Бозори меҳнат "маҳсулоти брак" -ро дигар қабул надорад!

Dovtalab-2013Тағйири давру замон ба шароити зисту зиндагии одамон бетаъсир нест. Дар асри гузашта, ҳар яки мо метавонистем ин ё он дониш-гоҳро хатм намуда, соҳиби ҷои кор шуда, бо маоши  хуб ҳаёт ба сар бубарем. Асри нав барои зиндагии хубу осоишта талабу дархостҳои хоси худро дорад. Дар замони мо барои зиндагии шоиставу сазовор танҳо мутахас-сиси хуб будан  нокифоя аст. Ба бозор равед ва аз фурӯшандаҳо ва соҳибони дӯконҳо бипурсед, ки онҳо қаблан ба чӣ кор машғул буданд.

Аз забони онҳо калимаҳои духтур, муаллим ва ғайраро хоҳед шунид. Ё одамони зиёдеро мебинед, ки дониши хуб доранд, аммо зиндагии эшон на чандон гуворост. Пас хоҳ нохоҳ ин ҷо суоле ба миён меояд, ки барои зиндагии хуб чӣ бояд кард? Барои доштани рӯзгори обод ва серу пур  пеш аз ҳама дар амал истифода бурдани донишҳои аз бар кардаи худ зарур аст. Камбудии системаи омӯзиш ва парвариши мо низ дар ин аст, ки илму дониш ба донишомӯзон дар шакли назариявӣ дода мешавад, аммо мутасси-фона татбиқи амалии он чун таҷрибаи амалӣ омӯзонида намешавад.

Интихоби касб ва соҳаи фаъолияти минбаъдаи фарзанд вазифаи падару модар аст. Бояд онҳо шавқ ва завқи фарзанди  худро ба зудӣ эҳсос намуда, қобилият ва нируи зеҳнии ӯро ба самти мушаххас равон созанд. Сипас дар симои ин кӯдак  муҳандис ё духтур, ё ихтироъкор ва ё тоҷири муваффақ ва ғайраро бубинанд ва гаштаю баргашта ба ӯ талқин кунанд, ки ӯ масалан, духтур, муҳандис, ихтироъкор ва ё бизнесмени муваффақ хоҳад шуд. Ба ин минвол дар зершуури кӯдак волидайн ба вижа модарон таҳкурсии механизми ин ё он касбу фаъолиятро мегузоранд ва кӯдак тамоми ҳастии худро ба он хоҳад дод ва мебинед, ки бо мурури замон фарзанди шумо дар пешаи интихобкардаи худ устод ва чирадаст шудааст. Бе сабаб нест, ки аксари инсонҳои забардаст дар оилаҳое тарбият гирифтаанд, ки волидон соҳиби саводу дониши хубанд ё ба илму маърифат ҳамеша арҷгузорӣ мекунанд. Азбаски қариб қисми зиёди падару модарони мо камсавод ё бесаводанд, бояд хешовандону наздикон ва атрофиёни бомаърифат нисбати насли хурдсол бепарво набошанд. Дар вақти дарк кардани қобилияти бачагон барои аз бар кардани илму дониш бояд ба онҳо кумак намоянд. Зеро ки қобилият ва истеъдоди модарзоди ҳар яке онҳо сарвати маънавӣ ва зеҳнии кишвар аст. Ба қавли доктори илми равоншиносӣ Саидмурод Давлатов «дар ҳар як оилае нобиғае ба дунё меояд, бояд онро дар кӯдакиаш шинохта ва минбаъд ба омӯзишу парвариш ва тарбия фаро гирифт».

