Духтарони деҳот чи орзуе дар сар доранд?

Озмуни “Ман орзуе дорам...”, ки барои духтарони деҳот  тавассути барномаи John Smith Trust эълон шуда буд, ҷамъбаст шуд.

Дар торихи 24 декабри соли гузашта аз ҷониби хатмкунандагони барномаи John Smith Trust озмуни  «Ман орзуе дорам…» эълон шуд, ки дар он духтарони аз 12 то 18-сола (аз деҳот) ҳаққи ширкат кардан доштанд. Тибқи шартҳои озмун ҳар ширкаткунанда дар бораи орзуи худ, ки барои беҳтар намудани зиндагии ӯ ва атрофиёнаш кумак мекунад, эссе (иншо дар шакли озод, бо забонхои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) навишта, онро ба озмун мефиристод. Ғолиби беҳтарин иншо аз тарафи ҳакамони мустақил интихоб шуда, хатмкунандагони John Smith Trust дар амалӣ намудани орзуи навиштааш ба ӯ кумак мекунанд.

Санаи охири қабули иншо 4 марти соли 2018 муайян шуда буд ва ҳамин тариқ ба озмун 40 мактуб аз тамоми манотиқи кишвар бо се забон ҳам тариқи почта ва ҳам тариқи идораи радиои «Садои Душанбе» дастрас шудааст.

Муҳайё Низомова, яке аз масъулони ин озмун мегӯяд: "Мо 40 мактуб гирифтем, духтаракони мо орзуҳои хеле аҷиб доранд, аммо бештари онҳо вобаста ба худи онҳо буд. Яъне баъди хондани ин мактубҳо хулосаи мо чунин аст, ки ҷавонони мо бештар дар фикри беҳбудии вазъи шахсии худ ҳастанд ва ками андар кам барои беҳбудии ҷомеъае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, фикр мекарданд. Албатта, онҳо бовар доранд, ки агар зиндагиашон хуб бошад, барои ҷомеъа коре карда метавонанд, ин ҳам андешае  дуруст аст. Аммо ба фарқ аз ҷавонони ҳамсоли хориҷиаашон орзуву нақшаҳояшон сирф ба шахсияташон бастагӣ доранд."

Вай афзуд:"Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо хушҳолем, ки дар миёни хонандагони муассисаи таълимии умумии рақами 13-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ духтараконе ҳастанд, ки дар фикри беҳбудии на танҳо зиндагии шахсии худ, балки дигар духтарони мактабашон ҳастанд. Дар мактуби яке аз онҳо омадааст: «Ман орзу дорам, ки дар синфхонаи мо дастгоҳи пухтупаз, мошинаи дарздузӣ бошад…».

Ба гуфтаи дастандаркорони ин озмун, интихоби ғолиб хеле душвор буд, аммо тибқи шарти озмун ва ҳам иқтидори худи мубтакирон – чун маблағгузорӣ аз ҳисоби шахсии се нафар бонуи хатмкунандаи барномаи JST Tajikistan 2018 сурат мегирад, ба хулосае омадаанд, ки дар амалӣ намудани орзуи Одинаева Лола, хонандаи синфи 8 «Б»-и МТУ №13 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумак намоянд.

Бояд гуфт, ки Ҷон Смит (John Smith) яке аз бузургтарин шахсиятҳои Бритониёи Кабир буда, барои бартарияти қонун, баробарҳуқуқии иҷтимоъӣ ва озодии инсон мубориза мебурд. Ин аст, ки баъди хатми барномаи мазкур ва гузаштани курси таълимии якмоҳа дар охири соли 2018 дар Бритониёи Кабир, се бону тасмим гирифтаанд, то духтарони деҳаро, ки нисбатан дастрасии маҳдуди иҷтимоъӣ доранд, тариқи ин озмун ба фаъолиятибештар раҳеамоӣ намоянд.

Рӯзҳои наздик тӯҳфаи ғолибро ба мактаби ӯ мерасонанд. Онҳо бар ин умед ҳастанд, ки бо ин роҳ ба духтарони ин мактаб заррае дар амалӣ шудани орзуҳояшон кумак мекунанд. 

Регина Соколова, Сабрина Канденова ва Муҳайё Нозимова, таъсисдиҳандагони озмун, хатмкунандагони барномаи JST2018 мебошанд.

Лола Раҳимова, "Ҳавво"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97