(Ё чаро донишҷӯёни Суғд барои ширкат дар маршировкаҳо маош намегиранд?)
Фирӯза, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, аз “маршировка”- ву роҳпаймоиҳои маҷбурӣ дилгир шудааст. Ба гуфтааш, ин “маршировкаҳо” “ба ҳеч дардаш даво намешаванд”. “Солҳои гузашта аз рӯзҳои нахустини оғози соли хониш “маршировка” шуруъ мешуд. Дар ҳоле ки мо бо умеди маълумоти олӣ гирифтан ба донишгоҳ дохил мешавем, аммо “бисмилло”-и соли хониш ба хотири чорабиниҳои яклаҳзаина шурӯъ мешавад, пас дар бораи сифати таҳсили донишҷӯ ҳарф задан дурӯғи бефурӯғ аст”, - мегӯяд Фирӯза.
Вазири маориф ва илми кишвар бо тасвиби як қарор иштироки донишҷуёнро дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ бе иҷозати вазорат манъ кард.
Тибқи ин қарор, минбаъд донишҷӯён бе иҷозати расмии вазорат набояд ба “маршировка” ва роҳпаймоиҳо ҷалб шаванд. Ҳамчунин вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ахиран дар як нишасти хабарӣ таъкид кард, ки ҷалби донишҷӯ ба чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ танҳо баъди дарс иҷозат аст ва онҳое, ки дар маршировкаҳо ширкат мекунанд, барояшон маош пардохт мешавад.
Дар ҳоле, ки вазири маориф ва илм дар бораи бе иҷозати вазорат ҷалби донишҷӯёнро ба “маршировка” дар қарори расмӣ манъ намудааст, аммо ишораи вазир дар мавриди он ки ӯ ҷонибдорӣ “маршировка” аст, далели онро дорад, ки ин масъала ҳамоно ҳалли худро наёфтааст.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода зимни як нишаст бо рӯзноманигорон гуфт, барои ширкатдорони чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ имтиёзҳо дода мешавад.
Навобаста аз гуфтаҳои ректори ин боргоҳи таълимӣ, то куҷо асоси воқеӣ доштани ин гуфтаҳо зери баҳс боқӣ мемонад. Зеро дар ҳоле, ки масъулини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз имтиёзҳои иштирокчиёни чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ҳарф мезананд, иддае аз донишҷӯён дар суҳбат бо мо шикоят намуданд, ки онхо дар раванди “маршировка” ва баъди анҷоми он бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ мешаванд.
Ҳамасола донишҷӯён дар остонаи ҷашни Наврӯз, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлол дар Тоҷикистон ба "маршировка" ҷалб мешаванд ва гоҳҳо ин “саргармсозиҳо” як-ду моҳ тӯл мекашад. Дар ин гуна маъракаҳо ҳазорон донишҷӯ аз мактабҳои олӣ сафарбар мешаванд. Аммо аз ҳамаи ин “маршировка”-ҳо чи “мевае” ҳосил мешавад, ҳанӯз касе баҳо надодааст.
Хуршеди Сабур, барои маҷаллаи онлайнии “Ҳавво”