва ин ҳам ҳоло эҳтимол аст, ки оё таъмир мешаванд ё на.

Ба ҳар ҳол ба довталабони имсола, паррончакҳои замони соҳибистиқлолӣ, донишҷӯён ва мутахассисони оянда муваффақият мехоҳам. Бигзор ояндаи Тоҷикистони азиз эшон бошанду бӯҳрони кадрӣ дар кишвар афсона бимонад.

"Паррончакҳо"* номи яке аз асарҳои нависандаи маҳбуб, Абдулҳамиди Самад аст.


Башир УСМОНОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97