Тавре аз мушоҳидаҳо бар меояд аксари волидон ба тақдир ва ояндаи  фарзандони худ саҳлангорӣ ва бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Чунин волидайн як рӯз ногаҳон хабар меёбанд, ки баъди як -ду сол ё худи ҳамин сол фарзандашон мактабро хатм мекунанд. Муссалам аст, ки ин гуна волидайн барои фарзанди  худ вобаста ба қобилият ва фаҳмиши он касбе ё пешае пешниҳод карда наметавонанд. Дар ин ҳолат ҷавонони мо дар қадами аввалини ҳаёти мустақилона дар чорсӯи зиндагӣ музтар мемонанд. Ба чунин дӯстони ҷавон вобаста ба дурнамои ояндаи кишвар якчанд маслиҳатро ироъа мекунем. Агар мо аз сарватҳои табиъии худ оқилона истифода бурда тавонистанро ёд бигирем, бидуни маънии маҷозии ин калима, воқеан ояндаи Тоҷикистонро дурахшон  мегардонем. Агар дар ҷои мо ҷопониҳо мебуданд, медонед, ки корро аз чӣ шуруъ мекарданд? Онҳо даставвал корро аз ниругоҳҳои хурд ва миёна сар карда, аввал кишварашонро бо барқ таъмин мекарданд, сипас ба сохтмони ниругоҳҳои бузург машғул шуда, барқи истеҳсолкардаи худро ба хориҷи кишвар ба фурӯш мебароварданд. Ба ҳар навъ дар шароити мо интихоби касби муҳандиси сохтмони ниругоҳҳои барқии хурд ва миёна, хеле ба нафъи кор аст. Ба ғайр аз ин Тоҷикистон дар нуқтаи  баландтарини замин ҷой гирифтааст, ки нурҳои офтоб дар ин ҷо хеле пурқувват ҳаст ва мо дар як соли тақвимӣ бештар аз 280-300 рӯзи офтобӣ дорем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дар кишвар истеҳсоли васеъи нируи барқро аз нури офтоб роҳандозӣ намоем. Бинобар ин мутахассисони чунин ниругоҳҳо дар ояндаи наздик барои кишвар ниҳоят зарур мегарданд.

Кишвари мо дорои захираҳои нодири табиист. Коркарди ин захираҳо ба хусус; ангишт, волфрам, нуқра, нафту газ ба мо имкон медиҳад, ки иқтисодиёти кишварро рушд бидиҳем. Дар ояндаи наздик эҳтиёҷ ба мутахассисони геология ва ба хусус кормандони соҳаи ангишт, соҳаи нафту газ барои хоҷагии халқи кишвар хеле бештар мешавад. Аз ин рӯ таҳсил дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳои геологӣ мувофиқи матлаб аст.

Шаҳсутуни дигар, ки иқтисодиёти ояндаи кишвар рӯи он меистад, ин ҷаҳонгардӣ (туризм) аст. Рушди ин бахш дар кишвар ба  боғдорӣ ва чорподорӣ низ мусоидат мекунад. Дар  сурати инкишофи ҷаҳонгардӣ барои мо мудирони идоракунандаи ин соҳа, донандагони хуби корҳои меҳмонхонадорӣ, роҳнамоён,  тарҷумонҳои забонҳои мухталиф, кормандони хуби касбӣ барои ошхона ва ресторанҳо  хеле зарур  мешавад. Дар ин риштаҳои хидматрасонии ҷаҳонгардӣ таҳсил кардан низ барои дӯстони ҷавони мо то андозае ояндаи хуби молиявӣ дорад.     

