Тарануми Ватан дар Дарвоз

Рӯзи 20-июни соли 2019 дар толори Ҳукумати ноҳияи Дарвоз озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон -Ватани азизи ман”  доир шуд.

 Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз бист нафар аз ҷавонон вобаста ба талаботи озмун ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

Ин озмуни бо ҳузури Мирзозода З., муовини раиси ноҳияи Дарвоз, Қиёмиддин Иброҳимзода, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одинаев С., сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ВМКБ, Шодиев М. ва дигар кормандону масъулони ноҳия баргузор гардид.

Аз рўи низомномаи озмун доварон ба номинатсияҳои зерин ба ҳунарнамоии ҷавонон баҳогузорӣ карданд: Наминатсияи ровӣ - Файзонаи Умарҷон сазовори ҷойи аввал, Саъдонзода Аюб Каримҷон  сазовори ҷойи дуюм ва Рисолати Анваршо сазовори ҷойи сеюм ;

Наминатсия шоир – Абдураҳмонова Малика сазовори ҷойи якум, Одинаева Дилангез сазовори ҷойи дуюм ва Гулангези Пулод сазовори ҷойи сеюм;

Наминатсияи овозхонӣ - Давлатов Амирҳамза сазовори ҷойи нахуст, Худойдоди Хушқадам сазовори ҷойи дуюм;

Жанри эстрадӣ - Ганҷалӣ Пирмуҳаммад сазовори ҷойи якум, Амирбекзода Фирӯз сазовори ҷойи дуюм;

Наминатсияи навозандагӣ - Файзиддини Ҷаъфар сазовори ҷойи якум, ва гурӯҳи чорнафара навозиш бо асбобҳои зарбӣ Зафарзод Фирдавс, Ҳомидов Ҳомидҷон, Султонзода Барзу ва Мансури Иқболшо сазовори ҷойи дуюм дониста шуданд.

Дар ин бора Мирзоев С., сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ба маҷаллаи онлайнии “Ҳавво” хабар дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97