Сафар бо автобусҳои "резинӣ": арзон, вале бо машаққат

Баробари наздик шудани фасли баҳор сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба самти Русия авҷ мегирад ва суоли “Муҳоҷирон тавассути чӣ ва ба кадом восита сафар мекунанд?”, моро водор сохт, ки масъаларо пайгирӣ кунем.

Дар наворе, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, муҳоҷирони фиребхӯрда, ки бо автобус ба Русия мерафтанд, дар роҳ саргардон шуданд. Онҳо аз роҳбаладе ба номи Муқаддас шикоят мекарданд, ки маблағи роҳкироро ситонида, дар саҳроҳои Қазоқистон мусофиронро аз автобус поён кардаст.

 Дар баробари ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз даҳҳо навор чарх мезананд, ки аз мушикилӣ ва муаммоҳои роҳу хизматрасонии пастсифати роҳбаладони мусофирбар мшикоят мекунанд. Бо мақсади дақиқ кардани асли масъала мо бо суоли “Сатҳи хизматрасонӣ дар автобусҳои мусофиркашони хатсайрҳои Тоҷикистон-Русия ва Русия-Тоҷикистонро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?” пурсише анҷом додем, ки 31 нафар иштирок карданд.

Абдумалик, сокини ноҳияи Ашт, ки муҳоҷирони меҳнатиро ҳангоми сафар тавассути автобус роҳбаладӣ мекунад, гуфт, ҳамасола беш аз 2 ҳазор муҳоҷирро роҳнамоӣ мекунад.

“Мо ба хотири таъмини хизматрасонии босифат ҳангоми сафар ба муҳоҷирони корӣ ҳамаҷониба талош мекунем. Аммо баъзан ҳолатҳое мешавад, ки аз сабаби зиёд будани борҳои худи муҳоҷирон вақти сафар душвориҳо пеш меояд”, - гуфт Абдумалик.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир билети автобус барои як муҳоҷир вобаста ба самти сафар ба Русия аз 500 то 850 сомонӣ (мутаносибан 3,5 то 6 ҳазор рубли русӣ) арзиш дорад.

Муҳоҷирони корие, ки тавассути автобус сафар доштанд, ҳангоми сӯҳбат бо мо аз гаронии чиптаҳои ҳавопаймо дар кишвар изҳори нигаронӣ намуданд.

11

“Баъзан дар микроавтобусҳое, ки 22 ҷойи нишаст доранд, беш аз 25 касро мешинонанд ва бо ваъдаҳои ин ки дар роҳ шуморо ба дигар нақлиёт савор мекунем, дар ҳамин ҳол то охири манзил мерасонанд” – гуфт муҳоҷире бо номи Саидҷон.

Дар ҳоле, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар кишвар гарон аст, муҳоҷирон маҷбуранд, тавассути автобус ба роҳ бароянд.

Муаллифон: Ҷаҳонгир Мирсалимов, Рӯзигул Зоҳидова аз шаҳри Хуҷанд 

Махсус барои маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97