Ҷавонпаҳлавононе, ки аз "Шоҳнома" рӯи кор омадаанд

Komronshoh Ustopiriyn va padarashҲар гоҳе ки дар бораи ҷавонмардӣ, накӯкорию футувати паҳлавонон достону қиссаҳои марғубро мехондам, аксар вақт бар он андеша будам, ки ин ҷуз хайёлпардозӣ ва тасвирҳои сохтаию бофтаи муаллифон чизе беш нест. Аммо вақте ки бо Устомуҳамад Устопириён, Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ оид ба самбо ва дзюдо, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштигирӣ, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Довари дараҷаи байналмиллалӣ, асосгузори гуштӣ дар вилояти Суғд ва фарзандони қаҳрамони ҷаҳони ӯ- Фаридуну Комроншоҳ ва дигар шогирдони вай аз наздик ошно шудам, андешаи банда ба куллӣ тағйир ёфт.

Гӯё, ки ин ҷавонпаҳлавонони тануманду чобуку зебо, ҳама ба ҳаёти  воқеъии имрӯзаи мо аз сафҳаҳоти "Шоҳнома" берун омадаанд.

   "Паҳлавон муборак бошад"

Аз қадимулаём гуштигирӣ дар деҳоти Мастчоҳ як шуғли маъмулӣ будааст. Тую сур ва дигар маъракаҳои ин деҳаҳо бегуштӣ баргузор намешудааст. Ҷавонони мастчоҳӣ ҳар сол барои гуштигирӣ ба шаҳрҳои Самарқанду Панҷекат даъват мешуданд ва аксар вақт дастболо бармегаштанд . Устомуҳаммад Устопириён нақл мекунад, ки дар замонҳои гузашта, паҳлавононе буданд, ки ба ҷои мардикорӣ ҳамеша гуштӣ мегирифтанд ва дар мусобиқоти гуштигирии шаҳрҳои атроф ширкат варзида, ғолиб мешуданд ва аз ин ҳисоб  зиндагӣ мекарданд. Ба хусус суҳбати мардуми деҳаи Ланглиф хеле аҷиб аст. Онҳо дар нишастҳои худ бештар дар мавзӯи гуштину майдондорӣ сӯҳбат мекунанд.

Одатан, мардуми тоҷик дар вақти ба дунё омадани писар ҳамдигарро бо ибораи "писар муборак шавад" гуфта табрик мекунанд. Тоҷикободиҳо бошанд, дар ин маврид "паҳлавон муборак бошад!" мегӯянд.

Баъд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳоҷир шуда омадани мардуми деҳаҳои Ланглиф, Худгиф, Самҷун ва чанд деҳоти дигар, ин навъи варзиш низ ба макони нав оварда шуд. Дар шафати мактаби таълимоти умумии рақами 10 деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷ. Расулов толори варзишии "Ланглиф" сохта мешавад ва қариб ҳамаи навҷавонони ин деҳа аз назари мураббиён мегузаштанд.

Сулолаи паҳлавонии Устопириҳо ва хиёнати тоҷикӣ

Komronshoh UstopiriynУстомуҳаммади Устопириён чун марди паҳлавон, қиссаю корномаиҳои ҷангии гузаштаро хеле дӯст медорад. Сӯҳбати ӯ ин даъфа дар бораи ҳуҷуми артиши Николай ба Мастчоҳ буд. Вақте ки соли 1873 артиши императори рус ба Мастчоҳ ҳуҷум мекунад ва дар мавзеи чашмаи Озухаки қарияи Оббурдан дар қатори 5000 сипоҳии Мастчоҳ бобокалони ӯ Муҳаммад писари Давлатмуҳаммад, ки яке аз паҳлавонони номӣ будааст, дар ин корзор низ ширкат мекунад. Чанд тан аз мардуми деҳоти поёноби Зарафшон ба русҳо роҳбалад гашта, мавқеи сипоҳиёни Мастчоҳро ба онҳо ошкор мекунанд. Русҳо бидуни ягон шикаст ба ҷанговарони Мастчоҳ ногаҳон ҳуҷум мекунанд ва тахмин 700-800 нафари сарбозони тоҷикро онҳо бидуни ягон талафот мекушанд. Дар қатори онҳо Муҳаммад низ шаҳид мешавад. Бо ҳамин артиши рус мастчоҳиёнро маҷбур ба ақибнишинӣ намуда, Мастчоҳро ба тасарруфи худ медарорад.

