Озмун барои таҳсил дар курсҳои кутоҳмуддат дар Амрико

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон озмуни кушодро барои иштирок дар барномаи стипендияи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои солҳои 2020-2021 эълон кардааст.

 Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо: 31 майи соли 2019 муқаррар шудааст.

Барномаи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои мутахассисони ҷавони тоҷик имконияти таҳсили курсҳои даҳ моҳа, рушд додани маҳорати сарварӣ ва такмили ихтисос дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад. Довталабон ба барномаи мазкур дар асоси маҳорати сарварӣ ва шомил будан барои хидмат ба ҷомеа дар бахши хусусӣ ё ҷамъиятӣ интихоб мешаванд.

Дар маҷмуъ, ҳабдаҳ Донишгоҳ дар саросари Иёлоти Муттаҳида довталабони Ҳамфриро мепазиранд.

 

Бахшҳои соҳавии барнома

 

Рушди устувор:

Кишоварзӣ ва рушди деҳот

 

Рушди иқтисодӣ/Молия ва Бонкдорӣ

Захираҳои табиӣ/Сиёсати экологӣ/Тағирёбии иқлим

Банақшагирии шаҳр ва минтақа

 

Созмони институтҳои демократӣ:

Иртиботот/Рӯзноманигорӣ

Қонун ва ҳуқуқи инсон

Таҳлили сиёсати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ

Сиёсати қочоқи одамон ва пешгирӣ

Сиёсат ва идоракунии технология

Идоракунии захираҳои инсонӣ

 

Маориф:

Маъмурияти маориф, банақшагирӣ ва қонунгузорӣ

Маъмурияти таҳсилоти олӣ

Омӯзиши забони анлисӣ ҳамчун забони хориҷӣ (трейнингҳо барои омӯзгорон ё рушди барномаи таълимӣ;)

 

Тандурустии ҷомеа:

Қонунгузорӣ ва идораи тандурустии ҷомеа

Таълимот дар бораи ҷиҳатҳои манфии истифодаи маводи мухадир ва роҳҳои пешгирии он

Қонунгузории ВНМО (ВИЧ / СПИД) ва роҳҳои пешгирии он

 

Талабот барои довталабон:

Дипломи донишгоҳ

Хадди ақал 5 соли таҷрибаи корӣ

Мавҷудияти хусусиятҳои лидерӣ

Саҳмгузорӣ дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ

Дониши забони англисӣ

Таҷрибаи зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида надошта бошад, ё чунин таҷриба кӯтоҳмуддат бошад.

 

Талабот:

Довталабон бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд

Довталабон бояд дорандаи дипломи маълумоти олӣ бошанд

 

Раванди супоридани ҳуҷҷатҳо:

Суолотро аз ин ҷо дастрас кунед: https://apply.iie.org/huberthhumphrey

Барои дарёфти маълумоти бештар ба Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути рақамҳои телефонӣ (+992 37) 229 23 14 ё суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. метавонед муроҷиат намоед.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97