Ба таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Замоне Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро ба даст гирифт, Садову Симои Тоҷикистон шабонарӯзӣ таблиғоти густардаеро дар робита ба ин роҳандозӣ, кард. Дар нақлиёти шаҳрӣ радиои Тоҷикистон аз ин мавзӯъ мегуфт, шиору овезаҳо низ бозгӯкунандаи ин мавзӯъ буд, матбуот низ дар робита ба ин ташаббус матлаб менавишт. Хулоса, аз ҳама минбарҳо аҳамияти ҳаётии об ва ифтихори дар саргаҳи ин захираи муҳими табиат қарор доштани кишвари азизамон таблиғ мешуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст:
« …Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.
Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.
Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад.
Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд… Дар мамлакати мо, ҳамчунин, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд дошт.»
Мани донишомӯзи мактаби таҳсилоти ҳамагониро як нукта дар тааҷҷуб меовард. Чаро Об ин сарвати муҳимми ҳаётӣ, ки мо идаъо мекунем, дар саргаҳи он қарор ва захираи бештари онро дар ихтиёр дорем, дар баробари дигар сарватҳои (боигариҳои) кишвар дар Нишони давлатии мо ҷой надорад. (Дар ҳоле ки гандум ва пахта бидуни об нашъу намо намеёбад.)
Таърифе, ки мо аз Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорем, ин аст:
«Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бар асоси Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 891 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:
1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.
Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазируфта шудааст.»
Гандум ва пахта дар ҳоле ҳамчун сарвати асосии кишвари мо дар Нишони давлатӣ таҷассум ёфтааст, ки ин ду навъи зироат дар авлавияти иқтисоди кишвар дигар қарор надорад. Ба ҳар сурат дар гузоришҳои расмӣ ва матбуотӣ дар ин бора чандон сухан намеравад. Ба хусус дар ин бора дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора ишорае надидам.
Аз ин рӯ ба андешаи ман бояд Нишони давлатии Тоҷикистон бознигарӣ шавад ва дар он муҳимтарин сарвати мо рамзи Об ҷой дода шавад.
Масъуд Давлатзода,
хонандаи синфи 10-уми МТМУ №49,
ноҳияи Фирдавсӣ