Аз рӯи нақли ӯ пешгузаштагонаш Давлат, Муҳаммад, Сайфиддин, Устопир ҳам гуштигир будаанд. Ӯ қисса мекунад: "Солҳои сиюми асри гузашта дар "Вахшстрой", ки намояндагони тамоми миллатҳои Осиёи Миёна дар он ширкат доштанд, мусобиқаи гуштӣ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа  ҷои аввал насиби бобоям Сайфиддини Устопиров мегардад. Падарам низ гуштигири номдор буданд. Дар миёни паҳлавонони роғӣ ва палдоракӣ аз як усули гуштӣ ёд мешавад, ки онро "ками Устопир" меноманд. Ман ҳамчун мураббӣ ин усулро дар самбо ва дзюдо такмил дода, садҳо маротиба кор фармуда муваффақ шудаам." 

Имрӯз ин анъанаи хонаводагиро писаронаш  Фаридун ва Комрон идома медиҳанд.

Вақте ки роҳбарон дар минбарҳо садо баланд мекарданд…

Иқтибосе аз эродҳои дӯстони Устомуҳамад: "Агар ҳамаи ин кӯшишҳое, ки барои варзиш кардаӣ, бо ин ирода ва дониши амиқи иқтисодӣ  (Устомуҳаммад соҳиби ду дипломи соҳаи тиҷорат аст. Вай хатмкардаи коллеҷи савдо ва факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ аст) барои худ мекардӣ, як тоҷири муввафақ мегаштӣ ва шояд имрӯзҳо бо чархболи хусусӣ сафар мекардӣ".

Ҷавоби ӯ ба эроди дӯстонаш:

Ҳотифи ғайб чунин мегӯяд:

Зиндагӣ аз паи ном аст, на нон…

Komronshoh Ustopiriyn samboИдеали Устомуҳаммад Устопириён: 38 сол инҷониб то ҳол касе аз  паҳлавонони тоҷик қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимовро такрор накардааст. Орзу дорад, ки ин корнамоии ӯро шогирдонаш бори дигар такрор кунанд.

Соли 1975. Устомуҳаммад ба ҳайси роҳбари ССО (Дастаи сохтмончиёни донишҷӯ) ҳамроҳи шарикдарсонаш дар вақти таътили тобистона ба Қазоқистон меравад. Дар он ҷо бахшида ба рӯзи сохтмончиён ва варзишгарон, ки дар рӯзҳои 10 ва 12 август чун иди касбӣ ҷашн гирифта  мешуд,  мусобиқаи гуштӣ баргузор мешавад. Ӯ он замон 74 кило вазн дошта, бо як гуштигири қазоқ, ки 110 кило вазн доштааст, ба майдон мебарояд ва ҳарифи худро бо усули гуштии тоҷикӣ ба замин мезанад. Он шабу рӯз дар рӯзномаи "Комсомольская правда" акси ӯ бо хабараш чоп мешавад. Устомуҳаммад баъди ёдовар шудани он лаҳзаҳо мегӯяд: "Агар  усулу техникаро хуб донӣ,  пурқувваттарин одамро шикаст дода  метавонӣ ва ин байтро мехонад:

Ҳар касе ба гуштӣ набард оварад,

Сари меҳтаре ба гард оварад.

Вақте ки роҳбарони давр дар минбарҳои баланд дар бораи оммавияти варзиш гулӯ медарониданд, ӯ дар баробари анҷом додани вазифаи  хидматиаш - иқтисодчии идораи Иттифоқи касабаи коркунони кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов соли 1977 ба сохтани толори варзишии "Ланглиф" шурӯъ мекунад. Баъди гузашти чанд сол ин клуби варзиш тавассути мураббиёну дастпарваронаш дар миқёси вилоят ва берун аз он шуҳрат пайдо мекунад. Клуби варзишӣ то ба имрӯз 60- устоди варзиш, 5- устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ, 2 -устоди шоистаи варзиш, 6 -Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Точикистон, зиёда аз 500 нафар номзад ба устоди варзиш ва дорандагони дараҷаи аввали варзишӣ, 2- қаҳрамони ҷаҳон, 5- қаҳрамони Осиёро тарбия кардааст.

