Хати парвоз тағйир меёбад?!

Русия 30 донишҷӯи тоҷикро мамнуъулвуруд кардааст

hati parvozСӣ тан аз донишҷӯёни тоҷик ба Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи эҷоди монеъаҳо барои вурудашон ба Русия шикоят бурдаанд.

Донишҷӯе, ки худро Фарзона муъаррифӣ карда, гуфтааст, ин гурӯҳи донишҷӯён ба ҳангоми харидории билети ҳавопаймо ба шаҳри Маскав иттилоъ ёфтанд, ки исмашон ба феҳристи афроди мамнуъулвуруд ба Русия шомил будааст.

Фарзона барои мушаххас кардани сабаби ин амр ба Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиъа кардааст.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи ин идора зимни таъйиди ин хабар гуфтааст, Русия, Белорус ва Украина ба таври катбӣ Идораи муҳоҷиратро дар мавриди мамнуъулвуруд будани 30 донишҷӯи тоҷик ба ин кишварҳо дар ҷараён гузоштааст.

Тибқи натиҷагириҳои муқаддамотӣ рӯшан шудааст, ки ин афрод ба далели дар муддати муқаррар дар донишгоҳҳо сабти ном нашудан ва ё нақзи бархе аз муқаррароти Русия дар замони буду бош ва ё транзит аз тариқи ин кишвар натавонистаанд ба донишгоҳҳои худ баргарданд.

Абдулло Қодирӣ мегӯяд, тибқи қавонини Русия муҳоҷирон ҳамасола бояд сабти ном шаванд ва иддаъе аз донишҷӯён ба далели номаълум ин муқарраротро нақз кардаанд. Бархе аз донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Украина ва Белорусия таҳсил мекунанд, ба ҳангоми убури транзитӣ аз ҳудуди Русия ба мушкилот мувоҷеҳ шудаанд.

Ӯ таъкид мекунад, ки эҷоди монеъаҳо барои вуруди донишҷӯёни тоҷик ба ҳудуди Русия "ҷанбаъи сиёсӣ надошта" ва ин мушкили "сирфан техникӣ" аст.

Феълан гурӯҳи корие таркибёфта аз кормандони Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнату шуғли аҳолӣ, вазоратҳои хориҷаю маъориф ва ниҳодҳои дигари дахлдори Тоҷикистон шикояти хаттии ин донишҷӯёнро баррасӣ мекунад.

Дар назар аст, пас аз баррасии комили ин маворид Вазорати меҳнату шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил бо номаи расмӣ ба Идораи муҳоҷират ва ниҳодҳои дигари Русия муроҷиъа кунад.

Масъулони Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтаанд, дар канори Идораи муҳоҷирати Русия 13 ниҳоди дигари ин кишвар, назири идороти молиёту пулиси роҳ аз ҳаққи ҷилавгирии вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудуди Русия бархурдор ҳастанд.

Мушкили вуруди донишҷӯёни тоҷик ба ҳудуди Русия ҳодисаи тозае нест, дар соли гузашта беш аз 10 донишҷӯи тоҷик ба далелҳои мушобеҳ натавонистанд дар моҳи сентябр ба муассисоти таълимии худ бозгарданд. Он замон идораи муҳоҷирати Тоҷикистон пас аз ду ҳафтаи гуфтугӯҳо бо ниҳодҳои зирабти Русия ба ҳалли ин мушкил муваффақ шуда буд.

Чин саҳмияҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш медиҳад

Дар ҳоле ки сол аз сол садҳои чинние дар роҳи донишҷӯёни тоҷик ба Русия эҷод мешавад, сафири Чин ахиран дар як нишасти матбуотӣ дар остонаи сафари қарибулвуқӯъи раҳбари Чин ба Тоҷикистон, ки онро "таърихӣ ва беҳамто" унвон кард, дар бораи афзоиши саҳмияҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷик аз сӯи Чин хабар дод.

Ҷаноби Фан Сянжун гуфт, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Чин беш аз 1,5 ҳазор тоҷик таҳсил мекунанд, ки бештари онҳо аз роҳҳои хусусӣ дар Чин ҳузур пайдо кардаанд.

Сафири Чин гуфт, ки интизор меравад, дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯъи раҳбари Чин ба Тоҷикистон, дар баробари имзои созишнома дар бахши иқтисод, амният ва фарҳанг, созишномае низ ба имзо бирасад, ки тибқи он давлати Тоҷикистон миқдори саҳмияҳои худ барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Чинро то ба 300 нафар дар сол афзоиш бидиҳад.

Масир тағйир меёбад?

Қаблан дар доираҳои коршиносии Тоҷикистон ҳадс зада мешуд, ки дар Душанбе танҳо як роҳ ба сӯи Кремлро медонанд. Аммо ҷараёноти ҳаводиси ахир нишон медиҳад, ки дигар хатти парвоз тағйир меёбад. Зеро садҳои чинние, ки мусофирони тоҷикро дар масири роҳ аз тариқи Маскав пеш меояд, ногузир интихоби дигареро барои онҳо вомегузорад. Роҳи осон, наздик ва бехор. Ҳоло ин масир барои Тоҷикон Чин шудааст. Аммо оё ин интихоб ва ин масир камхатартар аз роҳи Кремлин аст?! Интихоби дигаре надорем?   

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97