Чӯҷаи гунҷишк не, фарзанди Инсон гум шудаст!!!

Malika va Sab1 июн Рӯзи ҷаҳонии кӯдак аст. Дар ин рӯз тамоми созмонҳои мудофеъи давлатӣ ва мустақили дунё дар мавриди вазъи кӯдакон гузориш хоҳанд дод. Расонаҳо низ дар ин бора аз зовияи нигоҳи худ ба вазъи кӯдакон нигоҳ мекунанд ва матолиб нашр мекунанд. Дар Тоҷикистон низ чунин аст.

 

Аммо баъид аст, ки дар ин рӯз, (чун дар Тоҷикистон анъана шудааст, ки ба рангҳои ишорашуда дар тақвим ҳамчун ба рӯзи ид ва хурсандӣ дида медӯзанд,) дар бораи ду кӯдаки гумгашта дар рӯзи сапед дар дили пойтахти Тоҷикистон гузорише бишавад. Зеро чунин ба назар мерасад, ки ин ду кӯдак ҳеч гоҳе дар ин шаҳри мо зиндагӣ накардаанд ва ғаму андуҳи ҳиҷрони онҳоро мо дар чордевори хонаи волидони онҳо қулф задаем. Дигар на садои ҷомеаи маданӣ шунида мешавад, на ҳангомае дигар барпост, ки дар рӯзи рӯшан ду тифли маъсум гум шудаанд!!!

Nazdi khonaШумораи телефони Улуғбек Аралов, падари Маликаро бармечинаму беҷуръатона худро муаррифӣ мекунам. Садои хастаи падар бо умеди шояд шунидани хушхабаре аз он сӯ посух мегӯяд. Чун хоҳиши мусоҳиба бо модари ҷигарбандашро мешунавад, бо узрхоҳӣ мегӯяд, ки "Наметавонад. Хеле ҳолаш бад аст!" Дарду андуҳаш аз торҳои қалбам мегузарад, аммо боз ҳам барои иҷрои амри супориш, исрор мекунам, ки лоақал бо ӯ дидор бубинам. Падар ноилоҷ мегӯяд, ки корашро тамом мекунад ва худи ӯ бо мо тамос хоҳад гирифт. Рӯзи корӣ ба итмом мерасад ва мо мунтазири занги падари фарзангумкарда ҳастем. Дақиқаҳо ба шумор мегузаранд. Ақрабаки соат мисле дер мекунад. Боз ҳам шумораи ӯро мегирам. Аммо ҷавоб намедиҳад. Ноилоҷ шумораи телефонии модари Маликаро мечинам. Модар мегӯяд, ки ба Улуғбек занг бизанем, беҳтар аст. Маълум аст, ки бо гузашти рӯзу моҳҳо умеди волидон канда мешавад ва дигар дилсард шудаву майли муошират бо касеро надоранд.

Nazdi khona 02Ин бор Улуғбек занг мезанад ва даъват мекунад, ки ба назди бинои манзили онҳо биравам. Дастгоҳи аккосиву сабтро мебардораму меравам ба суроғи хонаи тифлаке маъсум, ки ҷуз рабояндаи девсирати бедилаш касе намедонад, ки ӯ куҷост.

Падари аз ҷустуҷӯи тифлакаш хаставу рангзард ба саволҳои ман кутоҳ ҷавоб медиҳад. Мегӯяд, ки онҳо то ҳол аз пайвандони худ дараке наёфтаанд. Аммо мегӯяд ӯ, то ҳол аз пайдо шудани тифли хеш умедашро накандааст.

Улуғбек гуфт: "Тифлакони мо пайдо хоҳанд шуд. Сафорати Амрико, ки барои мо дасти кумак дароз кард, то ҳол дар пайдо кардани фарзанди ман ва бародарам, кумак мерасонанд. Аммо ҳамаи ин корҳо то ҳол бе натиҷа ҳастанд. Мо аз ҳукумат низ розӣ ҳастем, ки дар ин чанд моҳ барои пайдо кардани кӯдакони мо намояндагони он ба хонаи мо меоянд, телефон мекунанд, хабар мегиранд. Ман дар гум шудани кӯдаконам, ҳеҷ касро айбдор кардан намехоҳам, вале барои ман аҷиб ин аст, ки дар ин саҳни ҳавлие, ки онҳо ҳамроҳ бо дигар кӯдакон бозӣ доштанд, аз ин миён маҳз онҳо гум шудаанд. Мо дар зиндагӣ ягон рақибу душман ҳам надоштем, ки гумон бибарем, ки кӯдакони моро рабудаанд. Ман ду фарзанд дорам, ки Малика фарзанди калонии ман аст ва як писари дигар дорам, ки ҳозир ҳамроҳ бо Sabinaмодараш деҳа рафтаанд.Сабина бошад, духтари бародарам аст, ки дар дигар хона зиндагӣ мекунанд ва ҳозир ба деҳа кӯчидаанд".

Падар бо сад андӯҳу алам бо чашмони интизор дар ҷойи бозии ҷигаргӯшааш, дар миёни бачаҳои бехабар аз ғами дунё Маликаашро меҷӯяду ман ба худ меандешам. Фарзанди Инсон куҷо шуд? Чаро мо ин қадар ба сарнавишти якдигар бепарвоем. Чаро як сару садо кардему ҳамагӣ хомӯш шудем ва ҳамсояи худ, ҳамшаҳрии худ, ҳамватани худро бо ғаму андуҳаш танҳо гузоштем. Худое накарда ин рӯз ба сари тифли мо биёяд чӣ?!

Ман низ падарро бо ғаму андуҳаш танҳо гузоштаму падрудаш гуфтам. Ибо кардам, ки ҳолати андуҳи бузурги як падарро аксбардорӣ кунам. Ӯ низ хаставу ғуттавари андеша роҳии хонааш шуд, дурбини аккосии ман акси ёдҳои падарро ба навор мегирифт. Аммо дар миёни ин аксҳо кӯдакии гумшуда ва кӯдаки гумгашта пайдо Nazdi khona 03набуд.

Рӯзи 1 июн рӯзи Маликаву Сабинаст. Дасти дуо бардоред, ки гумгаштаҳо пайдо шаванд ва ба ошёни худ баргарнданд!

P.S.: Малика ва Сабина Араловаҳо, ки яке чоруним ва дигаре шаш сол доранд, рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. 

Замира Сулаймонӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97