То соли 1977 мардум дар бораи гуштӣ кам тассавур доштанд. Устопириён аввал дар деҳаҳои Тоҷикободу Ланглиф клубҳои варзиширо  таъсис медиҳад.  Баъди се - чор сол ба Спитамен, Мастчоҳ, Хуҷанд, Чкаловск, Табашаҳр шогирдҳои мактаби ӯ рафта, клубҳои варзишии худро таъсис медиҳанд. Имрӯз 1500 нафар дастпарварони клуби "Ланглиф" дар риштаи самбо, дзюдо ва гуштӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳатто  берун аз он ба кору тарбияи варзишгарон машғуланд. Дастаи якачини  самбочиёни вилояти Кемеровои Русияро асосан дастпарварони кохи варзишии "Ланглиф" ташкил медиҳанд, аз он ҷумла 3 -нафар дар маркази тайёрии Олимпии Кемерово машқ мекунанд ва 3 нафари дигар  ҳамчун мураббӣ дар ин ҷо фаъолият доранд.

Устомуҳаммад Устопириён дар баробари адои вазифа дар симмати раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи ноҳияи Ҷ. Расулов дар бунёди се варзишгоҳ; кохи варзиши "Ланглиф", қасри варзишии Иттифоқи касабаи ноҳияи Ҷ. Расулов ва қасри варзишии шаҳри Хуҷанд низ ширкат кардааст ва имрӯз ҳамчун мураббӣ дар кохи варзишии Хуҷанд низ фаъолият дорад.

Меъёри шогирд интихоб кардани Устопириён

Ӯ дар вақти интихоби шогирдон ҳамчун мураббӣ меъёрҳои худро дорад. Бидуни ташхис ва муоинаи тиббӣ ва равонӣ, бояд шогирд ба ягон ҳизб ва ҳаракатҳои радикалӣ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ шомил набошад.

Аз ҳисоби духтарон касеро ба шогирдӣ қабул надорад. Гуштиро кори занона намеҳисобад ва мегӯяд; занон бояд паҳлавон таваллуд кунанд, на ин ки паҳлавонӣ кунанд. Агар онҳо рағбати зиёде ба ин навъи варзиш дошта бошанд, бигзор аз писарон ҷудо машқ кунанд.

Қасри варзишии Хуҷанд, ки бо дастгирии ҳукумати шаҳр ва кумаку ёрии бевоситаи Наврӯз Валиев, раиси раёсати бонки миллӣ дар вилояти Суғд, ӯ дар навбаи худ Раиси Федератсияи самбои вилояти Суғд низ  мебошанд, сохта шудааст ва имрӯзҳо дар қатори дигар ҷавонон  Фаридун ва Комроншоҳи Устопириён низ дар ин ҷо назди падар  машқ мекунанд. Аввалӣ як карат қаҳрамони ҷаҳон, дуввуми 5 карат қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи самбо ва ҳамчунин як  карат чемпиони Аврупо аз рӯи дзюдо  мебошанд.

Ашки шодии раиси ҷумҳур

Komronshoh Ustopiriyn va Janobi oliДар барномаи як сафари кории худ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин кохи варзишӣ дидан карда, ба мураббиёну дастпарварони он вохурӣ баргузор мекунад. Комроншоҳ чун мизбон медали тилои ба тозагӣ аз чемпионати ҷаҳон ба даст овардаашро ҳамчун арзи эҳтироми меҳмон ба гардани раиси ҷумҳур меовезад. Раиси ҷумҳур аз ин рафтори ҷавонпаҳлавон, ки он вақт ҳамагӣ 18 сол дошт, ба ваҷд омада, дар чашмонаш ашки шодӣ ҷорӣ мегардад. Раиси ҷумҳур медали тилоро ба Комроншоҳ баргадонида,  ӯро ба оғӯш кашида мегӯяд: "Писарам, ин ҳаққи ҳалоли туст, насибат кунад".

