Меҳрубон, Google ва ватандорӣ

 Mehrubon

              Ё дар Ватан ин ҳама номеҳрубонӣ ба Меҳрубон чарост?

 

 Меҳрубон парчамбардори Тоҷикистон

 

Меҳрубон Тураев, хатмкардаи гимназия –интернати «Ҳотам ва П.В.» дар бистуҳафтумин давраи Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз информатика – IOI-2015 барандаи медали биринҷӣ шуд ва ливои Тоҷикистонро парафшон кард.

 

       Ин олимпиада аз 26-уми июл то 2-юми август дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, ки дар он дастаи Тоҷикистонро 4 нафар намояндагӣ мекарданд. Меҳрубон Тураев ва Нодир Даминов бо намояндагӣ аз гимназияи «Ҳотам ва П.В.» ва Доро Умаров ва Баҳодури Суҳайлӣ бо намояндагӣ аз литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ширкат варзиданд. Дар ин озмун Меҳрубон сазовори 250 хол, Нодир сазовори 154 хол, Баҳодур сазовори 142 хол ва Доро сазовори 97 хол шудаанд. Аз миёни иштирокчиёни ин мусобиқа аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз танҳо Меҳрубон Тураев соҳиби медал шудааст. Ва ҳамин гуна дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз миёни 83 давлат сазовори ҷои 48 гардидааст. Дар ин мусобиқот Қирғизистон дар ҷои 61, Озорбойҷон дар ҷои 78 ва Узбакистон дар ҷои 82 қарор гирифтаанд. Дар ин рақобатҳо Кореяи ҷанубӣ, Чин, Русия, Амрико, Ҷопон ва Ирон ба тартиб панҷ ҷои аввалро ишғол кардаанд.

 

Google Меҳрубонро пайдо кард

  Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯгари Интернет Меҳрубонро пайдо карда ва ӯро ба кор даъват кардааст. Ширкате, ки беш аз 600 миллиард доллар баҳо дорад ва ин баҳоро ба шарофати мағзҳои халлоқ, чун Меҳрубони ҳамватани мо ба даст овардааст. Меҳрубон Тӯраев ягона тоҷик аст, ки аз ширкати муътабари Google пешниҳоди корро дарёфт кардааст. Қаблан Беҳрӯз Афзалӣ, шогирди гимназия-интернати «Ҳотам ва П.В.», ки Меҳрубон назди ӯ дарс гирифтааст ва ӯро муаллими худ медонад, ба ширкати Яндекс даъват шуда буд, ки ҳоло дар ин ширкат кор мекунад.

 

Ҳоло Меҳрубон дар сероҳаи интихоб қарорд дорад; таҳсил дар Донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия, Донишгоҳи Ҷопон ва кор дар Гугл. Худи Меҳрубон мегӯяд, танҳо баъд аз хатми донишгоҳ барои кор ба ширкати Google хоҳад рафт. Ӯ тасмим дорад, баъд аз хатми донишгоҳ дар Ҷопон дар ширкати Google ба кор оғоз кунад.

Ин ҳама дастовард натиҷаи таълиму тадрис дар мактаби миллӣ аст, ки Меҳрубон тавониста дар мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ баранда шавад ва чандин роҳхат ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонро ба даст биоварад. Худи Меҳрубон мегӯяд, ки шумори медалҳояшро намедонад, вале аз мусобиқоти муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ 12 медал ба даст овардааст. Се дафъа пайи ҳам дар Олимпиадаи Жаутиковск аз фанни математика, физика ва информатика ғолиб омадааст, аз Олимпиадаи даставӣ оид ба барномарезии умумирусиягӣ ва ғайра соҳиби медалҳо шудааст.

Меҳрубон мегӯяд, «тасмим гирифтам, ки аввал ба Санкт-Петербург биравам ва дар яке аз донишгоҳҳои ин шаҳр таҳсилро шуруъ кунам. Танҳо моҳи декабр аз донишгоҳи Ҷопон ба ман посух хоҳанд дод, ки аз кай метавонам дарсро дар ин кишвар оғоз кунам. Фикр мекунам, ба Ҷопон меравам, чун фанновариҳои нав дар ин кишвар хеле рушд кардааст. Ин кишвар аз ҷиҳати сохтани роботҳо низ пешқадам аст. Ба ман аз корпоратсияи дар ҷаҳон маъруфи Google ба ҳайси барномасоз барои кор даъватнома омад. Зеро қаблан ин ширкат як олимпиада баргузор кард, ки дар он барномасозон иштирок доштанд ва ман ҳам дар он ҷойи намоёнро гирифтам. Ба ин давъат гуфтам, ки пас аз хатми донишгоҳ метавонам, барои кор ба ин ширкат биравам. Чун ҳоло ки фурсати омӯхтан аст, аввал таҳсил мекунам. Онҳо ҳам ин пешниҳоди маро қабул карданд ва гуфтанд, ки омодаанд, пас аз хатми донишгоҳ дар Google корро оғоз кунам.»

 Номеҳрубонӣ дар Ватан

    Меҳрубон мегӯяд. ки бо вуҷуди даъватҳои пайдарпай аз сӯи донишгоҳҳо ва ширкатҳои маъруф аз Тоҷикистон ҳич гуна таваҷҷуҳе ба дониши ӯ нашудааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳатто намедонам, ки сабаби ин дар чист? Аммо ӯ гуфт, ки ҳоло ҳич гуна пешниҳоди таҳсил ва корро дар Тоҷикистон намепазирад.

    Меҳрубон гуфт: «Нахуст мехоҳам, дар ширкатҳое мисли Google ба фаъолият бипардозам, нуфуз пайдо кунам ва соҳиби миллиардҳо шавам. Он гоҳ шояд барои Тоҷикистони азиз, ки ватанам ҳаст, хидмат карда тавонам. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки вақте аз мусобиқоти байналмилалӣ бо хушҳолӣ бармегаштем, ки он ҷо парчамбардори Тоҷикистон будем, ба ғайр аз устодони гимназия ва ҳам волидонамон касе аз масъулин аз мо намепурсид. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, мо аз Ватани азизи худ дилмонда нестем, мо бо дониши бештар қавӣ шуда бармегардем!»

 Меҳрубони кучак дар шоҳроҳи азими илм

     Меҳрубон Тӯраев 24 ноябри соли 1997 дар оилаи тоҷир зода шудааст. Ӯ 5 сол дар гимназияи "Тоҷикистон" таҳсил карда, баъдан 2 соли дигар дар гимназияи "Кафолат" таҳсилашро идома додааст. Баъд аз хатми синфи 8 барои идомаи таҳсил ба гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва П.В.” омада, дар соли ҷорӣ онро хатм кард. Меҳрубон Тураев қаблан низ Тоҷикистонро дар олимпиадаҳои сершумори байнулмилалӣ намояндагӣ карда, ба диплому медалҳо шарафёб гардидааст. Ӯ се бор пайдарҳам медалҳои Олимпиадаи Жаутиковск аз фанни математика, физика ва информатика (соли 2013 - биринҷӣ, соли 2014 - нуқра ва тилло), медалҳои Олимпиадаи умумрусиягии даставӣ оид ба барномарезӣ (соли 2013 - биринҷӣ ва соли 2014 - нуқра), медали тилои Олимпиадаи бози барномарезӣ, медали тиллои Asian Pacific International (Австралия) ва ғайраро ба даст овардааст.

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97