 Мо дар оғози ин матлаб ишора кардем, ки дар асри нав барои  зиндагии хубу бароҳат доштан, мутахассиси хуб будан ин кам аст.  Дӯстони ҷавони мо! Тасаввур кунед, ки шумо яке аз донишгоҳҳои бонуфузро хатм карда, ба кор ба корхонаи истеҳсолии масалан, пойафзол ҳамчун муҳандис ба кор омадед. Ба шумо ҳамеша маоши хуб ва мукофотпулӣ медиҳанд.  Маошатон ба рӯзгоратон низ мерасад. Хулоса аз кору зиндагӣ ҳеч шикояте надоред. Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва аз паси моҳҳо солҳо мегузаранд. Як рӯз мисли ҳамеша бо хушҳолӣ ба корхона меоед ва  ба шумо мегӯянд, ки моли мо дар бозор имрӯзҳо  харидори зиёд надорад ва мо тасмим гирифтем, ки штати кории шуморо ихтисор кунем… Ё шумо то ба охир дар корхонаи дӯстдоштаатон кор карда ба нафақа баромадед. Тавре медонед, талабот ва эҳтиёҷ ба молу сарват дар  бузургсолӣ бештар мегардад. Барои табобат, барои таъмири манзил, хона харидан ё сохтан барои фарзандон ва ғайра ва ҳоказо пул даркор мешавад. Оё шумо метавонед бо як пули нафақа ҳамаи ин корҳоро анҷом бидиҳед? Пас чӣ бояд кард? Дар ин асри муосир пеш аз ҳама аз ҷиҳати молиявӣ озод бояд буд. Барои муваффақ гардидан ба озодии молиявӣ чӣ бояд кард?  Барои ба озодии молиявӣ расидан, бояд илму дониши хуби молиявиро аз бар намуда, онҳоро дар амал истифода кард. Дар ҷомеъаи мо одамоне кам нестанд, ки назарияи молиявӣ ва иқтисодиро хеле хуб медонанд, аммо тиҷорат он сӯ истад, барои худ як ҷуфт кафши хубу босифат харидорӣ карда наметавонанд. Барои ба даст овардани озодии молиявӣ пеш аз ҳама на коргар, балки соҳибкор бояд буд. Марҳамат, ҷавонони  азиз донишгоҳ ва донишкадаҳои соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва  технологӣ дар ҳама ҷо барои омӯзиш ва тарбияи шумо мавҷуданд. Бояд таъкид кард, ки соҳибкории миёна ва хурд  таъминкунандаи асосии будҷаи кишварҳои мутараққӣ мебошад. Масалан, 70 дар сади будҷаи Ҷопон аз ҳисоби соҳибкорони хурд ва миёна пур карда мешавад. Омӯзед, аз  бар кунед ва боз таъкид мекунем, илму дониши андӯхтаи  худро амалӣ  кунед, ҳатман муваффақ хоҳед шуд.

Ин гуфтаи Мавлои Рум:

"Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Меҳри онро дар дилаш андохтанд" -ро метавон чунин  шарҳ дод. Ҳар як миллату қавм  дар ҷаҳони муосир дар касбу кори  мушахассе комёбӣ ба даст овардаанд.  Масалан, ҷопониҳо ба истеҳсоли таҳҷизоти электронӣ ва компютерҳо ном баровардаанд, ҳиндуҳо ба сохтани барномаҳо барои компютерҳо дар ҷаҳон шинохта шудаанд. Олмониҳо бо техникаи хушсифату мустаҳкам эътироф карда мешаванд. Мо дар гузашта ва имрӯз низ то андозае ба назар мерасад дар ду  соҳа мумтозӣ дорем. Замоне мо соҳиби империяи бузурги  тиҷоратӣ будем ва қариб тамоми гардиши моли дунёро дар ихтиёри худ доштем. Имрӯз пизишкони хуби мо дар клиника ва  бемористонҳои чанд кишвари ҷаҳон кору фаъолият доранд. Аз бар кардани ин ду пеша; тиҷорат ва пизишкӣ дар ҳолати аз таҳти дил меҳнат кардан ба хубӣ ба мо даст медиҳанд, зеро ки механизми аз худкунии онҳо дар ирқи мо дуруст ҷо дода шудааст. Дӯстони ҷавон агар бихоҳед, ки соҳиби зиндагии осуда ва иззату икром дар ҷомеъа бишавед бояд ин нуктаҳоро дар интихоби касби худ  ба назар бигиред. Азизон, агар танҳо бо нияти гирифтани қоғазе, ки диплом ном дорад, дари донишгоҳро кушодан ҳастед, хуб аст, ки ин корро накунед, зеро ҳама гуна бозор ба вижа бозори меҳнат "маҳсулоти брак" -ро дигар қабул надорад!

Мушовири шумо Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97