Обрӯй ва эътибор барои ин хонадон аз пулу мол афзалтар аст

Ин хонадони паҳлавонпеша футуват ва ҷавонмардиро ба пулу мол ҳаргиз иваз накардаанд. Дар солҳои нобасомонӣ аз шаҳрҳои Тошканду Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои минтақа хоҷагони навбаромад омада,  Устомуҳаммадро ба ҳамкорӣ даъват мекарданд, ё барои муҳофизӣ  шогирдонашро дархост мекарданд. Паҳлавон ҳамеша ба онҳо ҷавоби рад медод ва шогирдонашро низ аз ҳамкорӣ бо онҳо манъ мекард. Барои таъмини рӯзгор болои ин ҳама кору фаъолият ӯ бо фарзандони қаҳрамонаш ба кишоварзӣ низ машғул мешавад. Дар 8 -гектар замини  саҳми оилавиашон пахта ва дигар зироатҳо кишту кор мекунанд. Баъди як рӯз аз Булғористон қаҳрамони ҷаҳон шуда багаштан рӯзи 17 -октябри соли 2011 рафиқони Комроншоҳ ба табрики ӯ аз шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Ҷ. Расулов меояд. Бачаҳо қаҳрамони ҷаҳонро дар хона пайдо намекунанд. Аз аҳли хонавода мефаҳманд, ки ӯ дар пахтазор аст. Ба сари пахтазор омада, Комроншоҳро мебинанд, ки дар болои аробаи трактор пешдомани пахтачинҳоро холӣ мекард.

Комроншоҳ барои роҳкиро аз вагон бор холӣ мекунад

Паҳлавони гурҷистоние, ки аз дасти Комроншоҳ шикаст хӯрда буд, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳамон сабти навори набардашонро барояш бифиристад, то ки ӯ бубинад, чи тавр мағлуб шудааст ва дар омади  сухан мегӯяд, ин ғалабаи туро дар  кишварат чи гуна қадр карданд(?). Комроншоҳ мегӯяд: Бо як даста гул.

Аз ин ҷавоби ӯ паҳлавони гурҷӣ ба ҳайрат афтода, мегӯяд; маро хонаи ду утоқа дар шаҳри Тбилисӣ ва 10 ҳазор доллар туҳфа карданд. Комроншоҳ  бошад, дар шаҳри Хуҷанд иҷоранишин аст. Вақте ки ӯ аз мусобиқаи Аврупо бо унвони қаҳрамони ин қора бармегардад, дар шаҳри Маскав пулҳояш тамом мешаванд. Дар ҷайбаш барои билети ҳавопаймо пул намемонад. Маҷбур мешавад, ки рафта вагони семент холӣ карда, сипас пули роҳкиро ба даст оварад.

Ман ба Тоҷикистонам медали тило ваъда кардаам

Komronshoh Ustopiriyn va spБаъди ғолибият дар мусобиқаи шаҳри Тошканд "харидорон" - и ӯ пайдо мешаванд. Намояндагони Амрико, Русия ва Украину Қазоқистон ба ӯ бастани шартнома бо онҳо, бо ваъдаи маблағи зиёд пешниҳод мекунанд. Ӯ ин таклифи онҳоро рад карда мегӯяд: "Ташаккур барои пешниҳод, ман ба Тоҷикистонам медали тилои олимпӣ ваъда кардаам. Бояд онро барояш ба даст оварам".

Вақте ки Комроншоҳҳову Расулҳо бар рӯи тахт мебароянд…

Вақте ки Комроншоҳҳову Расулҳо бар рӯи тахти ғолибияти ин ё он мусобиқоти байналхалқӣ мебароянд, шояд дар тафакури онҳое, ки кишвари моро чун ватани Ҷамшуду Равшан мешиносанд ва дар ин шинохти онҳо мо низ ҳиссагузор ҳастем, таъсир расонида, образи мусбати миллатро ба маърази тамошо мегузоранд. Аммо чаро мову шумо ба хотири номи миллату ватан ин ҷавонмардони номбардори миллатро қадршиносӣ намекунем?!

Неъмат Неъматзода, н. Ҷ. Расулов- Хуҷанд- Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97